Перейти к содержимому

Низоми иқтисодии ислом (11)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши чаҳорум: Арзиши изофӣ (2)

Дар сафҳаи 53 (дар китоби “Усули илми иқтисод”) таҳти унвони “Арзиши нерӯи кор” мегӯяд:

Масъалаеро, ки дар боло тарҳ кардем, наметавонем ҳал кунем магар он ки дар бозори мубодила колоеро пайдо кунем, ки баҳои он дар мавқеъи фурӯш поинтар аз арзиши он бошад, ва ҳар кас онро бихарад, ҳатман суд хоҳад бурд. Ё ба иборати дигар, бояд колое дар бозори мубодила вуҷуд дошта бошад, ки қудрати эҷоди арзиш дар он нуҳуфтааст. Мо дар фаслҳои пеш собит кардем, ки “арзиш” эҷод намегардад магар ба воситаи кор, ва дар байни тамоми колоҳое, ки дар бозори мубодила вуҷуд дорад, “нерӯи кор” ягона колое аст, ки қудрати кор дар он нуҳуфтааст. Пас, ин коло (нерӯи кор, на худи кор) танҳо матоъе аст, ки метавонад сарчашмаи эҷоди арзиш бошад… Нерӯи кор дар давраҳои таърихи гузашта (давраи феодалӣ, давраи бардагии Руми қадим, давраи иқтисоди соддаи тиҷорӣ), колои қобили хариду фурӯш набудааст. Барои он ки нерӯи кор ба шакли коло дарояд, ду шарти аслӣ лозим аст: шарти аввал он ки коргар (молики нерӯи кор) шахсан озод бошад… Шарти дуввум ин аст, ки (фурӯшандаи нерӯи кор) молики абзори кор набошад, то бад-ин ҷиҳат маҷбур шавад нерӯи кори худро бифурӯшад...”

Ин муқаддима барои фурӯши нерӯи кор, фақат дар мавриди корхонадор содиқ аст, на бозаргон, ва ҳол он ки муқаддимаи ин фасл шомили бозаргон низ буд. Баъдан роҷеъ ба кайфияти ширкати бозаргон дар арзиши изофии кори тавлидкунандагон баҳс хоҳад шуд, ҳарчанд чунонки қаблан гуфтем, ба ақидаи мо, бозаргон гоҳе тавлидкунандаро истисмор мекунад ва гоҳе масрафкунандаро.

Сипас нависанда дар сафҳаи 54 мегӯяд:

Инак, ки дар бозор колоеро, ки эҷодкунандаи арзиш аст пайдо кардем ва донистем, ки он коло нерӯи кор аст, бояд мутолеаи худро идома диҳем, то сарчашмаи судро низ пайдо кунем. Аввал бибинем, арзиши нерӯи корро чӣ чиз метавонад муайян кунад?..

Сипас ба ин баҳс мепардозад, ки арзиши ҳар чиз ба воситаи замони иҷтимоъан лозим таъйин мешавад ва иҷрои ин қоида дар боби нерӯи кор мушкил аст, зеро нерӯи кор дар ҳеч корхона ва ба василаи ҳеч коргар тавлид нашудааст. Вале нависанда чизҳое, ки сабаби эҷоди нерӯи кор мешавад, яъне эҳтиёҷоти зиндагӣ, аз хӯроку пӯшоку васоили тафреҳу фарҳанг барои худи ӯ ва хонаводааш, ки шароити идомаи ҳаёти коргар аст, зикр мекунад ва мегӯяд: тамоми инҳо баҳои муайяне доранд, ки ба воситаи замони иҷтимоъан лозим, ки барои тавлиди онҳо масраф шудааст муайян мегардад. Он гоҳ дар сафҳа 56 мегӯяд:

Пас арзиши нерӯи кор иборат аст аз арзиши ҳаддиақалли ин васоил, ки барои зиндагӣ лозим аст.”

Дар ин фарзия чунин фарз шуда, ки корфармо нерӯи кори коргарро мехарад, на худи корро.

Аз лиҳози фиқҳи мо, корфармо амал ва манфиати коргарро мехарад, гӯ ин ки назари баъзе фуқаҳо мисли марҳум оқои Буруҷердӣ ин аст, ки ҳақиқати иҷора иборат аст аз “таслити мустаъҷир бар айн”, яъне мавзӯъ эҷоди султаи айн аст на манфиат. Ва ин таъбир, ки иҷора иборат аст аз “тамлики манфиат”, аз назари эшон қобили қабул набуд. Ба илова, фарқ аст байни иҷораи рақаба ва аҷир шудан барои амали хосс.

Дар сафҳаи 56 таҳти унвони “Эҷоди арзиши изофӣ” мегӯяд:

Дар қисмати “Арзиши нерӯи кор” фарзияи мо ин буд, ки корфармо баҳои нерӯи корро мутобиқи арзиши том ва ҳақиқии он мепардозад. Дар ин сурат, боз бояд аз худ бипурсем, пас суде, ки корфармо мебарад, аз куҷост? Дар инҷо бояд хасоиси махсуси нерӯи корро, хасоисе, ки нерӯи корро аз колоҳои дигар мумтоз месозад, шарҳ диҳем: коргар ва корфармо дар бозор ба унвони ду молики коло бо тасовии ҳуқуқ рӯбарӯ мешаванд. Колои коргар нерӯи кор ва колои корфармо як миқдор пул аст. Корфармо нерӯи корро аз коргар ба маблағи муайяне пул, муодил бо арзиши он, масалан 10 риёл дар рӯз мехарад. Ҳамин ки корфармо нерӯи корро харид, метавонад аз арзиши истеъмоли он (фоидаи он) истифода кунад. Арзиши истеъмоли нерӯи кор албатта кор аст ва кор эҷодкунандаи арзиш аст. Пас ҳамин ки корфармо нерӯи корро харид, онро мавриди истифода қарор медиҳад. Яъне онро ба кор вомедорад… Вале аз тарафи дигар, ин нукта бар уламои илми иқтисоди имрӯза собит гардидааст, ки хоссияти махсус дар ин колои мумтоз яъне нерӯи кор нуҳуфтааст ва он ин аст, ки нерӯи кор метавонад беш аз миқдори пуле, ки барои харидории он масраф мегардад, арзиш эҷод намояд. Масалан, дар мисоли боло агар коргар барои як рӯз кор 10 риёл музд мегирад, фақат 5 соат кори ӯ барои эҷоди арзише муодили 10 риёл кофӣ аст, вале корфармо ба 5 соат кор қаноат намекунад, балки коргарро 10 соат ё бештар ба кор вомедорад. Агар боз фарз кунем ин коргар дар як рӯз 10 соат кор мекунад, замони кори ӯ ба ду қисмат — ки ҳар як 5 соат аст — тақсим мегардад. Муддати 5 соати аввал лозим ва кофӣ аст, то коргар ба андозаи музде, ки мегирад (10 риёл) арзиш эҷод намояд. Ин муддати 5 соат ё қисмати аввал муддати кори рӯзонаро ба истилоҳи илми иқтисод “замони кори лозим” меноманд. Пас, арзише, ки дар нимаи дуввуми муддати кори рӯзона ба тавассути кори ин коргар эҷод мегардад, барои корфармо суди холис аст. Ин арзишро, ки коргар илова бар арзиши нерӯи кори худ эҷод менамояд “арзиши изофӣ” ва нимаи дуввуми муддати кори рӯзонаро “замони изофии кор” меноманд…

Эроде, ки ин ҷо ҳаст ин аст, ки чаро қонуни рақобат дар харид, нисбат ба ин колои мумтоз, яъне нерӯи кор, ҳукмфармо нест? Ва билохира чаро қонуни арзаву тақозо нисбат ба ин коло ланг аст? Мусалламан вақте, ки чунин нерӯи сарфадоре бошад муштарии зиёд пайдо хоҳад кард, яъне корфармо зиёд хоҳад шуд ва тақозои зиёд баҳоро боло мебарад ва аҳёнан мӯҷиби арзаи зиёд мешавад, навасонот рух хоҳад дод, то билохира ба таъодул мунтаҳӣ гардад; ҳамон тавре, ки каму беш дида мешавад, ки корфармоён барои рубудани коргар бо якдигар мусобиқа медиҳанд, ва арбобон нисбат ба кишоварзон, ва музди коргар афзоиш меёбад зоид бар миқдоре, ки барои эҷоди нерӯи кор лозим дорад, ҳарчанд дар марҳилаи баъд ба воситаи зиёд шудани қувваи хариди тӯдаи коргар қиматҳо боло меравад ва сатҳи зиндагӣ тараққӣ мекунад. Ва гоҳе ба воситаи адами имкони арзаи зиёд, нарх поин намеояд. Хулоса чӣ далеле ҳаст, ки нархи нерӯи кор дар бозори иқтисоди сармоядорӣ — ки бозори озод аст — мисли соири колоҳо боло наравад ва коргар аз он истифода накунад?

Сониян, фарзияи гузашта мубтанӣ бар ин аст, ки музде, ки ба коргар дода мешавад — ки мусовии арзиши чизҳое аст, ки бояд ба масрафи ӯ бирасад, то нерӯи кор дар ӯ боқӣ бимонад ва ё мавҷуд гардад — мусовии арзиши воқеии нерӯи кор аст, зеро бар он мабно арзиши ҳар чизе мусовӣ аст бо миқдори коре, ки дар тавлиди он сарф шудааст.

Вале метавон гуфт, ҳамин худ далели қотеъе аст бар бутлони назарияи “арзиш мусовии коре аст, ки сарфи тавлиди шайъ шудааст”, балки арзиш мусовӣ аст бо асаре, ки бар он шайъ, билфеъл бор аст, хоҳ кори зиёд масрафи он шудааст ва хоҳ кори кам, хоҳ иллати он бо он ки кори кам масрафи он шудааст (арзиши зиёдӣ дорад) ин аст, ки ибтикор нақши худро ифо кардааст, ва хоҳ аз он ҷиҳат, ки табиат нақши фаъоле доштааст, мисли мо наҳну фиҳ (мавзӯи мавриди назар). Табиат бо санъат, ба иборати дигар, табиати зинда ва табиати мурда, ки баъдан баҳс хоҳад шуд, аз ин назар мутафовит аст. Фаразан назарияи мусовоти арзиш ва кори масрафшуда, дар мавриди санъат содиқ бошад, дар мавриди табиат содиқ нест. Табиат қодир аст, ки чандин баробари коре, ки сарфи он шудааст самар бидиҳад. Ҳаргиз наметавон гуфт, илзоман қимати курраи асп мусовии харҷе аст, ки сарфи он шудааст, ва ё қимати гӯшт ва нерӯи азулонӣ хусусан дар аспҳои даванда, мусовии коҳу ҷаве аст, ки сарфи он асп шудааст; ҳамчунон ки акси қазия низ содиқ аст, яъне баъзе аспҳо ё қотирҳо ва гӯсфандҳо ҳастанд, ки ба истилоҳ ба харҷашон намеарзанд.

Зоҳиран иллати ин ки қиматҳо тадриҷан дар тӯли таърих боло меравад ва арзиши пул кам мешавад, қудрати табиат бар тавлиди бештар аз миқдори коре аст, ки сарфи он мешавад, ки тадриҷан бар маҳсул ва қудрати харид меафзояд. (Бояд таъаммули бештаре бишавад.)

Ба ҳар ҳол, назари боло мубтанӣ бар ин ки “қонуни муфрағ” аз назари хариди корфармо як қонуни одилона аст — он тавр, ки лозимаи назари марксистҳост — сухани нодурусте аст.

Солисан, ҳеч гуна тавзеҳе намедиҳад, ки чаро нерӯи кор ин имтиёзро аз соири колоҳо дорад, ки қудрати эҷоди арзиши изофӣ дар ӯ ҳаст? Ҳамин қадр мегӯяд: “ин колои мумтоз” . Ин имтиёз ба чӣ ҷиҳат ва рӯи чӣ фалсафае пайдо шуд? Ба ақидаи мо, аввалан ин хусусият дар ҳамаи колоҳо каму беш ҳаст, дар сармоя низ ин хусусият ҳаст. Ва сониян ин хусусият ва имтиёз дар хусуси нерӯи кор аз он ҷиҳат аст, ки марбут аст ба табиати зинда. Табиати зинда муваллид аст, як бар сад маҳсул медиҳад. Ба қавли баъзе фалосифаи илоҳӣ, табиати мурда аз лиҳози муқаддимият дар табиати зинда, муъидд (омодасозанда) аст на иллати эҷобӣ.

Робеъан, чаро бояд тамоми суди корхонаро мунҳасиран аз кори коргар бишуморем? Ин суд дар асари ҳамкории кори ба истилоҳ зинда ва кори ба истилоҳ мурда пайдо мешавад. Яъне суди ҷадид мавлуд ва фарзанди ин падару модар аст; ҳар ду дар ин фарзанд шариканд. Бале, дар мавоқеъи хоссе арзиши изофӣ марбут ба коргар аст. Масалан, хаттот ё наққоши фақир, ки васоил дар ихтиёр надорад ва гурусна аст, наметавонад эҷоди асар кунад. Ё муаллифе, ки васоили табъу нашр дар ихтиёр надорад ё фақир аст ва барои муддати таълиф эҳтиёҷ дорад билфеъл ба пул, ва аз он тараф, харидор, яъне касе, ки қувваи харид дошта бошад ё касе, ки аз суди ин муомила огоҳ бошад, мунҳасир ба фард аст ва ё харидорон ҳамдаст шуда ҷилави рақобатро гирифтаанд, наққош ё хаттот ё муаллифи бечора маҷбур аст, ки ба истилоҳ нерӯи кори худро ба қимати арзоне бифурӯшад ва бо абзори корфармо ва рӯи коғаз ва тоблуи ӯ барои ӯ бинависад ва тоблуе таҳия кунад, ки сад ҳазор риёл қимат дошта бошад, вале дар муқобили амали худ ҳазор риёл бигирад. Аммо номи ин, арзиши изофӣ нест, яъне чунин нест, ки чун корфармо бихӯру намири ҳунармандро ба ӯ пардохтааст, пас арзиши воқеии нерӯи кори ӯро додааст ва дар ин миён арзиши изофӣ ҷӯшидааст. Балки воқеан арзиши нерӯи кори ӯ муодил аст бо тамоми қимати он асар минҳои баҳои коғаз ва соири лавозим ва фаъолиятҳое, ки дар муқаддима ва муаххараи ин кор лозим аст. Ва агар соҳиби тоблу молики коғаз ва соири лавозим ва фаъолиятҳо набошад, бо молики воқеии коғаз ва соири лавозим ва фаъолиятҳо дар ин мавлуд ва фарзанд саҳим мебошад, вале албатта саҳми онҳо мусовӣ нест, саҳми ҳар кадом бастагӣ дорад ба арзиши бозории онҳо ва коре, ки сарфи онҳо шудааст (чун маснуи ҷамодӣ ҳастанд) ва бастагӣ дорад ба мизони дахолате, ки дар таквини он асар аз лиҳози иллӣ ва маълулӣ доштаанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: