Руҳонӣ: “Хатои Тромп мусалмононро дар мавзӯи Қудс муттаҳидтар кард”

Раисиҷумҳури Эрон гуфт: “Хатои раисиҷумҳури Омрико дар эъломи интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудси шариф, мусалмононро дар мавзӯи Қудс ва Фаластин муттаҳидтар кард ва масъалаи Қудс, ки дар солҳои ахир ба хотири муъзали теруризм дар минтақа то ҳадде мавзӯи дараҷаи дуввум шуда буд, ба ҷойгоҳи аслии худ бозгашт.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раисиҷумҳури Эрон, Ҳасани Руҳонӣ сешанбе (19.12.2017) дар ҷаласаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангии ин кишвар, зимни ироаи гузорише аз Иҷлоси фавқулъодаи сарони Созмони ҳамкории исломӣ дар Истонбул, гуфт: “Сарон ва масъулони кишварҳои ширкаткунанда дар ин иҷлос бо лаҳне тунд алайҳи тавтиаи ҷадиди Омрико ва режими саҳюнистӣ сухан гуфтанд, ки камтар собиқа дошт.”

Руҳонӣ изҳор дошт: “Хатои раисиҷумҳури Омрико дар эъломи интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудси шариф, мусалмононро дар мавзӯи Қудс ва Фаластин муттаҳидтар кард ва масъалаи Қудс, ки дар солҳои ахир ба хотири муъзали теруризм дар минтақа то ҳадде мавзӯи дараҷаи дуввум шуда буд, ба ҷойгоҳи аслии худ бозгашт.”

Вай таъкид кард: “Ин тавтиае алайҳи Фаластин, Қудс ва ҷаҳони ислом буд, ки то кунун натиҷаи маъкус барои бониёни он дошта ва имрӯз шоҳиди Интифоза ва ҳаракати ҷадиди миллати Фаластин алайҳи режими саҳюнистӣ ҳастем.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: