Фалсафа ва равиши реализм (142)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (10)

Қонуни такопӯи диалектикии табиат (1)

Муқаддима (1)

Тарафдорони материализми диалектик такомули табиатро бар асоси хоссе тавҷеҳ кардаанд ва номи онро “Қонуни такопӯи диалектикии табиат” гузоштаанд. Лозим аст андаке дар бораи таърихчаи диалектик аз оғози зуҳури ин калима то он ҷо, ки дар истилоҳоти моддигароёни қарни 19-ум ба кор рафтааст, ва ҳам дар бораи усули диалектики ҳегелӣ ва марксистӣ баҳс кунем ва сипас қонуни такопӯи диалектики табиатро аз назари тавҷеҳи такомул баррасӣ намоем.

Диалектик як вожаи қадимии юнонӣ аст. Паул Фулкие дар рисолаи “Диалектик” мегӯяд:

Калимаи диалектик дар асл аз калимае юнонӣ муштаққ шудааст, ки ду маънии аслии он, “калима” ё “гуфтор” ва “далел” мебошад. Ин ду маънӣ дар калимаи диалектик мавҷуд аст. Пешванди “диа” маънии муқобила ва муовизаро медиҳад ва ба ин тартиб мафҳуми диалектик “радду бадал сохтани калимот ва далоилу гуфтугӯ ва мубоҳиса”-ро маънӣ медиҳад. Вақте калимаи диалектикро ба сурати масдар истеъмол намоем, маънии он музокира ва сӯҳбат ва муҷодила кардан аст, ва вақте онро ба сурати сифат ба кор бибарем, маънии он чизе аст, ки марбут ба мубоҳиса ва махсусан муҷодилае аст, ки байни ду тараф бошад, ва ба сурати исм, ки ба кор равад, мафҳуми он “фанни мубоҳиса ва муҷодила” мебошад.”

Мегӯянд, қабл аз давраи Суқрот ва Афлотун ин калима дар мавриди истидлолоте ба кор мерафт, ки ҳадаф ботил кардани далели хасм будааст (муҷодила), на кӯшиш барои дарки ҳақиқат. Суфастоиён ҳатто онро ба маънии “фанни балоғат ва мушоҷира, ки бо ҳақиқат сару кор надорад ва ҳадаф муваффақияти ниҳоӣ аст” ба кор бурданд. Вале дар калимоти Суқрот ва Афлотун ин калима мафҳуми исботӣ пайдо карда. Суқрот ва Афлотун равишҳои сулуки ақлӣ ва фикрии худро — ки ҳадаф кашфи ҳақиқат ва таҳсили яқин буд, на сирфи муҷодила ва пирӯзӣ бар хасм — “диалектик” номиданд. Аммо Арасту бори дигар калимаи “диалектик”-ро дар мавриди фанни “ҷадал”, ки ҳадаф ғалаба бар хасм аст, ба кор бурдааст, ва дар мавриди бурҳон, ки ҳадаф кашфи ҳақиқат ва вусул ба яқин аст, луғати “таҳлил” (analytic)-ро ба кор бурдааст. Баъд аз Арасту низ то қарни 19-ум ин калима гоҳе дар истилоҳе наздик ба истилоҳи Арасту ва гоҳе дар истилоҳе оммтар, ки шомили равишҳои исботӣ ва бурҳонӣ ҳам мешудааст, ба кор рафта ва достоне дароз пайдо кардааст. Ва дар ҳамаи аҳвол, то давраи Ҳегел (1770-1831) калимаи “диалектик” мафҳуми ҷамъи зиддайн ё нақизайнро дарбар надоштааст ва асли “имтиноъи иҷтимоъи зиддайн ва нақизайн” мусаллам буда ва мавриди гуфтугӯ набудааст.

Ҳегел дар истилоҳоти худ “таноқуз”-ро вориди мафҳуми диалектик кард. Аз назари Ҳегел, таноқуз шарти асосии фикр ва мавҷудот аст. Аз назари Ҳегел, диалектик ҷараёне аст, ки тамоми ҳастиро дарбар мегирад; ҳам ҷараёни фикр диалектикӣ аст ва ҳам ҷараёни табиат, ва таноқуз шарти асосии ин ҷараён аст. Ва ба ин тартиб, диалектик мафҳуми ҷадиде пайдо карда. Аз ин рӯ таърихчаи диалектик мунқасим мешавад ба қадим ва ҷадид, ва мушаххиси ин ду давра қабул ё радди имтиноъи иҷтимоъи зиддайн (нақизайн) мебошад.

Паул Фулкие дар рисолаи “Диалектик” мегӯяд:

Фарқи диалектики қадим ва диалектики ҷадид тарзи бархӯрди онҳо бо асли “иҷтимоъи зиддайн” аст. Бино бар диалектики қадим, асли “адами иҷтимоъи зиддайн” қонуни мутлақи ашё ва зеҳн аст. Як шайъи воҳид наметавонад дар айни ҳол ҳам вуҷуд дошта бошад ва ҳам вуҷуд надошта бошад, ва агар фикри инсон маҷбур шавад пай дар пай ду иборати мутаноқизро тасдиқ кунад, яқинан яке аз онҳо иштибоҳ аст. Баръакс, диалектики ҷадид зиддиятро дар ашё медонад ва мегӯяд, ки ашё дар айни ҳол ҳам ҳастанд ва ҳам нестанд, ва ин зиддиятро поя ва асоси фаъолияти мавҷудот медонад ва мегӯяд, ки бидуни вуҷуди ин зиддият, ашё сокин ва беҳаракат мемонданд. Ба ҳамин далел, вақте инсон маҷбур мешавад ду иборати мутаноқизро тасдиқ кунад, набояд тасаввур кард дучори иштибоҳ шудааст. Албатта бояд ин зиддиятро ҳал намуд, вале ҳеч як аз зиддайнро набояд мункир шуд.”

Бар ҳасби диалектики ҷадид, ки мутазаммини мафҳуми “ҷамъи зиддайн ва нақизайн” аст, ду нуктаро бояд вориди фикр ва андешаи худ кунем, то тарзи тафаккури мо диалектикӣ гардад: аввал ин ки бидонем, ҳар чизе ҳам ҳаст ва ҳам нест. Дигар ин ки бидонем, ҳамин таноқузи дарунӣ ва воқеии ашё яъне ҳамин, ки ашё дар айни ин ки ҳастанд нестанд ва ҳамин, ки аносури вуҷуд ва адами худро тавъаман доранд, пояи ҳаракат ва такомули онҳост. Агар ин тазодди дарунӣ ва воқеӣ вуҷуд намедошт, ҳаракат ва такомуле ҳам дар кор набуд.

Мо дар бораи ин ки оё таноқузе, ки диалектики ҷадид мепазирад, ҳамон таноқузе аст, ки диалектики қадим ва мантиқ ва фалсафаи қадим нафй мекунад ё на, ва ҳамчунин дар ин ки ин чизе, ки диалектики ҷадид номи “иҷтимоъи зиддайн ё иҷтимоъи нақизайн” ба он медиҳад, аз назари ҳикмат ва фалсафаи исломӣ чӣ номе дорад ва оё мавриди қабул аст ё на, баъдан баҳс хоҳем кард. Ибтидо лозим аст диалектики Ҳегел ва диалектики Марксро — ки зоидаи диалектики Ҳегел аст — бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ пайравони Маркс гуфтаанд, шарҳ диҳем, он гоҳ назари худро дар бораи онҳо изҳор намоем.

Диалектики Ҳегел се рукни асосӣ дорад:

1) Ҳама чиз — аъамм аз фикру модда — дар тағйиру таҳаввулу ҳаракат аст;

2) Таноқуз ва носозгорӣ шарти асосии фикр ва мавҷудот аст, ва ин зиддият ва таноқуз ва носозгорӣ поя ва асоси ҳаракат ва фаъолияти мавҷудот аст. Ба иборати дигар, решаи ҳаракатҳо ва ҷунбишҳо таноқуз ва тазодд ва носозгорист, ки дар ашё мустақар аст;

3) Ҳаракати таҳаввулӣ ва такомулии ашё бар асоси убур аз зидде ба зидди дигар ва сипас созиш ва таркиб ва ваҳдати ду зидд дар марҳилаи олитар аст, ва ба иборати дигар, ҳаракат ва тағйир бар тибқи қонуни мусалласи “исбот, нафй, нафй дар нафй” ё “мавзӯъ, зидди мавзӯъ, таркиб” сурат мегирад.

Паул Фулкие мегӯяд:

Созиши таноқузот дар вуҷуди ашё ва ҳамчунин дар зеҳнро Ҳегел “диалектик” меномад. Равиши диалектикӣ шомили се марҳила мебошад, ки маъмулан “мавзӯъ, зидди мавзӯъ, таркиб” меноманд (тез, антитез, синтез). Вале Ҳегел ин се марҳиларо: “тасдиқ, нафй, нафй дар нафй” меномад.”

Ҳамчунин Фулкие мегӯяд:

Ҳегел мусалласи “мавзӯъ, зидди мавзӯъ ва таркиб”-ро ихтироъ накардааст. Муосирони вай Фихте (Fichte) ва Шеллинг (Shelling) ҳам назариёти мовароуттабиии худро бар он асос мениҳодаанд, вале Ҳегел аз асли фавқ ба ҳаддиаксари истифода намуда ва танҳо василаи тавҷеҳи воқеият донистааст ва сипас онро “диалектик” ном ниҳода ва ҳамин боис шудааст, ки ин калима дар назари муосирон дур аз зеҳн ҷилва намояд, зеро то кунун диалектик иборат буд аз фанни исбот ва фанни инкор, ки ҳар ду мубтанӣ бар асли адами иҷтимоъи зиддайн мебошад, вале Ҳегел диалектикро ба сурати “эътилофи зиддайн” дармеоварад.”

Диалектики Ҳегел дар айни ин ки як назари фалсафӣ аст, як назари мантиқӣ аст, яъне дар айни ин ки моҳият ва воқеияти ашёъро тавҷеҳ ва тавсиф мекунад, қонуни фикрро низ баён менамояд. Ҳегел мӯътақид аст ҳар чӣ зеҳн аст воқеият аст, ва ҳар чӣ воқеият аст зеҳн яст; яъне ба навъе татобуқ миёни зеҳн ва воқеият мӯътақид аст. Ҳегел мегӯяд:

Андеша аз ин лиҳоз диалектик дорад, ки диалектик воқеиятҳоро тавсиф мекунад.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

 

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: