Чаро эҳтимоли даргирии низомии Омрико бо Эрон бештар аст, то Куреи шимолӣ?

Таҳлиле аз Ширин Ҳунтер (Shireen Hunter) дар LobeLog

Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Иёлоти Муттаҳида дар соли 2018 вориди даргирии низомӣ бо Куреи шимолӣ, Эрон ва ё ҳар ду кишвар бишавад. Бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти тунде, ки мақомоти Куреи шимолӣ ва Омрико алайҳи якдигар истифода мекунанд, дар нигоҳи аввал ин гуна ба назар мерасад, ки хатари ҷанг бо Куреи шимолӣ бештар аст, вале далоиле вуҷуд дорад, ки метавонад боиси таҷдиди назар дар ин пешбинӣ бишавад.

Ҳарчанд Куреи шимолӣ таҳдиде ҷиддӣ барои Омрико ва муттаҳидонаш дар минтақаи уқёнуси Ором аст, вале бархе таҳаввулоти ахир дар хусуси Куреи шимолӣ, мумкин аст эҳтимоли бурузи ҷанг бо Куреи шимолиро коҳиш дода ва дар иваз, бархе омилҳо сабаби даргирии низомии Омрико бо Эрон шаванд.

Нахустин масъала ин аст, ки дар шарқи Осиё, муттаҳидони Омрико яъне Жопун ва Куреи ҷанубӣ, дар муқобили ҳамалоти Куреи шимолӣ аз осебпазирии болое ранҷ мебаранд. Ба таври вежа, даргирии низомӣ бо Куреи шимолӣ, метавонад боиси ворид шудани хасоратҳои инсонӣ ва иқтисодии ғайриқобили таҳаммуле ба Куреи ҷанубӣ шавад; бинобар ин, эҳтимоли ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки ин кишвар, Омрикоро аз даргир шудан бо Куреи шимолӣ парҳез дода ва ба дунболи роҳи мусолиматомез барои масъалаи ҳастаии Куреи шимолӣ бошад.

Масъалаи баъдӣ ин ки Иёлоти Муттаҳида бояд эҳтимоли боз шудани пойи Чин ба даргирӣ дар шибҳиҷазираи Куреро дар назар бигирад. Масъалаи севвум ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳар ҳол наметавонад эҳтимоли истифодаи Куреи шимолӣ аз силоҳи атомӣ алайҳи хоки Омрикоро нодида бигирад. Ба иборати дигар, ҳарчанд силоҳҳои атомии Куреи шимолӣ бисёр заъифтар аз Омрикост, вале то ҳадде метавонад барои ин кишвар боздорандагӣ эҷод кунад.

Шояд аз ҳамаи инҳо муҳимтар ин бошад, ки ҳеч кас дар Омрико ба давлати ин кишвар фишор ворид намекунад, ки вориди даргирии низомӣ бо Куреи шимолӣ шавад.

Вазъият аммо дар қиболи Эрон комилан мутафовит аст. Муҳимтар аз ҳама ин ки Эрон тавони интиқомҷӯии мустақим аз Омрикоро надорад. Абзорҳои Эрон аз ҷумла мушакҳо ва қоиқҳои тундрав, ки дар бораи он зиёд сухан гуфта мешавад, таҳдиде мустақим барои Омрико нест. Илова бар ин, Эрон гузинаи истифода аз силоҳҳои атомиро ҳам надорад. Эрон ҳамчунин гузинаи тавлиди силоҳи атомиро дар дастури кор надорад. Ва ҳарчанд талош барои дастёбӣ ба як силоҳи атомии ибтидоӣ, ангезаи ҳамлаи пешдастонаи Омрико ба Эронро афзоиш медиҳад, ба ҳар ҳол метавонист монеъе дар роҳи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон бошад.

Он чи вазъияти Эронро мутафовиттар ва хатари даргирии низомӣ бо Эронро бештар мекунад, ин аст, ки ҳам дар минтақа ва ҳам дар дохили Омрико лоббиҳое вуҷуд доранд, ки давлати Омрикоро ба даргирӣ бо Эрон ташвиқ мекунанд.

Дар дохили Омрико, тундравҳои мухолифи Эрон ва ҳомиёни сарсахти “Исроил” ва нахуствазири он солҳост тарафдори ҳамлаи низомии Омрико ба Эрон ҳастанд. Бисёре аз онҳо интизор доштанд, ки давлати Омрико баъд аз ҳамла ба Ироқ, ба суроғи Эрон биравад ва иддаи дигаре ҳатто аз ин дилхӯр шуданд, ки Омрико чаро аввал ба Эрон ҳамла накард!

Барои ин афрод, на фақат тағйир дар рафтори Эрон, балки ҳатто тағйири низоми сиёсӣ дар Эрон ҳам кофӣ нест. Онҳо орзу доранд, ки тавоноии Эрон барои табдил шудан ба як қудрати низомӣ ва иқтисодӣ дар минтақа аз байн биравад.

Ироқ ва Сурия дигар монеъе бар сари роҳи барномаҳои онҳо нестанд, дандонҳои қудрати Миср низ кашида шуда ва Эрон танҳо қудрате дар минтақа аст, ки аз назари онҳо бояд ба зону оварда шавад; Эрон танҳо сарзамини боқимондае аст, ки бояд ба банд кашида шавад ва то замоне, ки ин кишвар абзорҳои қудратро дар даст дошта бошад, наметавон ба он эътимод кард.

Талош барои халос шудан аз дасти Эрон дар замоне, ки раҳбарони араб тамоюл доранд, ки масъалаи Фаластинро фаромӯш кунанд, ба талошҳо барои оштӣ додани аъроб ва Исроил шитоб бахшидааст, зеро исроилиҳо тасаввур мекунанд, ки Эрон танҳо кишварест, ки пойи масъалаи Фаластин истодааст.

Хости Исроил ва тарафдоронаш барои ҳамла ба Эрон, мавриди ҳимояти бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Аморот ва Миср ҳам буда, ки дар солҳои гузашта, бар ин мавзӯъ исрор доштаанд. Барои мисол, Малик Абдуллоҳ, подшоҳи собиқи Арабистон бар ин ақида будааст, ки “бояд сари мор”, яъне Эрон қатъ шавад. Ахиран ҳам Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи собиқи Омрико, ёдоварӣ кардааст, ки чӣ тавр дар ҳамон замоне, ки Омрико дар пайи ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи музокира будааст, мақомоти Исроил, Арабистон ва Миср, Омрикоро ташвиқ мекарданд, ки ба Эрон ҳамла кунад. Мақомоти ин кишварҳо тағйири ақида надодаанд, магар ин ки шиддати алоқаи онҳо ба ҳамлаи Омрико ба Эрон бештар шуда бошад.

Ба назар мерасад, бодҳои сиёсӣ дар Омрико ҳам дар ҳамин ҷиҳат мевазанд. Дар ҳоле, ки изҳороти хасмонаи мақомоти аршади омрикоӣ алайҳи Эрон шиддат мегирад, ба назар намерасад, ҳеч як аз қудратҳои бузург аз ҷумла Чин ва Русия омода бошанд, ки дар як даргирии эҳтимолӣ, тарафи Эронро бигиранд.

Шояд ҳеч як аз ин пешбиниҳо дар бораи даргирии низомии Омрико бо Эрон ба воқеият наздик нашавад, вале эрониҳо бояд таҳдидро ҷиддӣ фарз кунанд. Ин воқеият, ки Эрон ва Омрико дар солҳои гузашта даргирии низомӣ надоштаанд, ин тасаввурро ба вежа дар миёни ҷиноҳи хоссе аз сиёсиюни Эрон ба вуҷуд овардааст, ки ду кишвар ҳеч гоҳ вориди даргирии низомӣ нахоҳанд шуд. Ва ин пиндор иштибоҳ аст.

LobeLog

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: