Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (231)

Қиссаи суол кардани Оиша (Разияллоҳу анҳо) аз Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки имрӯз борон борид, чун ту сӯи гӯристон рафтӣ, ҷомаҳои ту чун тар нест? (1)

* * *

Хулосаи достон

Паёмари Акрам (с) рӯзе ба дунболи ҷанозаи яке аз саҳоба ба гӯристон рафт ва ӯро ба хок супурд. Ҳангоме ки он ҳазрат аз гӯристон бозгашт, назди ҳазрати Оиша (р) рафт. Ҳамин ки чашми Оиша (р) ба Расули Худо (с) афтод, пеш омад ва даст бар тану аммомаву гиребону бозуи Паёмбар (с) суд.

Он ҳазрат фармуд: бо ин шитоб дунболи чӣ ҳастӣ?

Оиша (р) гуфт: имрӯз ҳаво абрӣ буд ва борон фурӯ борид, ва инак дар пайи ин ҳастам ва мехоҳам бибинам, оё тар шудаед ё на? Вале шигифто, ки акнун мебинам, ки бо вуҷуди боридани борон, либосу танатон хис нашудааст.

Он ҳазрат (с) пурсид: ҳангоми нузули борон рӯи саратро бо чӣ пӯшондӣ?

Оиша (р) посух дод: бо абои шумо.

Паёмбар (с) фармуд: он бороне, ки дидаӣ, борони маъмулӣ набуда, балки борони олами ғайб аст. Ва чун абои маро бар сар кашидаӣ, он борони ғайбиро шуҳуд кардӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.623)

* * *

Ин достон асле дар манобеи ҳадисӣ надорад. Бале, устод Фурӯзонфар аз китоби “Аллаъолӣ ал-маснуъа фи аҳодис ал-мавзӯъа” таълифи Ҷалолуддини Суютӣ, ривоятеро оварда ва муддаӣ аст, ки дар мазмун наздик ба ҳамин достон аст. Тоза, худи ин ривоят ривояте мавзӯъ (ҷаълӣ) аст. Ривоят бад-ин шарҳ аст:

عن أنس قال بينما نحن نطوف مع رسول الله إذ رأينا بردا وندا فقلنا يا رسول الله ما هذا البرد والندى قال وقد رأيتم ذلك قلنا نعم فقال ذاك عيسى بن مريم سلم علي

Аз Анас ривоят шуда, ки ӯ гуфт: ҳамроҳи Расули Худо (с) гом месупурдем, ки ногаҳон хунакӣ ва намӣ эҳсос кардем. Аз Расули Худо (с) пурсидем: ин хунакӣ ва нам чист? Фармуд: онро дидед? Гуфтем: оре. Фармуд: он чӣ дидед ва эҳсос кардед, Исо писари Марям буд, ки бар ман дуруд фиристод.” (Суютӣ, Аллаъолӣ ал-маснуъа фи аҳодис ал-мавзӯъа, 1/158, Ашшомила)

* * *

Мавлоно дар ин ҳикоят назаре мушобеҳи раъйи Афлотун дар бораи “мусул” тарҳ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳар чӣ дар ин олами маҳсус ба наҳви ҷузъӣ вуҷуд дорад, ба сурати куллӣ дар олами ғайб низ мавҷуд аст. Пас, олами маҳсусот соя ва зилли олами ғайб аст, чунонки мегӯяд олами ғайб низ ҳамчун олами маҳсусот борон дорад, ки ҳамоно воридоти илоҳӣ ва фуюзоти раббонӣ ва футуҳоти самадонӣ аст ва танҳо бар соҳибдилон макшуф аст. Пас, борони Рабб (воридоти илоҳӣ бар қалб) замини дилҳоро нишот ва тозагӣ мебахшад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.624)

* * *

Мустафо рӯзе ба гӯристон бирафт,

Бо ҷанозай марде аз ёрон бирафт.

Рӯзе ҳазрати Расули Худо (с) ҳамроҳи ҷанозаи марде аз ёрони худ ба гӯристон даромад.

Хокро дар гӯри ӯ оганда кард,

Зери хок он донаашро зинда кард.

Он ҳазрат (с) хокро дар гӯри он мурда рехт ва ӯро мадфун намуд ва дар зери он хок донаи вуҷуди он мурдаро эҳё кард.

Нукта: Тамсили инсон ба донаи гандум ва тухми дигар гиёҳон ба муносибати он аст, ки дона аз хок мерӯяд ва аз нав меболад ва зиндагии наботӣ аз сар мегирад. Одамӣ низ ба ақидаи Мавлоно ҳамчунон пас аз марг зинда мешавад ва аз хоки гӯр бармехезад. Ин тамсилро Мавлоно дар “Девони Кабир” равшантар баён кардааст:

Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст,

Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?

(Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.624)

* * *

Ин дарахтонанд ҳамчун хокиён,

Дастҳо баркардаанд аз хокдон.

Дарахтони рӯи замин монанди аҳли хоканд, ки аз хокистони вуҷуди худ дастҳояшонро ба сӯи осмон барафроштаанд.

Хокиён: манзур одамиён аст, зеро хамираи оғозини онон аз гилу хок будааст. Хокдон: манзур кураи замин аст.

Нукта: Ишора аст ба ояти 11 сураи Қоф:

وَأَحْيَيْنَا بِهِ بَلْدَةً مَّيْتًا كَذَلِكَ الْخُرُوجُ

Ва ба василаи борон замини мурдаро зинда сохтем, ва бад-ин сон пас аз марг сар аз хок берун оред.”

Сӯйи халқон сад ишорат мекунанд

В-он ки гӯш асташ, иборат мекунанд.

Ин дарахтон бо забони ҳол ба сӯи мардум сад гуна ишора мекунанд ва асрори барзаху аҳволи ҳашру нашрро баён медоранд, ва барои он кас, ки гӯши ҳушу ботинӣ дорад, мақосиди худро баён мекунанд.

Бо забони сабзу бо дасти дароз,

Аз замири хок мегӯянд роз.

Ин дарахтон бо баргҳои сабзу шохаҳое, ки ҳамчун даст рӯ ба осмон боло рафта ба мардуми шунаво ва тезҳуш аз асрори хок мегӯянд. Яъне ба онҳо мегӯянд: шумо низ монанди мо ба зери хок меравед ва пас аз замоне дубора мерӯйед.

Ҳамчу баттон сар фурӯ бурда ба об,

Гашта товусону буда чун ғуроб.

Ин дарахтон дар фасли зимистон монанди мурғобиён, ки сар ба даруни об фурӯ баранд мехобанд, вале дар фасли баҳор басони товусони зебоманзар зоҳир мешаванд ва дар зимистон ҳамонанди зоғ тира мешаванд.

Батт: навъе мурғобӣ. Ғуроб: зоғ.

Нукта: Мавлоно дар “Девони Кабир” гӯяд:

Тани тира ҳамчу зоғеву ҷаҳони тан зимистон,

Ки ба рағми ин ду нохуш абадо баҳор бодо!

Ба ъизори ҷисм мангар, ки бипӯсаду бирезад,

Ба ъизори ҷон бингар, ки хушу хушъизор бодо!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: