Дар интихоби чеҳраҳои хабарсози 2017 моро кӯмак кунед

Сойти “Кимиёи саодат” мисли солҳои пешин, 10 чеҳраи тоҷикро, ки дар соли 2017 ба наҳве хабарсоз буданд (чӣ манфӣ ва чӣ мусбат), ба унвони “Чеҳраҳои хабарсози соли 2017” интихоб хоҳад кард, ва албатта интихоби мо бо раъю назари хонандагони азизи ин сойт анҷом хоҳад гирифт.

Аз ин рӯ, аз азизони хонанда хоҳиш ба амал меояд дар интихоби ин чеҳраҳо моро кӯмак намоянд. Дар зайл, номи шуморе аз ин чеҳраҳоро меоварем ва шумо метавонед аз миёни онҳо фақат 10 нафарро интихоб кунед:

1) Хайриддин Аҳтамов, сарҳанг, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон дар натиҷаи як задӯхӯрд бо қочоқчиёни маводди мухаддир кушта шуд.

2) Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ки мавриди ҳамлаи афроде номаълум дар шаҳри Душанбе қарор гирифт ва ҳувияти ҳамлагарон маълум нашуд ва парванда ҳам махтума эълон гардид.

3) Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”, ки бо қарори додгоҳ аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.

4) Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе, ки имсол пой ба синни 30-солагӣ гузошт ва тибқи қонун, метавонад барои мақоми риёсати ҷумҳурӣ номзад шавад.

5) Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки имсол бо ҳузур ва суханронӣ дар чанд нишаст дар Урупо, хабарсоз шуд.

6) Саймӯъмин Ятимов, раиси КДАМ, ки бо ба даст гирифтани парвандаҳои мухталифи кишварӣ дар соли 2017, яке аз чеҳраҳои хабарсоз дар ин сол гардид.

7) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки мисли солҳои пешин яке аз хабарсозтаринҳо буд.

8) Зайд Саидов, тоҷири муваффақи тоҷик ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки ба 29 сол зиндон маҳкум шудааст. Хабарҳои шиканҷаи вай дар зиндон ӯро ба яке аз чеҳраҳои хабарсоз дар соли 2017 табдил дод.

9) Шаҳло Акобирова, раиси тозаинтихоби Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон. Ӯ пас аз интихоб шудан ба ин симат гуфтааст, тарафдори ҳарчи бештари озодии расонаҳо дар кишвар аст.

10) Мирзораҳим Кузов маъруф ба Шоҳнаъими Карим, узви Риёсати олии ҲНИТ. Боздошти вай дар фурудгоҳи Отен (Афина) тавассути Интерпол ва сипас муҳокима ва озодиаш, ӯро хабарсоз кард.

11) Саидиброҳими Назар, мушовири собиқи раиси ҲНИТ, ки бозгашти ногаҳонии ӯ ба Тоҷикистон, хабарсоз шуд.

12) Давлаталӣ Шарифов, як сокини шаҳри Душанбе, ки барои “беҳтарин иншо” дар бораи чаҳор духтари донишҷӯяш, барандаи ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид шуд.

13) Эмомҳусейн Умаров, навҷавони 7-солаи тоҷик, ки бо анҷоми 11 ҳазор бор болофишорӣ (отжимание), мехоҳад дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт шавад.

14) Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва раҳбари КВН (Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик), ки боздошт шудааст.

15) Озода Раҳмон, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, бо интишори ёддоште дар бораи падараш дар соли 2017 хабарсоз гардид.

16) Ёсуман Исмонзода, духтари тоҷик, ки бо намоиши истеъдодаш дар телевизиюни Русия, хабарсоз шуд.

17) Дилбар Гургова, ҳамсари як узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ба хотири маҳрум шудани вай ва фарзандонаш ҳатто аз манзили маскунӣ, хабарсоз буд.

18) Беҳрӯз Хоҷазода, варзишкори тоҷик.

19) Абдумалик Саломов, ҷарроҳи қалб, ки бо иттиҳоми иртибот бо салафиҳо боздошт ва равонаи зиндон шуд.

20) Шокир Холдоров, масъули бахши расму оин ва танзими ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки баъди пахши навори видеоии дашномҳои қабеҳаш дар як масҷид, хабарсоз гардид.

21) Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик, ки имсол низ хабарсоз буд.

22) Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, ки ахиран дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Тошканд оид ба ҷудо, медали тилло ба даст овард.

23) Нуриддин Раҳмон (Нуриддин Раҳмонов), бародари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар соли 2017 даргузашт.

24) Нурбибӣ Мансурова, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи худаш, дар хонаи марди арабе дар Саудӣ зери шиканҷа будааст, ӯ бо талоши ниҳодҳои марбута озод шуд.

25) Аскар Нурализода, масъули раёсати Вазорати рушди иқтисод ва узви Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ба иттиҳоми дарёфти ним милюн дулор ришва, хабарсоз шуд.

26) Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, ки дар як набарди сангин бар ҳарифи омрикоиаш пирӯз шуд.

27) Дориюши Раҷабиён, ки бо талош ва саъяш барои бозгашти Тоҷикистон ба хатти модарӣ ва мақолоти мутаъаддид дар ин замина хабарсоз буд.

28) Мирзо Салипур, ки пас аз ҷудоӣ аз Радиои Озодӣ, сойти мустақилле ба номи «Ахбор» роҳандозӣ кард ва дар як муддати бисёр кӯтоҳ ин сойт ҷойгоҳи вежае дар миёни расонаҳои Тоҷикистон пайдо кард.

29) Бек Зуҳуров, ки ҳамеша бо иқдомоти аҷибу ғарибаш хабарсоз будааст.

30) Барзу Абдурраззоқов, коргардони машҳури тоҷик, ки бо баргузории чанд намоишнома дар кишварҳои мухталиф дар соли 2017 хабарсоз шуд.

Реклама


Рубрики:Пароканда

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: