Фалсафа дӯсти шариат аст

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Ибни Рушд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Фалсафа дӯсти шариат ва хоҳари ӯст, аз як пистон шир нӯшидаанд. Ин ду ҳамнишин ва дар ҷавҳар ва сиришти худашон, дӯстдори якдигаранд.”

(Ибни Рушди Андалусӣ)

Имрӯзҳо мусодиф аст бо даргузашти файласуфи шаҳири исломӣ Ибни Рушд. Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Рушди Қуртубии Андалусӣ маъруф ба Ибни Рушд, дар соли 1126 дар Қуртубаи Андалус (Испониёи имрӯз) мутаваллид ва дар декабри соли 1198 дар Мағриб (Марокаш) чашм аз дунё пӯшидааст. Ӯ дар ғарб бо номи Аверроэс (Averroes) маъруф аст, ки ба навъе ҳамон талаффузи Ибни Рушд ба арабӣ аст.

Ба ҳамин муносибат, шоиста дидем, дидгоҳи ин файласуфи исломӣ дар бораи робитаи фалсафа ва динро баррасӣ кунем. Дар ин пажӯҳиш, илова бар осори худи Ибни Рушд, аз мақолаи “Фалсафа ва дин аз дидгоҳи Ибни Рушд”, ки аз сӯи муҳаққиқи мӯҳтарам ҷаноби Муҳаммади Саҳофиён, ки дар маҷаллаи “Маърифат” мунташир шудааст, баҳра гирифтаем.

* * *

Даромад

Эҷоди вифоқ ва ҳамоҳангӣ миёни фалсафа (ҳикмат) ва шариат, масъалае аст, ки аз дербоз андешамандони зиёде ба он таваҷҷӯҳ дошта ва хостаанд, миёни додаҳои ақл ва додаҳои имон иртибот ва инсиҷом падид оваранд. Таваҷҷӯҳе, ки фалосифаи исломӣ ба ин мавзӯъ нишон додаанд, бештар ба ин ҷиҳат буд, ки гоҳе фалсафа аз сӯи уламои динӣ мавриди сарзаниш қарор мегирифт ва эҳсос мекарданд, ки фалсафа барои дин хатари бузурге аст, мисли он чи аз Имом Ғаззолӣ ва Ибни Таймия мебинем. Ин гурӯҳ ғолибан мардумро алайҳи дониши фалсафа таҳрик мекарданд.

Дар муқобил, фалосифа бо талоши худ барои эҷоди вифоқ ва ҳамоҳангӣ миёни ҳикмат ва шариат, мехостанд ин паёмро бирасонанд, ки маҳол аст миёни додаҳои ақл ва додаҳои шаръ таъорузе тасаввур шавад. Масалан, Мӯътазила, ки пеш аз ҳама ба фикри эҷоди вифоқ миёни дин ва фалсафа афтоданд, гуфтаанд: “Ақл ва ваҳй (ҳар ду) аз ҷониби Худованд аст ва яке мукаммили дигаре аст ва миёнашон ҳеч гуна таъорузе нест. Ваҳй маъқул аст; зеро аз ҷониби Худои ҳаким аст, ва чун маъқул аст, бо ақл таноқузе надорад, ва агар миёни ваҳй ва ақл ихтилофе дида шуд, бояд ба таъвил пардохт.” (Фалсафа ва дин аз дидгоҳи Ибни Рушд, Муҳаммади Саҳофиён)

Кендӣ, файласуфи шаҳири араб низ, аз фалосифае аст, ки ба чунин кӯшише бархост. Ӯ дар рисолае, ки барои Аҳмад ибни Муътасим навиштааст, мехоҳад миёни фалсафа ва дин вифқ диҳад. Ӯ мегӯяд: “Ба ҷони худам савганд, ки гуфтори пайғамбари ростгӯ, Муҳаммад (с), ва ҳар чиро, ки аз ҷониби Борӣ ъазза ва ҷалла оварда, чун ба миқёси ақл санҷида шаванд, дархӯри пазиришанд ва ҷуз касоне, ки аз неъмати ақл бебаҳра бошанд, ба дафъу инкори онҳо барнахезанд.” (Ҳамон манбаъ)

Дигар фалосифа низ чунин буданд мисли Форобӣ ва Бӯалӣ Сино. Аммо Ибни Рушд мехост ҳарфи охирро бизанад ва мавзӯъро ба наҳви хоссе ба тафсил баён кунад. Ба хусус дар асри ӯ, фуқаҳо комилан дар муқобили фалсафа ва ба вежа фалсафаи Арасту ҷабҳа гирифта буданд. Ибни Рушд бо қотеъитяе тамом, ба баҳс дар мавзӯъ пардохт; зеро худ сахт мавриди ҳуҷуми мухолифони фалсафа буд. Ӯ нахуст зарбаи муҳкамашро бар Имом Ғаззолӣ фуруд овард ва иддаоҳои ӯро мутазалзил сохт ва ба мардум фаҳмонд, ки фалсафа бо дин мухолиф нест, балки мӯҷиби устувории мабонии дин ва тафсири румуз ва асрори он аст.

Ибни Рушд қасди аслиаш он буд, ки худро аз таърифи мутаассибон бираҳонад. Ибни Рушд китоби “Таҳофут ат-таҳофут” (ки дар радди китоби “Таҳофут ал-фалосифа”-и Имом Ғаззолӣ навиштааст) ва низ рисолаи “Фаслул-мақол ва тақриру мобайнал-ҳикмати ваш-шариъати минал-иттисол” ва рисолаи “Ал-кашф ъан маноҳиҷил-адилла фи ақоидил-милла ва таърифи мо вақаъа фиҳо би ҳасбил-таъвили минаш-шубаҳил-музайяфа вал-ақоидил-музилла”-ро дар ин боб таълиф кард.

* * *

Дастоварди Ибни Рушд дар ин замина

Яке аз дастовардҳои муҳимми Ибни Рушд, кӯшиши вай барои нишон додани “ҳамоҳангӣ миёни ҷаҳонбинии динӣ ва фалсафӣ”, ва ба дигар сухан, “оштӣ додани ақл ва имон” аст. Вай барои аз миён бардоштани даргириҳои сохтагӣ миёни ҷаҳонбинии фалсафӣ ва динӣ, ки Имом Ғаззолӣ беш аз ҳама ба оташи он доман зада буд, навиштаҳои муҳимме падид овард, ки дар ҳар ҷо, ба пайванд миёни ақл ва имон, ва дин ва фалсафа пардохтааст.

Ҳастаи марказии назариёти Ибни Рушд дар ин замина он аст, ки: “фалсафа вежаи нухбагон ва шариат барои ҳамагон ё оммаи мардумон” ва ба таъбири худи вай, барои ҷумҳур аст. Ҳадафи дин ё шариат, саодати оммаи мардум, ва ҳадафи фалсафа баъзе аз онҳост. Ё чунонки худи вай мегӯяд, “фалсафа ҳадафаш таърифи саодати ақлии баъзе аз инсонҳост ва инонанд, ки бояд ҳикматро биёмӯзанд. Аммо шаройеъ қасдашон омӯзондани ҳамаи мардумон аст.” (Ҳамон манбаъ)

* * *

Роҳи ҳалли таъорузи илму дин аз назари Ибни Рушд

Ба назари Ибни Рушд, ин таъоруз ба ин сурат қобили рафъ аст, ки аз маънои ҳақиқии гузораҳои илмӣ, ки дар мутуни муқаддас омада ва бутлони он тавассути улуми башарӣ маълум шуда ва хилофи он собит гардидааст, даст бардорем ва онҳоро ҳамл бар маҷоз кунем. Ӯ барои равише, ки баргузида, ба Қуръон истидлол кардааст; зеро Қуръон назари ақлиро воҷиб донистааст, ки ин ба навбаи худ, ба фаро гирифтани фалсафа мунҷар мешавад. Он гоҳ ӯ ба ин нукта мепардозад, ки мардум аз ҳайси назар ва қареҳа яксон нестанд ва ба ҳамин рӯй, дар шаръ зоҳиру ботин вуҷуд дорад ва барои дарки ботини Қуръон, ниёз ба қоидаҳое аст, ки мутафаккир бояд аз он баҳра бигирад, то битавонад ба таъвили ақволи шаръ ноил ояд ва зоҳирҳои оёт ва ақоидро, ки шаръ барои оммаи мардум хостааст, бишносад.

Ибни Рушд дар китоби “Фаслул-мақол” ин нуктаро баён доштааст, ки хулосааш ба шарҳи зерин аст:

а) Шариат назари фалсафиро воҷиб донистааст:

Ибни Рушд ибтидо ба таърифи фалсафа мепардозад, ки: “Амали фалсафа беш аз ин нест, ки одамӣ дар мавҷудот, аз он ҳайс, ки далолат бар вуҷуди сонеъ ва офаридагори худ доранд, бингарад.” Дин низ мардумро ба ин назар амр карда ва онро воҷиб донистааст. Нигаристан бо назари ибрат дар мавҷудот, аз зоҳири оёти мудаъаддид дониста мешавад; чунонки ояти:

أَوَلَمْ يَنظُرُواْ فِي مَلَكُوتِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَمَا خَلَقَ اللّهُ مِن شَيْءٍ

Оё дар малакути осмонҳо ва замин ва ҳар чизе, ки Худо офаридааст нанигаристаанд?!..” (Аъроф, 185) ва ояти:

فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ

Пас, эй дидаварон! Ибрат гиред.” (Ҳашр, 2) мардумро ба вуҷуби истеъмоли қиёси ақлӣ ё қиёси шаръӣ бо ҳам амр мекунад. Назар ва эътибор ҷуз бо қиёси ақлӣ муяссар намешавад; зеро “ибрат гирифтан, чизе ҷуз ҳамон истинботи маҷҳул аз маълум ва истихроҷи он нест, ва ин амр ё худ қиёс аст ва ё ба қиёс муяссар шавад.”

Пас, назар кардан дар мавҷудот ба василаи қиёси ақлӣ воҷиб аст ва аз ин рӯ, назари фалсафӣ воҷиб аст. Агар фақеҳ аз ояти “Пас, эй дидаварон! Ибрат гиред” истинботи “вуҷуби маърифати қиёси фиқҳӣ” мекунад, шоиста аст, ки орифи биллоҳ аз ҳамин оят истинботи “вуҷуби маърифати қиёси ақлӣ” намояд.

Аз ин гузашта, оё “ҳикмат” дар оятҳои қуръонӣ чизе ғайр аз фалсафа аст? Бинобар ин, равшан шуд, ки шаръ мардумро ба қиёси ақлӣ водор мекунад ва онро воҷиб мешуморад ва аз ба кор бурдани он чорае нест. Пас, мутафаккир бояд қавонини ин қиёс ва бурҳонро бишносад ва ба таълими мантиқ таваҷҷӯҳ кунад ва ба таҳсили фалсафа машғул шавад.

Ибни Рушд мегӯяд: “Агар чизе нафъи зотӣ дошт, ҳаргиз ба далели зарари оризӣ аз он даст барнамедорем, ва агар шариати ислом ҳақ аст ва мардумро ба нигаристан амр мекунад, то ба ҳақ барасанд, пас назари бурҳонӣ ҳаргиз ба мухолифат бо он чи дар шаръ омадааст мунҷар намегардад.”

Яъне Ибни Рушд мехоҳад исбот кунад, ки дин толиби назари ақлӣ аст, ва назари ақлӣ ҳамон “фалсафа” аст.

б) Динро зоҳир ва ботин аст ва таъвил зарурӣ:

Фалосифаи исломӣ, умуман ақл ва ваҳйро ду сарчашмаи маърифат ва вусул ба ҳақиқат медонанд. Ибни Рушд низ дар ин ҳамбастагӣ назарияи худро матраҳ мекунад:

Чун ин шариат ҳақ аст ва ҳамагонро ба нигариш ва пажӯҳиш фаро мехонад ва ба шинохти ҳақиқат раҳнамун мешавад, мо уммати мусалмон қатъан медонем, ки назари бурҳонӣ ба мухолифат бо он чи аз сӯи шаръ омадааст, намеанҷомад; зеро ҳақиқат ҳаргиз бо ҳақиқат мухолиф намешавад, балки мувофиқи он аст ва бар он гувоҳӣ медиҳад.”

Яъне илм мувофиқ бо дин аст, ва дин мувофиқ бо илм. Аммо дар Қуръон ва аҳодис, ибороте ҳаст, ки дар зоҳир, бо ҳақоиқи фалсафа мухолифат менамояд ва мепиндоранд, ки фалсафа зидди дин аст. Вале инҳо дар воқеъ, чизе ҷуз зоҳири он иборат нест ва бояд онҳоро таъвил кард. Дар ин ҷо, Ибни Рушд назарияи муҳимми худро дар бораи “таъвил” матраҳ мекунад. Ин назарияро метавон бунёди пажӯҳишҳои вай дар бораи ҳамоҳангӣ миёни дин ва фалсафа ба шумор овард. Вай дар таърифи таъвил мегӯяд:

Таъвил, берун овардани далолати лафз аз маънои ҳақиқӣ ба маънои маҷозӣ аст, бе он ки ихлолгари шеваи роиҷи забони арабӣ дар ин бора бошад; монанди номгузории чизе ба номи чизе ҳамонанди он, ё иллати он, ё натиҷаи он, ё муқорини он, ё дигар чизҳое, ки дар таърифи ақсоми сухани маҷозӣ баршумурда шудааст.”

Бинобар ин, агар фақеҳ ин шеваро дар бисёре аз аҳкоми шаръӣ ба кор мебарад, шоистатар аст, ки соҳиби дониши бурҳон онро ба кор барад; зеро фақеҳ дорои қиёси заннӣ аст ва ориф дорои қиёси яқинӣ. Пас, метавон ба сурати қатъӣ таъкид кард, ки он чи бурҳон ба он мерасад ва зоҳири шаръ бо он мухолиф мебошад, ин зоҳир пазирои таъвил, ҳамоҳанг бо қоидаи таъвил дар арабӣ аст. Бад-ин сон, метавон манқулро бо маъқул ба ҳам омехт; чунонки метавон гуфт, ки ҳеч сухане дар шаръ нест, ки зоҳираш мухолифи натиҷаи бурҳон бошад.

Ибни Рушд иллати ба миён омадани “зоҳиру ботин”-ро дар шаръ, “ихтилофи сиришти инсонҳо ва табоюни истеъдодҳои эшон аз лиҳози тасдиқ” медонад. Аммо иллати ба миён омадани “зоҳирҳои мутаъориз” дар шаръ, барангехтани устуворон дар дониш (арросхуну фил-илм) ба таъвили ҳамоҳангсозандаи онҳост. Сухани Худованд гувоҳ бар ин маъност, он ҷо, ки мефармояд:

هُوَ الَّذِيَ أَنزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُّحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ فَأَمَّا الَّذِينَ في قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ ابْتِغَاء الْفِتْنَةِ وَابْتِغَاء تَأْوِيلِهِ وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلاَّ اللّهُ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ

Ӯст касе, ки ин китоб (Қуръон)-ро бар ту фурӯ фиристод; порае аз он оёти муҳкам (сареҳ ва равшан) аст, ки онҳо асоси китобанд ва (порае) дигар муташобеҳотанд (ки таъвилпазиранд), аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ ва талаби таъвили он (ба дилхоҳи худ) аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд, бо он ки таъвилашро ҷуз Худо ва решадорон дар дониш касе намедонад….” (Оли Имрон, 7)

в) Шаръ мутаммими ақл аст:

Дар назари Ибни Рушд, шаръ дорои ду маъност: маънои зоҳир ва маънои ботин. Ва ин ду як маънои воҳиди фалсафӣ ҳастанд. Агар зоҳирро бо қавонини ақл ихтилофе буд, бояд онро таъвил кард, ва агар бар вифқи ақл буд, бидуни таъвил бояд онро пазируфт. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки иштибоҳ аст агар Ибни Рушдро дар фаҳми гуфтаҳои шаръ душахсиятӣ (қоил ба таъвил ва зоҳир) бидонем; зеро ӯ ба зоҳиру ботин, ба сурати дугона мӯътақид нест, балки агар ба зоҳиру ботин мӯътақид мешавад, барои эҷоди як ваҳдат аст.

Дар назари Ибни Рушд, ҳар чиро шаръ аз тариқи ваҳй овардааст, бо ақл созгор аст ва илме, ки аз ноҳияи ваҳй дарёфт шуда бошад, мутаммими улуми ақлӣ аст. Бар ин поя, Ибни Рушд борҳо таъкид мекунад, ки масоили фалсафиро набояд бо масоили имонӣ ва эътиқодӣ халт кард; зеро фалсафа танҳо бо ақл ва мабонии ақлӣ сару кор дорад, аммо дин бар пояи ваҳй ва ақл (ҳар ду) устувор аст.

Аз назари Ибни Рушд, ақли одамиро марзҳои муайяне аст, ки наметавонад аз онҳо таҷовуз кунад. Ӯ бо таъкид бар ин нукта, ҳамчун файласуфе ростин, ки сухани дуруст ё ҳақиқатеро ҳар ҷо ва назди ҳар кас биёбад, ба он гардан мениҳад, мунсифона дар бораи Ғаззолӣ мегӯяд:

Аммо гуфтаи ӯ (Ғаззолӣ), ки: “ҳар чӣ ақли одамӣ аз дарёфти он кӯтоҳ ояд, лозим аст дар он ба сӯи шаръ бозгардем, сухани дурусте аст; аз он рӯ, ки шинохти ёфташуда ба василаи ваҳй, ҳамчун мутаммими шинохтҳои ақл омадааст; яъне: он чи ақл аз (идроки) он нотавон мебошад, Худованди Таъоло онро ба василаи ваҳй ба инсон бахшидааст.

Бинобар ин, аз дидгоҳи Ибни Рушд, мабодии дин ва шаръ омезае аз ақлу ваҳй аст. Дин наметавонад ва набояд танҳо бар пояи ақл ва мабонии ақлӣ устувор бошад; зеро ба ақидаи Ибни Рушд, агар ҳунарҳои бурҳонӣ мабодиашон ҳамоно усули мавзӯъа (axiom) аст, чӣ басо шоистатар бошад, ки дар шаройеъ гирифташуда аз ақлу ваҳй низ чунин бошад. Ҳар шариате, ки бар пояи ваҳй аст, ақл бо он омехта ва касе, ки бипазирад мумкин аст дине фақат ба василаи ақл вуҷуд дошта бошад, бояд бипазирад, ки он дин заруратан ноқистар аз динҳое аст, ки ба василаи ваҳйу ақл (ҳар ду) падид омадаанд. Ҳамаи файласуфон низ дар ин бора ҳамоҳанганд, ки усули кирдору амал бояд ба наҳви тақлидӣ гирифта шавад; зеро роҳе барои бурҳон бар зарурати амал ёфт намешавад, магар ба вуҷуди фазоили ношӣ аз кирдорҳои ахлоқӣ ва амалӣ.

Ибни Рушд дар ҷои дигаре тасреҳ мекунад, ки: “бар ҳар инсоне воҷиб аст, ки мабодии шариатро бипазирад ва дар онҳо аз возеъи онҳо тақлид кунад; зеро инкори онҳо ва муҷодила дар онҳо, табоҳкунандаи вуҷуди инсон аст… Ва он чи бояд дар бораи онҳо гуфта шавад ин аст, ки мабодии шариат амре илоҳианд фаротар аз ақлҳои инсонӣ ва ногузир бояд бар онҳо мӯътариф буд; ҳарчанд бо надонистани иллатҳои онҳо.”

Сипас ӯ марҳилаи баъдии рушди истикмолии инсонро дар пайравӣ аз мабодии шариат баён мекунад ва мегӯяд, агар инсон ҳамоҳанг бо фазоили динӣ рушд кунад, мутлақан бофазилат мешавад, ва агар саодат насиби вай шавад, то аз доноёни устувор дар дониш гардад ва чунон рӯй диҳад, ки битавонад мабдаъе аз мабодии шариатро таъвил кунад, вазифаи ӯст, ки ин таъвилро ошкор созад ва дар бораи он ҳамонро бигӯяд, ки Худованди Субҳон гуфт: “Ва устуворон дар дониш мегӯянд: мо ба он имон дорем, ҳама аз сӯи Парвардигор аст.” (Оли Имрон, 7)

Натиҷаи поёние, ки Ибни Рушд аз пажӯҳишҳояш дар бораи ҳамоҳангӣ миёни дин ва фалсафа мегирад ин аст, ки: “фалсафа дӯсти шариат ва хоҳари ӯст, аз як пистон шир нӯшидаанд. Ин ду биттабъ ҳамнишин ва дар ҷавҳар ва сиришти худашон дӯстдори якдигаранд.”

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: