Чаҳор ҳикояти омӯзанда

Хоҳиши дуо

Шахсе бо ҳаяҷону изтироб ба ҳузури Имом Содиқ (алайҳис-салом) омад ва гуфт:

— Дар бораи ман дуое бифармоед, то Худованд ба ман вусъати ризқе бидиҳад, ки хеле фақир ва тангдастам.

Имом фармуд:

— Ҳаргиз дуо намекунам.

Пурсид:

— Чаро дуо намекунед?

Имом фармуд:

— Барои ин ки Худованд роҳе барои ин кор муайян кардааст. Худованд амр карда, ки рӯзиро пайҷӯӣ кунед ва талаб намоед. Аммо ту мехоҳӣ дар хонаи худ биншинӣ ва бо дуо рӯзиро ба хонаи худ бикашонӣ.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

* * *

Бастани зонуи шутур

Қофила чандин соат роҳ рафта буд. Осори хастагӣ дар саворон ва дар маркабҳо падид гашта буд. Ҳамин ки ба манзиле расиданд, ки он ҷо обе буд, қофила фуруд омад. Расули Акрам (с) низ, ки ҳамроҳи қофила буд, шутури хешро хобонид ва пиёда шуд. Қабл аз ҳама чиз, ҳама дар фикр буданд, ки худро ба об бирасонанд ва муқаддамоти намозро фароҳам кунанд.

Расули Акрам (с) баъд аз он ки пиёда шуд, ба он сӯ, ки об буд равон шуд, вале баъд аз он ки миқдоре рафт, бидуни он ки бо аҳаде сухане бигӯяд, ба тарафи маркаби хеш бозгашт.

Асҳоб ва ёрон бо таъаҷҷуб бо худ мегуфтанд, оё инҷоро барои фуруд омадан написандидааст ва мехоҳад фармони ҳаракат бидиҳад? Чашмҳо муроқиб ва гӯшҳо мунтазири шунидани фармон буд. Таъаҷҷуби ҷамъият ҳангоме зиёд шуд, ки диданд ҳамин ки ба шутури хеш расид, зонубандро бардошт ва зонуҳои шутурро баст ва ду мартиба ба сӯи мақсади аввалии хеш равон шуд.

Фарёдҳо аз атроф баланд шуд:

— Эй Расули Худо! Чаро моро фармон надодед, ки ин корро бароятон бикунем ва ба худатон заҳмат додед ва баргаштед? Мо, ки бо камоли ифтихор барои анҷоми ин хидмат омода будем.

Расули Худо (с) дар ҷавоби онҳо фармуд:

— Ҳаргиз аз дигарон дар корҳои худ кӯмак нахоҳед, ва ба дигарон такя накунед ҳарчанд барои як қитъа чӯби мисвок бошад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Куҳлул-басар”)

* * *

Ҳамсафари ҳаҷ

Марде аз сафари ҳаҷ баргашта саргузашти мусофирати худаш ва ҳамроҳонашро барои Имом Содиқ таъриф мекард, махсусан яке аз ҳамсафарони хешро бисёр месутуд, ки чӣ марди бузургворе буд, мо ба ҳамроҳии ҳамчу марди шарифе муфтахар будем, яксара машғули тоату ибодат буд, ҳамин ки дар манзиле фуруд меомадем, ӯ фавран ба гӯшае мерафт ва саҷҷодаи хешро паҳн мекард ва ба тоату ибодати хеш машғул мешуд.

Имом гуфт:

— Пас чӣ касе корҳои ӯро анҷом медод? Ва кӣ ҳайвони ӯро тимор мекард?

Гуфтанд:

— Албатта ифтихори ин корҳо бо мо буд. Ӯ фақат ба корҳои муқаддаси хеш машғул буд ва коре ба ин корҳо надошт.

Имом фармуд:

— Бинобар ин, ҳамаи шумо аз ӯ бартар будаед.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ)

* * *

Ғизои дастаҷамъӣ

Ҳамин ки Расули Акрам (с) ва асҳоб ва ёрон аз маркабҳо фуруд омаданд ва борҳоро бар замин ниҳоданд, тасмими ҷамъият бар ин шуд, ки барои ғизо гӯсфандеро забҳ ва омода кунанд.

Яке аз асҳоб гуфт:

— Сар буридани гӯсфанд бо ман.

Дигаре гуфт:

— Кандани пӯсти он бо ман.

Севвуме гуфт:

— Пухтани гӯшти он бо ман…

Расули Акрам (с) фармуд:

— Ҷамъ кардани ҳезум аз саҳро бо ман.

Ҷамъият гуфтанд:

— Ё Расулаллоҳ! Шумо заҳмат накашед ва роҳат биншинед, мо худамон бо камоли ифтихор ҳамаи ин корҳоро мекунем.

Расули Акрам (с) фармуд:

— Медонам, ки шумо мекунед, вале Худованд дӯст намедорад бандаашро дар миёни ёронаш бо вазъе мутамойиз бибинад, ки барои худ нисбат ба дигарон имтиёзе қоил шуда бошад.

Сипас ба тарафи саҳро рафт ва миқдори лозим хору хошок аз саҳро ҷамъ кард ва овард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Куҳлул-басар”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: