Будҷаи давлат ва шаҳрвандон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш, чанд сойти тоҷикӣ нусхаи номаи Кумитаи андози Тоҷикистон ба раисиҷумҳури кишварро, ки дар таърихи 27 сентбяр навишта шудааст мунташир карданд, ки бар асоси он, ин кумита барномаҳои интернетӣ барои иртиботгириро “сабаби коста шудани будҷаи давлат” донистааст. Ин нома бавузуҳ далели қатъи шабакаи NGN аз сӯи “Хадамоти алоқа”-и Тоҷикистонро нишон медиҳад ва собит мекунад, ки далелаш “амниятӣ” набудааст чунонки ҷаноби Бек Зуҳуров эълом карда. Албатта, эҳтимол дорад ин ниҳод шаҳрвандонро аз истифода аз Viber, WhatsApp, IMO ва Telegram низ ба наҳве маҳрум кунад, ҳарчанд ба лиҳози фаннӣ, ман, ки ворид нестам, намедонам ин кор оё имкон дорад ё на.

Дар ин ёддошт, роқими сутур намехоҳад дар бораи ин мавзӯъ баҳс кунад, ки ин иқдом аз назари коршиносӣ, як иқдоми номаъқул аст, зеро аввалан, коршиноси ин ҳавза нестам, ва сониян, тайи ин ду рӯз, коршиносони зиёде дар ин робита назари худро иброз доштаанд, азизон метавонанд ба сойти Радиои Озодӣ ва ё шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки коршиносоне мисли Абдуманнон Шералиев дидгоҳи худро дар ин робита навиштаанд, муроҷеа кунанд ва бихонанд. Балки мехоҳам дар бораи як мавзӯи муҳимтари дигаре, ки роҷеъ ба “масъулияти мутақобили шаҳрванд ва давлат” аст баҳс ба амал оварам, ки пардохти андоз ва молиёт масалан, яке аз масъулиятҳои шаҳрвандон дар қиболи давлаташон аст.

* * *

Дар ин шакке нест, ки пардохти молиёт аз сӯи шаҳрвандон ба давлат — ки миқдори қобили таваҷҷӯҳи будҷаи давлат ба василаи он таъмин мешавад — як амри оддӣ ва маъмулӣ аст ва пардохти молиёт як вазифаи шаҳрвандӣ аст, дар ҳамаи кишварҳо. Дар ин амр ҳеч тардиде вуҷуд надорад. Аммо суол ин аст, ки оё давлат низ дар қиболи шаҳрвандонаш вазифа ва масъулияте бар дӯш дорад? Ё масъулият фақат яктарафа аст? Яъне, фақат ин шаҳрвандон ҳастанд, ки дар қиболи давлат вазифа ва масъулият доранд, аммо давлат ҳеч масъулияте дар қиболи шаҳрвандонаш надорад?

Дар кишвари мо, дар 25 соли ахир (пас аз истиқлолият ва рӯи кор омадани ҳоким ва ҳукумати феълӣ), як “суннати нонавиштае” дар ҷомеа ниҳодина шудааст, ки гӯӣ фақат ин мардум ҳастанд, ки дар баробари давлаташон вазифа ва масъулият доранд, на давлат. Яъне, мардум бояд молиёти худро бисупоранд ва ба тамоми қарору тасмимҳое, ки порлумон қабул ва тавассути раисиҷумҳур имзо мешавад, амал ва мӯ ба мӯ ба онҳо пойбанд бошанд; ба тамоми қарору тасмимҳояш, чӣ маъқул аст ва чӣ номаъқул, чӣ марбут ба ҷашну маросимҳояшон бошад ва чӣ марбут ба либосу пӯшишашон, чӣ марбут ба қонун дар бораи “Пешво” бошад – ки масалан раисиҷумҳури феълӣ то мурдан ва пӯкидани устухонҳояш ҳақ дорад раиҷумҳур шавад – ва чӣ марбут ба қонуни ташкили аҳзоби сиёсӣ, ки чӣ касе масалан метавонад ва чӣ касе наметавонад, чӣ марбут ба дину мазҳабашон бошад ва чӣ марбут ба фарҳангу суннатҳояшон… Хулоса, дар 25 соли ахир, ба ҳадде қонун тасвиб ва ба имзо расида, ки гӯӣ ин ҳукумат кораш фақат қабул ва тасвиби қавонин бошаду бас ва аз шаҳрвандон ҳам хоста мешавад ба ҳамаи онҳо пойбанд бошанд.

Аммо ҳамин, ки пойи ҳуқуқи шаҳрвандон ва масулияти давлат дар қиболи онҳо пеш меояд, дигар хабаре нест! Ту, ки будҷаи давлатро – ва ҳамчунин ҷайби худро — аз ҳисоби молиёт ва заҳматҳо ва дастранҷи мардум ва ба хусус муҳоҷирони корӣ пур мекунӣ, оё ба унвони ҳукумат, то кунун коре барои мардумат анҷом додаӣ ё на?! Масалан, оё ҳукумат аз ҳисоби будҷаи давлат, коре дар заминаи эҷоди шуғл дар дохили кишвар анҷом додааст, ки шаҳрвандонаш барои ёфтани қуте лоямут ба кишварҳое дигар нараванд? Ё корхонаҳоеро, ки дар даврони Шӯравӣ фаъол буданд ва мардум дар онҳо машғули кор буданд, бозсозӣ намудаӣ? Намегӯям, корхонаҳои ҷадид бисозанд, балки ҳаддиақал ҳамон корхонаҳои хобидаро, ки зиёданд эҳё бикунанд. Ё масалан, вазъи муаллимон, устодони донишгоҳ ва куллан кормандони илмӣ беҳбуд ёфтааст ва онҳо эҳсос мекунанд, ки давлат ба онҳо мерасад ва ҳуқуқашон (маъошашон) мутаносиб бо махориҷашон аст? Ё ин ки ҳукумат фақат балад аст, будҷаи давлатро сарфи умури (дар мавқеи кунунӣ) воқеан беҳуда бикунад, мисли биносозиҳо, ки ин охирҳо ба хусус дар пойтахт бисёр шудаанд. Асли ин кор беҳуда нест, вале замонаш алъон нест, аввал мардум бояд бо кор ва шуғл таъмин шаванд, вазъи муаллимон ва асотиди донишгоҳ ва муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон беҳбуд биёбад, авлавият ба назарам инҳост, на сохтану пухтан!

Инҳо вазифа ва масъулияти ҳар давлат дар баробари шаҳрвандонаш аст. Аммо дар кишвари мо, ин худи шаҳрвандон ҳастанд, ки аз як тараф ҳам бояд барои худ кор пайдо кунанд ва моятоҷи худ ва хонаводаи худро таъмин намоянд, яъне вазифаи худашон аст, ҳарчанд бо сафар ба Миррих ҳам, ки бошад, ва аз тарафи дигар, ҳам вазифа ва масъулият доранд, ки будҷаи давлатро пур кунанд. Давлат аммо ҳеч масъулияте надорад. Зоҳиран шаҳрвандони Тоҷикистон ин воқеияти талхро пазируфтаанд, ки давлат дар баробари онҳо ҳеч масъулияте надорад ва ин фақат онҳо ҳастанд, ки дар баробари давлат вазифа доранд.

* * *

Пас, ҳоло, ки вазири мӯҳтарами Кумитаи андоз нигарони будҷаи давлат шуда ва пешниҳод кардааст, то барномаҳои интернетии маҷҷонӣ қатъ ва шаҳрвандон ба ҷои он аз васоили иртиботие истифода кунанд, ки барои он пул пардохт намоянд ва будҷаи давлат пур шавад, оё ба фикри ин ҳам ҳастанд, ки аз ин будҷа – ки қарор аст аз ҷайби мардум таъмин шавад – миқдоре ҳам барои худи мардум сарф гардад? Оё ин аслан дар қомуси ин ҳукумат ҷое надорад?!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: