Ду далели муҳимми барканории Ато Муҳаммад Нур

Ёддошти Сайидисҳоқ Шуҷоӣ, рӯзноманигори афғонистонӣ ва мудири рӯзномаи “Асри нав”

Барканории Ато Муҳаммад Нур аз симати вилояти Балх тавассути раисиҷумҳур ҳарчанд метавонад авомили гуногуне дошта бошад — аз ҷумла музокироти нокоми Нур бо раисиҷумҳур, ки мунҷар ба судури номаи истеъфои ӯ шудааст, мусолиҳаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Ашраф Ғанӣ, нақзи ошкор ва пушти по задани алании тими Ашраф Ғанӣ нисбат ба тавофуқномаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ва дигар авомили хурду бузург – аммо дар инҷо мо ба ду омили муҳимми дигар мепардозем, ки дар барканории Нур тавассути Ғанӣ метавонанд авомили асосӣ маҳсуб шаванд ва то кунун камтар ба онҳо таваҷҷӯҳ шудааст:

Омили аввале, ки метавонад дар ин иқдоми раисиҷумҳури Афғонистон бисёр муассир бошад, наздик шудан ба интихоботи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурӣ аст. Ҳар ду интихобот дар сарнавишт ва ояндаи Афғонистон бисёр муҳим ва сарнавиштсоз аст.

Аз як тараф, давлат таҳти фишори мардум ва ҷомеаи байналмилалӣ, наметавонад интихоботро баргузор накунад. Аз тарафи дигар, бо нокомии ин чаҳор сол ба ин натиҷа расидааст, ки шонси комёбиаш дар интихобот бисёр андак аст.

Мардум Ашраф Ғанӣ ва тими ӯро дар ин чанд сол ба хубӣ шинохтанд. Онҳо ҳатто рӯи ҳукумати фосид ва нокоми Карзайро низ сафед карданд ва ҳоло мардум давраи Карзайро орзу мекунанд.

Танҳо роҳи ҳалле, ки барои Ашраф Ғанӣ ва тимаш дар интихобот боқӣ мемонад, аз саҳна берун кардани рақибони сиёсӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ имтиҳони худро пас дода ва дар ду даври интихоботи риёсати ҷумҳурӣ натиҷаи интихоботро ба рақиби худ вогузор кардааст ва дар ин чаҳор сол низ дар пости риёсати иҷроия нокомӣ ва нотавонии худро ба исбот расондааст, бидуни тардид наметавонад рақибе барои Ашраф Ғанӣ ба ҳисоб биёяд.

Акнун чашмҳо ба сӯи устод Ато Муҳаммад Нур ба унвони чеҳраи матраҳ, фаъол, ҷасур ва имтиҳон пасдода дӯхта шуда, ки ба майдон биёяд ва бо таваҷҷӯҳ ба нокомиҳои Ашраф Ғанӣ дар ин чаҳор сол, эҳтимоли баранда шудани Нур дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дур аз зеҳн нест.

Ашраф Ғанӣ ва тимаш мехоҳанд дасти муҳимтарин рақиби худро аз имконоти давлатӣ ва ҷойгоҳи расмӣ кӯтоҳ кунанд, то дар интихобот натавонад қавӣ ва муассир бозӣ кунад. Ғанӣ мехоҳад бо овардани як волии тарафдори худ дар Балх, ки ҳукми марказияти нӯҳ вилояти шимолро дорад, на танҳо нуфуз ва ҷойгоҳи рақибони худро дар шимол тазъиф кунад, балки талош мекунад орои мардуми шимолро дар сандуқи худ бирезад.

Дуввумин омили муҳимме, ки дар барканории Нур муҳим аст, ҷиноҳбандии калони минтақаӣ аст. Солҳои зиёде аст, ки Русия аз хоби зимистонӣ бархоста ва дар Укройн ва Сурия ва ҷоҳои дигар, яккатозии Омрико ва Ғарбро ба чолиш кашидааст. Ҳоло дар Ховари Миёна ва балки дар кулли ҷаҳон ду ҷиноҳ мушаххас шудааст:

Омрико, Исроил, кишварҳои ғарбӣ ва бисёре аз кишварҳои арабӣ як қутб. Русия, Чин, Эрон бо меҳвари муқовамат қутби дигар аст.

Дар Афғонистон тасаллути сиёсӣ ва низомӣ бо қутби аввал аст ва ин қутб аз ҷиноҳи Ашраф Ғанӣ ҳимоят мекунад. НАТО ва Омрико пушти сари давлати Ғанӣ истода ва кишварҳои ҳамсӯ монанди Покистон ва Арабистони Саудӣ низ аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Афғонистон пайравӣ мекунанд.

Ҷабҳаи муттаҳиди шимол аз замони ҳукумати Толибон ва дар қолаби эътилофе аз шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, женерол Дӯстум ва шаҳид Мазорӣ тавассути қутби дигар, яъне Русия ва Эрон пуштибонӣ мешуд ва талошҳои ин кишварҳо дар ҳимояташон аз ҷабҳаи шимол буд, ки саранҷом ин гурӯҳро ба пирӯзӣ расонд.

Акнун низ ду ҷиноҳи мавҷуд дар Афғонистон бо ҳомиёни суннатии худ робита доранд ва ба эҳтимоли зиёд аз тарафи онҳо кӯмак ва ташвиқ мешаванд. Ҳарчанд давлати кунунӣ ҳеч рабте ба Толибон надорад, аммо бархе пайвандҳои суннатӣ байни ин давлат ва Толибон дастикам дар чашми ҳомиёни хориҷии худ инкоркарданӣ нест.

Аз ин тараф, Ато Муҳаммад Нур, женерол Дӯстум ва Муҳаммади Муҳаққиқ, ки намояндаи ҷабҳаи муттаҳиди шимол ҳастанд ва чанде пеш Эътилофи миллии Наҷотро дар Туркия ташкил доданд, муҳимтарин ҷиноҳи рақиби давлат ҳастанд ва бо қутби дигари қудрат дар ҷаҳон робитаи нек доранд.

Дасиса бар зидди женерол Дӯстум ва табъиди ӯ ба Туркия, эҷоди ҷанҷол ба хотири суханронии Муҳаммади Муҳаққиқ бар зидди ДОЪИШ дар Эрон ва ҳоло барканории Нур, бидуни тардид аз як манбаъ барномарезӣ ва иҷро мешавад. Ин барномаҳо аз назари ҷиноҳи дохилӣ, тасфияи рақибони сиёсӣ ва қавмӣ ва берун кардани аносури таъсиргузор аз майдон ва инҳисорӣ кардани қудрат аст. Ва аз назари қутби берунӣ, зарба задан ба қутби дигар ва поён додан ба нуфузи Русия ва Эрон дар Афғонистон маҳсуб мегардад.

Тазъифи ҷабҳаи муттаҳиди шимол, ки муҳимтарин монеъи нуфузи гурӯҳҳои теруристӣ дар ин минтақаи муҳим аст, чӣ басо, ки саранҷом ба ҳузури бештари гурӯҳҳои теруристӣ дар шимол мунҷар гардад.

Пас, ҷудо аз авомили хурду рез, ду омили муҳимми наздик шудан ба интихобот ва қутббандиҳои ҷаҳонӣ, дар барканории Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балх, табъиди Дӯстум ва ғавғо барои Муҳаққиқ, муҳим арзёбӣ мешавад. Аммо шахсиятҳои ёдшуда ба хусус Нур, аз пойгоҳ ва ҷойгоҳи баланде дар миёни мардум бархӯрдор аст. Ба ҳамин иллат ҳам, берун кардани онҳо аз майдони рақобат, коре ғайримумкин аст.

Дар вазъияти ҷангӣ ва ноамнии кунунии Афғонистон, ин гуна иқдомоти насанҷида ва ташаннуҷофарин аз ҷониби давлат, ба ҳеч ваҷҳ ба салоҳи кишвар ва мардум нест ва кишварро ба сӯи ноамнӣ ва ҷангҳои бештаре хоҳад бурд.

Лозим аст давлатмардон дар интихобот ва дар иртибототи берунии худ, қоидаи бозиро бипазиранд ва дар чорчӯби он ба рақобатҳои сиёсӣ идома диҳанд.

Асри нав

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: