Перейти к содержимому

Намояндаи Омрико дар СММ: “Мо сафорати худамонро ба Қудс мунтақил мекунем, раъйи СММ тағйире дар тасмими мо эҷод намекунад”

Ники Ҳейли, намояндаи Омрико дар СММ, бо баёни ин ки “Омрико бузургтарин ҳомии молии Созмони Милал аст ва мо бо ин кӯмакҳои саховатмандонае, ки ба Созмони Милал мекунем, интизор дорем, ки равиши омрикоии хуби мо ба расмият шинохта шавад ва худамон ҳам мавриди эҳтиром қарор бигирем” гуфт: “Мо сафорати худамонро ба Қудс мунтақил мекунем, чун ин тасмими мардуми Омрикост ва ҳар раъйе, ки дар Созмони Милал дар ин хусус содир шавад, тағйире дар тасмими мо эҷод намекунад.”

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз (панҷшанбе, 21.12.2017) ба дархости кишварҳои мусалмон ва аъзои ҷунбиши адами таъаҳҳуд, нишасте барои раъйгирӣ дар хусуси қатъномаи ғайри илзомовар дар хусуси вазъияти ҳуқуқии Қудси шариф дошт.

Ин нишаст пас аз эъломи тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико барои интиқоли сафорати кишвараш ба Қудс ва ветои қатъномаи пешниҳодии Миср дар ин хусус дар Шӯрои амният баргузор шуд.

Ники Ҳейли, намояндаи Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар суханоне дар ин нишаст гуфт: “Шармовар аст, ки Созмони Милал солҳост, ки маҳалле барои хусумат бо Исроил будааст; ин рӯйкард, боиси коҳиши эътибори ин ниҳод мешавад.”

Намояндаи Омрико дар идома гуфт: “Барои ман суол аст, ки бо вуҷуди ин ҳама душманӣ, чаро Исроил гузинаи мондан дар Созмони Милалро интихоб кардааст, вале посух ин аст, ки Исроил барои идомаи ҳаёти худ истодагӣ карда ва мондан дар Созмони Милал, бахше аз ин истодагӣ аст.”

Ники Ҳейли ба сохтори Созмони Милал ҳамла кард ва гуфт: “Исроил аз мафҳуми озодӣ ва иззати инсонӣ ҳимоят мекунад; мафоҳиме, ки бино буд Созмони Милал барои ҳимоят аз онҳо ташкил шавад.”

Намояндаи Омрико дар идома ёдовар шуд, ки таҳдиди дирӯзи Дунолд Тромп дар хусуси қатъи кӯмаки молӣ ба кишварҳои ҳомии қатъномаи имрӯз, тасмиме фардӣ нест ва тафаккуроти Тромп дар давлати Омрико ҳомӣ дорад. Ҳейли гуфт: “Омрико бо фосилаи чашмгир аз дигар аъзоъ, бузургтарин ҳомии молии Созмони Милал аст. Биёед бо ҳам содиқ бошем; мо бо ин кӯмакҳои саховатмандонае, ки ба Созмони Милал мекунем, интизор дорем, ки равиши омрикоии хуби мо ба расмият шинохта шавад ва худамон ҳам мавриди эҳтиром қарор бигирем.”

Ники Ҳейли таҳдидоти молии худро бо забони шаффофтаре баён кард ва гуфт: “Вақте як кишвар дар Созмони Милал мавриди ҳамлаи дигар аъзоъ қарор мегирад, он кишвар мавриди беэҳтиромӣ қарор гирифтааст, ва илова бар ин, ҳоло аз ҳамон кишвар хоста шуда, ки барои ин беэҳтиромӣ, пули бештаре бипардозад.”

Ҳейли сипас баҳси интиқоли сафорат ба Қудси шарифро баҳсе мардумӣ ва решадор дар Омрико унвон кард ва гуфт: “Давлати Омрико бар хилофи бархе дигар давлатҳои узви Созмони Милал, дар баробари миллати худ посухгӯст ва мардуми мо, аз соли 1994 то кунун, борҳо аз тасмими интиқоли сафорат ба Уршалим (Қудс) ҳимоят кардаанд. Мо сафорати худамонро ба Қудс мунтақил мекунем, чун ин тасмими мардуми Омрикост ва ҳар раъйе, ки дар Созмони Милал дар ин хусус содир шавад, тағйире дар тасмими мо эҷод намекунад.”

Дар ин нишаст, қатъномаи мавсум ба “Вазъияти Қудс” ба раъй гузошта шуд ва Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо 128 раъйи мувофиқ, 9 раъйи мухолиф ва 35 раъйи мумтанеъ, онро ба тасвиб расонд.

9 мухолифи пешнависи қатъномаи Қудс дар Маҷмаи умумии Созмони Милал иборатанд аз: Гвотемоло, Ҳандурос, як давлати ҷаълӣ ба номи “Исроил”, ҷазоири Моршол, Микрунезӣ, ҷазираи Новру, ҷазираи Поулу, Тугу ва Омрико.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: