Перейти к содержимому

Низоми иқтисодии ислом (12)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши чаҳорум: Арзиши изофӣ (3)

(Дар сафҳаи 57 китоби “Усули илми иқтисод” мегӯяд:)

Боре, бино бад-ин муқаддима ва истидлол, ин арзиши изофӣ, ки коргар дар замони кори изофӣ эҷод менамояд, сарчашмаи суд аст.”

Аз он чӣ дар боло гуфта шуд, посухи ин муддаъо равшан аст.

Дар сафҳаи 58 таҳти унвони “Сармоя” мегӯяд:

Мо медонем, ки нерӯи кор ба танҳоӣ дар ҷараёни тавлид дахолат надорад, балки абзори тавлид монанди мошинҳо, бинои корхона, маводди аввалия, маводди кӯмакӣ низ лозим аст… Эҷоди арзиши изофӣ мумкин намегардад магар ба воситаи иттиҳод ва ташрики масоъии нерӯи кор бо васоили тавлид… Мошинҳо, бинои корхона, маводди аввалия ва маводди кӯмакиро наметавон сармоя номид магар ба як шарт, ва он ин аст, ки ин ашё барои арзиши изофӣ, ва ё ба иборати дигар, барои истисмори нерӯи кори муздур ба кор раванд. Як чаккушро, агар дар дасти коргаре бошад, ки аз маҳсули кори худ зиндагӣ мекунад, наметавон сармоя номид, дар сурате, ки ҳамин чаккуш дар як корхона — ки дар онҷо арзиши изофӣ эҷод мегардад — ҷузъ сармоя маҳсуб мешавад…

Таъбири боло, ки абзори тавлид ҳангоме номи сармоя дорад, ки барои истисмори нерӯи кори муздур ба кор равад, мусодира ба матлуб дар таъриф аст.

Дар сафҳаи 59 таҳти унвони “Сармояи собит ва сармояи мутағайир” мегӯяд:

Дар бахши пеш шарҳ додем, ки афзор ва васоили тавлид ва нерӯи корро маҷмӯан “сармоя” меноманд. Дар ин бахш тафовути асосие, ки байни афзор ва васоили тавлид аз тарафе ва нерӯи кор аз тарафи дигар вуҷуд дорад шарҳ медиҳем: аввал, афзори тавлид масалан як мошинро дар назар мегирем. Ҳама медонем, ки як мошин метавонад муддати зиёде давом кунад ва дар тавлиди колоҳои мухталиф ширкат дошта бошад. Албатта дар ин муддат мошин рафта-рафта дар асари истеъмол кӯҳна ва фарсуда мешавад… Ҳоло фарз кунем як мошин 10 ҳазор риёл харида шуда ва ин мошин муддати 10 сол давом ва кор мекунад. Пас, дар ҳар сол ба андозаи як даҳум аз баҳои аслии он кам мешавад ва ба баҳои колое, ки дар ҳар сол ба кӯмаки ин мошин тавлид шуда мунтақил мегардад. Ин интиқоли баҳои мошин ба баҳои колоро “истеҳлоки сармоя” меноманд… Ин истидлол дар бораи як қисмати дигар аз сармоя, ки шомили маводди аввалия ва маводди кӯмакӣ аст саҳеҳ намебошад, зеро ин мавод фақат як бор дар ҷараёни тавлид дахолат доранд… Куллияи арзиши ин мавод якбора ба колоҳои ҷадид мунтақил меёбад. Бо вуҷуди ин тафовут, ин ду қисмат аз сармоя дорои як ваҷҳи иштироканд, ки зикри он камоли аҳаммиятро дорад, ва он ин аст, ки на абзори тавлид ва на маводди аввалия ва кӯмакӣ қодир ба эҷоди арзиши ҷадид нестанд, балки фақат метавонанд арзиши зотии худро ба колои ҷадид мунтақил созанд… Ин интиқол фақат ба воситаи вуҷуди кор таҳаққуқ меёбад…

Агар мақсуд ин аст, ки афзори тавлид ва маводди аввалия ва кӯмакӣ ба танҳоӣ қодир ба эҷоди арзиш ҷадид (маҳсул) намебошанд, дуруст аст, вале нерӯи кор ҳам инчунин аст. Ва агар мақсуд ин аст, ки амалан дахолате дар эҷоди арзиш надоранд, инкори як амри бадеҳӣ аст. Ҳамон тавр, ки дар гузашта гуфтем, маҳсули ҷадид мавлуди падару модар ба сурати муштарак ҳастанд. Фарзияи боло назири фарзияи касоне аст, ки мегӯянд, фарзанд фақат мавлуди падар аст ва модар зарфе беш нест.

(Дар сафҳа 61 мегӯяд:)

Он қисмат аз сармояро, ки барои таҳияи абзори кор ва маводди аввалия ва кӯмакӣ ба кор бурда мешавад, чун дар ҷараёни тавлид, камийяти худро тағйир намедиҳад, яъне арзиши он афзуда намегардад, “сармояи собит” меноманд. Қисмати дигар, ки барои харидории нерӯи кор аст, чун дар ҷараёни тавлид камийяти он тағйир меёбад… “сармояи мутағайир” номида мешавад.”

Мутобиқи он чӣ мо гуфтем, ки арзиши изофӣ мавлуди афзори кор ва нерӯи кор ҳар дутост, пас ҳар ду сармояи мутағайиранд ва сармояи собит надорем. Фарқе миёни пуле, ки сарфи хариди афзор мешавад бо пуле, ки сарфи музд мешавад нест.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: