Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (143)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (11)

Қонуни такопӯи диалектикии табиат (2)

Муқаддима (2)

Карл Маркс усули диалектики Ҳегелро ба сурати мусалласи “исбот, нафй, нафй дар нафй” пазируфтааст, вале мабнои фалсафии онро намепазирад. Аз назари Маркс ва пайравонаш, фалсафаи Ҳегел як фалсафаи идеалистӣ ва ба истилоҳ “маънавӣ” аст, зеро ба “мисоли мутлақ” мӯътақид аст ва моддаро яке аз таҷаллиёти он медонад, вале фалсафаи Маркс як фалсафаи моддӣ аст, ки асолатро аз они модда медонад.

Паул Фулкие мегӯяд:

Ба ақидаи Ҳегел, таҳаввули диалектикии воқеият, ки мо онро “моддӣ” мехонем, танҳо ҷанбае аз “мисоли мутлақ” аст, ки ба дунёи хориҷ сироят кардааст, вале баръакс ба ақидаи Маркс, ҷаҳони моддӣ мустақил аз руҳ вуҷуд дорад ва мароҳили тасдиқ ва нафй, ки мунтаҳӣ ба таркибҳои муваққатӣ, ки намояндаи мароҳили мухталифаи таҳаввули олами вуҷуд мебошад мегарданд, дар модда ба худии худ сурат мегирад.”

Паул Фулкие аз муқаддимаи китоби “Сармоя”-и Маркс чунин нақл мекунад:

Равиши диалектикии ман на танҳо аз лиҳози мабно ва поя бо равиши Ҳегел ихтилоф дорад, балки гоҳе комилан акси он аст. Ба ақидаи Ҳегел, ҷаҳони андеша, ки таҳти унвони «мисол», ҷаҳони мустақилле мешавад, холиқи воқеият аст ва воқеият фақат намуди хориҷии андеша мебошад, вале ба ақидаи ман, ҷаҳони андеша таъбири ҷаҳони моддӣ дар замири инсон мебошад… Ин иштибоҳе, ки Ҳегел дучори он шудааст, албатта монеъи он нест, ки Ҳегел аввалин файласуфе бошад, ки диалектикро ба сурати комил ва бо иттилоъи амиқ баён дошта. Ӯ анвоъи мухталифи ҳаракат ва таҳаввулро ташреҳ кардааст, лекин вай ин ҳаракатро зеру рӯ намуда ва мо бояд барои кашфи ҳастаи воқеӣ ва ақлонии он, фалсафаи Ҳегелро вожгун созем.”

Энгелс, шогирд ва муриди Маркс, гуфтааст:

Системи Ҳегел рӯи сар истода буд, мо онро рӯи по қарор додем.”

Сталин дар ҷузваи “Материализми диалектик ва материализми таърихӣ” мегӯяд:

Материализми диалектик ба ин сабаб “материализми диалектик” номида мешавад, ки тарзи таваҷҷӯҳаш ба падидаҳои табиат ва шеваи таҳқиқ ва роҳи маърифати он ба ин падидаҳо, “диалектикӣ” аст, вале тафсираш дар бораи падидаҳои табиат ва истинботи он аз ин падидаҳо ва теорияи он “материалистӣ” мебошад. Маркс ва Энгелс дар тавсифи шеваи диалектики худ маъмулан ба Ҳегел монанди файласуфе, ки хасоили асосии диалектикро формула намудааст истинод менамоянд, вале набояд тасаввур намуд, ки диалектики Маркс ва Энгелс айнан ҳамон диалектики Ҳегел мебошад. Дар ҳақиқат Маркс ва Энгелс фақат “ҳастаи маъқул”-и диалектики Ҳегелро гирифта, пӯстаи идеалистии онро ба дур андохта ва сипас диалектикро бештар басту тавсиъа дода онро ба сурати илмӣ имрӯза даровардаанд… Маркс ва Энгелс дар тавсифи материализми худ маъмулан ба Фейербох (Feuerbach) низ чун файласуфе, ки ҳуқуқи ҳаққаи материализмро иъода кардааст, истинод меҷӯянд, вале набояд тасаввур намуд, ки материализми Маркс ва Энгелс айнан мисли материализми Фейербох аст. Маркс ва Энгелс дар ҳақиқат ҳастаи аслии материализми Фейербохро гирифта, изофоти идеалистӣ ва мазҳабӣ ва ахлоқии онро ба дур андохта материализми онро боз ҳам тавсиъа дода ва ба теорияи илмӣ ва фалсафии материализм расонданд.”

Бо ҳамаи ин ки Маркс ва пайравонаш иддаъо мекунанд, ки диалектики Маркс бо диалектики Ҳегел мутафовит аст ва комилан акси он аст, диққати кофӣ маълум медорад, ки диалектики Маркс бо диалектики Ҳегел тафовуте надорад, (балки) фалсафаи Маркс бо фалсафаи Ҳегел мутафовит аст. Он чӣ Ҳегел онро “диалектик” меномад, ҷуз ҳаракати ашё дар зеҳн ва дар воқеият бар тибқи мусалласи “тез, антитез ва синтез” нест, аммо ин ки асолат бо модда аст ё чизи дигар, дохил дар мафҳуми диалектики Ҳегел нест. Асосан Маркс ва Энгелс коре, ки карданд ин буд, ки фалсафаи моддии қарни 18-умро бо шеваи диалектикии Ҳегел даромехтанд, аз назари фалсафӣ аз фалосифаи моддӣ, ва аз назари шева ва тарзи тафаккур — ва ба иборати дигар, аз назари мантиқӣ — аз Ҳегел пайравӣ карданд, ва материализми диалектик иборат аст аз “фалсафаи моддӣ бар асоси тарзи тафаккури диалектикӣ”. Фалсафаи моддӣ, ки ҷаҳонбинии моддист, ҳеч илзоме надорад, ки шеваи тафаккури диалектикӣ дошта бошад, ҳамчунон ки як ҷаҳонбинии моддист бо тарзи тафаккури диалектикӣ. Маркс ва Энгелс на бар материализми фалсафӣ чизе афзудаанд ва на бар мантиқи диалектикӣ. Он чӣ ба номи Маркс дар ҷаҳон шӯҳрат дорад, “материализми таърихӣ” аст — ки навъе тафсири таърих аст бар асоси шинохтани омили иқтисод ба унвони омили аслӣ ва муҳаррики ҳақиқии таърих — на “материализми фалсафӣ”, ки тафсири моддии ҷаҳон аст ва на шеваи тафаккури диалектикӣ, ки навъе тарзи тафаккур қаламдод мешавад.

Паул Фулкие мегӯяд:

Моддияти Маркс бештар ҷанбаи тавзеҳи таърихиро дорад ва камтар сурати назарияи фалсафиро ба худ мегирад, ва ба ин тартиб навъе моддияти таърихӣ аст. Маркс ҳамеша машғули мутолеаи масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад ва камтар ба фикри ҳалли масоили мавриди алоқаи ҳикмати мовароуттабиа (метафизика) мебошад. Вай мехоҳад аз қонунҳои бузурги таҳаввули башарият иттилоъ ҳосил намояд. Ба ин тартиб, муваффақ ба ин кашфи асосӣ шудааст, ки чунонки то кунун тасаввур мерафтааст афкор ҳоким бар ҷаҳон нест, балки баръакс афкор тобеъи шароити иқтисодӣ ва натиҷатан модда мебошад ва модда аст, ки таърихро тавҷеҳ менамояд. Иқтисодиёт, ки шомили куллияи масоъии инсон барои дастёбӣ ва баҳрабардорӣ аз модда аст, асли асосии равобит байни афроди башар мебошад…

Пайравони Маркс баъд аз ӯ бархе усул ба унвони “аркони диалектик” зикр кардаанд ва ба ин тартиб тағйироте дар усули диалектики марксистӣ додаанд, вале ин усул ҳамчунон ки Ҳегел аз онҳо ёд накардааст, Карл Маркс низ ёд накардааст.

Дар ҷузваи “Материализми диалектик ва материализми таърихӣ”, таълифи Сталин мегӯяд:

Методи диалектикии марксистӣ муттасиф ба хасоиси зерин аст:

а) Диалектик табиатро маҷмӯаи воҳиди томме аз ашё ва падидаҳое, ки бо якдигар робита дошта ба таври олӣ ба ҳам вобаста буда ва машрут ба якдигаранд мешиносад. Методи диалектикӣ мӯътақид аст, ки ҳеч гуна падидае дар табиат мунфаридан ва бидуни дар назар гирифтани равобити он бо соири падидаҳои муҳиташ наметавонад мафҳум воқеъ шавад. (Асли пайванд ва таъсири мутақобили ашё).

б) Диалектик табиатро мутаҳаррик ва дар ҳоли таҳаввулоти пай дар пай ва такомул ва тараққии доимӣ медонад, ки дар ҳар лаҳза ва ҳамеша чизе дар он ба вуҷуд омада такомул меёбад ва чизе муталошӣ шуда ва аз байн меравад. Аз ин рӯ, методи диалектик эҷоб мекунад, ки падидаҳоро на танҳо аз нуқта назари муносиботи мутақобила ва машрут буданашон, балки аз нуқта назари сайри тағйиру такомул ва пайдоишу заволашон низ мавриди назар қарор дод… Энгелс мегӯяд: “Диалектик ашё ва инъикосоти димоғии онҳоро усулан дар равобити мутақобил ва ба ҳам пайвастагӣ ва ҳаракат ва ба вуҷуд омадан ва аз байн рафтанашон дар назар мегирад.” (Асли тағйир ва адами субот).

в) Диалектик сайри такомулро як ҷараёни соддаи нашъу намо, ки дар он тағйироти каммӣ мунтаҷ ба таҳаввулоти кайфӣ нашавад намедонад, балки такомулро аз тағйироти камаҳаммият ва пинҳонии каммӣ медонад, ки ба тағйироти кайфӣ ошкор ва асосӣ мунтаҳӣ мегардад. Энгелс такомули диалектикиро, ки натиҷаи тағйироти каммӣ ба кайфист тавсиф намуда ва мегӯяд: “Дар физик… ҳар тағйире иборат аст аз интиқоли каммийят ба кайфият ва натиҷаи тағйири каммӣ миқдори ҳаракате аст, ки ё дар худи ҷисм ва зотии он буда ва ё дар он ворид шудааст. Масалан, дараҷаи ҳарорати об дар вазъи маяъони он ибтидо таъсире надорад, вале агар ҳароратро зиёд ё кам кунем, лаҳзае фаро мерасад, ки ҳолати зарроти об дар як сурат ба бухор ва дар сурати дигар ба ях мубаддал мегардад. (Асли ҷаҳиш ва табдили ҳаракати каммӣ ба ҳаракати кайфӣ).

г) Диалектик мӯътақид аст, ки ашё ва падидаҳои табиат дар дохили худ тазоддҳое доранд, зеро онҳо дорои як қутби мусбат ва як қутби манфӣ, як гузашта ва як оянда мебошанд. Ҳамаи онҳо аносуре доранд, ки ё дар ҳоли рушду нумувванд ва ё тариқи нобудӣ ва заволро мепаймоянд. Муборизаи ин тазоддҳо яъне мубориза миёни қадим ва ҷадид, яъне мубориза миёни он, ки мемирад ва он, ки ба дунё меояд. Муҳтаваёти дохилии такомул ва печу хами тағйирот каммист, ки ба тағйироти кайфӣ табдил мешавад. Аз ин рӯ, диалектик бар он аст, ки ҷараёни такомули паст ба олӣ натиҷаи такомул ва тавсиъаи ҳамоҳанги падидаҳо набуда, балки баръакс дар асари бурузи тазоддҳои дохилии ашё ва падидаҳо ва дар тайи як “мубориза” байни тамоюлоти мутазодд, ки бар асоси он тазоддҳо қарор гирифтааст, анҷом мегирад. Ленин мегӯяд: “Диалектик ба маънии воқеии калима иборат аст аз омӯхтани тазоддҳо дар дохили моҳияти ашё. (Асли тазодд).”

* * *

Акнун бибинем, дар диалектики Ҳегел маҷмӯан чӣ усуле қобили таваҷҷӯҳ аст ва бояд баррасӣ шавад. Он чӣ қобили таваҷҷӯҳ аст матолиби зайл аст:

1) Асли ваҳдат ва пайвастагии ашё ва робитаи мутақобили онҳо бо якдигар;

2) Асли тағйир ва ҳаракати ашё;

3) Асли тағйир ва ҳаракат дар фикр ба мувозоти ҳаракати ашё;

4) Асли иҷтимоъи зиддайн (нақизайн);

5) Ҳаракати ашё аз тазодд ва таноқуз ва носозгории дохилии онҳо сарчашма мегирад;

6) Моҳияти ҳаракати ашё иборат аст аз интиқоли як ҳолат ба ҳолати зидди худаш ва сипас созиш ва таркиб ва ваҳдати ду зидд бо якдигар (мусалласи “тез, антитез, синтез”)

Муқаддиматан бояд тазаккур диҳем, ки Ҳегел на мубтакири асли тағйир ва ҳаракат дар ашё аст ва на мубтакири фарзияи асли иҷтимоъи зиддайн ва на мубтакири мусалласи “тез, антитез, синтез”.

Асли ҳаракат дар ашё, аз қадимтарин усули фалсафа аст ва дар Юнони қадим Ҳероклит (Heraclit), файласуфи маъруф бад-он шӯҳрат дорад ва ӯст, ки ин матлабро ба сурати ин тамсил баён кардааст: “Дар як рӯдхона ду бор наметавон обтанӣ кард”, ҳамчунон ки асли иҷтимоъи зиддайн ё нақизайнро ва ин ки такомул натиҷаи созиш ва тавофуқи аздод дар марҳилаи баъд аст (ки баъдан дар поварақиҳои матн айни таъбироти ӯро аз китоби Паул Фулкие нақл хоҳем кард) ӯ баён кардааст ва ба ҳамин сабаб ӯро “падари аслии диалектики ҷадид” медонанд. Ҳероклитро, ҳам “файласуфи таҳаввул” ва ҳам “файласуфи таноқуз” номидаанд ва Ҳегел иддаъо кардааст, ки ман тамоми назариёти Ҳероклитро дар диалектики худ гунҷондаам.

Ва аммо мусалласи маъруфи “тез, антитез, синтез” чунонки қаблан ишора кардем ва муаррихони фалсафа навиштаанд, қабл аз Ҳегел ба василаи Фихте ва Шиллинг изҳор шудааст, балки тибқи изҳори назари Паул Фулкие, решаи ин мусалласро дар афкори Афлутин аз ҳукамои Искандария ва сипас дар афкори урафои Олмон дар қарни 14-и милодӣ метавон пайдо кард.

Акнун усули шашгонаи фавқро аз назари ҳикмат ва фалсафаи исломӣ мавриди баҳс қарор медиҳем:

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: