“Опозисиюн” алайҳи опозисиюн

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз тарфандҳои ҳукуматҳои худкома ва диктотур дар баробари мухолифонашон вақте аз ҳазфи онҳо дар арсаи сиёсат оҷиз гарданд ин аст, ки дар арзи онҳо худашон “опозисиюн” бисозанд, ки дар Тоҷикистони мо ба унвони “кисагӣ” маъруф аст. Бо ин шева, ғолибан се ҳадафи умдаро дунбол карда ва мекунанд:

1) Аввал ин ки нишон бидиҳанд, худкома ва диктотур набудаанд, балки “мухолиф” ҳам доштаанд, ки ин албатта бештар барои мутақоъид кардани бегонаҳост, то мардуми худ;

2) Дигар он ки халаъи ношӣ аз набудани опозисиюни воқеӣ дар ҷомеаро пур кунанд; ба ин маъно, ки чун дар ҳар ҷомеае вуҷуди “садои мӯътариз” як амри табиист ва аз он гурезе нест, пас чӣ беҳтар агар тавассути худкома мудирият бишавад. Ва мудирияти “садои мӯътариз” дар ҷомеа аз сӯи худкома ба ин сурат хоҳад буд, ки ин садоҳо ба ҷойи он, ки мунҷар ба ташкили опозисиюни воқеӣ, ва ё агар ҳаст, мавриди баҳрабардории ӯ қарор бигирад, аз тарафи худи худкома ва диктотур ва ба дасти “опозисиюни кисагӣ”, ки фармонаш дар дастони худаш аст, контрол ва дар ҷиҳате ҳаракат кунад, ки худкома мехоҳад;

3) Ҳадафи севвум ва аз ҳама муҳим он ки “опозисиюни кисагӣ” ғолибан ва дар бештари маворид аз сӯи ҳукуматҳои худкома барои саркӯби опозисиюни воқеӣ ва костан аз пойгоҳ ва ҷойгоҳои вай дар ҷомеа ташкил ва ба роҳ андохта мешавад. Шумо дар ҳар кишваре, ки дар онҳо “опозисиюни кисагӣ” ба навъе фаъол аст нигоҳ биандозед, бавузуҳ мушоҳида хоҳед кард, ки “опозисиюни кисагӣ” беш аз ин ки нӯки пайкони интиқодҳояш ҳукумат ва сиёсатҳои онро ҳадаф қарор бигирад, опозисиюни воқеиро ҳадаф қарор гирифтааст.

* * *

Дар Тоҷикистон, ба хусус дар 15 соли ахир, ҳоким ва ҳукумати феълӣ аз ҳамин тарфанд барои костан аз ҷойгоҳ ва пойгоҳи опозисиюни воқеӣ дар ҷомеа баҳра ҷустааст. Ибтидо яке ду “ҳизби кисагӣ” роҳандозӣ кард ва ҳамчунин баъдҳо баъзе аз аҳзоби сиёсиро, ки воқеан опозисиюн буданд, бо таъвизи раҳбарон ва кодри раҳбарии он, амалан ба аҳзоби “кисагӣ” табдил дод. Ҳукумат ин “аҳзоб”-ро, то замони қатъи фаъолияти ҲНИТ, бештар барои мудирияти “садои мӯътариз” ба кор мебурд.

Ва аммо инак, яъне пас аз қатъи фаъолияти ҲНИТ ва “теруристӣ” эълон кардани он, ҳукумат дар ибтидо гумон мекард, ин ҳизб дигар ба таърих хоҳад пайваст, аммо дид чунин нашуд, ҲНИТ бо ин ки аз назари ҳукумат “ғайрирасмӣ” аст, вале дар ҷомеа ҳузур дорад ва фаъол аст ва наметавон ба ин осонӣ ӯро ҳазф кард, аз ин рӯ, ба тозагиҳо ба ин фикр афтодааст, ки боз ба сохтани “опозисиюн” аз дохили опозисиюн паноҳ оварад. Яъне, афродеро аз дохили опозисиюн бигуморад — ё ба таҳдиди онҳо ва ё ба тамаъ – то ба дасти онҳо ба саркӯби опозисиюн бипардозад ва ба ин роҳ, бихоҳад аз ҷойгоҳ ва пойгоҳи онҳо дар ҷомеа коста бошад.

Оё муваффақ хоҳад шуд ва ба ҳадафаш ноил хоҳад омад? Инро оянда нишон хоҳад дод. Роқими сутур иншоаллоҳ дар чанд рӯзи дигар дар мақолае таҳти унвони “Опозисиюни тоҷик дар соли 2017; дастовардҳо ва нокомиҳо” роҷеъ ба ин матлаб бештар баҳс хоҳам кард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: