Тағйири номи хиёбони сафорати Аморот дар Туркия ба “Фахруддинпошшо”

Шаҳрдори Онқоро, дар пайи боло гирифтани танишҳо байни Туркия ва Аморот, аз тағйири номи хиёбоне, ки сафорати Аморот дар он мустақар аст ба “Фахруддинпошшо” хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, шаҳрдори Онқоро эълом кард, ки номи хиёбонеро, ки сафорати Аморот дар он қарор дорад ба “Фахруддинпошшо” тағйир медиҳад.

Чанде пеш Абдуллоҳ бен Зоид Оли Наҳён, вазири хориҷаи Аморот, дар Твиттер як ёддошт зидди Фахруддинпошшо, ҷадди Ардуғон, корид ва ӯро муттаҳам ба ғорати Мадина кард, ва ин иқдом бо вокуниши шадиди мақомоти Туркия ба вежа шахси Ардуғон рӯ ба рӯ шуд.

Дар пайи ин иқдом, рӯзи панҷшанбе Вазорати хориҷаи Туркия кордори Аморотро эҳзор кард.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи гузашта дар суханоне хитоб ба вазири хориҷаи Аморот гуфт: “Ҳадду ҳудуди худро бидон! Замоне, ки Фахруддинпошшо барои дифоъ аз Мадина рафта буд, аҷдоди ту куҷо буданд?!

Вай дар идома афзуд: “Мутаассифона бархе аз наздикони шумо иддаоҳои пуч ва беасосе доранд. Ҳадди худатонро бидонед, ин ҳарфҳои шумо бад-ин маънист, ки ин кишварро намешиносед, Ардуғонро намешиносед ва аз аҷдоди мо ҳеч чиз намедонед.”

Лозим ба зикр аст, Фахруддинпошшо аз соли 1916 то 1919 фармондори Имперотурии Усмонӣ дар Мадина буд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: