Ато Муҳаммад Нур: “Аз барномаи доъишсозӣ дар шимоли Афғонистон ҷилавгирӣ хоҳам кард”

Ато Муҳаммад Нур дар гирдиҳамоии бузурге дар вилоят Балх, бо муттаҳам кардани Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба тавтиа алайҳи худ, эълом кард аз барномаи доъишсозӣ дар шимоли Афғонистон ҷилавгирӣ хоҳад кард ва танҳо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ салоҳияти барканории вайро дорад.

Ба гузориши Tasnimnews, Ато Муҳаммад Нур дар нахустин вокуниш ба талоши Ашраф Ғанӣ барои барканорияш аз вилояти Балх, дар гирдиҳамоии бузурге дар шаҳри Мазори шариф гуфт: “Интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон пур аз тақаллуб буд ва тими мо дар интихобот баранда шуда буд, аммо Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико омад ва ин ҳукуматро бар асоси тавофуқномаи сиёсӣ ташкил дод.”

Волии Балх изҳор дошт: “Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ дар интихобот бо ташкили эътилофи бузург ва фарогир, ба интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳувият ва эътибор бахшид ва дар баробари тақаллуб истодагӣ кард.”

Вай афзуд: “Мудохилаи вазири хориҷаи Омрико сабаби ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ шуд ва тавофуқ байни Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва тарафи муқобил ин шуд, ки қудрат бар мабнои мушорикати 50 дарсадӣ байни ду тими интихоботӣ тақсим шавад.”

* * *

Ашраф Ғанӣ раисиҷумҳури мунтахаб нест

Нур тасреҳ кард, ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳосили як тавофуқномаи сиёсӣ аст ва Ашраф Ғанӣ раисиҷумҳури мунтахаб нест. Касоне, ки аз сӯи Ҳизби Ҷамъият ба давлат муаррифӣ мешаванд, бояд бар мабнои тавофуқномаи сиёсӣ таъйин шаванд.

Волии Балх гуфт: “Бархеҳо истидлол мекунанд, ки Ашраф Ғанӣ ҳақ дорад, то волии як вилоятро барканор кунад. Аммо ман бар асоси тавофуқномаи сиёсӣ ва тақсими қудрат, аз тарафи Ҳизби Ҷамъият дар вилояти Балх ҳузур дорам.

Вай афзуд: “Агар сирфан як волӣ ҳастам, пас чаро пас аз оғози кори ҳукумати ваҳдати миллӣ Ашраф Ғанӣ барои ташкили кобинаи худ бо ман вориди музокира шуд? Зеро ман намояндаи Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ҳастам.”

Нур изҳор дошт: “Бар мабнои тавофуқномаи сиёсӣ, ман чандин вазоратхонаро дар ҷараёни музокирот, аз Ашраф Ғанӣ барои Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ахз кардаам аз ҷумла Вазорати хориҷа, дифоъ, кишвар ва риёсати амнияти миллии Афғонистон.”

Волии Балх тасреҳ кард, Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ омода буд, то номзади худро барои риёсати амнияти миллӣ муаррифӣ кунад, аммо бино ба дархости Абдуллоҳ, мо иҷоза додем Раҳматулло Набил дар риёсати амнияти миллии Афғонистон боқӣ бимонад.

* * *

Абдуллоҳ ҷуръати дифоъ аз ҳаққи Ҳизби Ҷамъияти Исломиро надошт

Вай бо ишора ба иқдомоти риёсати иҷроии давлати Афғонистон низ гуфт: “Бо вуҷуди ин ки музокироти бисёре бо Ашраф Ғанӣ барои татбиқи тавофуқномаи сиёсӣ ва баргузории Луия Ҷирга кардем, аммо Абдуллоҳ ҳамвора ақибнишинӣ кард ва дар натиҷа Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ба ин натиҷа расид, ки Абдуллоҳ ҷуръати дифоъ аз ҳуқуқи ин ҳизбро надорад.

Нур афзуд: “Ба ҳамин далел ва бо машварати аъзои раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ барои татбиқи тавофуқномаи сиёсӣ, баргузории Луия Ҷирга ва тавзеъи шиносномаҳои электруник, ба намояндагӣ аз Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон бо Ашраф Ғанӣ вориди музокира шудем.”

* * *

Касе, ки тарафи музокираи ман бошад, тавоноии барканориро надорад

Ато Муҳаммад Нур хотирнишон кард: “Бо вуҷуди замонати Омрико ва Созмони Милал тавофуқномаи сиёсии ҳукумати ваҳдати миллӣ иҷроӣ нашуд ва касе, ки худаш тарафи музокироти ман бошад, чӣ гуна метавонад маро барканор кунад?!

Вай идома дод, пеш аз ин ба Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳушдор дода будам, ки истеъфои маро эълом накунад, зеро қабул нахоҳам кард, аммо маро дар вазъияте қарор доданд, ки бояд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунем. Розҳои хатарнокеро медонем, ки агар ифшо кунем, барои онҳо бад хоҳад шуд.

Ато Муҳаммад Нур изҳор дошт: “Ашраф Ғанӣ ҳар хусумате, ки бо ман дошта бошад, то ҳудуде пазируфтанӣ аст, зеро мо алайҳи якдигар рақобат кардаем, аммо ман аз морҳои остин гила дорам.”

* * *

Касеро ҳимоят кардам, ки мори остин шуд

Ато Муҳаммад Нур бо ишора ба Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон тасреҳ кард: “Аз касе, ки аз Вазорати хориҷа бартараф шуд ва дар Ҳинд хонанишин шуд, ба поси ин ки дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд хидмат карда буд, ҳимоят кардам, то ҷое, ки дар ҳол ҳозир дар Кохи Сапедор ба унвони раиси иҷроии давлати Афғонистон ҳузур дорад.”

Волии Балх гуфт: “Абдуллоҳро ба унвони намояндаи Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ дар интихобот таъйин кардам ва барои ин кор бо Моршол Фаҳим, Устод Бурҳонуддин Раббонӣ ва Юнус Қонунӣ ва соири раҳбарони Ҳизби Ҷамъият музокира ва тавофуқи онҳоро низ касб кардем.”

Вай ёдовар шуд: “Моршол Фаҳим борҳо ба ман ҳушдор дод, ки Абдуллоҳ Ҳизби Ҷамъияти Исломиро дар нимароҳ боқӣ мегузорад.”

Нур идома дод: “Абдуллоҳ ба касе вафо накардааст, ҳатто фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд ва бародарони Масъуд, Зирор Муқбил, вазири собиқ ва ҳар касе, ки аз вилояти Панҷшер женерол ва ё сиёсатмадор буд-ро мунзавӣ ва хонанишин кард.”

* * *

Абдуллоҳ барои фурӯпошии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ талош мекунад

Волии Балх гуфт: “Гарчи бисёр аз Абдуллоҳ дар даврони интихобот ҳимоят кардем ва хуни мардуми мо барои ӯ рехта шуд, аммо вай талош кард, то Ҳизби Ҷамъиятро бо фурӯпошӣ рӯ ба рӯ кунад ва мардуми Панҷшерро алайҳи ман таҳрик кунад.

Вай афзуд: “Абдуллоҳ дар ҳоли ҳозир барои ҳазфи ман талош мекунад, аммо дандони ӯро хоҳам шикаст, аз аъзои Шӯрои раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ қадрдонӣ мекунам, ки бо вуҷуди пешниҳоди имтиёзоти молӣ, ба сӯи Абдуллоҳ нарафтанд.”

Нур изҳор дошт: “Теъдоде аз афрод, ки дар ҳошия қарор доранд, таҳти унвони Шӯрои инсиҷоми Ҷамъияти Исломӣ ба Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон рафта ва аз барканории ман аз вилояти Балх ҳимоят кардааст.”

Волии Балх гуфт: “Агар Ашраф Ғанӣ 30 дарсад алайҳи ман тавтиа кардааст, аммо Абдуллоҳ раиси иҷроии давлат, 70 дарсад алайҳи ман тавтиа кардааст.”

* * *

Танҳо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ дар бораи сарнавиштам тасмим мегирад

Ато Муҳаммад Нур таъкид кард, ки ҳанӯз ҳам ба тасмими Раббонӣ эҳтиром мегузорам ва Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ танҳо марҷаъе аст, ки салоҳияти барканорӣ дорад.

Вай тасреҳ кард, Абдуллоҳ низ номзади Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ аст ва ин ҳизб ҳақ дорад то ӯро низ тағйир диҳад ва риёсати иҷроӣ бояд бо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ҳамоҳанг амал кунад.

Волии Балх изҳор дошт, агар Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ аз вай бихоҳад муқовимат кунад, дар баробари Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон хоҳад истод ва нерӯҳои хориҷӣ низ дар ин амр мудохила нахоҳанд кард, зеро ин як мавзӯи комилан дохилӣ аст.

Нур ҳамчунин тасреҳ кард, риёсати иҷроӣ ва Арги риёсати ҷумҳурӣ набояд талош кунанд, ки аз ин тариқ вайро таҳти фишор қарор диҳанд.

Ато Муҳаммад Нур таъкид кард: “Аз таҳаққуқт пружаи доъишсозӣ дар шимоли ин кишвар ҷилавгирӣ хоҳам кард ва ба унвони волӣ ба кори худ идома хоҳам дод, то замоне, ки Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон роҳи тафоҳумро бо Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон дар пеш гирад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: