Иқдомҳои носанҷидаи Муҳаммад бен Салмон мавқеияти Саудиро дар ҷаҳон тазъиф кардааст

Мақолае аз Потрик Кукбурн (Patrick Cockburn) дар рӯзномаи Independent

Валиаҳди Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бен Салмон, бидуни шак марди соли Ховари Миёна аст, аммо ин на ба иллати муваффақиятҳо, балки ба далели шикастҳояш будааст. Ӯ як макиавеллист шинохта мешавад, ки роҳи худро ба сӯи тоҷи подшоҳӣ, бо ҳазфи мухолифони дохилӣ дар хонаводаи салтанатӣ боз кард. Аммо вақте, ки навбат ба Арабистони Саудӣ ва мавқеияти ин кишвар дар ҷаҳон мерасад, корҳое, ки ӯ карда ва мекунад, бисёр аҳмақонатар аз ҳилагариҳои Макиавеллӣ ба назар мерасад, ва бештар шабеҳи он чизе аст, ки аз сарбозрас Клузо (Инспектор Клузо) ёд меоварем.

Борҳо ва борҳо ин шоҳзодаи ҷавон ва пуршӯр, бо сармоягузориҳои хориҷиаш, дақиқан ба хилофи он чи мехост, расид. Замоне, ки падараш дар ибтидои соли 2015 ба подшоҳӣ расид, ӯ ба пуштибонӣ аз шӯришиҳо дар Сурия пардохт ва дар муқобил, муваффақиятҳои нерӯҳои давлатии Сурия ба раҳбарии Русияро мушоҳида кард, ки пирӯзиро ба нафъи Башшор Асад рақам мезаданд.

Тақрибан дар ҳамон замон, дахолати Арабистон дар ҷанги дохилии Яман ба дастури Муҳаммад бен Салмон оғоз шуд. Ин дахолат бештар бо бомбборони ҳавоӣ анҷом мешуд. Ин амалиёт бо номи “Тӯфони қотеият” оғоз шуд, аммо ду солу ним баъд аз оғози амалиёти ҷанг, ҳамчунон идома дорад, даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда ва ҳаддиақал 7 милюн нафар яманӣ дар маърази гуруснагӣ ҳастанд.

Валиаҳди саудӣ тамаркузи сиёсати хориҷии худро рӯи зиддият бо Эрон ва муттаҳидони минтақаии ин кишвар қарор додааст, аммо асари сиёсатҳои ӯ, баръакс ба афзоиши нуфузи минтақаии Эрон анҷомидааст.

Душманӣ бо Қатар, ки Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ парчамдори он буданд, аз панҷ моҳ пеш то кунун ҳамчунон дар ҷараён аст. Ҷурме, ки онҳо Қатарро ба он муттаҳам карданд, ҳимоят аз Алқоъида ва доштани иртибот бо Эрон аст. Натиҷаи холиси кампини зидди қатарӣ ин буд, ки ин кишвари кучак ва бисёр сарватмандро ба оғӯши Эрон фиристодаанд.

Арабистони Саудӣ то пеш аз ин, дар робита бо дигар кишварҳо, эҳтиёткор ва муҳофизакор буд ва алоқа дошт, то вазъияти мавҷудро ҳифз кунад. Аммо имрӯз рафтори онҳо, масхара, ғайриқобили пешбинӣ ва ағлаб дар тазодд бо одоти онҳост.

Аҷибу ғарибтарин мавриде, ки аз рафтори кунунии Саудӣ дидем, дар моҳи ноябр ва истеъфои нахуствазири Лубнон Саъд Ҳарирӣ, боздошти хонагии ӯ ва иҷбор барои канорагирии ӯ аз мавқеияташ буд. Ҳадаф аз ин иқдомот, тазъифи Ҳизбуллоҳ ва ҳузури Эрон дар Лубнон буд, аммо дар амал, бар қудрати ҳар ду, ҳам Ҳизбуллоҳ ва ҳам Эрон, афзуд.

Он чи Арабистони Саудӣ аз ҳамаи иқдомоташ дар сар дорад, мубтанӣ бар як фарзи содда аст, ки “беҳтарин сенорию”-ро иҷро кардаанд. Тарҳи дуввумӣ вуҷуд надорад ва дар амал чизе аз тарҳи аввал ҳам дида намешавад: “Арабистони Саудӣ ба дили даргириҳо ва рӯёрӯиҳо задааст, бидуни ин ки ҳеч андешае барои поён додан ба онҳо дошта бошад.”

Муҳаммад бен Салмон ва мушовиронаш, мумкин аст ин тасаввурро дар зеҳн дошта бошанд, ки он чи Яман, Қатар ё Лубнон мехоҳад муҳим нест, чаро ки раисиҷумҳур Тромп ва домоди ӯ Ҷоред Кушнер ва мушовирони онҳо дар умури минтақа, дар канори Арабистон истодаанд. Тромп дар аввалҳои ноябр ва пас аз боздошти наздик ба 200 нафар аз нухбагони Арабистон дар Твиттер навишт: “Ман ба валиаҳд Муҳаммад бен Салмон ва Малик Салмон эътимод дорам. Онҳо дақиқан медонанд, ки доранд чӣ кор мекунанд. Бархе аз афроде, ки ин ду бо онҳо сахт бархӯрд кардаанд, барои солҳо кишварашонро дӯшида буданд.” Тромп пеш аз ин низ, аз талоши Арабистон барои мунзавӣ кардани Қатар ба иттиҳоми теруризм, дар Твиттер ҳимоят карда буд.

Аммо Арабистони Саудӣ дарёфтааст, ки пуштибонии Кохи сафед ин рӯзҳо мазиятҳои камтаре нисбат ба гузашта ба ҳамроҳ дорад. Доманаи таваҷҷӯҳоти Тромп кӯтоҳтар шуда ва бештар иштиғоли зеҳнии ӯ маътуф ба масоили дохилии Омрикост.

Ва аз тарафе ҳам, таъйиди Тромп аз амалкардҳои Муҳаммад бен Салмон, ба маънои ин нест, ки дигар бахшҳои ҳукуматии Иёлоти Муттаҳида ҳам ин масъаларо таъйид карда бошанд. Вазорати умури хориҷа ва Пентогун, мумкин аст аз таъйиди он чи Тромп ба дунболи он аст сар боз бизананд. Бар хилофи твиттҳои мусбати Тромп, соири бахшҳои давлати Иёлоти Муттаҳида, аз муқобилаи Арабистон бо Қатар ҳимоят накарданд ё аз талоши Арабистон барои истеъфои Саъд Ҳарирӣ аз мақоми нахуствазирии Лубнон, истиқбол нашуд.

Ва аз тарафи севвум, Кохи сафед ба навбаи худ маҳдудияти қудрати Арабистонро дарк кардааст. Муҳаммад бен Салмон қодир нест, ки раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббосро мутақоъид кунад, ки бо Иёлоти Муттаҳида тавофуқ кунад, чаро ки он чи Иёлоти Муттаҳида “қарордоди сулҳ” меномад, манофеи бисёре барои Исроил ва манофеи андаке барои фаластиниҳо дорад.

Фикри ин ки Арабистони Саудӣ ва Исроил бо иттиҳод бо ҳам, дар баробари Эрон хоҳанд истод, мумкин аст барои бархе утоқҳои фикр дар Вошингтун ҷаззоб бошад, аммо дар замини бозӣ, чандон мантиқӣ ба назар намерасад. Фарзи ин ки Тромп бо қабул кардани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил ва қавли ин ки сафорати Иёлоти Муттаҳидаро ба ин шаҳр мунтақил мекунад, дар дарозмуддат таъсири чандоне дар Ховари Миёна нахоҳад гузошт, ва беш аз ҳадд ба назар шикананда мерасад. Ин кор, Арабистони Саудиро ва на рақибонашро мунзавӣ хоҳад кард. Ин, тавозуни қудратро дар минтақа ба нафъи Эрон тағйир хоҳад дод ва зарарҳои бештареро нисбат ба ду соли гузашта насиби Саудӣ хоҳад кард.

Ҳол, агар Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд боз ҳам коре ба суди худ дар минтақа анҷом диҳанд, дигар дер шудааст. Баранда ва бозанда, дигар комилан мушаххас шудааст. Соири кишварҳои Ховари Миёна ба ин натиҷа расидаанд, ки барандагон ва бозандагон вуҷуд дорад ва лузуме надорад, ки ҳамвора тарафи бозандаро бигиранд.

Замоне, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон нишасти Созмони ҳамкориҳои кишварҳои исломиро ба роҳ андохт, ки дар он 57 кишвари исломӣ ҳузур доштанд, ӯ бо қудрат тасмими Омрико дар бораи Байтулмуқаддасро маҳкум кард. Дар суханронии ӯ Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, малик Абдуллоҳ подшоҳи Ӯрдун ва подшоҳҳои Кувайт ва Қатар дар миёни бисёре дигар аз раҳбарон ҳузур доштанд. Онҳо шарқи Байтулмуқаддасро пойтахти Фаластин хонда ва хостори ин шуданд, ки Иёлоти Муттаҳида дар тасмими худ таҷдиди назар кунад.

Муҳаммад бен Салмон ҷузъи он даста аз раҳбарони ҷаҳон аст, ки маҳоратҳои макиавеллии худро дар эҷоди қудрати мутлақ дар кишвараш нишон додааст, аммо ин тавоноӣ дар дохил, ҳисси иғроқомезе аз ин ки метавонад чунин зарфиятҳоеро дар арсаи хориҷӣ низ эҷод кунад ба ӯ дода, ки чунин ҳиссе мумкин аст паёмадҳои вахиме барои ӯ дошта бошад. Саддом Ҳусайн низ ба шакле ҳодд даргири чунин ҳиссе буд. Ӯ бо дар даст гирифтани қудрат дар Ироқ, ҷангеро ба роҳ андохт, ки дар ниҳоят натавонист дар он ба пирӯзӣ даст ёбад.

Иштибоҳоте, ки раҳбарони қудратманд муртакиб мешаванд, ағлаб бо ғуруру ҷаҳл эҷод шуда ва бо чоплусии гумроҳкунандаи мушовирон такмил мешавад. Аввалин гомҳо дар дахолатҳои хориҷӣ ағлаб дар замоне ба вуҷуд меояд, ки як раҳбар худро дар дохили кишвари худ дорои қудрати мутлақ мебинад, ва ҳамин инҳисори қудрати дохилӣ, ӯро сармаст мекунад. Ин жести миҳанӣ, ки бар асоси маҳбубият эҷод мешавад, поёне дар ҷанг ва ноумедӣ ва шикаст дорад.

Муҳаммад бен Салмон ноогоҳона тасмим гирифта, ки Арабистони Саудӣ бояд нақше фаъолтар ва таҳоҷумитар ифо кунад, дар ҳоле, ки қудрати сиёсӣ ва иқтисодии онҳо дар ин рӯзҳо бисёр мутавассит аст. Ӯ беш аз ҳадд ба дасти худ дар ин бозӣ такя карда ва душманони зиёде барои худ сохтааст.

Independent

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: