Перейти к содержимому

Мусалмон ва китобӣ

(Чанд достони дарсомӯз)

Қофилае, ки ба ҳаҷ мерафт

Қофилае аз мусалмонон, ки оҳанги Макка дошт, ҳамин ки ба Мадина расид, чанд рӯзе таваққуф ва истироҳат кард ва баъд, аз Мадина ба мақсади Макка ба роҳ афтод.

Дар байни роҳи Макка ва Мадина, дар яке аз манозил, аҳли қофила бо марде мусодиф шуданд, ки бо онҳо ошно буд. Он мард дар зимни сӯҳбат бо онҳо, мутаваҷҷеҳи шахсе дар миёни онҳо шуд, ки симои солеҳин дошт ва бо чобукӣ ва нишот машғули хидмат ва расидагӣ ба корҳо ва ҳоҷатҳои аҳли қофила буд. Дар лаҳзаи аввал ӯро шинохт. Бо камоли таъаҷҷуб аз аҳли қофила пурсид:

— Ин шахсеро, ки машғули хидмат ва анҷоми корҳои шумост, мешиносед?

— На, ӯро намешиносем. Ин мард дар Мадина ба қофилаи мо мулҳақ шуд. Марде солеҳ ва муттақӣ ва парҳезгор аст. Мо аз ӯ тақозо накардаем, ки барои мо коре анҷом диҳад, вале ӯ худаш моил аст, ки дар корҳои дигарон ширкат кунад ва ба онҳо кӯмак бидиҳад.

— Маълум аст, ки намешиносед, агар мешинохтед ин тавр густох набудед, ҳаргиз ҳозир намешудед монанди як ходим ба корҳои шумо расидагӣ кунад.

— Магар ин шахс кист?

— Ин, Алӣ ибни Ҳусайн Зайнулобидин аст.

Ҷамъият, ошуфта бапо хостанд ва хостанд барои маъзарат дасту пойи Имомро бибӯсанд. Он гоҳ ба унвони гила гуфтанд:

— Ин чӣ коре буд, ки шумо бо мо кардед?! Мумкин буд Худой нохоста мо ҷасорате нисбат ба шумо бикунем ва муртакиби гуноҳи бузург бишавем.

Имом гуфт:

— Ман амдан шуморо, ки маро намешинохтед барои ҳамсафарӣ интихоб кардам, зеро гоҳе бо касоне, ки маро мешиносанд мусофират мекунам, онҳо ба хотири Расули Худо (с) зиёд ба ман утуфат ва меҳрубонӣ мекунанд, намегузоранд, ки ман ӯҳдадори кору хидмате бишавам. Аз ин рӯ моилам ҳамсафароне интихоб кунам, ки маро намешиносанд ва аз муаррифии худам ҳам худдорӣ мекунам, то битавонам ба саодати хидмати руфақо ноил шавам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

* * *

Мусалмон ва китобӣ

Дар он айём, шаҳри Куфа маркази сиқли ҳукумати исломӣ буд. Дар тамоми қаламрави кишвари васеи исломии он рӯз, ба истиснои қисмати Шомот, чашмҳо ба он шаҳр дӯхта буд, ки чӣ фармоне содир мекунад ва чӣ тасмиме мегирад.

Дар хориҷи ин шаҳр ду нафар, яке мусалмон ва дигаре китобӣ (яҳудӣ ё масеҳӣ ё зартуштӣ), рӯзе дар роҳ ба ҳам бархӯрд карданд. Мақсади якдигарро пурсиданд. Маълум шуд, ки мусалмон ба Куфа меравад ва он марди китобӣ дар ҳамон наздикӣ, ҷои дигареро дар назар дорад, ки биравад. Тавофуқ карданд, ки чун дар миқдоре аз масофат роҳашон якест, бо ҳам бошанд ва бо якдигар мусоҳибат кунанд.

Роҳи муштарак, бо самимият, дар зимни сӯҳбатҳо ва музокироти мухталиф тай шуд. Ба сари дуроҳӣ расиданд. Марди китобӣ бо камоли таъаҷҷуб мушоҳида кард, ки рафиқи мусалмонаш аз он тараф, ки роҳи Куфа буд нарафт ва аз ин тараф, ки ӯ мерафт омад.

Пурсид:

— Магар ту нагуфтӣ ман мехоҳам ба Куфа биравам?

— Бале.

— Пас, чаро аз ин тараф меоӣ? Роҳи Куфа, ки он якест.

— Медонам, мехоҳам миқдоре туро ҳамроҳӣ кунам. Пайғамбари мо фармудааст: “Ҳар гоҳ ду нафар дар як роҳ бо якдигар мусоҳибат кунанд, ҳаққе бар якдигар пайдо мекунанд.” Акнун ту ҳаққе бар ман пайдо кардаӣ. Ман ба хотири ин ҳақ, ки ба гардани ман дорӣ, мехоҳам чанд қадаме туро ҳамроҳӣ кунам, ва албатта баъд ба роҳи худам хоҳам рафт.

— Оҳ, пайғамбари шумо, ки инчунин нуфуз ва қудрате дар миёни мардум пайдо кард ва ба ин суръат динаш дар ҷаҳон роиҷ шуд, ҳатман ба воситаи ҳамин ахлоқи каримааш буда.

Таъаҷҷуб ва таҳсини марди китобӣ дар он ҳангом ба мунтаҳо дараҷа расид, ки барояш маълум шуд ин рафиқи мусалмонаш, халифаи вақт Алӣ ибни Абӯтолиб буда. Тӯле накашид, ки ҳамин мард мусалмон шуд ва дар шумори афроди мӯъмин ва фидокори Алӣ қарор гирифт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Усули кофӣ”)

* * *

Дар рикоби халифа

Алӣ ҳангоме, ки ба сӯи Куфа меомад, вориди шаҳри Анбор шуд, ки мардумаш эронӣ буданд.

Кадхудоён ва кишоварзони эронӣ хурсанд буданд, ки халифаи маҳбубашон аз шаҳри онҳо убур мекунад, ба истиқболаш шитофтанд. Ҳангоме, ки маркаби Алӣ ба роҳ афтод, онҳо дар ҷилави маркаби Алӣ шурӯъ карданд ба давидан. Алӣ онҳоро талабид ва пурсид:

— Чаро медавед? Ин чӣ корест, ки мекунед?

— Ин як навъе эҳтиром аст, ки мо нисбат ба умаро ва афроди мавриди эҳтироми худ мекунем. Ин, суннат ва як навъ адабест, ки дар миёни мо маъмул будааст.

— Ин кор шуморо дар дунё ба ранҷ меандозад ва дар охират ба шақоват мекашонад. Ҳамеша аз ин гуна корҳо, ки шуморо пасту хор мекунад, худдорӣ кунед. Ба илова, ин корҳо чӣ фоидае ба ҳоли он афрод дорад?

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Наҳҷул-балоға”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: