Низоми иқтисодии ислом (13)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши панҷум: Сармоядорӣ (капитализм) ва сотсиалисм аз дидгоҳи ислом (1)

Дар боби сармоядорӣ (капитализм) ва сотсиалисм — аз лиҳози интибоқ ва адами интибоқи онҳо бо ислом — ин матлаб ба тартиби зайл бояд баҳс шавад: сармоядорӣ дар дунёи имрӯз як падидаи нав ва бесобиқае аст, ки ду се қарн аз умри он бештар намегузарад, ва як падидаи иқтисодӣ ва иҷтимоии наве аст, ки маҳсули пешрафт ва тараққии текники ҷадид аст. Аз ин рӯ, мустақиллан ба унвони як масъалаи мустаҳдас (нав) бояд аз он баҳс шавад.

Фуқаҳои аср аз масоили бонк, бима, чек ва суфта ба унвони масоили мустаҳдас (нав) каму беш баҳсҳое карда ва мекунанд, вале таваҷҷӯҳ надоранд, ки раъсу раиси масоили мустаҳдаса худи сармоядорӣ аст. Зеро ибтидоан чунин тасаввур меравад, ки сармоядорӣ як мавзӯи кӯҳна ва қадимӣ аст, ки шореъи ислом барои он ҳудуду мавозине муқаррар кардааст; тиҷорат, иҷора, мустағиллот, музораъа, музораба, мусоқот, ширкатҳо.., ҳамаи инҳо сармоядорӣ аст, ки дар ислом барои онҳо аҳкому муқаррароте таъйин шудааст, аммо ин ки миқдори сармоя, камтар ё бештар бошад, рабте ба матлаб надорад.

Вале ҳақиқати матлаб ин тавр нест. Сармоядории ҷадид як падидаи ҷудогона ва мустақил ва бесобиқае аст ва ҷудогона ва мустақиллан бояд дар бораи он иҷтиҳод кард; ҳамчунон ки тиҷорат дар дунёи ҷадиди сармоядорӣ бо тиҷорати соддаи қадим, аз лиҳози моҳият, мумкин аст мутафовит бошад. Ин мавзӯъ аз лиҳози усули илми иқтисод бояд мавриди мутолеа қарор гирад, зеро иддао мешавад, ки сармоядории ҷадид як навъ истисмори байин ва “акли мол ба ботил”-и мусалламе аст; муомилае аст, ки як тараф маҳсули заҳмат кашидани дигареро муфт ва мусаллам мехӯрад ва мебарад.

Дар сармоядории ҷадид баҳс дар ин нест, ки сармоядор боинсоф аст ё беинсоф, (балки) баҳс дар ин аст, ки агар сармоядор бихоҳад ҳаққи воқеии коргарро бидиҳад, бояд аз суд мутлақан сарфи назар кунад, ва ҳамчу сармоядоре ҳаргиз дар дунё пайдо нахоҳад шуд, ва агар бихоҳад суд бибарад, ҳар андоза бибарад, дуздӣ ва ғасб аст.

Мушаххиси аслии сармоядории ҷадид (капитализм) аз сармоядории қадим — ва ба тариқи авло аз сотсиалисм — ин аст, ки сармоядор нерӯи кори коргарро барои фурӯш мехарад, на барои он ки шахсан ба он эҳтиёҷ дорад. Бо ин нерӯи кор, изофаи арзиш эҷод мекунад. Изофаи арзиш, ки мавлуди нерӯи кори коргар аст ва табъан мутаъаллиқ ба худи ӯст, ҳамон суде аст, ки корфармо мебарад. Ин аст, ки мегӯянд, сармоядории ҷадид (капитализм) айни истисмори коргар аст.

Он чӣ дар қадим ба унвони иҷора буд ин буд, ки коргар маҳсули кор ё нерӯи кори худро ба дигаре, ки ба он эҳтиёҷ дошт мефурӯхт, ва он дигаре низ он колоро ба қимати воқеии бозорӣ мехарид, масалан ӯро мустахдими хонаи худ ё дафтари худ қарор медод, ва ё ба василаи ӯ девори хонаи худро боло мебурд, аммо бо нерӯи кори ӯ тиҷорат намекард, ки мусталзими ин бошад, ки ба қимате бихарад ва ба қимати бештаре маҳсули онро бифурӯшад. Дар музораба метавон гуфт, ҳам сармоя кор мекунад ва ҳами омил, ва ҳар кадом ба ҳасби қарордод саҳми худро мебаранд. Дар музораъа низ, ҳам замин амал мекунад ва ҳам омил, ва ҳар кадом саҳми худро мебаранд. Ва билохира соҳиби пул ё замин намехоҳад нерӯи коргарро бихарад ва маҳсули кори ӯро ба қимати бештар бифурӯшад (ҳарчанд музораба ва музораъа дар режимҳои ғайрисармоядорӣ низ бино бар усули ҳазарот мавриди хадша қарор мегирад. Дар оянда иншоаллоҳ дар ин ҷиҳат баҳс хоҳад шуд).

Бурҳоне, ки дар ин замина иқома шудааст муштамил бар ду поя аст:

1) Арзиши ҳар чизе ба воситаи миқдори коре аст, ки бар рӯи он сурат гирифтааст. Яъне аввалан, молият ва арзиш ба воситаи кор пайдо мешавад. Ва сониян, миқдор ва мизони арзиш тобеъи миқдор ва мизони коре аст, ки рӯи як коло сурат мегирад.

2) Суде, ки корфармо мебарад, маҳсули коре аст, ки коргар карда ва табъан ба коргар таъаллуқ дорад. Ин суд, арзиши изофӣ бар музд аст ва бидуни далел, сармоядор онро ба худ ихтисос додааст.

Муқаддимаи аввал назарияе аст, ки уламои мактаби иқтисоди килосик амсоли Адам Смит онро иброз доштанд ва Карл Маркс аз онҳо пайравӣ кардааст. Вале назарияи дуввум, яъне назарияи арзиши изофӣ, зоҳиран аз ибтикороти худи Карл Маркс аст (ҳарчанд метавон гуфт, ки назари дуввум лозима ва натиҷаи равшани назари аввал аст). Аммо роҷеъ ба худи арзиш, яъне роҷеъ ба маншаи арзиш: дар боби арзиш, чанд ҷур метавон назар дод:

а) Арзиши ашё зотии онҳост. Баъзе умур зотан боарзишанд ва баъзе зотан беарзиш. Умури боарзиш низ зотан бо якдигар мутафовитанд. Арзиши ашё бо зот ва моҳияти онҳо муртабит аст.

Ин назария ботил аст, зеро арзиши ашё марбут ба ашё дар ҳадди зоташон нест назири вазну ҳаҷму салобат, (балки) марбут аст ба ашё аз он назар, ки бо инсон муртабит мебошанд. Агар инсон набошад, арзиш ба маънии ин ки ашё қобили тақвим (арзёбӣ) бошанд низ нест.

б) Арзиши ашё сирфан қарордодӣ ва эътиборӣ аст. Арзиши ашё ба ҳеч наҳв марбут ба яке аз сифоти зотии ашё ё сифоти аразӣ ва оризии онҳо — аз қабили шаклу сурате, ки биттабъ ё бо амали инсон доро мебошанд — нест, балки башар ҳамон тавре, ки бисёре аз чизҳои дигарро эътибор мекунад, масалан риёсат ва маръусият ва завҷият, ва мумкин аст акси онҳо ё адами онҳоро низ эътибор кунад, дар мавриди арзиш низ чунин аст.

Ин назар нуқтаи муқобили назари собиқ аст.

Ин назар низ ботил аст. Ҳарчанд дар мавриди пул ва хусусан пули коғазӣ шояд битавон гуфт арзиши эътиборӣ дорад, аммо дар мавриди ҳамаи ашё наметавон гуфт, ки арзишҳо эътиборӣ ва қарордодӣ аст.

Арзиш ва молият, ва ҳамчунин маротиби арзиш, на зотии ашё аст ба маънии ин, ки як сифати воқеии шайъ дар ҳадди зоташ ва қатъи назар аз инсон бошад, ва на эътиборӣ аст ба маънии ин, ки қарордодии маҳз бошад ва бо ҳолати воқеии ашё беиртибот бошад. Балки сифате аст, ки аз тарафе бо ҳолати воқеии шайъ марбут аст, яъне бо хоссияти таквинии ашё ба ҳасби ҷинс ва моҳият ва ё ба ҳасби сифати аразӣ ё оризии онҳо марбут аст ва ашё ба воситаи асаре, ки бар онҳо мутараттиб аст дорои арзиш мешаванд (на ба воситаи амале, ки дар эҷоди онҳо сурат гирифтааст), ва аз тарафи дигар, бо инсон муртабит аст, яъне иртибот бо инсон аст, ки маншаи интизоъи ин сифат мешавад. Аз ин назар, арзиш назири муфид будан ва ё мулоимат аст, ки як сифати изофӣ аст, вале дар айни ҳол, айни муфид будан ва мулоимат нест, зеро муфид будан ва мулоимат бо инсон, қобили каму беш шудан ва болову поин рафтан нест, аммо арзиш ин тавр нест, арзиш ва қимат ва молият ва баҳо — ё ҳар чӣ дигар исм бигузорем — навасоноте пайдо мекунад ва мусалламан ин навасонот марбут ба муфид будан нест. Дараҷаи муфид будан навасон пайдо намекунад. Арзаву тақозо дар муфид будан асар надорад, вале дар арзиш ва қимат асар дорад.

Вале аз ин ишкол метавон ҷавоб дод, ба ин ки арзиш як сифати воқеӣ аст, вале на ба эътибори ашё дар ҳадди зоташ, балки ба эътибори ашё барои инсон. Ва албатта арзиш мусовӣ бо муфид будан нест, балки арзиш мусовӣ аст бо муфид будан ва эҳтиёҷи инсон, ва чун эҳтиёҷи инсон ба навъи колост на ба шахс, ба ҳар андоза, ки вуфур ва арза зиёд шавад, эҳтиёҷ ба шахси коло камтар мешавад ва аз арзиш меафтад, то дараҷае, ки агар монанди ҳаво ҳамаҷоӣ шавад, ба куллӣ аз арзиш соқит мешавад. Вуфур ва арзаи зиёд аз қабили тавсиъаи сатҳи иттикои ҷисм аст, ки ҳар чӣ бештар шавад, қувваи сиқл тақсим мешавад ва ҳар чӣ камтар шавад, фишори қувваи сиқл мутаваҷҷеҳ ба як нуқта мешавад. Ин қувва ҳамон қувваи таваҷҷӯҳ ва хариди мардум аст. Ва иборати беҳтар ин аст, ки бигӯем: арзиш ношӣ аз ду чиз аст: муфид ва мавриди эҳтиёҷ будан, ва дар дастрас набудан, ба маънии дар инҳисори дигарон будан. Ва ҳарчӣ ки ҷинсе вофиртар бошад, худ вуфур иҷборан колоро аз дасти соҳиби он коло берун меоварад ва ба бозор мекашад. Ин назар мунтабиқ аст бо назари арзаву тақозо дар таъйини баҳо, ки баъдан гуфта хоҳад шуд.

в) Назари севвум дар бораи арзиш ин аст, ки арзиш тобеъи муфид будан аст ва ҳар андоза ашё муфидтар бошанд, қаҳран арзиши бештаре пайдо мекунанд. Ин назария низ ботил аст. Зеро аввалан, мо гуфтем, ки агар арзиш ба маънии муфид будан — ё лоақал тобеъи муфид будан — буд ва сад дар сад ба он бастагӣ дошт, намебоист ба ҳасби арзаву тақозо навасон пайдо кунад. Ба илова, мо мебинем бисёре аз ашё бо ин ки бештар мавриди эҳтиёҷ мебошанд, мисли нону об, қимати камтаре доранд, аммо баъзе чизҳои дигар бо ин ки аз таҷаммулоти зиндагӣ аст ва чандон мавриди эҳтиёҷ нест, садҳо баробари нон қимат дорад, монанди атру лавозими таҷаммули занона.

г) Маншаи арзиш муфид ва мавриди эҳтиёҷ будан аст ба иловаи дар дастрас набудан. (Дар дастрас набудан ҳамон нудрат ё қобилияти инҳисор аст, ки қаблан дар бораи онҳо ва тафовут миёни онҳо баҳс кардем), ба иборати дигар: арзаву тақозо. Ин ҳамон аст, ки қаблан аз он ёд кардем ва аз “Усули илми иқтисод”-и Нӯшин низ нақл ва аз забони худи онҳо интиқод кардем.

Ҳосили интиқоди онҳо ин аст, ки агар матлаб аз ин қарор аст, бояд ҳар ду колое, ки ба як андоза мавриди эҳтиёҷ аст ва тақозо дорад ва ба як андоза дар дастрас аст ва ба бозор арза шудааст, дорои як қимат бошад. Масалан, дар ҳар хонае, ҳам қайчӣ лозим аст ва ҳам чархи хайётӣ, пас тақозои ҳар ду мусовӣ аст, балки тақозои қайчӣ бештар аст, ва дар бозор ин ҳар ду ба ҳадди вуфур пайдо мешавад, пас бояд қимати ин ду мусовӣ бошад, ва ҳол он ки ин тавр нест. Иллати тафовути қимати чархи хайётӣ ва қайчӣ тафовути миқдори коре аст, ки рӯи онҳо сурат гирифтааст. Пас, арзиш ва баҳо тобеъи арзаву тақозо нест. Ба илова, мо мебинем, ки арзиш ва баҳо бар арзаву тақозо таъсир дорад. Агар қимати як чиз зиёд бошад, сабаби афзоиши арза ва коҳиши тақозо мегардад, ва агар баръакс, арзиш поин бошад, аз арза мекоҳад ва бар тақозо меафзояд. Ва чизе, ки арзаву тақозоро таҳти таъсир қарор медиҳад, чӣ гуна метавон гуфт маълули он аст?

д) Маншаи арзиш фақат кор аст. Мизони арзиш низ бастагӣ дорад ба миқдори коре, ки рӯи ашё сурат мегирад. Ин ҳамон назаре аст, ки амсоли Адам Смит иброз карданд ва Карл Маркс низ онро интихоб кардааст.

Бар ин назар низ чанд эрод ворид аст:

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: