Фалсафа ва равиши реализм (144)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (12)

Қонуни такопӯи диалектикии табиат (3)

Муқаддима (3)

Акнун усули шашгонаи диалектики Ҳегелро аз назари ҳикмат ва фалсафаи исломӣ мавриди баҳс қарор медиҳем:

1) Аммо асли аввал: дар гузашта исбот карда ва баъд низ шарҳ хоҳем дод, ки ҳаракат аз табиат қобили тафкик нест. Бинобар ин, асли ҳаракати модда ва табиати айнӣ мавриди қабули мост.

2) Ва аммо асли дуввум: мо дар ҷилди аввали “Усули фалсафа” дар бораи ин матлаб машрӯҳан баҳс карда ва исбот кардаем, ки илму идрок моддӣ нест ва бинобар ин мутағайир намебошад. Исбот кардем, ки ҳайсияти илм ва ҳузур ва идрок, бо ҳайсияти тағйир носозгор аст. Ва собит кардем, ин ки тарзи тафаккури мо дар бораи ашё бар асоси тағйиру таҳаввули ашё бошад на бар асоси субот ва якнавохтии онҳо, мусталзими ин нест, ки худи фикру андешаи мо мисли худи ашё дар ҳаракат бошад. Ва ҳам собит кардаем, тағйирот ва таҳаввулоте, ки дар афкору андешаҳо пайдо мешавад, ки мунҷар ба тағйири ақида мегардад ва аҳёнан тарзи тафаккур ва усул ва мабодии андеша ва меъёрҳои фикрӣ тағйир мекунад, ҳеч кадом ба ин сурат нест, ки андеша монанди як мавҷуди моддӣ дучори тағйир гардад. Ва чун дар мақолоти гузашта дар ин бора баҳс кардаем, дар инҷо он баҳсро такрор намекунем.

3) Ва аммо асли севвум: дар бораи ин асл низ машрӯҳан дар ҷилди аввал ва дуввуми “Усули фалсафа” баҳс шудааст. Дар онҷо исбот кардем, ки ин асл поя ва қоидаи асосии ҳамаи улум ва андешаҳои башарӣ аст ва ба ҳеч ваҷҳ қобили тардиду инкор нест. Он чӣ ба номи “иҷтимоъи зиддайн” ё “иҷтимоъи нақизайн” аз тарафи диалектикҳои ҷадид хонда мешавад, чизи дигаре аст ғайри он чӣ фалсафа ва мантиқ аз қадимулайём ба ин ном хонда ва онро мумтанеъ ва маҳол донистаанд, балки чунонки баъдан хоҳем гуфт, он чӣ диалектикҳои ҷадид ба ин ном хондаанд, на танҳо аз назари мантиқ ва фалсафаи мовароуттабиӣ маҳол нест, аҳёнан мавриди қабул ҳам ҳаст. Болотар ин ки: диққати кофӣ маълум медорад, ки диалектикҳои ҷадид ҳам воқеан ва ҳақиқатан иҷтимоъи нақизайн ба мафҳуми фалсафа ва мантиқи мовароуттабииро мункир нестанд; коре, ки диалектикҳои ҷадид кардаанд ин аст, ки як таъбири таҳрикомез ва ҳаяҷоновар барои зикри матолиби соддаи худ интихоб кардаанд. Кист, ки бишнавад файласуфоне пайдо шудаанд ва собит кардаанд, ки иҷтимоъи нақизайн маҳол нест, балки асоси модда ва табиат ва фикру андеша бар иҷтимоъи нақизҳост, ба ҳаяҷон наёяд ва назараш ҷалб нашавад?!

Ҳақиқат ин аст, ки уқдаҳои руҳӣ ва тамоюли шадид ба навпардозӣ сабаб шудааст, ки гурӯҳе даъвии инкори асли “имтиноъи иҷтимоъи нақизайн”-ро бинамоянд ва он гоҳ матолиберо ба ин ном пеш бикашанд, ки бо асли “имтиноъи иҷтимоъи нақизайн” ҳазорҳо фарсанг фосила дорад.

Он чӣ ба номи “таноқуз” ё “иҷтимоъи зиддайн” дар истилоҳи диалектикҳои ҷадид хонда мешавад, яке аз ду матлаби зайл аст:

а) Дар ҳаракат вуҷуд ва адам бо якдигар ҷамъ мешаванд. Як чиз дар ҳоле, ки ҳаракат мекунад, ҳам ҳаст ва ҳам нест. Ба иборати дигар, “шудан”, ки ҳамон воқеияти ҳаракат аст, таркибе аст аз вуҷуд ва адам.

Паул Фулкие мегӯяд:

Аввалин мусалласи системи фалсафии Ҳегел, ки аз ҳама машҳуртар аст ин аст, ки: ҳастӣ ҳаст. Ин, марҳилаи мавзӯъ ё тасдиқ мебошад, вале вуҷуде, ки комилан ғайримушаххас бошад ва натавонем бигӯем ин аст ё он, бо адам баробар аст, ба тавре, ки ба дунболи ин тасдиқ нафйи он лозим меояд. Пас мегӯем: ҳастӣ нест. Ин нафй ҳам нафй мешавад ва марҳилаи таркиб фаро мерасад. Пас мегӯем: ҳастӣ сурат пазируфтан (шудан) аст.”

Феълан дар бораи “ҳастӣ ҳаст” ё “ҳастӣ нест” ва дар бораи ин ки “вуҷуде, ки комилан ғайримушаххас бошад ва натавонем бигӯем ин аст ё он, бо адам баробар аст” баҳсе надорем. Баҳси мо дар бораи худи “шудан” аст, ки гуфта мешавад, дар он, ҳастӣ ва нестӣ ҷамъ аст.

* * *

Оё “шудан” таркибе аз ҳастӣ ва нестӣ аст?

Фалосифаи исломӣ мукаррар дар суханони хеш ин таъбирро овардаанд, ки дар ҳаракат, балки дар саросари табиат — зеро табиат ҷуз ҳаракати доим чизе нест — вуҷуд ва адам бо ҳам даромехтааст ва гоҳ мегӯянд, қувва (ки навъе адам аст) бо феъл, ки вуҷуд аст муттаҳид аст. Аз тарафе дидем, ки диалектикҳои ҷадиди урупоӣ низ сахт тарафдори асли таноқуз мебошанд ва муддаӣ ҳастанд, ки “шудан” на ҳастӣ аст ва на нестӣ, балки таркибе аз ҳастӣ ва нестӣ аст. Акнун бояд бибинем, ин ду даста аз фалосифа як матлабро гуфтаанд ё хайр? Ва ба ҳар тақдир, оё ин матлаб мусталзими иҷтимоъи нақизайн ба мафҳуми маъруфи боби таноқуз дар мантиқ аст ё на? Дар инҷо лозим аст андаке дар бораи мафҳуми “адам” ва эътибороте, ки ин мафҳум пайдо мекунад, баҳс кунем: зеҳни башар дар аҳком ва тасдиқҳое, ки мекунад, ду навъ ҳукм дорад: ҳукми исботӣ монанди “Зайд истодааст” ва ҳукми салбӣ монанди “Зайд истода нест”. Навъи аввал ҳукм ба вуҷуди як навъ нисбат аст дар зарфи хориҷ, ва аммо навъи дуввум рафъи он нисбат аст аз зарфи хориҷ ва воқеъ ва ба иборати дигар, ҳукм ба иртифоъи он нисбат аст аз хориҷ. Ба иборати дигар, дар “қазияи мӯҷиба” ҳукм мешавад ба таҳаққуқи як нисбат ва дар “қазияи солиба” ҳукм мешавад ба адами таҳаққуқи он нисбат. Тафовути қазияи мӯҷиба ва солиба дар ин аст, ки қазияи мӯҷиба ҳикоят мекунад аз нисбати эҷобия дар хориҷ, ва қазияи солиба ҳикоят мекунад аз нобудӣ ва мутобақ надоштани ҳамон нисбати эҷобия дар хориҷ, на ин ки ҳар ду ҳикоят мекунанд аз навъе нисбати хориҷӣ.

Баъзе аз мантиқдонони мутааххири исломӣ пиндоштаанд, ки қазияи мӯҷиба ва солиба ҳар кадом муштамил бар навъи хоссе аз нисбат мебошанд; яке нисбати эҷобӣ ва дигаре нисбати салбӣ, ва қазияи мӯҷиба ҳикоят мекунад аз нисбати субутии эҷобии хориҷӣ, ва қазияи солиба ҳикоят мекунад аз нисбати салбии хориҷӣ.

Вале муҳаққиқон ба субут расонидаанд, ки ин иштибоҳ аст. Дар қазияи мӯҷиба ва солиба беш аз як навъ нисбат дар кор нест, ки ҳамон нисбати субутии эҷобӣ аст; чизе, ки ҳаст қазияи мӯҷиба ҳикоят мекунад аз мутобақ доштан ва мисдоқ доштани ин нисбат дар хориҷ, ва қазияи солиба ҳикоят мекунад аз мутобақ надоштан ва мисдоқ надоштани он нисбати эҷобӣ дар зарфи хориҷ, ва ин ду бо якдигар мутафовит аст. Аз ин рӯ мегӯянд, муфоди қазияи солиба “салби рабт” аст, на “рабти салб”, ки муфоди қазияи маъдула аст.

Эътибори аслии мафҳуми “адам” ҳамон аст, ки дар қазияи солиба аст ва “адам” ба ҳамин эътибор аст, ки нақизи вуҷуд аст, ва ҳамин адам аст, ки истилоҳан “адами бадил” номида мешавад. Ҳар гоҳ қазияе дошта бошем ва қазияи дигар муфоди инро рафъ кунад, яъне як нафй ва як салб мустақиман муфоди он қазияро бардорад, ин ду қазия “нақиз”- якдигар хоҳанд буд.

Танҳо қазияе нақизи қазияи дигар аст, ки муфоди яке аз он ду қазия, рафъ ва салби қазияи дигар буда бошад ва нафси салбу рафъ ҳеч гуна қайде надошта бошад, яъне тамоми қайдҳо таҳти салб воқеъ шавад ва қайд маслуб бошад. Ин аст маънии ин, ки мегӯянд:

نقيض كل شيء رفعه

Нақизи кулли шаъй рафъи он аст”.

“Адам” ба ин эътибор, ки эътибор аслии он аст, ҳеч гуна хориҷияте надорад, мисдоқе барояш эътибор нашудааст, ҳатто замон надорад яъне замони зарфи ин адам нест, балки зарфи чизе аст, ки адам ба унвони салб бар ӯ ворид шудааст. Масалан агар бигӯем: “Зайд имрӯз истода нест”, “имрӯз” зарфи “Зайди истода” мебошад, на зарфи “нест”. Адам ба ин эътибор ҳамон нафй ва салб аст. Ин ки мегӯянд, “иҷтимоъи нақизайн ҷоиз нест” яъне иҷтимоъи эҷобу салб ё исботу нафй ҷоиз нест. Ба ҳасби ин эътибор, зеҳн дар беруни ҳастӣ яъне ба сурати нозир аз фавқи ҳастӣ истода ва нисбатеро аз ҳастӣ ва воқеъи берун мебарад ва домани ҳастиро аз он пок мекунад ва ҳеч мисдоқе барои ӯ намебинад.

Аммо “адам” эътибори дигаре низ дорад, ки навъе “маҷоз” аст. Зеҳн пас аз он ки чизеро аз хориҷ нафй ва салб кард ва барои он чиз мисдоқ надид, чунин эътибор мекунад, ки нафси нафй ва салб ба ҷойи эҷоб ва исбот нишастааст, яъне ҳангоме, ки вуҷуди як шайъи хоссро дар хориҷ намебинад, нуқтаи муқобили он вуҷудро, ки дар воқеъ ҷуз холӣ будани хориҷ аз он вуҷуд, чизе нест, ба унвони як амре, ки ҷойи вуҷудро пур кардааст эътибор мекунад ва фарз мекунад адами он шайъ дар хориҷ аст. Ва ба ин эътибор аст, ки хориҷ, ҳам ҳастиро дар худ ҷо медиҳад ва ҳам нестиро, нестӣ низ монанди ҳастӣ хориҷият меёбад, ки албатта эътибор мешавад. Ба ин эътибори фарзӣ ва маҷозӣ аст, ки “адам” замону макон барояш эътибор мешавад, аҳкоме назири аҳкоми вуҷуд пайдо мекунад, ва ба ин эътибор аст, ки мегӯем: “Зайд маъдум аст дар хориҷ” ё мегӯем: “Зайд маъдум дар ин замон ё дар он макон аст”. Пас, фарқ аст байни мафҳуми “Зайд мавҷуд нест дар хориҷ” ва мафҳуми “Зайд маъдум аст дар хориҷ”. Дар қазияи аввал “нафй” ҳамон мафҳуми аслии худро дорад, ки нафйи вуҷуд аст аз хориҷ, вале дар қазияи дуввум “адам” монанди як мафҳуми мусбат ҳамл шудааст ва мафҳуми “рабти салб” пайдо кардааст.

Дар ин эътибор ҳар мартиба аз маротиби вуҷуд эътиборан ва маҷозан мисдоқи адами мартибаи дигар шумурда мешавад, зеро бадеҳӣ аст, ки “адам” мисдоқи воқеӣ надорад, мисдоқи адами ҳар чиз вуҷудоти соири ашё аст ва ба истилоҳ ҳар мартибае аз вуҷуд “росими адам”-и мартибаи дигар аст.

Акнун, ки ин ду эътибор дониста шуд ва маълум шуд, ки адам ба эътибори аслӣ ҳеч гуна хориҷияте барои он эътибор намешавад, ва ба он эътибор аст, ки нақизи вуҷуд аст, вале ба эътибори дуввум маҷозан нафсуламрият дорад ва вуҷудоти хориҷӣ мисдоқи ин адам эътибор мешаванд ва росими он мебошанд ва ба ин эътибор “адам” маҷозан як шайъи воқеиятдор эътибор мешавад, метавонем ба маънӣ ва мафҳуми сухани фалосифа, ки мегӯянд, дар “шудан” вуҷуду адам бо якдигар омехтаанд пай бибарем, вале лозим аст қаблан тавзеҳе дар бораи “ҳаракат” ва дар бораи “шудан” бидиҳем, то матлаб равшан гардад.

“Шудан” иборат аст аз вуҷуди тадриҷӣ ва сайёл. Вуҷуди тадриҷӣ дорои як навъ кашиш ва имтидод аст дар тӯли замон. Ва ба иборати дақиқтар, замон аз навъи хосси кашиш ва имтидод, ки аз хуруҷи тадриҷии ашё аз қувва ба феъл падид меояд сурат мепазирад, ва аз ҳамин назар зеҳн метавонад онро ба аҷзоъе ва маротибе, ки он маротиб ва аҷзоъ нисбат ба якдигар тақаддуму таъаххур ва қувваву феълият доранд ва ҳеч гуна маъияте бо ҳам надоранд таҷзия кунад. Ин аҷзоъ ва маротиб чун маъият надоранд, фоқиди якдигаранд. Дар бораи ҳар як аз аҷзоъ, ин маънӣ содиқ аст, ки дар мартибаи дигаре нест — ва ба таъбире, ки диалектикҳоро хуш ояд “наи дигаре” аст — ва қаҳран дар мавриди ҳар ҷузъи адам ҷузъи дигар содиқ аст. Ба иборати дигар, дар мартибаи ҷузъи қаблӣ ҷузъи баъдӣ вуҷуд надорад, балки маъдум аст, яъне адами он собит аст — ва боз ба иборате, ки диалектикҳоро хуш ояд, “ҷузъи баъдӣ нафйи ҷузъи қаблӣ аст” — ва дар мартибаи ҷузъи баъдӣ ҷузъи қаблӣ вуҷуд надорад, балки адами он собит аст.

Аз тарафи дигар, медонем маротиб ва аҷзоъе, ки дар як “мумтадд” эътибор мешавад, маҳдуд нест ва қобилияти таҷзия ба як ҳадди муайян мутаваққиф намешавад, балки ҳар ҷузъе ба навбаи худ таҷзия мешавад ба аҷзоъе, ки бар ҳар як аз он аҷзоъ адам ҷузъи пеш аз он ва ҷузъи баъд аз он содиқ аст ва боз ҳар як аз он аҷзоъ низ ба аҷзоъи кучактар ва он аҷзоъи кучактар ба аҷзоъи кучактар қобили таҷзия аст то бениҳоят, ва қаҳран то бениҳоят маротиб эътибор мешавад ва ҳар мартибае ҳам мисдоқи адами мартибаи қабл ва мартибаи баъд аз худаш эътибор мешавад ва адам ва вуҷуд ончунон омехтагӣ пайдо мекунанд, ки қобили тафкик ва ҷудоӣ аз якдигар намебошанд.

Аз он чӣ гуфта шуд маълум шуд, ки адам ба эътибори аслӣ, ки ҳамон нафй ва салб аст ҳеч гуна эътибори хориҷият ва воқеият надорад, то фарзи иттиҳод ва иҷтимоъ бо вуҷуде аз вуҷудот дар он бишавад, ва ба эътибори сонавӣ хориҷият ва воқеият барои он эътибор мешавад ва аз ин назар аст, ки дар борааш зарфи замон ва зарфи макон эътибор мешавад, ва ҳам ба ин эътибор аст, ки тарафи нисбатҳое воқеъ мегардад. Ва маълум шуд, ки адам ба эътибори дуввум, воқеияташ эътиборӣ аст, на ҳақиқӣ, аз ин рӯ ба ҳеч ваҷҳ қобили муқоиса бо вуҷуд нест. Ва маълум шуд, ки дар вуҷудҳои тадриҷӣ ва “шудан”-ҳо аз он назар, ки вуҷуди сайёл аст ва ҳеч гуна суботе надорад, яъне ҳеч гуна воқеияте, ки дар як имтидоди кучак ё бузург аз замон боқӣ бимонад надорад, ҳудусаш айни фано ва бақояш айни гузашт аст ва ҳар қитъае аз онро, ки дар назар бигирем, мунқасим мегардад ба гузашта ва оянда, ва ҳар қитъа аз гузашта ва оянда ба навбаи худ низ мунқасим мешавад ба гузашта ва ояндаи дигаре, ва ба ҳамин далел ҳар андоза онро кучак фарз кунем, мунқасим мешавад ба ду ҳастӣ, ки ҳар ҳастӣ нестии он дигаре аст ва ҳар як аз он ду ҳастӣ низ ба ду ҳастии дигар мунқасим мешавад, ки боз ҳар як аз он ду ҳастӣ маҷозан ва эътиборан нестии он дигар аст ва аз ин ҷиҳат гуфта мешавад, ки ҳастиву нестӣ, вуҷуду адам, исботу нафй, дар “шудан” ба ҳам омехта ва муттаҳиданд. Бадеҳист, ки ин омехтагӣ аз навъи омехтагии ду унсури воқеӣ нест ва як таркиби воқеӣ сурат намегирад, балки асосан омехтагӣ дар кор нест, як вуҷуди сайёл аст, ки қобилияти эътибори адам дар он ончунон аст, ки имкони тафкик миёни вуҷуд ва адам дар он дар кор нест. Ва ҳам маълум шуд, ки ин навъ адам, ки эътибори омехтагии он бо вуҷуд шудааст, нақизи вуҷуд нест ва ба ҳар ҳол бо қонуни ҷамъи нақизайн, ки мантиқ мегӯяд, иртибот надорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: