Опозисиюни тоҷик дар соли 2017; дастовардҳо ва нокомиҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар навиштори ҳозир, саъйи нигоранда ин аст, ки ба дур аз ҳар гуна алоқа ба ин ё он гурӯҳи хосси сиёсӣ, ба баррасии вазъи опозисиюни Тоҷикистон дар соли 2017 ва ин ки дар ин сол чӣ дастовардҳое дошта ва дар куҷо комёб ва дар куҷо ноком гардидааст бипардозад.

Дар оғоз лозим аст, манзур аз опозисиюни Тоҷикистон, ки имрӯз онро чӣ гурӯҳҳо ва афроде ташкил медиҳанд (ва дар ин навиштор муроди нигоранда ҳамонҳост) равшан гардад.

Опозисиюни Тоҷикистонро дар имрӯз аҳзоб ва гурӯҳҳои зерин ташкил медиҳанд:

1) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ);

2) Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ки расмӣ ва дар дохили кишвар фаъол аст;

3) Гурӯҳи 24;

4) Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон;

5) Афрод ва шахсиятҳои мустақил, ки бо ин ки зиёданд, вале фаъолияти инон дар зери чатри ҳизб ва ё гурӯҳи хоссе нест.

* * *

Аз миёни номбаршудаҳо, баррасии мо бештар рӯи ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва шахсиятҳои мустақил хоҳад буд, зеро ҲСДТ ва Анҷумани нерӯҳои созанда, дар соли 2017 фаъолияти чашмгир ва қобили таваҷҷӯҳе надоштанд, ки мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд.

Албатта, вазъи ҲСДТ, ки дар дохил буда ва ҳанӯз расмӣ аст, қобили фаҳм аст, зеро майдон ва арса барои таҳаррук ва фаъолият барои ин ҳизб бисёр танг аст ва аз ин рӯ, дар марҳилаи кунунӣ таваққӯъ ва интизори чандоне ҳам аз ӯ намеравад, ки фаъол бошад.

* * *

Ва аммо ҲНИТ:

а) Дастовардҳои ҲНИТ дар соли 2017:

Соли 2017 барои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мисли соли 2016 соли бисёр сахте буд. Ҳанӯз ҳаводорони ин ҳизб дар дохили кишвар ва низ наздикон ва бастагонашон, мавриди шадидтарин фишорҳои ҳукумат ҳастанд, ба илова, бештари раҳбаронаш ҳанӯз дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Аммо бо ин ҳама, ин ҳизб дастовардҳои қобили таваҷҷӯҳе дар соли 2017 дошт, аз ҷумла он, ки:

1) ҲНИТ тавонист бозсозӣ ва бозтанзимеро, ки пас аз берун шудан аз кишвар ва муҳоҷират ба хориҷ шурӯъ карда буд (яъне аз охирҳои соли 2015 ва соли 2016) такмил кунад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо мо, дар ин бора гуфт: “ҲНИТ соли 2016 дар ҷаласаи Риёсати Олии ҳизб дар Истонбул, тасмим гирифт аз нав сохтори худро бозсозӣ ва самти фаъолиятҳои хеш барои ояндаро мушаххас кунад, ва барои ин манзур, мо ду сол (яъне солҳои 2017 ва 2018) дар назар гирифта будем, барномаи мо ҳамин буд, вале ба лутфи Худованд ва талоши аъзои Риёсати Олӣ ва соири фаъолон, ин барнома дар зарфи ҳамин сол яъне соли 2017 такмил гардид. Ва инак, сохтори ҲНИТ мисли собиқ муназзам ва тақсими корҳо мушаххас шудаанд ва тибқи барнома пеш меравем.” Вай афзуд: “Мо ҳатто худамон чандон итминон надоштем, ки дар зарфи як сол, ин кор сурат бигирад, вале алҳамду лиллоҳ ба лутфи Худованд таҳаққуқ ёфт.”

2) Баргузории ҳамоише ба муносибати 20-солагии барқарории сулҳу созиши тоҷикон дар шаҳри Дортмунди Олмон (дар таърихи 9 июли 2017) бо ширкати шахсиятҳои аз назари гароишҳои сиёсӣ мутанаввеъ. Ин ҳамоиш ба қадре таъсиргузор буд, ки вақте дар он сухан аз эҳтимоли ташкили як эътилофи бузурги опозисиюн рафт (фақат сухан аз он буд, на бештар), ин хабар ҳукумати Тоҷикистонро такон дода ва ба вокуниш водошт. Дар ҳамон рӯзҳо, Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази пажӯҳишҳои истротежики Тоҷикистон, зимни эътироф ба пойгоҳ доштани ҲНИТ дар дохили кишвар, бо баёни ин ки “фаъолияти ҲНИТ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷа ба амнияти кишвар хатар дорад” гуфт: “Дар ҳоле ки гурӯҳҳои опозисиюн дар гузашта дар дохили кишвар бар рӯйи ҷомеа таъсир надоштанд, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ заминаи иҷтимоӣ дорад ва ҳамагуна фаъолиятҳои сиёсӣ ва муттаҳидшавиаш бо гурӯҳҳои дигар, метавонад ба афкори ҷомеа дар дохили Тоҷикистон таъсир гузорад.” (Радиои Озодӣ, 10 июли 2017)

3) Ҳузури бисёр пурранги ҲНИТ дар Конфронси САҲА дар Варшав (дар сентябри 2017) ва баргузории чанд нишаст дар ҳошияи он. Ин рӯйдод ба хусус аз ин ҷиҳат ҳоизи аҳаммият буд, ки ҳукумати Тоҷикистон тамоми талоши худро ба харҷ дод, то Кабирӣ натавонад дар ин нишаст ҳузур пайдо кунад, то бад-он ҷо, ки хабаргузории “Ховар” аз забони мақомот САҲА-ро таҳдид ба таътили дафтараш дар Душанбе бикунад. Аммо бо ин ҳама, Кабирӣ на танҳо ҳузур ёфт, балки, ҳам дар ҷаласаи расмии САҲА ва ҳам дар нишастҳое, ки дар ҳошияи он баргузор шуд, суханронӣ кард. Ва дар муқобил, ҳузури намояндагони ҳукумат дар ин нишаст аслан эҳсос нашуд.

4) Дар ин сол, ҲНИТ тавонист бо ҳамкорӣ бо Созмони Freedom Now ва низ Hogan lovells, аризаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ-ро, ки дар ҳаҷми 78 сафҳа аст, ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бифиристад. Дар пайи ин иқдом буд, ки ҳудуди 23 созмони байналмилалӣ, бо интишори баёнияе (тибқи гузориши сойти Human Rights Watch), хостори ворид шудани исми Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба “Феҳристи Магнитский” шуданд.

5) Дар ин сол, раиси ҲНИТ тавонист бо Антониё Пансерӣ, раиси Кумитаи ҳуқуқи башар дар порлумони Урупо, дар шаҳри Бруксел дидор ва гуфтугӯ кунад (дар 28-уми сентябри 2017) ва хостори эътои “Ҷоизаи байналмилалии Сахаров барои озодии андеша” ба Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи маҳбуси тоҷик шавад. Ва ҳамчунин ҳайъати ҲНИТ ба роҳбарии Кабирӣ, дар шаҳри Бруксел бо мақомоти мухталифи урупоӣ низ мулоқот ва гуфтугӯ намуданд.

Аҳаммияти ин дидору гуфтугӯҳо бештар дар ин аст, ки тасаввури ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус мақомоти Урупо, дар бораи Тоҷикистон куллан тағйир карда ва онҳо аз наздик ба он чи дар Тоҷикистон мегузарад — аз фишору таъқиби дигарандешон ва зиндонӣ шудани афрод ба хотири интисоб ба ин ё он ҳизби сиёсӣ ва маҳдудияти фаъолияти расонаҳо ва бебандуборӣ ва фасод дар миёни мақомоти Тоҷикистон ва ғайра – ошноӣ пайдо карданд, ки ин албатта, дар фаъолияти опозисиюн дар оянда бисёр таъсиргузор аст.

6) Сафари Кабирӣ, раиси ҲНИТ ба Литва ва баргузории нишасте дар ин кишвар ва баррасии масоили марбут ба муҳоҷират ва паноҳандагӣ.

7) Бе тардид, озодии Шоҳнаъим Карим, аз аъзои Риёсати Олии ҲНИТ пас аз боздошти вай ба дархости Интерпол дар Отен (Афина) ва сипас муҳокимаашро метавон яке дигар аз дастовардҳои ҲНИТ дар соли 2017 шумурд.

Албатта, он чи ёдовар шудам, муҳимтарин дастовардҳои ин ҳизб дар соли 2017 буданд, вагарна фаъолиятҳои дигаре низ ин ҳизб дар хилоли ин сол дошт, ки феълан ниёзе ба зикри онҳо нест.

* * *

б) Нокомиҳои ҲНИТ дар соли 2017:

1) Яке аз нокомиҳои умдаи ҲНИТ дар соли 2017 ин аст, ки ҳанӯз натавонист эътилофе муташаккил аз аҳзоб ва гурӯҳҳо ва шахсиятҳои мухталифи опозисиюни тоҷикро таъсис намояд. Албатта, таъсиси эътилоф, қоъидатан фақат кори ӯ нест, вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҲНИТ ҳизбе муназзамтар аст ва раисаш аз ҷойгоҳи қобили таваҷҷӯҳе дар миёни ҳамаи афрод ва гурӯҳҳои опозисиюн бархӯрдор аст, аз ин рӯ интизор ин аст, ки ҲНИТ ва шахси раиси ин ҳизб, мубтакири ин кор шавад.

Вақте бо ҷаноби Кабирӣ дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардам, гуфт: “Бале, мутаассифона ҳанӯз муваффақ ба эҷоди як иттиҳодияи қавие нашудем. Ман инро қабул дорам, ки яке аз нуқоти заъфи мо дар ин марҳила, ҳамин аст. Аммо суол ин аст, ки оё ин кор, фақат вазифаи ҲНИТ аст? Мо то ин ҷои кор, дар ин мавзӯъ, бисёр кӯшиш кардем, на ин ки гоме барнадошта бошем. Яъне, коре намондааст, ки марбут ба мо бошад, ва мо анҷом надода бошем. Чанд навбат дидорҳое низ бо раҳбарон ва намояндагони гурӯҳҳои фаъол доштам. Аммо монеъаҳои зиёде сари роҳи таҳаққуқи эътилоф вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо, саъю талоши ҳукумат барои ташкил нашудани ин эътилоф аст, ва ман эътироф мекунам, ки ҳукумат дар ин замина то ҳоло муваффақ будааст. Ва на танҳо дар ин кор, балки ҳамчунин дар ҷудо кардани баъзе аз афроди опозисиюн, аз ҷумла аз дохили худи ҲНИТ, ҳукумат муваффақ будааст. Намехоҳам аз ин афрод ном бибарам, шояд бидонед. Албатта, ҳанӯз ин кор идома дорад ва эҳтимолан афроди дигаре ҳам ҷудо бишаванд ва ба кишвар баргарданд. Ин раванд, агарчи нохушоянд аст, вале мо чандон нигарон нестем, билохира табиати мубориза ҳамин аст, ки дар васати роҳ касоне, ки зарфияташро надоранд, ҷудо мешаванд ва даст бармедоранд, ва фақат афроде мусаммам боқӣ хоҳанд монд, ки то охир ба роҳи худ идома хоҳанд дод.”

2) Яке дигар аз нокомиҳо барои ҲНИТ дар ин сол он аст, ки ҳанӯз натавониста телевизиюни худро, чунонки қаблан ҳарфу ҳадисаш буд, роҳандозӣ бикунад. Дар ин марҳила, роҳандозии телевизиюн ва ҳарчи саръетар, бисёр муҳим аст. Яке аз қавитарин абзорҳои опозисиюн дар расондани паёмаш ба мардум, телевизиюн аст. Мардум, ки ҳама наметавонанд вориди фазои маҷозӣ ва интернет шаванд, ва аслан имконашро надоранд, аммо телевизиюн аз ин вежагӣ бархӯрдор аст, ки ҳамагонӣ ва дар дастраси умум аст.

3) Матлаби дигар дар мавриди нокомиҳои ҲНИТ дар ин сол, фаъолияташ дар фазои маҷозӣ аст. Аъзои ҲНИТ, бо ин ки дар фазои маҷозӣ фаъол ҳастанд, вале наҳваи ҳузур ва фаъолияти онҳо матлуб нест. Масалан, матолиби марбут ба ҲНИТ дар Фейсбук, ҳанӯз ҳам бештар аз сӯи афроде мунташир мешавад, ки номи мустаъор доранд. Бояд афроди радаи болои ин ҳизб ва ба хусус раис ва аъзои Риёсати Олиаш, ҳамарӯза бояд матолиб бикоранд ва фаъол бошанд. Имрӯза ба ҷуз домулло Муҳаммадсаъид Ризоӣ, Бобоҷон Қаюмзод, Маҳмудҷон Файзраҳмон (сухангӯи ҲНИТ), Илҳомҷон Ёқубов ва чанд нафари дигар, аз соири фаъолони ин ҳизб дар фазои маҷозӣ хабаре нест. Ва ин дар ҳолест, ки ҳамон тавре, ки мутталеъ ҳастам, афроди зиёде аз радаи болои ин ҳизб дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, афроде мисли ҷаноби Муҳаммадҷон Нурӣ (писари марҳум Устод Нурӣ) ва дигарон.

Имрӯза, фаъолият дар фазои маҷозӣ, мисли фаъолият дар фазои ҳақиқӣ аст. Сиёсатмадорони ҷаҳон ва руасои ҷумҳур ва нахуствазирҳо, бештар дар фазои маҷозӣ ҳузур доранд, то дар фазои ҳақиқӣ, мисли Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ки беш аз ин ки дар фазои ҳақиқӣ ҳузур дошта бошад, дар фазои маҷозӣ ҳузур дорад. Набояд ҳузур дар фазои маҷозиро дастикам гирифт ва бетаъсир пиндошт. Аз ин рӯ, ҳузури раиси ҲНИТ дар фазои маҷозӣ (ва ба хусус дар Фейсбук, ки тоҷикони бисёре дар он ҳузур доранд) ва баргузории нишастҳои онлойн ва гуфтугӯ бо мардум, аз заруриёт аст.

Феълан танҳо ҳамин мавориди боло ба зеҳнам расид.

* * *

Ва аммо Гурӯҳи 24:

а) Муваффақиятҳои Гурӯҳи 24 дар соли 2017:

1) Аз муваффақиятҳои умдаи ин гурӯҳ дар соли 2017, роҳандозии таҷаммуъот дар шаҳрҳои мухталифи Урупо буд, ба хусус таҷаммуъоте, ки ҳангоми сафари мақомоти Тоҷикистон ба ин ё он пойтахтҳои кишварҳои урупоӣ сурат гирифтанд. Таъсири ин таҷаммуъот ба ҳадде будааст, ки (тибқи он чи ба мо расид), шахси Эмомалӣ Раҳмон сафирони Тоҷикистон дар яке ду кишварро, ки ин гирдиҳамоиҳо дар онҳо баргузор шудааст иваз намуда.

2) Яке дигар аз муваффақиятҳои ин гурӯҳ дар ин сол, иҷрои барномаи “Садои мардум” дар фазои маҷозӣ аст, ки тавассути Нуруддин Ризоӣ, яке аз фаъолони ин гурӯҳ иҷро мешавад. Ин барномаро метавон яке аз муваффақтарин барномаҳои опозисиюни тоҷик – ки дар навъи худ бесобиқа аст – дар соли 2017 тавсиф намуд.

3) Аз дигар комёбиҳои ин гурӯҳ дар ин сол, метавон аз ҳузури пуршӯри аъзои ин гурӯҳ дар фазои маҷозӣ ба хусус Фейсбук ёдовар шуд.

* * *

б) Нокомиҳои Гурӯҳи 24:

Яке аз нукоте, ки ба унвони нокомӣ барои ин гурӯҳ (чӣ дар соли 2017 ва чӣ дар гузашта) метавон унвон кард, ин аст, ки ин гурӯҳ, ҳанӯз дорои як барномаи мушаххасе нест, ки наззорагар аз хилоли он битавонад бо аҳдофи ин гурӯҳ ва ин ки Тоҷикистонро чӣ гуна мехоҳад бибинад, истинтоҷ намояд.

Тавзеҳ он ки: як гурӯҳ ва ташаккули сиёсӣ – ки ба унвони опозисиюн матраҳ аст – барномааш фақат интиқод аз сиёсатҳои ҳукумат нест, балки бояд барномаҳои сиёсии вай, ба хусус дар ноҳияи сохтори сиёсие, ки мехоҳад, ва ҳамчунин барномаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии вай бояд мушаххас ва возеҳ бошанд, то мардум бо вай ошно ва сипас таклифашонро бо вай мушаххас намоянд. Асосан, интиқод аз сиёсатҳои ҳукумат асл нест, балки фаръ аст. Яъне асл, барномаҳои туст, ки бар мабнои онҳо, ту ба интиқод мепардозӣ. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё Гурӯҳи 24 қонуни асосии Тоҷикистонро мепазирад ва эродаш фақат дар иҷрои ин қонун аст, ва ё на, қонуни асосии Тоҷикистонро аслан қабул надорад? Инҳо мушаххас нестанд. Зеро, агар қонуни асосиро қабул дошта бошад, дар ин сурат, шеваи амалаш ба наҳве хоҳад буд, ва агар намепазирад, шеваи амалаш ба наҳве дигар хоҳад буд, ки масалан ба дунболи инқилоб аст. Инҳо бояд аз оғоз мушаххас бошанд. Вагарна, бо интиқоди сирф, ки ҳеч гурӯҳ ва ҳизбе ба ҷое нахоҳад расид.

* * *

Ва аммо афрод ва шахсиятҳои мустақил:

Мо афрод ва шахсиятҳои зиёде дорем, ки метавон онҳоро дар шумори опозисиюни Тоҷикистон донист. Ин афрод, ҳам дар дохили Тоҷикистон ҳастанд ва ҳам дар хориҷ аз он. Дар инҷо баҳсам бештар рӯи шахсиятҳое аст, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Феълан намехоҳам аз ҳамаи онҳо инҷо ном бибарам, вале чанд нафари онҳоро метавон ном бурд; афроде мисли Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Мавҷуда Соҳибназарова ва дигарон…

Ин афрод дар маҷмӯъ муваффақанд, зеро ҳамеша дар саҳна ҳузур доранд ва садояшонро ба гӯши мақомот мерасонанд, ва дар ҳар ҷое, ки эҳсос мекунанд, ки бояд бошанд, ҳастанд.

Феълан чизе дар ин хусус наметавонам изҳори назар кунам, ки оё ин афрод то охир мехоҳанд ба ҳамин сурат, яъне ба сурати инфиродӣ, фаъолият кунанд ва ё мехоҳанд ташаккул ва ё гурӯҳе таъсис намуда ва зери чатри он фаъолият кунанд? Дар ин маврид чизе намедонам, албатта ба истиснои ин маврид, ки Алим Шерзамонов ва Темур Варқӣ барномаҳое доранд, ки вақташ, ки расид, бештар дар ин хусус сӯҳбат хоҳам кард.

Ва аммо дигарон, интизор аз онҳо ин аст, ки фаъолияташонро як каме густариш бидиҳанд; ба ин сурат, ки агар дар тавонашон ҳаст, гурӯҳ ва ё ҳизб ва ё анҷуман (ҳарчи ҳаст) таъсис намоянд, ва ё агар рӯзноманигор ҳастанд, хабаргузориҳо ва пойгоҳҳои иттилоърасонӣ роҳ биандозанд ва ё ҳаддиақал дар яке аз расонаҳои матраҳи ҷаҳон ба унвони таҳлилгар ва коршинос фаъолият кунанд.

Як саре матолибе ҳаст дар ин замина, ки баҳсаш инҷо нест, бояд дар як мақолаи ҷудо матраҳ шаванд, ки агар фурсат даст дод менависам.

Саломат бошед

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: