Чеҳраҳое, ки дар соли 2017 аз дунё рафтанд (тасовир)

Соли 2017 низ соли видоъ бо шумори зиёде аз чеҳраҳои машҳури сиёсӣ ва фарҳангӣ буд. Бархе дар ҳоле аз дунё рафтанд, ки аз муддатҳо пеш бо беморӣ дасту панҷа нарм мекарданд ва бархе дигар низ бо фавти ногаҳонӣ хабарсоз шуданд.

Ҳелмут Куҳл (Helmut Kohl), сиёсатмадори олмонӣ

Ҳелмут Куҳл, садриаъзами пешини Олмон, дар синни 87-солагӣ даргузашт. Ӯ ба хотири дастовардҳояш дар роҳи ваҳдати ду Олмон, ба “Садриаъзами ваҳдат” маъруф шуд. Ӯ дар солҳои 1982 то 1998 дар раъси давлати ин кишвар қарор дошт. Куҳл на танҳо дар арсаи сиёсии Олмон, ки дар Урупо низ нақши фаъоле бозӣ кард ва гомҳои муҳимме дар роҳи иттиҳоди Урупо бардошт. Ӯ мӯътақид буд: “Ҳаракат ба сӯи Урупои воҳид барои мо, олмониҳо ҳаётӣ буда ва ҳар чӣ бар он таъкид кунем, кофӣ нест.”

Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, сиёсатмадори эронӣ

Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, руҳонии сиёсатмадори эронӣ, дар оғози соли 2017 даргузашт. Ӯ то қабл аз фавташ риёсати Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро бар ӯҳда дошт. Ҳошимии Рафсанҷонӣ нахустин раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва чаҳорумин раисиҷумҳури Эрон дар ду давраи паёпай буд. Ӯ яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор мерафт.

Иброҳими Яздӣ, сиёсатмадори эронӣ

Иброҳими Яздӣ, дабири кулли Неҳзати Озодии Эрон ва вазири хориҷаи давлати муваққат пас аз инқилоби Эрон, дар синни 86-солагӣ бар асари бемории саратон дар шаҳри Измири Туркия даргузашт. Яздӣ яке аз саршиностарин чеҳраҳои сиёсии Эрон маҳсуб мешуд.

Иброҳими Яздӣ то пеш аз маргаш дабири куллии Неҳзати Озодии Эронро бар ӯҳда дошт.

Ҷалол Толибонӣ, сиёсатмадори ироқӣ

Ҷалол Толибонӣ, раисиҷумҳури пешини Ироқ ва дабири кулли Ҳизби Иттиҳодияи Миҳании Курдистони Ироқ, дар синни 84-солагӣ аз дунё рафт. Ӯ аз соли 2012 дар пайи сактаи мағзӣ дар бемористоне дар Олмон бистарӣ шуда ва то замони маргаш борҳо мавриди муолиҷа қарор гирифта буд. Толибонӣ аз апрели 2005 то июли 2014 раисиҷумҳури Ироқ буд.

Збигнев Бжезинский (Zbigniew Brzezinski), сиёсатмадори омрикоӣ

Збигнев Бжезинский, мушовири Ҷими Кортер, раисиҷумҳури пешини Омрико, дар синни 89-солагӣ дар иёлати Вирҷиниё аз дунё рафт. Ӯ, ки лаҳистонитабор буд, шӯҳрати худро мадюни талошҳояш байни солҳои 1977 то 1981 аст, ки ба унвони мушовири амнияти миллии Ҷими Кортер фаъолият мекард.

Лю Сяобо, нависандаи чинӣ ва барандаи ҷоизаи Нубели сулҳ

Лю Сяобо, барандаи ҷоизаи Нубели сулҳ, ки пас аз таҳаммули ранҷе тӯлонӣ аз бемории саратони кабид, дар синни 61-солагӣ дар бемористоне дар Чин даргузашт. Ӯ дар бемористон низ таҳти назари мақомоти амниятии Чин қарор дошт. Сяобо дар соли 2009 ба иттиҳоми тавтиа барои барандозии режими Чин, ба 11 сол зиндон маҳкум шуда буд. Як сол баъд ҷоизаи Нубели сулҳ ба ӯ таъаллуқ гирифт. Ба ҳангоми эътои ин ҷоиза, сандалии ӯ дар Услу (Осло) холӣ буд.

Марями Мирзохонӣ, риёзидони эронӣ

Марями Мирзохонӣ, нобиғаи эронии риёзиёт, дар синни 40-солагӣ бар асари ибтило ба саратон даргузашт. Ӯ пас аз таҳсил дар Донишгоҳи Санъатии Шариф, барои идомаи таҳсилоти олӣ роҳии Ҳорворд шуд ва пас аз он низ ба унвони устоди риёзӣ дар чанд донишгоҳи Омрико фаъолият дошт. Мирзохонӣ аввалин эронӣ ва нахустин зани донишманди ҷаҳон буд, ки “медоли Филдз», бузургтарин ва мӯътабартарин ҷоизаи риёзии дунёро касб кард.

Роҷер Мур (Roger George Moore), ҳунарпешаи омрикоӣ

Роҷер Мур, ситораи машҳури синамо ва ифогари нақши Ҷемз Бонд, маъмури 007, дар синни 89-солагӣ бар асари ибтило ба саратон даргузашт. Мур аз соли 1991 то поёни умраш ба унвони намояндаи вежаи Юнисеф фаъолият кард. Ӯ дар фосилаи солҳои 1973 то 1985 ба унвони севвумин бозигари нақши Ҷемз Бонд вориди саҳна шуд ва дар 6 филм аз ин маҷмӯа аз ҷумла “Марде бо таппончаи тиллоӣ” нақшофаринӣ кард.

Ҷери Луис, ҳунарпешаи омрикоӣ

Ҷери Луис машҳур ба “Султони комедӣ” дар синни 91-солагӣ даргузашт. Луис номе ошно барои филмдӯстон, ба вежа тарафдорони филмҳои комедӣ дар саросари ҷаҳон буд. Ӯ дар тайи чандин даҳа фаъолияти ҳунарӣ, дар даҳҳо асари синамоӣ нақшофаринӣ кард.

Манбаъ: Deutsche Welle

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Пароканда, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: