Шарҳи Маснавӣ (232)

Қиссаи суол кардани Оиша (Разияллоҳу анҳо) аз Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки имрӯз борон борид, чун ту сӯи гӯристон рафтӣ, ҷомаҳои ту чун тар нест? (2)

* * *

Дар зимистоншон агар маҳбус кард,

Он ғуробонро Худо товус кард.

Агарчи Ҳақ Таъоло дар фасли зимистон онҳоро маҳбус месозад, аммо муддате баъд, ҳамон зоғҳоро мубаддал ба товус мекунад.

Нукта: Дар чанд байти фавқ, Мавлоно хазону баҳорро тамсиле аз маргу растохез медонад. Ин тамсил муқтабас аз равиши истидлолии Қуръон аст бар ҳашру нашр. Акбарободӣ гӯяд: “Марг ба манзилаи хазони наботи инсонӣ аст, ва ҳашр ба манзилаи баҳори ин сабзазор аст. Агар ба ғаври ин ишорат бирасӣ, маънои “Аддунё мазраъатул-охира” бар ту макшуф гардад.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.152)

Дар зимистоншон агарчи дод марг,

Зиндашон кард аз баҳору дод барг.

Агарчи Ҳақ Таъоло ба дарахтон дар зимистон маргу фано медиҳад, вале дар баҳорон тамоми дарахтонро зинда мекунад ва ба онҳо баргу шукуфа медиҳад.

Нукта: Ишора дорад ба ояти 50 сураи Рум:

فَانظُرْ إِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللَّهِ كَيْفَ يُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا إِنَّ ذَلِكَ لَمُحْيِي الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Бингар ба осору нишонаҳои раҳмати Худо, ки чӣ гуна заминро аз паси маргу яғмогарии хазон боз (бо дами ҳаётбахши баҳор) зинда мегардонад! Ҳамоно Худост зиндакунандаи мурдагон ва Ӯст бар ҳар чиз тавоно.”

Мункирон гӯянд: худ ҳаст ин қадим,

Ин чаро бандем бар Рабби Карим?

Инкоркунандагон мегӯянд: ин таҳаввулоту табаддулот аз қадим будааст, яъне ҳаёту фанои табиат аз осори баҳору хазон аст ва ин фаслҳо ҳам зоидаи гардиши афлоканд. Пас, барои чӣ ва ба чӣ ҷиҳат ин амрро ба Худо нисбат бидиҳем?

Бастан: нисбат додани чизе бар хилофи воқеъ.

Нукта: Ишора ба ояти 37 сураи Мӯъминун:

إِنْ هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا نَحْنُ بِمَبْعُوثِينَ

Нест он ҷуз зиндагии дунё, ки мемирем ва мезийем, ва мо ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд.” Низ ишора дорад ба сураи Ҷосия ояти 24.

“Қадим” истилоҳе каломӣ ва фалсафӣ аст, муқобили “ҳодис”. Ҳодис мавҷуде аст, ки вуҷудаш масбуқ ба адам бошад, вале қадим мавҷуде аст, ки собиқаи адам ва нестӣ надошта ва азалӣ бошад ва қоим ба зоти худ. Акбарободӣ гӯяд: “Мункирони ҳашр мегӯянд: олам қадим аст, яъне азалӣ аст ва абадӣ.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.152)

Кӯрии эшон, даруни дӯстон

Ҳақ бирӯёнид боғу бӯстон.

Вале ба кӯрии чашми мункирон, ҳазрати Ҳақ Таъоло дар даруни дӯстон бӯстони маориф ва марғзори ҳақоиқ падид овардааст.

Ҳар гуле, к-андар дарун бӯё бувад,

Он гул аз асрори кул гӯё бувад.

Ҳар гуле, ки дар қалбу боғи даруни одамӣ, атру бӯе мепароканад, он гул бо забони ҳол аз асрори Ҳақ сухан мегӯяд.

Нукта: Мурод аз он гул, дили аҳли камол аст, ки бӯи хуши асрори илоҳиро ба машоми оламиён мерасонад. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.153)

Бӯйи эшон рағми анфи мункирон,

Гирди олам меравад пардадарон.

Бӯи ин дӯстони Худо ва гулҳои боғи ирфон барои ба хок молидани бинии мункирон ва мақҳур карданашон дар атрофи ҷаҳон ба таври ошкор пароканда мегардад.

Нукта: Манзур аз бӯи диловези авлиё, улум ва маорифе аст, ки аз марғзори дарунашон зоҳир мегардад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.627)

Рағми анф: ба хок молидани бинӣ, киноя аз мақҳур кардан.

Мункирон ҳамчун ҷуъал з-он бӯйи гул,

Ё чу нозукмағз дар бонги дуҳул.

Мункирон монанди сиргингардонак, ки ҳамвора дар ҷоҳои касиф ва мутаъаффин зиндагӣ мекунад, аз бӯи диловези гул нафрат доранд, ва ё монанди афроди ҳассос ва камтаҳаммул (асабӣ) аз шунидани овои дуҳул парҳез мекунанд.

Ҷуъал: ҷонаваре аст шабеҳи сускҳои сиёҳ, ки дар ҷоҳои касиф зиндагӣ мекунад ва саргин захира месозад ва аз бӯи хуш беҷон мешавад ва чун ӯро ба зуболадон андозанд дубора ҷон мегирад.

Нозукмағз: зариф, ҳассос, камтаҳаммул, зудранҷ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: