“Омрико дар мавзеъе нест, ки барои миллати фаҳими Эрон дилсӯзӣ кунад”

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи мақомоти омрикоӣ дар умури дохилии ин кишвар гуфт: “Омрико дар мавзеъе нест, ки барои миллати бузург ва фаҳими Эрон дилсӯзӣ кунанд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи мақомоти омрикоӣ дар умури дохилии ин кишвар гуфт: “Мардуми Эрон бузургтарин пуштвонаи амният ва пешрафти кишвар ҳастанд ва мушорикати мардум дар интихобот барои таъйини сарнавишташон ва ҳузури фаъоли оҳоди миллат дар назорат ва нақди дастгоҳҳои идораи кишвар зомини шукуфоӣ ва боландагии кишвар ва инқилоби исломӣ аст ва ҳузури ҳушмандонаи ҳамин мардум муҳимтарин омили муқовимат дар баробари бадхоҳони кишвар ва мардум аст, ки давлати оқои Тромп собит карда дар раъси ин бадхоҳон қарор дорад.”

Қосимӣ, зимни маҳкум кардани он изҳорот гуфт: “Мардуми Эрон ҳеч арзиш ва эътиборе барои иддаоҳои фурсатталабонаи мақомоти омрикоӣ ва шахси оқои Тромп қоил нестанд. Мардуми бузурги Эрон қатъан мушорикати фаъоли оқои Тромп дар нақзи ҳуқуқи башари мардуми Фаластин ва Яман ва Баҳрайнро аз наздик пайгирӣ карда ва хусуматҳои кинатӯзонаи раисиҷумҳури Омрико бо мардуми фарҳехтаи Эрон дар мумониъат аз вуруди онон ба хоки Омрико ва боздошти теъдоди зиёде аз эрониёни муқим дар ин кишвар ба баҳонаҳои воҳиро ба ёд доранд ва ба ҳамин далел, ҳимояти фурсатталабона ва фиребкоронаи ҳамин мақомот аз бархе таҷаммӯъот дар рӯзҳои ахир дар бархе аз шаҳрҳои Эронро чизе ҷуз найранг ва риёкории давлати Омрико намедонанд.”

Қосимӣ афзуд: “Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон сохторҳои демукротикро барои ҳимояти қонунӣ аз хостаҳои мадании мардум пешбинӣ кардааст ва имкони пайгирии ин хостаҳо дар чорчӯби қонун комилан имконпазир аст.”

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ёдоварии қариб ба 70 соли мудохилоти давлатҳои мухталифи Омрико дар умури дохилии кишвараш аз ҷумла мудирият ва раҳбарии кудето алайҳи давлати миллӣ ва қонунӣ дар Эрон, ҳимоятҳои бедареғ аз саркӯб ва иръоби режими манҳуси Паҳлавӣ дар саркӯби озодихоҳони Эрон ва ҳимояти тамомаёр аз режими ҷинояткори Саддом Ҳусайн дар даврони 8-солаи ҷанги таҳмилӣ, таъкид кард: “Мақомоти Омрико дар мавзеъе нестанд, ки барои миллати бузург ва фаҳими Эрон дилсӯзӣ кунанд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: