Фалсафа ва равиши реализм (145)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (13)

Қонуни такопӯи диалектикии табиат (4)

Муқаддима (4)

б) Матлаби дуввуме, ки дар истилоҳи диалектики ҷадид “созиши таноқузҳо” ва аҳёнан “иҷтимоъи зиддайн” ё “иҷтимоъи нақизайн” номида мешавад, “иҷтимоъи мутазоддҳо” аст, аммо ба истилоҳи дигар на истилоҳи боби тақобул, ки дар партави таркиб сурат мегирад.

Мантиқдонон ва фалосифа маъмулан “тазодд”-ро дар мавриди хоссе ба кор мебаранд, ва он иборат аст аз ду аразе, ки дар “ҷинс” иштирок доранд, вале дорои ду фасли мухталиф мебошанд. Ин гуна аъроз имкони иҷтимоъ дар мавзӯъ ва маҳалли воҳид надоранд. Филмасал, сиёҳӣ ва сафедӣ барои ҷисм, ва ё мусаллас будан ва мураббаъ будан барои он, ду кайфияте инчунин мебошанд. Имкон надорад, ки ҷисми воҳид дар они воҳид ҳам сиёҳи воқеӣ бошад ва ҳам сафеди воқеӣ, ва ба таъбири дигар, имкон надорад, ки ранги воҳид ҳам сиёҳ бошад ва ҳам сафед, ҳамчунонки имкон надорад сатҳи воҳид ҳам мусаллас бошад ва ҳам мураббаъ, ва ба иборати дигар, шакли воҳид ҳам мусаллас бошад ва ҳам мураббаъ. Албатта мумкин аст сиёҳу сафед бошад яъне қисмате аз нуқоти сатҳи ҷисмро сиёҳӣ гирифта бошад ва қисматеро сафедӣ, вале мумкин нест нуқтаи муайян дар айни ин ки сиёҳ аст сафед бошад, ва дар айни ин ки сафед аст сиёҳ бошад. Ҳамчунин шакли махрутӣ ва устувонаӣ ё кураӣ, аздоди якдигаранд. Маҳол аст ҷисми воҳид дар они воҳид ду то аз ин шаклҳоро дошта бошад.

Ба назар намерасад дар имтиноъи иҷтимоъи инчунин ду зидд битавон тардид кард, зеро решаи сухан ин аст, ки аввалан ҷинси воҳид дар они воҳид бо ду фасл таъайюн намепазирад. Масалан, ранг, ки ҷинс аст, наметавонад дар они воҳид ҳам сафедӣ бошад ва ҳам сиёҳӣ, ва ё шакл дар они воҳид ҳам мусаллас бошад ва ҳам мураббаъ, ҳамчунонки ҳайвон, ки як ҷавҳар аст низ мумкин нест дар они воҳид ҳам инсон бошад ва ҳам гӯсфанд. Решаи дуввуми ин масъала ин аст, ки мавзӯи воҳид аз назари вуҷуди “ноъит” наметавонад дар они воҳид ҳам муттасиф бошад ба ҷинси мутафассил ба ин фасл ва ҳам ба ҷинси мутафассил ба фасли дигар. Дар ин ҷиҳат тардиде нест.

Агар тардиде ҳаст, дар ин аст, ки масалан сафедӣ ва сиёҳӣ аз қабили ду кайфияти вуҷудӣ, ки дар ҷинс муштарак ва дар фасл мухталиф бошанд намебошанд, зеро сиёҳӣ масалан адамист на вуҷудӣ ва ё асосан ранг ба таври куллӣ хориҷият надорад, ва возеҳ аст, ки ин гуна хадшаҳо ва муноқишаҳо аз навъи муноқиша дар мисол аст ва ба қавли туллоб, “муноқиша дар мисол аз шаъни муҳассилин нест”.

Он чӣ диалектики ҷадид ба номи тазодд ва таноқуз мегӯяд, аз ин қабил нест, балки аз ин қабил аст, ки ду нерӯе, ки бар зидди якдигаранд ва якдигарро хунсо мекунанд, ба воситаи таркиб дар як шайъи воҳид ҷамъ мешаванд. Ин матлаб қобили қабул аст, балки асосан таркиб ҷуз аз умуре, ки навъе мухолифат ва ба истилоҳи дигаре “тазодд” миёни онҳо набошад, суратпазир нест.

Соддатарин таркибот таркибе аст, ки аз аносури аввалия сурат мегирад. Аносур табъан бо якдигар ихтилоф доранд, навъе тазодд миёни онҳо ҳукмфармост. Аз назари фалсафаи мовароуттабиӣ, ба таври куллӣ “суратҳо” бо якдигар тазодд доранд ва якдигарро хунсо мекунанд.

Ба таври куллӣ, асли “тазодд” ғайр аз асли “иҷтимоъи зиддайн” ё “иҷтимоъи нақизайн” аст. Иҷтимоъи нақизайн иборат аст аз иҷтимоъи салбу эҷоб ба мафҳуме, ки қаблан тавзеҳ дода шуд, ва иҷтимоъи зиддайн иборат аст аз қабул кардани мавзӯи воҳид ду арази мутазоддро дар они воҳид, аммо тазодд иборат аст аз асли танозуъ ва хунсо кардани ашё асари якдигарро, ва ба иборати дигар, асли танозуъ ва ҷанг дар табиат. Ин асл аз қадимтарин усуле аст, ки башар онро кашф кардааст. Беҳтар аст дар инҷо ба яке аз гуфтаҳои орифи маъруфи исломӣ Муллои Румӣ қаноат кунем:

Мавлавӣ мегӯяд:

Ин ҷаҳон ҷанг асту кул, чун бингарӣ,

Зарра бо зарра, чу дин бо кофарӣ.

Он яке зарра ҳамепаррад ба чап

В-он дигар сӯйи ямин андар талаб.

Заррае болову он дигар нигун,

Ҷанги феълишон бибин андар рукун.

Ҷанги феълӣ ҳаст аз ҷанги ниҳон,

З-ин тахолуф он тахолуфро бидон.

Заррае, к-он маҳв шуд дар офтоб,

Ҷанги ӯ берун шуд аз васфу ҳисоб.

Чун зи зарра маҳв шуд нафсу нафас,

Ҷангаш акнун ҷанги хуршед аст бас.

Рафт аз вай ҷунбиши табъу сукун,

Аз чӣ? Аз “Инно илайҳи роҷиъун”.

Мо ба баҳри ту зи худ роҷеъ шудем

В-аз разоъи асл мустарзеъ шудем.

Дар фурӯъи роҳ, эй монда зи ғул!

Лоф кам зан аз усул, эй беусул!

Ҷанги мову сулҳи мо дар нури айн

Нест аз мо, ҳаст “байна исбаъайн”.

Ҷанги табъӣ, ҷанги феълӣ, ҷанги қавл

Дар миёни ҷузвҳо ҳарбест ҳавл.

Ин ҷаҳон з-ин ҷанг қоим мебувад,

Дар аносир дарнигар, то ҳал шавад.

Чор унсур чор устуни қавист,

Ки бад-эшон сақфи дунё муставист.

Ҳар сутуне ишканандай он дигар,

Устуни об ишканандай он шарар.

Пас бинои халқ бар аздод буд,

Лоҷарам мо ҷангием аз зарру суд.

Ҳаст аҳволам хилофи ҳамдигар,

Ҳар яке бо ҳам мухолиф дар асар.

Чунки ҳар дам роҳи худро мезанам,

Бо дигар кас созгорӣ чун кунам?

Мавҷи лашкарҳои аҳволам бибин,

Ҳар яке бо дигаре дар ҷангу кин.

Менигар дар худ чунин ҷанги гарон,

Пас чӣ машғулӣ ба ҷанги дигарон?

Ё магар з-ин ҷанг ҳаққат вохарад,

Дар ҷаҳони сулҳи якрангат барад.

Он ҷаҳон ҷуз боқиву обод нест,

З-он ки он таркиб аз аздод нест.

Ин тафонӣ аз зид ояд зиддро,

Чун набошад зидд, набвад ҷуз бақо.

Асли тазодд на танҳо мавриди инкор нест, балки аз усул ва аркони табиат ва аз шароити пайдоиши ашё аст. Ҳукамои илоҳӣ мегӯянд:

لولا التضاد ما صحّ الفيض عن المبدأ الجواد

Агар тазодд набуд, файз идома намеёфт, яъне барои модда имконоти ҷадид рух намедод ва натиҷатан суратҳои ҷадид ёфт намешуд.

Дар бораи таъсири асли тазодд аз назари ҳикмати илоҳӣ он қадр матлаб зиёд аст, ки имкони баҳс дар бораи онҳо дар инҷо нест, мавкул ба ҷои дигар аст.

Аммо асли 4-ум: “Ҳаракат аз тазодд ва таноқузи дохилии ашё ношӣ мешавад”.

Ин баҳс марбут мешавад ба иллати фоъилии ҳаракат, ки худ муштамил бар масоили мутаъаддиде аст ва мо баъдан дар бораи онҳо баҳс хоҳем кард ва дар инҷо фақат дар бораи нақши тазодд дар тавлид ва эҷоди ҳаракат ва тағйир баҳс хоҳем кард.

Ба ақидаи ҳукамои илоҳӣ, тазодд нақши муассири дар тағйирот ва таҳаввулоти ҷаҳон дорад, вале нақши тазодд аз назари ҳукамо танҳо ба ин шакл аст, ки тазодд ва таъсири мухолифи суратҳо алайҳи якдигар сабаб мегардад, ки модда аз инҳисори як ҳолат ва сурати бахусус берун ояд ва замина барои ҳолат ва сурати ҷадид пайдо шавад, яъне рафъи монеъ бишавад ва замина барои ифоза аз мабодии фаъолаи ҷаҳон (муҳайё гардад). Агар тазодд набошад, модда дар инҳисори ҳолат ва сурати муайян боқӣ мемонад. Ин тазодд бар ду қисм аст: хориҷӣ ва дохилӣ. Дар баситҳо ва мураккаботи аввалия тазоддҳои хориҷӣ аст, ки ин нақши муассирро ифо менамоянд, яъне омилҳои мутазодд ва мухолифи хориӣ аст, ки ҳолатҳо ва суратҳои мавҷуд дар моддаро зоил ва онро омодаи ҳолати ҷадид ва сурати ҷадид менамоянд, вале дар мураккаботи олия яъне мураккаботе, ки аз таркиби як силсила мураккаботи соддатар ба вуҷуд омадаанд — назири наботот ва ҳайвонот ва инсонҳо — илова бар тазоддҳои хориҷӣ як силсила тазоддҳои дохилӣ низ дар тағйир ва заволи ҳолатҳои мавҷуд муассир аст, яъне ин гуна мураккабот аз ноҳияи дохили худ низ мунҳадим мегарданд. Вале ба ҳар ҳол нақши аздод рафъи монеъ аст ва эъдоди модда аст на пеш бурдан ва ҷилав бурдан.

Дар ҷилди дуввуми “Асфор” фанни 4-ум фасли 11-ум баёни зебое дар бораи ин матлаб дорад, ки шоиста аст муроҷиа ва нақл шавад.

Нақши тазодд дар тағйиру таҳаввул нақши ғайримустақим аст яъне асари тазодд фақат тахриб ва ифсод ва аз миён бурдани ҳолати қаблӣ ва озод кардани модда аст, аммо модда барои ин ки пас аз озод шудан, ҳолати ҷадид ба худ бигирад, хоҳ нохоҳ ниёзманд ба омили дигаре аст. Пас тазоддро наметавон омили аслӣ ва асосӣ ва мунҳасири ҳаракат ва таҳаввул донист ва муаррифӣ кард. Баъдан дар худи матн низ дар бораи ин матлаб баҳс хоҳад шуд.

Аммо асли 5-ум: моҳияти ҳаракат ё мусалласи “тез, антитез, синтез”.

Ин ҳамон матлабе аст, ки дар матн дар бораи он баҳс шудааст ва мо дар поварақиҳо тавзеҳ хоҳем дод.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: