Перейти к содержимому

Хабарсозтаринҳои Тоҷикистон дар соли 2017

10 чеҳраи хабарсози Тоҷикистон дар соли 2017 аз нигоҳи хонандагони пойгоҳи “Кимиёи саодат”

Тибқи назарсанҷие, ки пойгоҳи “Кимиёи саодат” аз як ҳафта пеш роҳ андохт, 10 чеҳраи хабарсози Тоҷикистон дар соли 2017 (аз миёни 30 чеҳраи пешниҳодӣ) ба тартиби бештарини оро аз қарори зайл аст:

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон:

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисиҷумҳури кишвар, ҳамасола дар раъси ахбор ва гузоришҳо ба хусус гузоришҳои расонаҳои давлатӣ қарор дорад. Он чи бештар дар соли 2017 ӯро хабарсоз кард, ғайбати чандрӯзаи ӯ буд, ки шойеъа шуд вай бемор шуда ва ба кумо рафтааст, шойеъот ба қадре таъсиргузор буданд, ки чанд расонаи давлатӣ барои “хунсо” кардани он, маҷбур шуданд чанд аксе аз вай нашр кунанд ва собит намоянд, ки ӯ ҳанӯз зинда будааст.

Озода Раҳмон, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент:

Он чи бештар Озодаро дар ин сол хабарсоз кард, паёми табрикии вай барои падараш ба муносибати 65-солагиаш буд. Вай дар ин паём падарашро “қиблагоҳи оқилу одилу донишманду хирадманд” тавсиф карда паёми худро бо ин шеър поён дода буд:

Рӯзу шаб бо завқи дил Қуръон тиловат гар кунӣ,

То дами субҳи сафо тоат, ибодат гар кунӣ.

Мисли Ҳотам доимо хайру саховат гар кунӣ,

Каъбаи ҳақро ҳазорон бор зиёрат гар кунӣ.

То падар розӣ набошад, тоатат мақбул нест...

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:

Ширкат ва ҳузур ва суханронии раиси ҲНИТ дар чанд конфронс ва нишаст дар Урупо дар соли 2017, ӯро хабарсоз кард. Ӯ дар сӯҳбати кӯтоҳ бо “Кимиёи саодат” гуфт: “ҲНИТ соли 2016 дар ҷаласаи Риёсати Олии ҳизб дар Истонбул, тасмим гирифт аз нав сохтори худро бозсозӣ ва самти фаъолиятҳои хеш барои ояндаро мушаххас кунад, ва барои ин манзур, мо ду сол (яъне солҳои 2017 ва 2018) дар назар гирифта будем, барномаи мо ҳамин буд, вале ба лутфи Худованд ва талоши аъзои Риёсати Олӣ ва соири фаъолон, ин барнома дар зарфи ҳамин сол яъне соли 2017 такмил гардид. Ва инак, сохтори ҲНИТ мисли собиқ муназзам ва тақсими корҳо мушаххас шудаанд ва тибқи барнома пеш меравем.” Вай афзуд: “Мо ҳатто худамон чандон итминон надоштем, ки дар зарфи як сол, ин кор сурат бигирад, вале алҳамду лиллоҳ ба лутфи Худованд таҳаққуқ ёфт.”

Беҳрӯз Хоҷазода, варзишкори тоҷик:

Ин паҳлавони тоҷик дар 11-уми ноябри 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия ширкат ва дар вазни 74 кило қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”:

Он чи бештар Каромат Шариповро дар соли 2017 расонаӣ ва хабарсоз кард ин буд, ки вай бо қарори як додгоҳи вилояти Маскави Русия барои нақзи муқаррароти будубоши Кодекси маъмурии Русия айбдор дониста шуда, аз қаламрави ин кишвар берун шуд ва алъон дар Тоҷикистон аст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик:

Бузургмеҳр Ёров дар соли 2017 низ мисли солҳои қабл хабарсоз буд. Дар ин сол ёддоштҳои Бузургмеҳр аз ҷараёни муҳокимааш, дар пойгоҳи “Кимиёи саодат” тавассути хоҳараш Хоссият Ёрова мунташир шуданд (ки албатта ҳанӯз идома доранд.)

Дар ин сол раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро аз СИЗО ё боздоштгоҳи мувақатии рақами 1, ба маҳбаси марказӣ интиқол дод.

Ёсуман Исмонзода, нобиғаи тоҷик:

Ин духтари нобиғаи тоҷик имсол дар як барномаи телевизиюни Русия (Удивительные люди) ширкат ва бо ба намоиш гузоштани истеъдоди фавқулъодаи худ, ҳамаро ба шигифтӣ андохт.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик:

Он чи бештар Устопириёнро дар соли 2017 хабарсоз кард, яке эътирози вай ба довар дар як мусобиқа буд, ва дигар он ки ӯ дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Тошканд оид ба ҷудо, медали тилло ба даст овард.

Эмомҳусейн Умаров, навҷавони 7-солаи тоҷик:

Ин навҷавони тоҷик дар соли 2017 бо анҷоми 11 ҳазор бор болофишорӣ (отжимание), хост дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт шавад.

Ба гуфтаи падари ин навҷавон, ҳанӯз касе мисли писари ӯ ба ин теъдод болофишорӣ накардааст. Ӯ дар ин бора маълумоти зиёд ҷамъ овардааст ва мегӯяд, танҳо як ҷопонӣ соли 1980 бо иҷрои 10 ҳазор болофишорӣ ба китоби рекордҳои “Гиннес” шомил шуда буд: “Аз он сол то имрӯз 37 сол гузашт, аммо касе пайдо нашуд, ки бештар аз ӯ “отжимание” кунад.”

Хайриддин Аҳтамов, сарҳанг, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин:

Ин сарҳанги тоҷик дар марзи Афғонистону Тоҷикистон дар натиҷаи як задӯхӯрд бо қочоқчиёни маводди мухаддир кушта шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: