Муқассири аслии эътирозоти ахир дар Эрон аз забони Ҷаҳонгирӣ

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, дар вокуниш ба иттифоқоте, ки ин рӯзҳо дар Эрон меафтад, бо муттаҳам кардани ҷараёни усулгаро ва ба хусус Оятуллоҳ Аламулҳудо, имомҷумъаи Машҳад дар ин моҷаро гуфт: “Масоили иқтисодиро баҳона кардаанд, ки ба назар меояд пушти ин қазия масъалаи дигаре бошад, ки ҳатман бояд шиносоӣ шавад. Касоне, ки бонии ин қазоё дар кишвар ҳастанд, дуди он ба чашми худашон хоҳад рафт, онҳо фикр мекунанд, ки бо ин кор ба давлат осеб мезананд.”

Ба гузориши сойти Тобнок, Ҷаҳонгирӣ дар ҳамин ҳол таъкид карда, ки “вақте, ки ҷараёни иҷтимоӣ роҳ афтод ва ҳаракати сиёсӣ дар хиёбон иттифоқ афтод, ҳатман касоне, ки онро шурӯъ кардаанд идомадиҳанда ва контролкунандаи поёни он нахоҳанд буд, ва ин дигар афрод хоҳанд буд, ки бар он ҷараён савор хоҳанд шуд.”

Аммо Ҳамидризо Ҷилоипур, узви Шӯрои марказии Ҳизби Мушорикат ва узви боризи ҷараёни ислоҳталаби ин кишвар, сухани худро шаффофтар аз Ҷаҳонгирӣ унвон карда ва гуфтааст, ки “таҷаммӯъи эътирозӣ дар Машҳад, аз сӯи ҷараёни ҳизбуллоҳӣ алайҳи давлат созмондиҳӣ шуда ба наҳве филмбардорӣ шуда, ки мавриди писанди сойти ВВС низ қарор гирад.”

Вай унвон дошта, ки “ин таҷаммӯъи эътирозӣ аз сӯи ситоди номзадҳои шикастхӯрда (манзураш Иброҳими Раисӣ аст)  созмондиҳӣ шуда будааст.” Ҳарчанд расонаҳои форсизабони хориҷӣ ва расонаҳои бегона инъикоси зиёде аз бархе таҷаммӯъоти ахир дар Эрон дошта ва ба шиддат ба он пардохта ва таҳлилҳои мухталифе перомуни он ироа кардаанд.

Дар муқобили ин дидгоҳҳо ва мавзеъгириҳо, Оятуллоҳ Сайидаҳмади Аламулҳудо, имомҷумъаи Машҳад, перомуни таҷаммӯъи мардумӣ дар ин шаҳр гуфта, ки “барои ин мамлакат хуни ҳазорон шаҳид бар замин рехта шуда ва ҷавоби мутолиботи иқтисодии мардум ин нест, ки бигӯед қимати бензин дар бисёре аз кишварҳо арзонтар аз Эрон аст.”

Имомҷумъаи Машҳад хитоб ба мардуми мӯътариз гуфтааст, ки “мутолиботи аввалияи шумо бар ҳақ буд, аз гаронӣ ва молбохтагӣ мӯътаризед, дуруст аст, аммо оё ҳозиред барои мутолибаи шумо иддае арозилу авбош шиор бидиҳанд, ки: “Сурияро раҳо кун, мушкили моро ҳал кун?” Ин дуруст аст?

Ҳамчунин Оятуллоҳ Мӯҳсини Арокӣ, дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ низ дар суханоне дар гирдиҳамоии 9 дей, бо баёни ин ки “миллате, ки беҳтаринҳоро дар роҳи аҳдофи баланди худ тақдим кунад, шикаст нахоҳад хӯрд” гуфтааст: “Мо медонем душман бори дигар қасди эҷоди фитна дар байни миллати мо дорад ва имрӯз аз тариқи фазои маҷозӣ, ҳасру таҳрими иқтисодӣ ва тавтиаҳои дохилӣ саъй дорад фитнаи ҷадиде алайҳи миллати мо таҳмил кунад, аммо миллати мо ҳушёр аст!

Дигар вокуниш ба ин моҷаро, аз сӯи Сайидиброҳими Раисӣ, сарпарасти Остони Қудси Разавӣ ва номзади шикастхӯрдаи интихоботи ахир сурат гирифт. Ӯ бо эъломи ин ки душман фитнаи ҷадиде тарроҳӣ ва иҷро кардааст, хотирнишон кард: “Душман мутарассиди ин аст, ки аз ҳар фурсате барои эҷоди фитна истифода кунад ва алайҳи миллат ҳуҷум бурда шавад, ки ин муҳим дар ҷанги нарм ва сахт алайҳи Эрон мушоҳида шудааст.”

Вай, бо таъкид бар муқобила бо фитнаи ҷадиди душман афзудааст: “Мардум бо мушкилоти иқтисодӣ ва маишатӣ мувоҷеҳ ҳастанд, бояд ҳатман ин гиреҳҳои мардум гушуда шавад ва мушкилоти маишатии мардум ҳаллу фасл шавад. Давлат бояд ба гунае дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва касбу кори мардум амал кунад, ки мардум рӯз ба рӯз эҳсос кунанд мушкилоти онҳо коҳиш ёфтааст.”

Раисӣ бо таъкид бар лузуми амалиётӣ шудани иқтисоди муқовиматӣ баён кард: “Мушкилоти иқтисодӣ ва маишатӣ ҷиноҳу гурӯҳ намешиносад, бояд мушкилоти иқтисодӣ, маишатӣ ва касбу кори мардум бартараф шавад. Ҳамаи мардум интизор доранд иқдоми амалӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ сурат гирад. Душманон ва фитнагарон мехоҳанд бо савор шудан бар мутолиботи баҳаққи мардум фитнаи ҷадид роҳандозӣ кунанд.”

Раисӣ бо таъкид бар ваҳдати миллӣ ва рафъи мушкилоти мардум афзуд: “Раисиҷумҳури беадаб ва бадахлоқи Омрико дирӯз миллати Эронро терурист номид ва имрӯз иддаои тарафдорӣ аз мардуми Эрон мекунад. Душманон гиреҳи касеро то ҳоло боз накардаанд, балки бо таваккул бар Худо ва тавоноиҳои мардум мушкилот ҳал мешавад.”

Вай бо ҳушдор нисбат ба ин ки фитнаи ҷадиде аз сӯи омрикоиҳо ва саҳюнистҳо ва душманони дохилӣ тарроҳӣ шудааст, хотирнишон кард: “Миллати мо иҷоза намедиҳад хостаҳои баҳаққи онон мавриди суистифодаи душман қарор гирад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: