Таҳлили Атвон дар бораи таҳаввулоти ахир дар Эрон

Дар ҳоле, ки мақомоти русӣ дар талошанд то Сурияро аз марҳилаи ҷангу ошӯби дохилӣ ба сулҳу субот ва марҳилаи баъд яъне бозсозии ин кишвар интиқол диҳанд ва як нишасти густарда дар поёни моҳи оянда бо мушорикати ҳамаи тарафҳои даргир дар Сурия барои мушаххас кардани нақшаи роҳ ба манзури тадвини қонуни асосӣ ва иҷрои интихоботи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурӣ баргузор кунанд, “Исроил” ва Омрико мекӯшанд, то тарҳҳои ҷадидеро дар минтақа алайҳи Эрон иҷро кунанд.

Шабакаи 10 телевизиюни режими саҳюнистӣ ахиран гузорише мунташир кард, ки дар он аз нишасти маҳрамона миёни Мер Беншубот, мушовири амнияти дохилии ин режим ва Ҳерберт Макмастер, мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури Омрико дар 12 декабр хабар дод, ки дар мавриди сенориюҳо ва тарҳҳои амалиётии ҷадид барои ҷилавгирӣ аз тавсиаи ҳастаӣ ва мушакии Эрон ва низ мувоҷиҳа бо Ҳизбуллоҳ, тавофуқ шуд ва Кохи сафед низ баёнияи расмӣ дар ин хусус мунташир ва ин тавофуқро таъйид кард, аммо ин баёния расонаӣ нашуд.

Ҷаҳон дар марҳилаи ҷадид шоҳиди ду таҳаввули муҳим аст: нахуст, суқути ДОЪИШ ва аз даст додани бештари манотиқи таҳти ишғоли худ дар Сурия ва Ироқ, ва дуввум, шикасти пружаи Омрико дар Сурия, ки бар сарнагунии низоми Башшор Асад тамаркуз дошт, аммо бо истодагии артиши Сурия ва ҳузури низомии Русия ва ҳимояти ҳампаймонони Димишқ ҳамонанди Эрон ва Ҳизбуллоҳ, ин амр муҳаққақ нашуд ва Сурия ба самти як марҳилаи ҷадид барои оштии миллӣ ва шаклгирии як ҳувияти ҷадид дар ҳаракат аст.

* * *

Давлати Омрико дар ҳоли ҳозир аз коҳиши нуфузи худ дар Ховари Миёна ва густариши нуфузи Русия, Чин, Эрон ва Туркия дар ин минтақа меҳаросад ва “Исроил” низ аз қудратгирии Ҳизбуллоҳ ва афзоиши тавони низомии он ва пирӯз шуданаш дар ҷанги Сурия ва боз шудани ҷабҳаҳои ҷадид бар зидди худ дар ҷануби Лубнон ва ҷануби ғарби Сурия бим дорад.

Шабакаи 10 телевизиюни режими саҳюнистӣ ва Кохи сафед ҷузъиёти тарҳ ва сенориюҳои Вошингтун ва Телавивро ифшо накарданд, вале ба назар мерасад, ки яке аз сенориюҳои ҷадид барҳам задани субот дар дохили Эрон ва барафрӯхтани шӯълаи эътирозҳо ва таҳрики бархе ҷунбишҳои ҷудоиталаб дар ин кишвар бошад.

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, ки робитаи наздике бо давлати Дунолд Тромп дорад, бо сароҳат аз чунин тарҳҳое алайҳи Эрон сухан гуфтааст. Вай шаш моҳ қабл дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ таҳдид кард, ки кишвараш ҷангро ба дохили Эрон хоҳад кашонд пеш аз ин ки Теҳрон иқдоме алайҳи Риёз анҷом диҳад.

Чӣ басо эътирозоти маҳдуде, ки дар дохили шаҳрҳои Эрон дар эътироз ба гаронӣ ба вуҷуд омада яке аз ин роҳбурдҳо бошад.

Тарҳҳои Омрико ва “Исроил” барои ихроҷи Эрон ва коҳиши нуфузи он дар Сурия ва Лубнон роҳ ба ҷое нахоҳад бурд ва агар иқдом ба ҷанг алайҳи ин ду кишвар низ бикунад, боз ҳам ин бозӣ ба нафъи Омрико ва “Исроил” нахоҳад буд.

Замоне, ки мушакҳои пешрафтаи Потриути Омрико натавонист ҷилави мушакҳои болистики Ҳусиҳоро дар ҳамла ба Риёз, Ҷадда, Тоиф ва Абҳо бигирад, гунбади оҳанини “Исроил” низ ба сахтӣ метавонад дар баробари мушакҳои дақиқ ва пешрафтаи Ҳизбуллоҳ давом оварад.

Яке аз хатароте, ки “Исроил” акнун бо он рӯ ба рӯст, аз дохили Фаластини ишғолӣ нашъат мегирад, ки ин рӯзҳо шоҳиди хезишҳои мардумӣ аст ва метавонад ба як муқовимати мусаллаҳона табдил шавад. Шиллики мушак аз навори Ғазза ба шаҳракҳои саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ, аланӣ шудани эътилофҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бо Эрон ва иртиботи алании фармондеҳони он бо сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон, таъйиде бар ин мавзӯъ аст.

* * *

Таҳдидҳои омрикоӣ-исроилӣ чӣ басо дар чорчӯби як ҷанги равонӣ бошад, то ҳампаймонони дар биму ноумедии худро ба бастани қарордодҳои милёрдии хариди силоҳ тарғиб кунанд, дар ҳоле, ки мақомоти исроилӣ пештар низ борҳо таҳдид карда буданд, ки иҷоза нахоҳанд дод нерӯҳои артиши Сурия ба самти марзҳои Фаластини ишғолӣ дар ҷануби ғарби Сурия пешравӣ кунанд ё нерӯҳои Ҳизбуллоҳ дар ин манотиқ ҳузур дошта бошанд, аммо нерӯҳои артиши Сурия бештари манотиқи Ғутаи ғарбӣ, Рифи Димишқ ва низ манотиқе дар наздикии марзҳои Фаластини ишғолӣ бо Сурияро озод карданд ва Телавив ҷуръат накард, то таҳдидҳои худро иҷроӣ ва ҳатто як гулӯла ба самти нерӯҳои артиши Сурия шиллик кунад.

Ҷаҳони ҷадид чӣ басо ҷаҳони руъбоваре барои Омрико ва “Исроил” бошад. Онҳо шонси худро имтиҳон мекунанд, аммо натиҷа онҳоро хушнуд нахоҳад кард, зеро минтақа ба суръат дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: