Перейти к содержимому

Яке аз роҳҳои муқобила бо Эрон; тағйири нақшаи Ховари Миёна

Мақолае аз Мойкел Маковски (Michael Makovsky) дар Fox News

Давлати Тромп ба тозагӣ истротежии ҷадиди амнияти миллии Омрикоро мунташир кардааст, ки дар он Эрон ба унвони чолише муҳим барои манофеъи Иёлоти Муттаҳида муаррифӣ шудааст, вале дар ин истротежӣ чорчӯби ҷиддӣ барои муқобила бо ҳежмунии (гегемонияи) минтақаии Эрон муаррифӣ нашудааст. Дар воқеъ болоравии жеупулитики (геополитики) Эрон, муҳимтарин ва хатарноктарин таҳаввули минтақаи Ховари Миёна дар қарни ҳозир аст.

Тромп бояд аз намунаи Рейгон пайравӣ карда ва бо иттихози рӯйкарде таҳоҷумӣ дар баробари Эрон аз нерӯҳои мухолифи Эрон бар минтақа ҳимоят кунад. Ин амр ниёзманди ин аст, ки давлати Омрико ин масъаларо бипазирад, ки Сурия, Ироқ, Лубнон ва Яман давлатҳои фурӯмондае ҳастанд, ки марзҳои феълии онҳо дар хидмати Эрон аст.

Эрон, ки бар пойтахтҳои Лубнон ва Яман тасаллут дорад, аз фурсати шикасти ДОЪИШ истифода кардааст, то контроли худро бар Ироқ ва Сурия истеҳком бошад. Эрон ба ин тартиб роҳе заминӣ аз Теҳрон то Бейрутро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Воруна кардани ин таҳдиди истротежӣ ниёзманди ин аст, ки Омрико ба ҳузури низомии худ дар минтақа идома дода ва аз нерӯҳои маҳаллӣ дар Ироқ ва Сурия ҳимоят кунад. Ин нерӯҳо тавоноии инро хоҳанд дошт, ки дар баробари Эрон муқовимат кунанд. Вале рӯйкарди дифоъӣ, на танҳо тавоноии баръакс кардани раванди тасаллути Эрон бар минтақаро надорад, балки ҳатто барои маҳори Эрон низ кофӣ нахоҳад буд.

Баръакс, мо бояд аз улгуи (намунаи) Рейгон дар баробари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ пайравӣ кунем, ки ба ҷои истифода аз як рӯйкарди дифоъӣ, рӯйкарде таҳоҷумӣ дар муқобили Шӯравӣ иттихоз кард, ки дар он аз нерӯҳои маҳаллии зидди кумунист ҳимоят мешуд. Барои воруна кардани раванди пешравии Эрон дар минтақа, бояд аз ҳамин улгу истифода шавад.

Мо бояд бипазирем, ки ҳифзи Ироқ, Сурия, Лубнон ва Яман дар чорчӯби марзҳои имрӯзини онҳо рӯйкарде ғайритабиӣ ва дар хидмати манофеъи Эрон аст. Марзҳои имрӯзини кишварҳо дар Ховари Миёна, ки дар шароите аҷибу ғариб тарроҳӣ шудаанд, муқаддас нестанд. ДОЪИШ ва Эрон ҳар ду нишон додаанд, ки набояд ба ин марзҳо эҳтиром гузошт!

Ин чаҳор кишвар (яъне Ироқ, Сурия, Лубнон ва Яман), давлат-миллатҳои мавриди пазириш нестанд, балки сохторҳои маснуъии баҷомонда аз хокистари Имперотурии Усмонӣ ҳастанд. Ин кишварҳо аз мушкилот ва шикофҳои шадиди қавмӣ-мазҳабӣ ранҷ мебаранд ва бақои онҳо ё вуҷуди як давлати мустабидд будааст ва ё ин ки шоҳиди хунрезиҳои қавмӣ ва мазҳабӣ будаанд.

Дар воқеъ, нуқтаи заъфи истротежии минтақаии Эрон вобастагии он ба давлатҳое аст, ки дар ин шароити печидаи нажодӣ-мазҳабӣ бар минтақа ҳукумат мекунанд. Иёлоти Муттаҳида бояд аз ин осебпазирии Эрон истифода карда ва аз нерӯҳое, ки дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва Яман мухолифи нуфузи Эрон ва хоҳони ҷудоӣ ва худмухторӣ ва ё истиқлол аз давлатҳои марказӣ ҳастанд, ҳимоят кунад. Натиҷаи ин рӯйкард метавонад ин бошад, ки ин давлатҳои фурӯмонда ба кишварҳои федеролии сусте табдил шаванд, ки дар эҷод ва марзбандии онҳо таваҷҷӯҳи бештаре ба воқеиятҳои нажодӣ ва қавмӣ ва мазҳабӣ шуда бошад.

Ҳар гуна тарсими муҷаддади марзҳо ва ё равобити сиёсӣ дар минтақа метавонад мавзӯи бисёр печида бошад, ки илзоман таъйини хуруҷии он дар дастони Омрико нахоҳад буд, вале мо метавонем бар он таъсир бигузорем. Омрико ба ин ниёз дорад, ки шароити ҳар як аз ин чаҳор кишварро ба таври дақиқ баррасӣ кунад ва дар хусуси сиёсати худ дар қиболи он, бо муттаҳидони минтақаии худ машварат кунад.

Мисолҳое аз сиёсати мо дар қиболи ин кишварҳо метавонад аз ин қарор бошад: Иёлоти Муттаҳида бояд ирсоли силоҳ барои давлати марказӣ дар Бағдодро мутаваққиф кунад, вақте, ки тарафҳои даргир дар Курдистони Ироқ ба мусолиҳа расиданд ва ҳукуматдории худро беҳбуд бахшиданд, Омрико бояд сиёсати худро бар ҳимояти ҷиддӣ ва кӯмаки низомӣ ба ин давлат (Курдистон) қарор диҳад ва ниҳоятан ин ки федеролизмро барои боқимондаи Ироқ мавриди ҳимоят қарор диҳад.

Дар Сурия низ Иёлоти Муттаҳида бояд аз як конфедеролизми сусти аз давлатҳои ташкилшуда бар асоси қавмият ва мазҳаб ҳимоят кунад, ки шомили давлати Алавӣ дар савоҳили Сурия дар дарёи Медитарона, кишвари курдҳо дар шимол ва кишвари аъроби аҳли суннат дар маркази Сурия хоҳад буд. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин бояд бо пуштибонӣ аз давлати секулори Озарбойҷон нишон диҳад, ки бо шиъаён душманӣ намекунад. Яке аз имтиёзҳои ҷонибии ин рӯйкард метавонад ин бошад, ки танишҳои дохилӣ дар Эрон, ҳукумати марказии ин кишварро тазъиф кунад.

Иддае мумкин аст ин гуна истидлол кунанд, ки ин рӯйкард ғайриамалӣ ва суботзудост ва фурсатҳои ҷадиде дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад дод. Вале масъала ин аст, ки раванди феълии минтақа эҳтимолан хатарноктар аст. Эрон ба муваффақиятҳое, ки то кунун ба даст оварда розӣ нест ва барномаҳояш барои минтақа хатари ҷангҳои бештареро ба вуҷуд хоҳад овард. Ба илова, пеш аз ин низ бархе аз давлатҳои маснуъӣ монанди Иттиҳоди Шӯравӣ, Югословӣ ва Чекусловикӣ, ки махлуқоти пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал будаанд бо муваффақият таҷзия шудаанд. Давлати Тромп бояд рӯйкарде таҳоҷумӣ дар қиболи Эрон дар пеш бигирад, зеро сохтори феълии марзҳо дар Ховари Миёна дар ростои манофеъи Эрон аст ва бояд ба он поён дода шавад.

Fox News

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: