Аввалин вокуниши Руҳонӣ ба таҳаввулоти ахир дар Эрон

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, бо баёни ин ки “мо миллати озодӣ ҳастем ва тибқи қонуни асосӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ мардум дар баёни интиқодот ва ҳатто эътирозашон комилан озод ҳастанд” гуфт: “Ин оқое, ки имрӯз дар Омрико мехоҳад бо мардуми мо ҳамдардӣ кунад, ёдаш рафта, ки чанд моҳ пеш миллати Эронро терурист номид; ин одаме, ки сар то пояш алайҳи миллати Эрон аст, ҳақ надорад барои мардуми Эрон дилсӯзӣ кунад.” Руҳонӣ ҳамчунин тасреҳ кард: “Ин рӯзҳо бархе аз кишварҳои араби минтақа, ки ҳеч вақт бо мардуми Эрон миёнаи хубе надоштанд, пойкӯбӣ мекунанд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии риёсати ҷумҳурии Эрон, Руҳонӣ асри якшанбе дар ҷаласаи ҳайъати давлат, бо ишора ба ин ки дар рӯзҳои ахир шоҳиди эътирозҳо дар бархе нуқоти кишвари азизамон будаем, гуфт: “Ин нукта бояд барои ҳама равшан бошад, ки мо миллати озодӣ ҳастем ва тибқи қонуни асосӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ мардум дар баёни интиқодот ва ҳатто эътирозашон комилан озод ҳастанд, аммо дар айни ҳол бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки наҳваи интиқод ва эътироз бояд ба гунае бошад, ки поёни он мунтаҳӣ ба беҳтар шудани шароити кишвар ва зиндагии мардум шавад.”

Руҳонӣ таъкид кард: “Ҳалли бархе аз ин масоил осон набуда ва замонбар аст ва давлат ва миллат бояд барои ҳалли ин мушкилот даст ба даст бидиҳанд.”

Вай бо баёни ин ки решаи бархе аз мушкилоти иқтисодии мардум ба солҳои қабл бармегардад ва бархе дигар ҳам ба ҳамин айём марбут мешавад, гуфт: “Давлат ва миллат бояд дасти ҳамро гирифта ва якдигарро ёрӣ кунанд, аммо нақди мардум фақат ба иқтисод нест, мардум роҷеъ ба фасод ва шаффофият ҳарф доранд ва мегӯянд, масоил бояд шаффоф бошад.”

Руҳонӣ бо ишора ба ин ки мардум мехоҳанд дар бахши қонунгузорӣ, иҷроӣ, қазоӣ ва дигар бахшҳои кишвар, масоил ба вузуҳ барои онҳо табйин шавад, то битавонанд қазовати дақиқе дошта бошанд, хотирнишон кард: “Ин ки дар расона ҳама нақдҳои мардумро ба дастгоҳи иҷроӣ баргардонем, бедиққатӣ аст.”

Вай ҳамчунин афзуд: “Мардум нисбат ба ин ки бояд бо фасод муборизаи ҷиддитар шавад ва ин ки бархе чаро масоил ба хубӣ барои онон табйин намешавад, нақд доранд.”

Руҳонӣ изҳор дошт: “Интиқод дар ҳамаи умури кишвар ҳаққи мардум аст ва мо мӯътақидем ҳукумат ва кишвар мутаъаллиқ ба мардум аст ва мардум бояд он чи мехоҳанд-ро ба хубӣ баён кунанд.”

Вай бо таъкид бар ин ки нақд бо хушунат ва тахриби амволи умумӣ комилан мутафовит аст, гуфт: “Дар айни ҳоле, ки аз нақд истиқбол мекунем ва дастгоҳҳои масъули кишвар бояд заминаро барои интиқод ва эътирози қонунии мардум, ҳатто роҳпаймоӣ ва иҷтимоъи қонунманди онҳо фароҳам кунанд ва ин ҳаққи мардум аст, аммо дар айни ҳол набояд бигузорем фазое эҷод шавад, ки дар он фазо дӯстдорони инқилоб ва мардум нигаронӣ барои зиндагӣ ва амнияташон эҷод шавад.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки шеваи саҳеҳ ва интихобӣ барои баёни нақд бояд як шеваи комилан мантиқӣ, дақиқ ва қонунӣ буда ва дар ниҳоят мунҷар ба ислоҳ шавад, изҳор дошт: “Агар шевае барои баёни нақд интихоб шавад, ки ба воситаи он мардум дар зиндагӣ, касбу кор, рафту омад ва сармоягузорӣ дучори тардид ва нигаронӣ шаванд ва душманони мо дастафшонӣ ва пойкӯбӣ кунанд, ҳатман шевае ғалат аст.”

Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба ибрози шодмонии душманони инқилоб, гуфт: “Ин оқое, ки имрӯз дар Омрико мехоҳад бо мардуми мо ҳамдардӣ кунад, ёдаш рафта, ки чанд моҳ пеш миллати Эронро терурист номид; ин одаме, ки сар то пояш алайҳи миллати Эрон аст, ҳақ надорад барои мардуми Эрон дилсӯзӣ кунад.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки ин рӯзҳо бархе аз кишварҳои араби минтақа, ки ҳеч вақт бо мардуми Эрон миёнаи хубе надоштанд, пойкӯбӣ мекунанд, тасреҳ кард: “Бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки оё ин шеваи эътироз, шевае дақиқ ва ба нафъи мардум аст ё ба нафъи дигарон?!

Раисиҷумҳури Эрон амнияти миллӣ, оромиш ва инсиҷоми миллӣ, ваҳдат ва бародарӣ дар Эронро бузургтарин сармоя дар минтақа донист ва таъкид кард: “Дар кишвари мо ҳамаи ақвом ва мазоҳиб бародарона бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва мардум дар интихобот нишон доданд, ки чӣ гуна нисбат ба манофеи миллӣ ва ояндаи кишвари худашон ҳассосият доранд.

Руҳонӣ бо ишора ба ин ки агар мардум дар интихобот омаданд ва аксарияти мардум роҳеро интихоб карданд, мо низ дар мақоми амал бояд он роҳе, ки аксарият хостаро шурӯъ карда ва идома диҳем, афзуд: “Таваққӯъот ва мутолиботи мардум, таваққӯъот ва мутолиботи дурусте аст, аммо агар шевае интихоб кардем, ки дар баёни мутолибот ба ҳаққамон, афроде дохил шуданд ва суханоне носаҳеҳ, ғалат, нораво, мушкилофарин, душманшодкун ва мардумнигаронкун матраҳ карданд, қобили қабул нест ва ҳама бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунем.”

Раисиҷумҳури Эрон идома дод: “Ин давлат ҳар он чи ки дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва дар интихобот ба мардум ваъда дода, пойи паймони худаш истода ва мехоҳад дар ин кишвар, ҷавонҳо, донишгоҳҳо ва занон ва мардон ва рустоиён бонишот бошанд ва ҳама талоши худро барои ҳалли мушкилоти мардум ба кор бурдааст. Албатта маъниаш ин нест, ки мушкилоти мардум ҳал шуда ва мардум имрӯз мушкил надоранд, аммо ҳамаи шохисҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нишон медиҳад, ки вазъи кишвари мо нисбат ба 4 сол пеш чанд қадам рӯ ба ҷилав рафтааст.”

Руҳонӣ изҳор дошт: “Имрӯз вазъият ва шароити мо нисбат ба мавзӯъоте ҳамонанди беҳдошт ва дармон, оромиши иқтисодӣ, вазъияти рустоҳо ва кӯмак ба қишрҳои бисёр заъиф нисбат ба гузашта беҳбуд ёфта ва дар масъалаи таҳрим ва ҳуқуқи миллӣ ва таъсиргузории Эрон дар субот ва амнияти минтақа шароити мо мутафовит шудааст, аммо маънии он ин нест, ки ҳамаи мушкилоти мардум ҳал шудааст.

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки мардум дар заминаи масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мушкилоте доранд, хотирнишон кард: “Аммо дар айни ҳол давлат гурӯҳеро, ки бихоҳанд амволи умумиро тахриб кунанд ё назми иҷтимоиро баҳам бизананд ва ё дар ҷомеа иғтишоше эҷод кунанд, ҳатман таҳаммул нахоҳад кард.”

Руҳонӣ афзуд: “Имрӯз давлати Омрико, ки дар дохили ин кишвар бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯст, мӯҷиб шуда мардуми Омрико нисбат ба шароити сиёсӣ ва иҷтимоиашон дар ин кишвар нигарон бошанд.”

Вай бо баёни ин ки раисиҷумҳури Омрико аз рӯзи аввале, ки ба Кохи сафед омада алайҳи миллати Эрон иқдом карда ва барои рафту омад ба Омрико, ироаи визо ва масоили молӣ ва бонкии мардум ҳар рӯз мушкил дуруст мекунад, гуфт: “Касе, ки рӯзона ва ба таври мудовим алайҳи миллати Эрон талош мекунад, наметавонд дилсӯзи миллати Эрон бошад. Ҳамчунин он яке ду кишвари араби минтақа низ, ки дар тӯли ин чанд сол алайҳи миллати Эрон талош карданд ҳам наметавонанд барои миллати Эрон дилсӯзӣ бикунанд.”

Раисиҷумҳури Эрон идома дод: “Аз ҳамаи мақомоти амниятӣ ва нерӯҳои интизомӣ, ки рафторашон бо мардум, рафтори хушунатомезе набуда ва шикебоии худашонро ҳифз кардаанд ташаккур мекунам.”

Руҳонӣ изҳор дошт: “Он чи имрӯз аз ҷавонон ва мардуми азизамон мехоҳам ин аст, ки дар ин шароити ҳассоси минтақа ва кишвар бояд ҳушёриамон бештар бошад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: