Агар эътирозоти Эрон дар як кишвари халиҷӣ иттифоқ меафтод…

Таҳлиле дар рӯзномаи Раъюл-явм

Баъзе аз шаҳрҳои Эрон рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа шоҳиди тазоҳурот ва эътироз ба гаронӣ ва сахтии шароити маишатӣ дар ин кишвар буданд ва мӯътаризин шиорҳое зидди Ҳасани Руҳонӣ ва низ раҳбари ин кишвар сар дода ва ба сиёсатҳои кишварашон эътироз доштанд ва плокордҳое бо шиори “На Ғазза, на Лубнон, ҷонам фидои Эрон!” ҳамл карданд.

Давлати Эрон ин эътирозҳоро ғайриқонунӣ эълом кард ва дар муқобил аз тазоҳуроти муқобили ҷараёни мӯътариз (дар 9 дей) ҳимоят ва пуштибонӣ кард ва даҳҳо ҳазор тан дар бештари шаҳрҳои Эрон дар ҳимоят аз низоми Эрон ба хиёбонҳо омаданд ва эътирозҳоро талоше барои эҷоди фитнаи ҷадид донистанд.

Эрон бо шароити иқтисодии сахте рӯ ба рӯст, ки дар дараҷаи нахуст, натиҷаи муҳосираи иқтисодии ҳодди ин кишвар аз сӯи Омрико ва ҳампаймонони он дар 30 соли гузашта аст. Эрон танҳо замоне тавонист нафти худро комил содир кунад, ки тавофуқи ҳастаиро бо кишварҳои 5+1 имзо кард. Хостаҳои мӯътаризини эронӣ, мубориза бо фасод ва эҳтимом ба шароити сахти маишатии мардум ва беҳбуди он аст, ки хостаи машрӯъе аст ва ҳатто телевизиюни расмии Эрон онро нодида нагирифт ва аъзои ин расона хостори посухгӯӣ ба он шуда ва бахшҳое аз ин эътирозҳоро пӯшиш доданд.

Ҳанӯз мушаххас нест, ин эътирозҳо идома хоҳад дошт ё на?! Аммо хабаргузории Фаронса дар гузорише овардааст: “Рӯзи шанбе ин эътирозҳо сокит буд, ҷуз ин ки даҳҳо тан аз донишҷӯёни Донишгоҳи Теҳрон таҷаммӯъ карданд ва шиорҳое зидди низоми Эрон сар доданд ва хостори озодии боздоштшудагон ва эътои озодӣ шуданд.

Тазоҳуроти рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи Эрон ҳамонанди соли 2009 набуд. Дар он сол ҳазорон тан дар пойтахти Эрон ва шаҳрҳои дигар ба хиёбонҳо омаданд, ва тафовути он ин аст, ки Ҳасани Руҳонӣ, ки дар он замон аз он тазоҳурот ҳимоят мекард, имрӯз шоҳиди тазоҳуроти эрониҳо зидди сиёсатҳои иқтисодии худ аст.

Эътирозҳои Эрон мавҷе аз хушҳолиро дар маҳофили бархе кишварҳои арабӣ ва ба хусус бархе кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст, ҳол он ки як шаҳрванд дар ин кишварҳо ба далели навиштани як қитъа шеър ё як паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дархости ҳаддиақалли ислоҳот, ба дастикам 15 сол зиндон муттаҳам мешаванд ва ҳеч ҳаққе барои омадан ба хиёбонҳо ва эътироз надоранд ва бисёре аз фаъолон ва шахсиятҳои динӣ, дар ҳоли ҳозир ба далели сукут ва бетарафӣ дар ҷараёни бӯҳрони кунунӣ дар миёни кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс дар пушти парда муҷозот мешаванд.

Мақомоти Эрон аммо бар мӯътаризин ва ҳатто касоне, ки аксҳои раисиҷумҳурӣ ва раҳбари Эронро оташ заданд, оташ нагушуданд, дар ҳоле, ки агар ин эътирозҳо дар пойтахти кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс рух медод, даҳҳо тан дар хиёбонҳо ба даст нерӯҳои амниятӣ кушта ва захмӣ мешуданд.

Нархи бекорӣ дар Эрон 10 дарсад камтар аз Арабистон ба унвони бузургтарин содиркунандаи нафт дар ҷаҳон аст ва оморҳо нишон медиҳад, беш аз як милюн шахс дар Арабистон дархости дарёфти мустамиррии бекорӣ аз давлат доранд.

Демукросӣ дар Эрон идеол нест, вале ба мӯътаризин иҷозаи ҳузур дар хиёбонҳо ва эътироз ба низом ва раисиҷумҳур ҳатто раҳбари онро медиҳад, бидуни ин ки тавассути нерӯҳои амниятӣ саркӯб шаванд, ҳатто дар эътирозҳои соли 2009, ки густардатарин эътирозҳо дар таърихи Эрон буд, 32 тан кушта шуданд, ки ниме аз онҳо нерӯи амниятӣ буданд.

Баъид нест, ки тарафҳои хориҷӣ дар барҳам задани амнияти дохилии Эрон нақш дошта бошанд. Кохи сафед рӯз ҷумъа аз як тавофуқи маҳрамона байни Омрико ва “Исроил” барои мумониъат аз густариши барномаҳои ҳастаии Эрон ва мушакҳои болистики он ва муқобила бо Ҳизбуллоҳ дар Лубнон хабар дод. Ин тавофуқҳои махфиёна барои барҳам задани амният ва суботи дохилии кишварҳо мутмаиннан дар хусуси ҳар кишвари арабӣ, ки мухолифи “Исроил” ва ҳимояти Омрико аз ин режим дар ҳафтод соли гузашта буданд вуҷуд дошта ва тасодуфӣ нест, ки Ироқ, Сурия, Либӣ, Алҷазоир ва Яман бузургтарин қурбониёни ин пружаҳо ва тарҳҳо ҳастанд.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: