Адли илоҳӣ (1)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима (1)

Асри мо аз назари динӣ ва мазҳабӣ — хусусан барои табақаи ҷавон — асри изтироб ва дудилӣ ва бӯҳрон аст. Муқтазаёти асру замон як силсила тардидҳо ва суолҳо ба вуҷуд оварда ва суолоти кӯҳна ва фаромӯшшударо низ аз нав матраҳ сохтааст.

Оё бояд аз ин шакку тардидҳо ва пурсуҷӯҳо — ки гоҳе ба ҳадди ифрот мерасад — мутаассиф ва нороҳат буд? Ба ақидаи ман, ҳеч гуна нороҳатӣ надорад. Шак муқаддимаи яқин, пурсиш муқаддимаи вусул, ва изтироб муқаддимаи оромиш аст. Шак маъбари хуб ва лозимест ҳарчанд манзил ва таваққуфгоҳи номуносибест. Ислом, ки ин ҳама даъват ба тафаккур ва яқин мекунад, ба таври зимнӣ мефаҳмонад, ки ҳолати аввалияи башар ҷаҳлу шакку тардид аст ва бо тафаккур ва андешаи саҳеҳ бояд ба сарманзили яқин ва итминон бирасад. Яке аз ҳукамо мегӯяд:

Фоидаи гуфтори моро ҳамин бас, ки туро ба шакку тардид меандозад, то дар ҷустуҷӯи таҳқиқ ва яқин бароӣ”.

Шак нооромӣ аст, аммо ҳар оромише бар ин нооромӣ тарҷеҳ надорад. Ҳайвон шак намекунад, вале оё ба марҳилаи имон ва яқин расидааст?! Он навъ оромиш, оромиши поини шак аст, бар хилофи оромиши аҳли яқин, ки болои шак аст.

Бигзарем аз афроди маъдуди таъйидшуда аз сӯи Худованди Мутаъол, дигар аҳли яқин аз манзили шакку тардид гузаштаанд, то ба мақсади имону яқин расидаанд. Пас, сирфи ин ки асри мо асри шак аст, набояд далел бар инҳитот ва инҳирофи замони мо талаққӣ шавад. Мусалламан ин навъ аз шак, аз оромишҳои соддалавҳонае, ки бисёр дида мешавад поинтар нест. Он чи метавонад мояи таассуф бошад ин аст, ки шакки як фард ӯро ба сӯи таҳқиқ наронад.

* * *

Ин банда (Мутаҳҳарӣ) аз ҳудуди 20 сол пеш, ки қалам ба даст гирифта, мақола ё китоб навиштаам, танҳо чизе, ки дар ҳамаи навиштаҳоям онро ҳадаф қарор додаам, ҳалли мушкилот ва посухгӯӣ ба суолоте аст, ки дар заминаи масоили исломӣ дар асри мо матраҳ аст.

Навиштаҳои ин банда бархе фалсафӣ, бархе иҷтимоӣ, бархе ахлоқӣ, бархе фиқҳӣ ва бархе таърихӣ аст. Бо ин ки мавзӯоти ин навиштаҳо комилан бо якдигар муғойир аст, ҳадафи куллӣ аз ҳамаи инҳо як чиз буда ва бас.

Дини муқаддаси ислом як дини ношинохта аст. Ҳақоиқи ин дин тадриҷан дар назари мардум вожгуна шудааст, ва иллати асосии гурези гурӯҳе аз мардум, таълимоти ғалате аст, ки ба ин ном дода мешавад. Ин дини муқаддас дар ҳоли ҳозир беш аз ҳар чизи дигар аз ноҳияи бархе аз касоне, ки муддаии ҳимоят аз он ҳастанд зарба ва садама мебинад. Ҳуҷуми истеъмори ғарбӣ бо авомили маръӣ ва номаръияш аз як тараф, ва қусур ё тақсири бисёре аз муддаиёни ҳимоят аз ислом дар ин аср аз тарафи дигар, сабаб шуда, ки андешаҳои исломӣ дар заминаҳои мухталиф — аз усул гирифта то фурӯъ — мавриди ҳуҷум ва ҳамла қарор гирад. Бад-ин сабаб, ин банда вазифаи худ дидааст, ки дар ҳудуди тавоноӣ, дар ин майдон анҷоми вазифа намояд.

Ҳамчунонки дар бархе аз навиштаҳои худ ёдовар шудаам, интишороти мазҳабии мо аз назари назм вазъи номатлубе дорад. Бигзарем аз осор ва навиштаҳое, ки асосан музир (зараровар) ва мояи беобрӯӣ аст. Осор ва навиштаҳои муфид ва судманди мо низ бар асоси муҳосибаи эҳтиёҷот ва дараҷабандии заруратҳо сурат нагирифтааст; ҳар касе ба салиқаи худ он чиро муфид медонад менависад ва мунташир мекунад, басе масоили зарурӣ ва лозим, ки як китоб ҳам дар бораи онҳо навишта нашудааст, ва басе мавзӯот, ки беш аз ҳадди лозим китобҳое дар бораи онҳо навишта шуда ва пушти сари ҳам навишта мешавад.

Аз ин назар, монанди кишваре ҳастем, ки иқтисодаш пояи иҷтимоӣ надорад; ҳар касе ба салиқаи худ ҳар чӣ мехоҳад тавлид мекунад ва ё аз хориҷ ворид менамояд, бидуни он ки як нерӯи ҳисобгар онҳоро раҳбарӣ кунад ва мизони тавлиди коло ё ворид кардани колоро бар тибқи эҳтиёҷоти зарурии кишвар, таҳти контрол дароварад. Ба иборати дигар, ҳама чиз ба дасти “тасодуф” супурда шудааст. Бадеҳӣ аст, ки дар чунин вазъе, бархе колоҳо беш аз ҳадди лузум ва тақозо арза мешавад ва бемасраф мемонад ва бархе колоҳо ба ҳеч ваҷҳ дар бозор ёфт намешавад.

Ин ки роҳи илоҷ чист? Содда аст. Ҳастаи аввалии ин кори ислоҳиро ҳамкорӣ ва ҳамфикрии гурӯҳе аз аҳли таълифу таснифу мутолиа метавонад ба вуҷуд оварад.

Вале мутаассифона ғолибан мо ончунон шефта ва ошиқи салиқаи худ ҳастем, ки ҳар кадом фикр мекунем танҳо роҳи саҳеҳ ҳамон аст, ки худи мо ёфтаем. Ман гоҳе ба бархе аз аҳли таълиф ин пешниҳодро арза кардаам, аммо онҳо ба ҷои истиқбол, ранҷида ва инро навъе тахтиаи салиқаи худ талаққӣ кардаанд…

* * *

Матолиби ин китоб тадвинёфта ва тафсилдодашудаи чанд суханронӣ аст, ки дар муассисаи исломии Ҳусайнияи Иршод эрод шудааст. Албатта, он чи ба сурати суханронӣ эрод мешавад — лоақал суханрониҳои ман инчунин аст — қобили чоп шудан нест, магар ин ки аз нав дасткорӣ шавад. Ба илова, вақте ки биност чоп шавад, наметавон ба матолибе, ки ба сурати суханронӣ адо шуда қаноат кард. Ин буд, ки ҳам дар чопи аввал ва ҳам дар чопи дуввум, муҷаддадан баҳсро мавриди мутолиа қарор додам ва матолиби зиёде бар асл афзудам.

Дар чопи дуввум, дар ҳудуди як панҷум бар матолиби чопи аввал афзуда шуд, ба илова ислоҳоте лафзӣ ва тағйироте аз лиҳози назму тартиби матолиб ба амал омад. Аз ин рӯ, ин китоб дар ин чоп бо чеҳраи нисбатан тағйирёфтае мунташир мешавад.

Он чи дар бораи мабоҳиси ин китоб метавонам бигӯям ин аст, ки ҳама, мабоҳисе “интихобшуда” аст, ҳеч як ба таври тасодуф ва ба мӯҷиби иллатҳои иттифоқӣ тарҳ нашудааст. Инҳо масоиле аст, ки фаровон аз тарафи гурӯҳҳои мухталиф, ба хусус табақаи ҷавон, бо ман дар миён гузошта мешавад. Он чи дар ин китоб овардаам, дар ҳақиқат як посухи умумӣ аст ба ҳамаи касоне, ки мукаррар дар ин замина аз ман пурсишҳое карда ва мекунанд. Фаровонии пурсишҳо дар ҳаддест, ки лозим омад посухи умумӣ таҳия шавад.

Мабоҳиси тарҳшуда, ҳам ҷанбаи нақлӣ дорад ва ҳам ҷанбаи ақлӣ. Бадеҳӣ аст, ки аз ҷанбаи нақлӣ ба оятҳои каримаи Қуръон ва ривоятҳои нақлшуда аз Расули Акрам ва имомони атҳор (Салавотуллоҳи алайҳи ва алайҳим) истинод шудааст. Аммо аз ҷанбаи ақлӣ ба ду гуна мумкин буд баҳс шавад: каломӣ ва фалсафӣ. Вале назар ба ин ки машраби истидлолии мутакаллимонро дар ин гуна масоил саҳеҳ намедонам ва баръакс, машраби ҳукамои исломиро саҳеҳ ва мутқан медонам, аз сабки мутакаллимон ба таври куллӣ парҳез кардам ва аз сабки ҳукамо истифода кардам. Албатта ҳар ҷо, ки муқтазӣ буда ба машраби аҳли калом ва аҳёнан ба бархе машрабҳои дигар аз қабили машраби аҳли ҳадис ва машраби асҳоби ҳисс низ ишора кардаам.

Аҳли фанн медонанд, ки ҳукамои (фалосифаи) исломӣ — бар хилофи мутакаллимон — дар илоҳиёт бобе таҳти унвони “Адл” боз накардаанд. Ақоиди ҳукаморо дар бораи ин масъала аз лобалои соири мабоҳис бояд ба даст овард. Аз ин рӯ, ин баҳс барои ман холӣ аз душворӣ набуд.

Ман то кунун дар миёни осори ҳукамо ба рисола ё мақола ё фасле бархӯрд накардаам, ки мустақиман масъалаи “Адли илоҳӣ”-ро тарҳ карда бошанд ва ба сабки ҳакимона дар ин мавзӯъ баҳс карда бошанд. Ибни ан-Надим дар “Ал-феҳрист” менависад: “Яъқуб ибни Исҳоқи Кендӣ рисолае дар адли илоҳӣ навиштааст.” Ман намедонам ин рисола акнун мавҷуд аст ё на? Ва ҳам намедонам, ки онро ба сабки ҳакимона навиштааст ё ба шеваи мутакаллимона. Бархе аз ҳукамо монанди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ дар навиштаҳои худ ба сабки мутакаллимон ворид ва хориҷ шудаанд, аммо агар орои ҳикамии онҳоро милок қарор диҳем, бояд бигӯем ғаразашон баёни иқноъӣ ва хитобӣ буда, на бурҳонӣ.

Яъқуб ибни Исҳоқи Кендӣ, ки Ибни ан-Надим аз китобе аз ӯ ёд мекунад, ақдами ҳукамои исломӣ аст ва чун аз нажоди араб аст, ба “файласуфи араб” маъруф аст. Баъид аст, ки Кендӣ ба шеваи мутакаллимон баҳс карда бошад, қоъидатан ба шеваи ҳукамо ворид ва хориҷ шудааст.

Ахиран аз яке аз фузалои олиқадр шунидам, ки шайхи фалосифаи ислом Абӯалӣ ибни Сино рисолаи кӯчаке дар ин мавзӯъ навиштааст ва ин рисола дар посухи суоле будааст, ки аз он ҳаким дар ин масъала шудааст, вале мутаассифона ин банда ҳанӯз ба он рисола ё мақола даст наёфтааст.

Алорағми кӯтоҳии ҳукамо дар тарҳи ин масъала, мутакаллимон ба иллатҳои хосси мазҳабӣ ва таърихӣ, баҳс дар адли илоҳиро сарлавҳаи мабоҳиси худ қарор додаанд. Баҳси адл дар калом ончунон асолат ёфт, ки гурӯҳҳо бо ин асл мушаххас шуданд.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: