Перейти к содержимому

Бонуи мусалмоне, ки барои интихоботи 2018 Русия номзад шуд, кист?

Масъули бузургтарин расонаи мусалмонони Русия тасмими худ барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2018-ро расмӣ кард.

Айна Гамзатова, бонуи 46-солаи аҳли Доғистон, тасмими худ барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2018-ро расмӣ кард. Ӯ қасд дорад бо Владимир Путин, раисиҷумҳури феълии Русия ва соири номзадҳои ин интихобот, рақобат кунад.

Ду рӯз пас аз он ки Гамзатова дар сафҳаи Фейсбукаш аз тасмими худ барои номзадӣ дар интихобот хабар дод, садҳо нафар аз ҳаводорони вай дар Махачқалъа, пойтахти Ҷумҳурии Доғистон гирди ҳам омаданд, то аз тасмими вай истиқбол кунанд.

Гамзатова дар ҳоли ҳозир масъули бузургтарин расонаи мусалмонони Русия яъне пойгоҳи Islam.ru аст. Ин расона дар радио, телевизиюн ва рӯзномаҳо ва маҷаллот низ фаъол аст.

Айна Гамзатова ҳамчунин чандин китоб дар бораи ислом навишта ва як муассисаи хайрияро мудирият мекунад.

Аҳмад Абдуллоев, муфтии Доғистон, шавҳари кунунии ӯст. Муҳаммад Абӯбакров, ҳамсари нахусти ӯ, дар инфиҷори худраве дар соли 1998 кушта шуд. Қотилони ӯ ҳеч гоҳ шиносоӣ нашуданд, танҳо ҳамин миқдор ошкор шуда буд, ки салафиҳои ин ҷумҳурӣ будаанд.

Номзадии Гамзатова ба хабаре доғ дар ҷомеаҳои исломӣ табдил шудааст. Дар ҳоле, ки бархе мухолифи номзадии вай шуданд, бархе дигар номзадии ӯро таҳсин кардаанд.

Оиша Анастасия Корчагона, бонуи равоншинос дар Маскав, ки ба ислом гиравидааст, гуфт: “Ӯ ба андозаи кофӣ шуҷоъ аст, ки аз ҳаққи қонунии худ, ки ба тамоми русҳо эъто шуда барои раисиҷумҳур шудан баҳра бигирад. Ӯ ба андозаи кофӣ шуҷоъ аст, ки як корзори интихоботии ҷиддиро пайгирӣ кунад.”

Ғадирбек Ғадирбеков, муовини вазири варзиши Доғистон ва қаҳрамони собиқи бокс ҳам дар Инстаграми худ навишт: “Ҳатто агар ӯ дар интихобот пирӯз нашавад, мардум хоҳанд фаҳмид, ки зане муҳаҷҷаба на танҳо зан ва модари дилсӯз аст, балки зане таҳсилкарда, ҳушманд ва мӯҳтарам аст.”

Аммо агар тамоми 20 милюн ҷамъияти мусалмони Русия ба ӯ раъй бидиҳанд, боз ҳам шонси пирӯзии ӯ бисёр кам аст. Закир Магомедов, веблогнависи машҳури Доғистон навишт: “Албатта ӯ раисиҷумҳур намешавад. Ҳатто баҳс дар мавриди он, аҳмақона аст.”

Бо ин ҳама, Магомедов навишт: “Аммо ӯ орои болое ба даст хоҳад овард ва Путин орои суннатии 146 дарсадиро аз миллат нахоҳад гирифт.”

Гуфтанист, Путин барои чаҳорумин бор дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Русия номзад шуда ва Кумисиюни интихоботи ин кишвар номзадии вайро таъйид кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: