Перейти к содержимому

Талош барои кудето алайҳи подшоҳи Ӯрдун бо кӯмаки Арабистон ва Аморот

Як расонаи омрикоӣ аз талоши се шоҳзодаи ӯрдунӣ барои кудето алайҳи подшоҳи ин кишвар бо кӯмакҳои Арабистон ва Аморот парда бардошт.

Пойгоҳи хабарии Breitbart ба нақл аз манобеъ навишт, ки дастгоҳҳои иттилоотӣ тамосҳое байни бародарон ва писарамуи Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Ӯрдун, бо мақомоти саудӣ ва аморотӣ барои кудето алайҳи вай расад кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, подшоҳи Ӯрдун ахиран ба манзури ҷилавгирӣ аз кудето, тайи фармоне, шоҳзода Файсал ва шоҳзода Алӣ бен Ҳусайн, ду бародар ва ҳамчунин Талол бен Маҳмуд, писарамуи худро барканор кард ва мансабҳои низомии онҳо дар артиши Ӯрдунро бозпас гирифт ва ин се шоҳзода ҳамакнун дар иқомати иҷборӣ ба сар мебаранд.

Ин расона навишт, ки ин се шоҳзода бо фармондеҳони саудӣ барои кудето алайҳи Малик Абдуллоҳи дуввум дар ҳоли барномарезӣ буданд.

Ба навиштаи ин пойгоҳ, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, талош кард, ки монеъ аз ҳузури Малик Абдуллоҳи дуввум дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар бораи Қудс, ки ахиран дар шаҳри Истонбул баргузор шуд, бишавад, аммо подшоҳи Ӯрдун бар хилофи майли ӯ дар ин нишаст ҳозир шуд, ва ин дар ҳолест, ки Арабистон як масъули радаи поинро ба ин нишаст эъзом кард.

Ин гузориш дар бораи равобити Ӯрдун ва Арабистон навишт, ки равобити ин ду кишвар дар пайи сиёсатҳо ва иқдомоти Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, ки барои тағйири сохтори қудрат дар ин кишвар талош мекунад, бӯҳронӣ аст.

Ин гузориш ба нақл аз як мақоми ӯрдунӣ навишт: “Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, бо ӯрдуниҳо ва низ Ташкилоти худгардони Фаластин бархӯрди баде дорад.”

Ба гуфтаи ин мақоми ӯрдунӣ, Муҳаммад бен Салмон гӯӣ бо ӯрдуниҳо ва фаластиниён ҳамчун навкари худ рафтор мекунад ва гӯӣ, ки ӯ арбоби онҳост ва онҳо бояд ба ҳар чи ӯ дастур медиҳад амал кунанд.

Бар пояи ин гузориш, Абдуллоҳи дуввум ба далели барқарории равобити мустаҳкам бо Қатар ва Туркия, хашми шоҳзодаҳои саудӣ ва аморотиро барангехтааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: