Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

(Ду достони зебо ва дарсомӯз)

Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

Арабе биёбонӣ вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то магар аз Расули Худо симу заре бигирад. Ҳангоме ворид шуд, ки Расули Акрам дар миёни анбӯҳи асҳобу ёрони худ буд. Ҳоҷати хешро изҳор кард ва атое хост.

Расули Акрам чизе ба ӯ дод, вале ӯ қонеъ нашуд ва онро кам шумурд, ба илова сухани дурушт ва ноҳамворе бар забон овард ва нисбат ба Расули Худо ҷасорат кард.

Асҳобу ёрон сахт дар хашм шуданд ва чизе намонда буд, ки озоре ба ӯ бирасонанд, вале Расули Худо монеъ шуд.

Расули Акрам баъдан аъробиро бо худ ба хона бурд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак кард. Зимнан аъробӣ аз наздик мушоҳида кард, ки вазъи Расули Акрам ба вазъи руасо ва ҳуккоме, ки то кунун дида шабоҳат надорад ва зару хостае дар онҷо ҷамъ нашуда.

Аъробӣ изҳори ризоят кард ва калимае ташаккуромез бар забон ронд. Дар ин вақт Расули Акрам ба ӯ фармуд:

— Ту дирӯз сухани дурушт ва ноҳамворе бар забон рондӣ, ки мӯҷиби хашми асҳобу ёрони ман шуд. Ман метарсам аз ноҳияи онҳо ба ту газанде бирасад. Вале акнун дар ҳузури ман ин ҷумлаи ташаккуромезро гуфтӣ. Оё мумкин аст ҳамин ҷумларо дар ҳузури ҷамъият бигӯӣ, то хашму нороҳатӣ, ки онон нисбат ба ту доранд аз байн биравад?

Аъробӣ гуфт:

— Монеъе надорад.

Рӯзи дигар аъробӣ ба масҷид омад, дар ҳоле, ки ҳама ҷамъ буданд. Расули Акрам рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд:

— Ин мард изҳор медорад, ки аз мо розӣ шуда, оё чунин аст?

Аъробӣ гуфт:

— Чунин аст.

… ва ҳамон ҷумлаи ташаккуромез, ки дар хилват гуфта буд, такрор кард. Асҳоб ва ёрони Расули Худо хандиданд.

Дар ин ҳангом Расули Худо рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд:

— Масали ман ва ин гуна афрод, масали ҳамон мардест, ки шутураш рамида буд ва фирор мекард, мардум ба хиёли ин ки ба соҳиби шутур кӯмак бидиҳанд, фарёд карданд ва ба дунболи шутур давиданд. Он шутур бештар рам кард ва фироритар шуд. Соҳиби шутур мардумро бонг зад ва гуфт, хоҳиш мекунам касе ба шутури ман коре надошта бошад, ман худам беҳтар медонам, ки аз чӣ роҳ шутури хешро ром кунам. Ҳамин ки мардумро аз таъқиб боздошт, рафт ва як мушт алаф бардошт ва ором-ором аз ҷилави шутур берун омад. Бидуни он ки наърае бизанад ва фарёде бикашад ва бидавад, тадриҷан дар ҳоле, ки алафро нишон медод, ҷилав омад. Баъд бо камоли суҳулат маҳори шутури хешро дар даст гирифт ва равон шуд.

Агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин аъробии бечора ба дасти шумо кушта шуда буд — ва дар чӣ ҳоли баде кушта шуда буд, дар ҳоли куфру бутпарастӣ — вале монеъи дахолати шумо шудам ва худам бо нармӣ ва мулоимат ӯро ром кардам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Куҳлул-басар”)

* * *

Имом Боқир ва марди масеҳӣ

Имом Боқир, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом, лақабаш “Боқир” аст. Боқир яъне шикофанда. Ба он ҳазрат “Боқирулулум” мегуфтанд, яъне шикофандаи донишҳо.

Марде масеҳӣ, ба сурати сухрия ва истеҳзо калимаи “боқир”-ро тасҳиф кард ба калимаи “бақар” яъне гов, ба он ҳазрат гуфт:

— Анта бақар, яъне ту говӣ.

Имом бидуни он ки аз худ нороҳатӣ нишон бидиҳад ва изҳори асабоният кунад, бо камоли соддагӣ гуфт:

— На, ман бақар нестам, ман боқирам.

Масеҳӣ гуфт:

— Ту писари зане ҳастӣ, ки ошпаз буд.

Имом фармуд:

— Шуғлаш ин буд, ору нанге маҳсуб намешавад.

Масеҳӣ гуфт:

— Модарат сиёҳу бешарму бадзабон буд.

Имом фармуд:

— Агар ин нисбатҳо, ки ба модарам медиҳӣ рост аст, Худованд ӯро биёмурзад ва аз гуноҳаш бигзарад, ва агар дурӯғ аст, аз гуноҳи ту бигзарад, ки дурӯғу ифтиро бастӣ.

Мушоҳидаи ин ҳама ҳилм аз марде, ки қодир буд ҳама гуна мӯҷиботи озори як марди хориҷ аз дини исломро фароҳам оварад, кофӣ буд, ки инқилобе дар руҳияи марди масеҳӣ эҷод намояд ва ӯро ба сӯи ислом бикашонад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: