“Набояд боз ҳам мӯътаризонро ба хиёбон бикашем, баъд танҳояшон бигузорем”

Намояндаи собиқи Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, Тромп бояд зимни бозгардондани таҳримҳои таълиқшудаи Эрон ва эъмоли таҳримҳои ҷадид, аз таърих дарс бигирад ва дигар монанди моҷароҳои Лаҳистон ва Ироқ, мӯътаризонро дар хиёбон танҳо нагузорад.

Ҷон Болтон (John Bolton), намояндаи асбақи Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз мушовирони давлати Дунолд Тромп, раисиҷумҳури феълии ин кишвар, имрӯз хостори “иқдоми амалӣ”-и давлати кишвараш дар ҳимоят мӯътаризони рӯзҳои ахири Эрон шуд.

Болтон, ки бо шабакаи Foxnews мусоҳиба мекард, бо баёни ин ки Тромп бояд аланан аз мӯътаризон ҳимоят кунад, пешниҳодҳое ба давлати Тромп ироа кард.

Рӯзномаи New York Times пас аз интишори твиттҳои Тромп дар ҳимоят аз мӯътаризон, гуфта буд, ки барои Тромп, беҳтарин кор дар шароити феълӣ, “сокит мондан” аст.

Ҷон Болтон дар радди ин назария гуфт: “Бархе дар Омрико мегӯянд, ки набояд ин корро кард, чун ки сигноли иштибоҳ ба самти Эрон мефиристад; мардумм Эрон бояд бидонанд, ки дунё наззорагар ва тарафдори онҳост.”

Вай сипас бо ишора ба мавзеъи сенотур Линдси Гроҳом дар хусуси Эрон, гуфт: “Ман бо Линдси Гроҳом мувофиқам; Омрико бояд иқдоме амалӣ анҷом диҳад.”

Болтон афзуд: “Раисиҷумҳур бояд аз тавофуқи ҳастаӣ берун биёяд ва ҳамаи таҳримҳои таълиқшудаи Эронро муҷаддадан эъмол кунад; ӯ бояд ба Кунгра биравад ва тасвиби таҳримҳои сахттар алайҳи Эронро хостор шавад; ӯ бояд ба урупоиҳо бигӯяд, ки аз идомаи сиёсати тавозуни ахлоқӣ дар қиболи Эрон даст бардорад ва ба самти мардуми Эрон биравад; раисиҷумҳур бояд ниёзи ҷунбиши муқовимати эрониён ба пулро низ бароварда кунад.”

Ҷон Болтон сипас бо баршумурдани собиқаи таърихии касоне, ки ба умеди ҳимояти лафзии омрикоиҳо ба хиёбон омадаанд, гуфт, ки ин бор набояд таърих такрор шавад.

Вай дар ин хусус гуфт: “Омрико намехоҳад дар ҳамон мавзеъе бошад, ки дар соли 1956 нисбат ба мардуми Лаҳистон буд ва ё ҳамон мавзеъе, ки соли 1991 нисбат ба мардуми Ироқ гирифт; он солҳо, мо опозисиюнро ба хиёбонҳо фаро хондем; онҳо ҳам омаданд, вале дар идома мо фақат саллохии онҳо тавассути ҳуккоми Шӯравӣ ва Саддом Ҳусайнро наззорагар шудем.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: