Натонёҳу: “Рӯзе, ки режими Эрон соқит шавад, ва албатта он рӯз хоҳад расид, эрониҳо ва исроилиҳо боз ҳам дӯстони бисёр хуби ҳам хоҳанд шуд”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ бо баёни ин ки низоми Эрон “талоши зиёде барои коштан базри ихтилоф миёни мо ва миллати Эрон ба кор бастааст” тасреҳ кард: “Вале режим пирӯз нахоҳад шуд. Рӯзе, ки ин режим соқит шавад ва албатта он рӯз хоҳад расид, эрониҳо ва исроилиҳо боз ҳам дӯстони бисёр хуби ҳам хоҳанд шуд.”

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, асри душанбе (01.01.2018) дар паёме видеоӣ, бо баёни ин ки “эрониҳо шоистаи вазъияти беҳтаре ҳастанд” гуфт: “Эрониён дар пайи озодиҳои асосӣ ҳастанд, ки дар чандин даҳаи ахир аз он маҳрум шудаанд. Режими золими Эрон даҳҳо милёрд дулор барои густариши хушунат ҳазина кардааст, ва ин пул метавонист сарфи сохти бемористон ва мадраса шавад.”

Вай афзуд: “Шакке нест, ки эътирозкунандаҳо падарону модароне ҳастанд, ки ба хиёбонҳо омадаанд, аммо режим аз онҳо, ки мардуми худаш ҳастанд, тарсидааст, ба ҳамин хотир аст, ки онҳо донишҷӯёнро зиндонӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро филтер мекунанд.”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар идома гуфт: “Мутаассифона, бисёре аз давлатҳои урупоӣ дар сукут аз ин авзоъ ҳастанд, ва ин дар ҳолест, ки қаҳрамонони ҷавони эронӣ дар хиёбонҳо кутак мехӯранд, ин дуруст нест ва ман ба саҳми худам, сокит нахоҳам монд.”

Бенёмин Натонёҳу дар бахши поёнии ин паёми видеоӣ, муддаии вуҷуди рафоқат миёни миллати Эрон ва “исроилиҳо” шуд ва гуфт: “Ин режим талоши зиёде барои коштан базри ихтилоф миёни мо ба кор бастааст, вале онҳо пирӯз нахоҳанд шуд. Рӯзе, ки ин режим соқит шавад ва албатта он рӯз хоҳад расид, эрониҳо ва исроилиҳо боз ҳам дӯстони бисёр хуби ҳам хоҳанд шуд.”

Вай афзуд: “Ман мутмаиннам, ки тарс пирӯз нахоҳад шуд, чун мардуми Эрон мардумоне боҳуш, печида ва мағрур ҳастанд; умедворам мардумони Эрон дар мутолибаи шарофатмандонаи озодӣ муваффақ шаванд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: