Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (233)

Қиссаи суол кардани Оиша (Разияллоҳу анҳо) аз Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки имрӯз борон борид, чун ту сӯи гӯристон рафтӣ, ҷомаҳои ту чун тар нест? (3)

* * *

Хештан машғул месозанду ғарқ,

Чашм медузданд аз ин ламъони барқ.

Мункирон худро дар умури дунявӣ ғарқу машғул мекунанд, то ба асроре, ки авлиёуллоҳ баён мекунанд эътино нанамоянд. Ва ҳамчунин чашмони худро мебанданд, то нури дурахшони авлиё ва асрори дурахшандаи ононро мушоҳида накунанд.

Ламъон: мухаффафи “ламаъон” ба маънии дурахшидан, дурахшандагӣ.

Чашм медузданду он ҷо чашм не,

Чашм он бошад, ки бинад маъмане.

Ин мункирон чашми худро мебанданд, дар ҳоле ки воқеан чашм надоранд. Зеро дар ҳақиқат чашм он аст, ки паноҳгоҳи илоҳиро мушоҳида кунад ва худро даруни он барад, то аз хатари шайтон маҳфуз бимонад.

Маъман: ҷои амн, паноҳгоҳ.

Чун зи гӯристон паямбар бозгашт,

Сӯйи Сиддиқа шуду ҳамроз гашт.

Дар инҷо Мавлоно ба сурати ҳикоят бозмегардад: ҳамин ки Паёмбар (с) аз гӯристон бозгашт, назди ҳазрати Оиша (р) рафт ва бо вай ҳамроз шуд.

Чашми Сиддиқа чу бар рӯяш фитод,

Пеш омад, даст бар вай мениҳод.

Ҳамин ки чашми ҳазрати Оиша (р) ба рӯи Расули Худо (с) афтод, пеш омад ва дасташро бар Расули Худо ниҳод.

Бар ъимома-в рӯйи ӯву мӯйи ӯ,

Бар гиребону бару бозӯйи ӯ.

Ҳазрати Оиша (р) бар дастору рӯю мӯю ришу яқаву синаву бозуи он ҳазрат даст суд.

Гуфт пайғамбар: чӣ меҷӯйӣ, шитоб?

Гуфт: борон омад имрӯз аз саҳоб.

Паёмбар (с) фармуд: бо ин шитоб дунболи чӣ ҳастӣ? Оиша (р) гуфт: имрӯз ҳаво абрӣ буд ва борон борид.

Саҳоб: абр.

Ҷомаҳоят мебиҷӯям дар талаб,

Тар намеёбам зи борон, эй аҷаб!

Ҳазрати Оиша (р) гуфт: дар ҷустуҷӯи либосҳоят ҳастам, мехоҳам бибинам оё аз он борон хис шудааст ё на? Вале шигифто, ки бо вуҷуди борандагӣ, либосҳоятро хис намебинам.

Гуфт: чӣ бар сар фикандӣ аз изор?

Гуфт: кардам он ридои ту химор.

Ҳазрати Паёмбар (с) ба Оиша (р) фармуд: чӣ пӯшише бар сарат афкандӣ? Оиша (р) гуфт: ридои туро.

Изор: ҳар ҷома, ки танро мепӯшонад. Ридо: ҷомае, ки бар худ мепечанд. Химор: сарандоз, рӯсарӣ.

Гуфт: баҳри он намуд, эй покҷайб!

Чашми покатро Худо борони ғайб.

Ҳазрати Паёмбар (с) фармуд: эй Оишаи покдоман! Ба ҳамон ҷиҳат Худои Таъоло бар чашми покат борони олами ғайбро намоён сохт.

Покҷайб: покдоман.

Нест он борон аз ин абри шумо,

Ҳаст абре дигару дигар само.

Он бороне, ки дидӣ, аз абри ин осмон набуд, балки аз абри дигар ва осмони дигар буд.

Само: осмон.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: