Шиллики ду рокет аз Ғазза ба ҷануби “Исроил”

Хабаргузории “Маъан”-и Фаластин соате пеш гузориш кард, ду рокет аз навори Ғазза ба ҷануби “Исроил” шиллик шудааст.

Ин хабаргузории фаластинӣ ба нақл аз манобеи саҳюнистӣ таъкид кард, ки яке аз рокетҳо дар наздикии шаҳраки Ашкул дар ҷануби “Исроил” исобат кардааст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ муддаӣ шуданд, ки ин рокет хасорати моддӣ ва талафоти ҷонӣ надошт ва артиши “Исроил” дар ҳоли ҷустуҷӯи бақоёи рокет ҳастанд.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин муддаӣ шуд: “Ба назар мерасад ин рокет аз шаҳри Хонюнус шиллик шуда бошад

Пештар режими саҳюнистӣ эълом карда буд, ки аз замони эъломи тасмими Тромп то кунун, 32 рокет аз навори Ғазза ба “Исроил” шиллик шудааст.

Гуфтанист, як моҳ пеш Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохт, аз он замон Фаластин саҳнаи даргирӣ миёни фаластиниҳои мӯътариз ва артиши режими саҳюнистӣ аст.

Ин тасмими Тромп, ки нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ аст, бо мухолифатҳои бисёре чӣ дар дохили Омрико ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Бар ҳамин асос, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар мухолифат бо тасмими Тромп дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, қатъномаеро бо 128 раъйи мувофиқ, 9 раъйи мухолиф ва 35 раъйи мумтанеъ тасвиб кард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: