Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (146)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (14)

Қонуни такопӯи диалектикии табиат (5)

Матни мақола:

Тарафдорони материализми диалектик қонуни таҳаввулу такомули табиатро аз роҳи дигар тавзеҳ додаанд ва мегӯянд:

Воқеияти хориҷӣ, ки мусовӣ аст бо “модда — макон — замон” чун замон (буъди чаҳорум)-ро дарбар дорад, ночор тағйир ёфта ва нафй хоҳад шуд. (1) Ва албатта ин нафй, нисбӣ буда ва мавзӯъро маъдуми мутлақ намекунад, вагарна риштаи ҳодиса, ки бо ҳаракат пеш меравад, қатъ мешавад, ва ҳамин нафй низ нафй хоҳад шуд ва ҳамчунин…

Пас, агар падидаеро мабдаъ қарор диҳем, падидаи номбурда дар лаҳзаи аввал исбот аст ва дар лаҳзаи дуввум нафй хоҳад шуд ва дар лаҳзаи севвум ин нафй низ нафй мешавад (нафйи нафй) ва бо манфӣ шудани нафй, исбот бармегардад, вале чун нафй чунонки гуфта шуд нисбӣ аст (2), исботро ба куллӣ барнамедорад ва нафй намекунад, ва ҳамчунин нафйи нафй низ нафйро маъдуми мутлақ намекунад. Аз ин рӯй дар нафйи нафй, ҳам исбот ва ҳам нафй мавҷуд аст, яъне исбот ба сурати комилтаре зуҳур мекунад.

Пас, “нафйи нафй” ҳосили ҷамъи  “исбот+нафй” аст, вале на ҳосили ҷамъи ҷабрӣ, ки мусовӣ бо сифр буда, балки ҳосили ҷамъи диалектикии исботу нафй, ки мусовӣ аст бо нафйи нафй яъне исбот бо шароити ҷадид ва вуҷуди комилтар. Ва ҳамчунин агар нафй (мавзӯъ дар лаҳзаи дуввум)-ро мабдаъ қарор диҳем, нисбат ба марҳилаи баъд аз худ исбот аст, ва марҳилаи пас аз вай (нафйи нафй) нафйи вай мешавад ва марҳилаи пас аз ин марҳила (мавзӯъ дар лаҳзаи чаҳорум) нафйи нафй хоҳад буд, ва ба ҳамин тартиб силсилаи такомул дуруст мешавад.

Ва бояд донист, ки дар зуҳури такомул аз тахаллули нафй дар миёни “исбот” ва “нафйи нафй” гузире нест, зеро то исбот нафй нашавад, навбат ба нафй, ки мисдоқи такомул аст нарасида исбот дар ҷои худ собит мемонад.

Масалан, тухми мурғ, ки яке аз падидаҳои табиат ва саргарми таҳаввулу такомул аст, дорои феълияте аст, ки ҳофизи вазъи ҳозири ӯ мебошад ва дар айни ҳол муштамил бар қувваҳои мутазодде аст, ки бо фаъолияти худ мехоҳанд феълияти ӯро мунҳадим сохта ва феълияти тозатаре ба вай диҳанд. Пас, агар тухми мурғро мабдаъ қарор диҳем, тухм мурғ исбот аст ва дар лаҳзаи дигар ҷӯҷа ба амал омада ва тухми мурғро нафй мекунад (3) ва дар лаҳзаи севвум ҷӯҷа нафй шуда ва худи мурғ ба вуҷуд меояд, ки нафйи нафйи тухм ва нафйи ҷӯҷа мебошад, ва ҳамчунин гандум ва соқаи гандум ва хӯшаи гандум ба тартиб исбот ва нафй ва нафйи нафй ҳастанд ва ба ҳамин қиёс…

Мегӯянд, бо истиқрори ин қонун дар табиат, манзарае тоза дар пеши дидагони мо намудор шуда ва мебинем, ки дар ҷаҳони табиат ҳеч падидае айният ва субот надорад ва мебинем вуҷуд ва адам (зиддайн ба истилоҳи диалектик) бо ҳам камоли ошноӣ ва ягонагӣ дошта ва ҷамъ мешаванд, ва аз ин рӯй фарҳанги имрӯза ба афсонаи асолати айният ва субот ва истиҳолаи иҷтимоъи зиддайн гӯш намедиҳад.

Тарафдорони материализми диалектик ин қонунро, ки “қонуни такопӯи табиат” номида ва пояҳои сегонаи онро гоҳе ба номи “тез, антитез, синтез” ва гоҳе “исбот, нафй, нафйи нафй” ва гоҳе “ҳукм, зидди ҳукм, ҳукми мураккаб” мехонанд (4) рӯи се поя устувор карда ниҳояти аҳаммият ба вай медиҳанд ва дар ҳамаи мавориде, ки намоиши ҳаракат ва пешрафт ва таҳаввулу такомул дар вай ҳаст иҷро карда қобили татбиқ медонанд: дар ҷаҳони табиат, дар фикр, дар ҳамаи шуъуни иҷтимоӣ. Ва аз ҳамин рӯй дар ҳар падидаи тозаи моддӣ ва дар ҳар фикри нав ва дар ҳар намуди вобаста ба иҷтимоъ, аз иқтисод ва сиёсат ва маром ва таърих ва ҷуз онҳо, “синтез” фарз карда ва решаи онро яъне ду пояи тез ва антитези онро меҷӯянд.

* * *

Таълиқот:

(1) Бутлони ин баён дар тавҷеҳи иллати тағйир, равшан аст. Ин матлаб саҳеҳ нест, ки “воқеияти хориҷӣ чун замонро дарбар дорад тағйир ёфта ва нафй хоҳад шуд”, балки баръакс аст “воқеияти хориҷӣ чун мутағайир аст замонро дарбар дорад”. Дар бораи замон баъдан баҳс хоҳад шуд ва бутлони иддаои фавқ равшантар мешавад.

Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализми диалектик” сафҳаи 56 мегӯяд:

Воқеият (модда – замон — макон) чун замонро дарбар дорад, қаҳран шомили мафҳуми тағйир низ мебошад.

Дар ин баён навъе тақаддум барои замон нисбат ба тағйир фарз шудааст ва замон ба шакли як унсур аз се унсури ташкилдиҳандаи воқеият фарз шудааст. Мо баъдан дар бораи ҳамаи инҳо баҳс ва бутлон онҳоро равшан хоҳем кард.

* * *

(2) Мақсуд аз нисбӣ будани нафй дар инҷо ин аст, ки мавзӯи пешин ба куллӣ маъдум нашудааст, балки чизе аз он мунтафӣ шуда ва чизе боқӣ аст. Агар фарз шавад тамоми он чӣ дар пеш буд маъдум шуда ва он чӣ баъдан мавҷуд аст сад дар сад ҷадид аст, пас тағйиру таҳаввул ва дигаргунӣ сурат нагирифтааст, яъне чизе дигаргун нашудааст, балки чизе маъдум шуда ва чизи дигаре аз нав ба вуҷуд омада ва миёни он чӣ маъдум шуда ва он чӣ ба вуҷуд омада ҳеч робитае барқарор нест ва наметавон гуфт, “он”, мутабаддил ба “ин” шудааст, яъне наметавон гуфт, “ин” “ҳамон” аст, ки феълан ба ин сурат аст. Ҳамчунон ки агар гузашта сад дар сад бо ҷамиъи ҷанбаҳо ва ҳудуд ва таъайюнот дар оянда боқӣ бошад, боз ҳам тағйир ва инқилоб ва дигаргунӣ сурат намегирад, яъне наметавон гуфт, чизе чизи дигар шуд, чизе, ки буд ҳамон тавр аст, ки буд. Тағйир ва ҳаракат ва дигаргунӣ танҳо дар мавриде содиқ аст, ки аз тарафе қисмате аз ҷанбаҳои шайъи пешин маъдум шуда бошад ва (аз тарафи дигар) қисмате дигар боқӣ бошад. Албатта инҷо як матлаб ҳаст, ва он ин ки оё илзоман бояд шайъи мутағайир ба воситаи тағйир бархе аз ҷанбаҳои вуҷудии худро аз даст бидиҳад ё ин ки мумкин аст фақат ҳудуд ва таъайюноти худро аз даст бидиҳад ва дар ҳақиқат чизе аз даст надиҳад, балки фақат чизе ба даст оварад? Албатта фарзи дуввум саҳеҳ аст ва мо дар бораи ин матлаб муҷаддадан баҳс хоҳем кард.

* * *

(3) Ба иборати дигар: тухми мурғ “на мурғ” яъне нафйи мурғ аст.

* * *

(4) Ва ахиран баъзе истилоҳи “вазъ, вазъи муқобил, вазъи муҷомеъ”-ро интихоб кардаанд (Мобаъдуттабиа Паул Фулкие).

Қаблан гуфтем, ки истилоҳи “исбот (ё тасдиқ), нафй, нафй дар нафй” махсуси Ҳегел аст. Қабл аз Ҳегел мусалласи “тез, антитез, синтез” танҳо ба сурати “мавзӯъ, зидди мавзӯъ, таркиб” баён мешуд. Ҳегел бино бар фарзияи ин ки таноқуз асоси фикр ва ашё аст, онро ба сурати “исбот, нафй, нафй дар нафй” баён кард. Ба ақидаи Ҳегел, мафҳуми “шудан” дар ақл таркибе аст аз мафҳуми вуҷуд ва адам ҳамчунонки воқеияти “шудан” низ иборат аст аз таркиби он ду. Ба ақидаи Ҳегел, “ҳастӣ ҳаст, вале вуҷуде, ки комилан ғайримушаххас (ғайри мутаъйин) бошад, бо адам баробар аст ба тавре, ки ба дунболи ин тасдиқ, нафйи он лозим меояд, пас мегӯем, ҳастӣ нест. Ин нафй ҳам нафй мешавад ва марҳилаи таркиб фаро мерасад, пас мегӯем: ҳастӣ, сурат пазируфтан аст”.

Ҳегел аз ин ҷиҳат мусалласи “тез, антитез, синтез”-ро ба ин сурат даровардааст, ки хостааст мафҳум ва воқеияти ашёро бар асоси таноқуз тавзеҳ диҳад. Дар “Мобаъдуттабиа”- Паул Фулкие сафҳаи 308 мегӯяд:

Бино ба қавли машҳури Ҳегел, ҳар амри маъқули мантиқӣ мавҷуд (воқеъ) ва ҳар мавҷуди хориҷӣ (воқеъ) маъқул аст. Натиҷа он ки: мантиқ ба маънии илми фикр, бо мобаъдуттабиа ё илм ба вуҷуд якест ва барои табйини воқеъ, мутобиат аз сайр ва ҳаракати равон кофӣ аст. Равон ба мӯҷиби сайри таслисии маъруф, ки “вазъ ва вазъи муқобил ва вазъи муҷомеъ” бошад пеш меравад бад-ин ваҷҳ, ки равон аз мафҳуми вуҷуди номутаъайин (вазъ) шурӯъ мекунад, аммо “вуҷуди номутаъйин, ки на ин бошад ва на он, бо “ловуҷуд” яке аст (вазъи муқобил) ва бо сайрурат аст, ки ин ду мафҳуми мутақобил бо ҳам ҷамъ мегардад (вазъи муҷомеъ) зеро сайрурат, ки ҳамон хуруҷ аз ловуҷуд ба вуҷуд бошад, аз ҳар ду баҳравар аст.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: