Перейти к содержимому

Фармондеҳи кулли Сипоҳи Эрон: “Шикасти хатти фитнаи 96-ро эълом мекунам”

Сарлашкар Ҷаъфарӣ, бо таъкид бар ин ки душманон бидонанд, таҳдидоти дифоӣ ва амниятӣ алайҳи Эрони Исломӣ дигар ҷавоб намедиҳад, гуфт: “Акнун метавонем бигӯем рӯзи поёни фитнаи 96 аст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, сарлашкар Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, бо баёни ин ки ин ваъдаи илоҳӣ аст, ки пас аз ҳар фитна ва сахтӣ осонӣ меояд, афзуд: “Душманон медонанд ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд Ҷумҳурии Исломии Эронро аз лиҳози дифоӣ таҳдид кунанд ва ҳамаи сармояи худро пас аз дифои муқаддас барои амалӣ кардани таҳдидоти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ алайҳи Эрони Исломӣ ҳазина кардаанд ва ба ёрии Худо дар ин замина ҳам шикасти онҳо ҳатмӣ аст.”

Вай гуфт: “Вақте миллате дар минтақае пурошӯб пирӯзи майдон бошад ва замоне, ки арбобии Омрикоро напазирад ва ба навчаҳои ҷирахори Омрико ҳатто нимнигоҳе ҳам накунад ва дар канори мазлум ва муқобили золим қарор гирад, бояд ҳам таҳдид шавад ва ин таҳдидот ҳамеша буда ва хоҳад буд ва мо бояд доиман басир бошем.”

Ҷаъфарӣ таъкид кард: “Иқтидор, сабурӣ ва басирати мардум ҳамеша айёми пирӯзиро барои Эрон ва эронӣ ба армуғон овардааст.”

Фармондеҳи кулли Сипоҳи Эрон тасреҳ кард: “Барои истиқлоли Ҷумҳурии Исломии Эрон то пойи ҷон истиқомат мекунем ва ин марзу бум ба хотири иқтидоре, ки дорад, ҳеч гоҳ даҳан ба даҳан бо давлати фаҳҳош ва заиф намешавад ва танҳо дар амал, ирода ва истиқомат ва қудрат худро нишон хоҳад дод.”

Вай гуфт: “Душманон ва ҷирахорони онҳо мисли Оли Сауд то мехоҳанд фарёд бизананд ва фаҳҳошӣ кунанд, аммо медонанд роҳи мо ва ҳадафи мо дар ҷаҳон натиҷа додааст.”

Ҷаъфарӣ бо баёни ин ки Омрико, саҳюнистҳо ва Оли Сауд ба ДОЪИШ дастури вуруд ба Эронро додаанд ва бархе тимҳои пешрави онҳо низ ворид шудаанд, то даст ба инфиҷор ва харобкорӣ бизананд, таъкид кард: “Пешравҳои ин гурӯҳи ҷинояткор ҳамакнун комилан таҳти контрол ҳастанд ва нерӯҳои заифи ин гурӯҳаки теруристӣ ҳам агар ҷуръат доранд, аз марзҳои Эрони Исломӣ убур кунанд.”

Вай афзуд: “Ба умеди Худо аз ин мушкилот убур мекунем ва масъулон бояд роҳи ҳалли убур аз мушкилотро амал ба тавсияҳои мақоми муаззами раҳбарӣ бидонанд, чаро ки тамоми тавсияҳои корбурдиро барои ҳалли мушкилот, адолат, ахлоқ ва сабки зиндагии эронии исломӣ ба масъулон ироа кардаанд.”

Ҷаъфарӣ гуфт: “Бояд қадри мардуми хуб, муқовим, мӯъмин ва басир ва огоҳи Эрони Исломиро донист, мардуме, ки бо вуҷуди ҳамаи мушкилот дар лаҳза роҳи худро аз ошӯбгарон ҷудо карданд ва ҳар, ки дар васати саҳна буд дар ин рӯзҳои охир ҳама иғтишошгар ва ҷирахори бегона буданд.”

Фармондеҳи Сипоҳи Эрон афзуд: “Худо душманони Эрони Исломиро аҳмақ офаридааст, чаро ки бо фарҳанги ошуроӣ, истиқлолталабӣ ва зулмситезии фард-фарди ин марзу бум ошно нестанд ва бегонагон ҳар гоҳ бӯҳроне эҷод карданд, ваҳдат ва ҳамдилии мардум ва масъулон дучандон шудааст ва ин инсиҷом ва якрангӣ осебпазир нахоҳад буд.”

Ҷаъфарӣ бо ишора ба ин ки мушкилоти иқтисодӣ, гаронӣ ва баҳси бекорӣ ҳамеша дағдағаи миллати Эрон будааст ва дар мақотеъе аз замон вазъият аз ин даврон ҳам сахттар будааст, гуфт: “Бояд дардҳо ва мушкилоти мардум тавассути масъулон ба хубӣ шунида шавад.”

Вай бо ишора ба дӯстиҳои дурӯғини Омрико ва Ғарб ва саҳюнистҳо бо мардуми Эрон ва ҳамроҳ шудан бо фитнагарон таъкид кард: “Агар ин дурӯғгӯён дилсӯз ва ба фикри мардуми Эрон буданд, ҳеч гоҳ инчунин мардуми мазлуми Эронро таҳрим намекарданд.”

Ҷаъфарӣ гуфт: “Баъзе эҳсос мекунанд дӯстӣ бо Омрико вазъияти иқтисодиро беҳтар мекунад, аммо ин афрод нигоҳе ба кишварҳое монанди Миср биндозанд, ки ҳама чизи худро фидои дӯстӣ бо Омрико карданд.”

Вай афзуд: “Агар инсоф дошта бошем, мебинем рушди табақаи мутавассит дар кишвари мо қобили таваҷҷӯҳ аст ва омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад бахше аз табақаи маҳрум вориди табақаи мутавассит шудаанд, аммо сабки тавсиа ва таблиғот ва шеваи масраф дар кишвари мо ба самте аст, ки нигоҳи бештари мардум ба қишри мураффаҳ аст ва барои ҳамин ниёзҳо ҳеч гоҳ тамомшуданӣ нест.”

Ҷаъфарӣ гуфт: “Сипоҳ омодааст ба кӯмаки давлат биштобад ва барои амалӣ кардани иқтисоди муқоваматӣ нерӯҳои худро мутамаркиз кунад, то бо кӯмаки ҳам аз ин бӯҳрон убур кунем.”

Вай бо баёни ин ки дар заминаи дифоӣ ва амниятӣ аз вазъияти бисёр хубе бархӯрдорем, афзуд: “Ҳамеша эълом кардем, омодаем зарфияти густарда ва азими муҳандисӣ ва таҷрибаҳои худро дар хидмати ҳалли бӯҳронҳои маишатӣ бигузорем.”

Фармондеҳи кулли Сипоҳи Эрон гуфт: “Имрӯз душман шикаст хӯрда аз ҳамаи сиёсатҳояш дар минтақа, танҳо коре, ки метавонад анҷом диҳад, эҷоди ноамнӣ дар Эрони Исломӣ аст ва мардум ва масъулони мо бояд бидонанд ҳазинаи созиш кардан бо бегона бисёр бештар аз ҳазинаи муқовимат аст.”

Ҷаъфарӣ таъкид кард: “Куштасозӣ яке аз барномаҳои аслии фитнагарон ва арбобони онҳо дар иғтишошоти ахир буд ва мехостанд комилан ба сурати ҷиддӣ ва ҳадафманд ҷони мардум чӣ кӯдак ва чӣ бузургро бигиранд ва ба гардани ҳукумати исломии Эрон биндозанд.”

Вай гуфт: “Ин куштасозиҳоро дар Қаҳдриҷон, Иза ва Наҷафобод дидем, ки ҳатто ду бародари басиҷиро бо гулӯлаи сочмаӣ ва чоқу ба шаҳодат расонданд ва ин ҷиноётро аз лобалои ҷамъият ҳидоят мекарданд.”

Ҷаъфарӣ афзуд: “Мардуми ҷануби шарқ ва шимоли ғарби кишвар, ки бо ноамниҳои баромада аз зидди инқилоб ва ашрор ҳамеша дасту панҷа нарм кардаанд ва таъми ширини амниятро ба хубӣ медонанд, нагузоштанд фитнагарони дохили онҳо русух кунанд.”

Вай таъкид кард: “Агар дар ин шароит омодагиҳои амниятӣ набуд, шиддати ин фитна бисёр густардатар аз ин мешуд ва аз сӯи дигар шароити фазои маҷозӣ низ ба ҳеч ваҷҳ муносиб набуд ва бархе ба иллати масолеҳ ё бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳушдорҳо контроли ин фазоро аз даст доданд.”

Ҷаъфарӣ гуфт: “Омодагии амниятии мо ва басирати мардум боис шуд душман шикасти дубораро таҷриба кунад, чаро ки агар вазъияти мо монанди Миср, Тунис ва Либӣ буд, шояд Ҷумҳурии Исломии Эрон зарари ҷуброннопазирро таҷриба мекард.”

Вай бо баёни ин ки ҳаҷми тахрибҳо ва густардагии фитна дар соли 88 (2009) бисёр бештар аз фитнаи 96 (2018) буд, афзуд: “Он фитна фитнае сиёсӣ буд, аммо фитнаи ахир парокандагии бештаре дошт.”

Сарлашкар Ҷаъфарӣ бо таъкид бар ин ки душманон бидонанд, таҳдидоти дифоӣ ва амниятӣ алайҳи Эрони Исломӣ дигар ҷавоб намедиҳад, гуфт: “Имрӯз метавонем бигӯем рӯзи поёни фитнаи 96 аст.”

Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар посух ба суоле дар хусуси иддаои бархе масъулони устони Хуросони Разавӣ мабнӣ бар дахолати ҷараёни мансуб ба яке аз масъулини собиқ дар оғози ин таҷаммӯъ ва эътироз дар Машҳад ва бархе манотиқи дигар, ки дар идома аз даст раҳо шуд ва ба иғтишош ва фитна расид, гуфт: “Ин мавзӯъ бо фарохони яке аз сойтҳое сурат гирифт, ки вобаста ба шахсе аст, ки ин рӯзҳо забон ба мухолифатхонӣ нисбат ба асл ва арзишҳои низом гушудааст.”

Ҷаъфарӣ таъкид кард: “Нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли баррасии ин масъала ҳастанд ва агар ба дахолати ин масъули собиқ бирасанд, қатъан мутаносиб бо вазъият ва дархости НОҶО бо ӯ бархӯрд хоҳанд кард.”

Вай бо баёни ин ки дар фитнаи ахир Сипоҳ танҳо дар се устони Исфаҳон, Луристон ва Ҳамадон ба таври маҳдуд вориди амал шуд, афзуд: “Бештарин иҷтимоъ шаҳрӣ дар ин фитна дар авҷӣ он таҷаммӯъи ҳазору понсад нафарӣ буд ва дар кулли кишвар дар авҷи иғтишошот низ ҳудуди 15 ҳазор нафар ҳузур доштанд.”

Ҷаъфарӣ таъкид кард: “Бояд аз миллати ғаюри Эрони Исломӣ ташаккур кард, чун ба маҳзи ин ки мутаваҷҷеҳ шуданд дасти бегонагон ва фитнагарон дар кор аст, роҳи худро ҳушмандона аз онҳо ҷудо карданд ва бо тамоми мушкилоти иқтисодӣ, ки доштанд, ба дифоъ аз ормонҳои инқилоб ва Эрони Исломӣ пардохтанд.”

Вай гуфт: “Ҳузури ҳамешагии мардум дар саҳнаҳои сахт ва бӯҳронҳои инқилоб аз ҷумла фитнаи ахир, боис шуд, ки кори фитнагарон сахттар шавад ва нерӯҳои амниятӣ ба суръат битавонанд ҳалқаҳо ва сарҳалқаҳои фитнагаронро шиносоӣ ва дастгир кунанд.”

Ҷаъфарӣ афзуд: “Бисёре аз иғтишошгароне, ки аз рӯзи ҷумъа ба баъд дар маркази фитна буданд, ҳама омӯзишдидаи зидди инқилоб ва мунофиқин буданд, ки дастгир шуданд ва ба шиддат бо онон бархӯрд хоҳад шуд.”

Вай бо баёни ин ки замина ва баҳона аз панҷшанбе ба дасти зидди инқилоб афтод, афзуд: “Душманон ба суръат бар фазои маҷозӣ савор шуданд ва барои фитнагарӣ ба саҳна омаданд.”

Ҷаъфарӣ таъкид кард: “Илова бар 5 ҳазор нерӯе, ки хонум Клинтун эълом кард барои эҷоди ошӯб ва фитна ва ноамнӣ дар Эрон омӯзиш додаанд, теъдоди қобили таваҷҷӯҳи дигар аз авомили зидди инқилоб, салтанатталаб ва мунофиқини дохилӣ маъмурият ёфтанд иғтишош ва фитнаро густариш диҳанд.”

Вай гуфт: “Ҳамзамон дар фазои маҷозӣ бо 3 ҳазор нерӯи ҷадид шабакасозиро оғоз карданд ва остонаи солгарди ҳамосаи 9 дей ва мушкилоти иқтисодиро беҳтарин баҳона барои ошӯб дар кишвар донистанд.”

Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Эрон афзуд: “Адами контроли фазои маҷозӣ, ки мудирияти он дар хориҷ аз кишвар аст ва кӯтоҳии масъулон дар контроли ин фазо низ ба иғтишошот шиддат дод, аммо замоне, ки фазои маҷозӣ контрол шуд, шоҳиди коҳиши фитнагариҳо будем.”

Фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба фитнаҳои соли 78 (1999) ва 88 (2009) ишора кард ва гуфт: “Фосилаи фитнаи 96 ду сол камтар аз фитнаҳои дигар буд, чаро ки бо нуфузи инқилоб ва муқовимат дар қалб ва зеҳни мардуми озодаи ҷаҳон ва минтақа, Омрико ва саҳюнистҳо ва Оли Сауд қасам хӯрданд, ки аз Эрон интиқом мегиранд, аммо бояд ба онҳо гуфт, зиҳӣ хаёли ботил!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: