Ҳадаф, Суриясозии Эрон аст

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Касоне, ки пушти компютеру лаптопу мубойли худ нишаста ва аз тариқи фазои маҷозӣ, дар бораи ҳаводиси ахири Эрон ва ба нафъи “эътирозҳо” изҳори назар мекунанд, ду гурӯҳанд: гурӯҳе, ки аксариятанд инҳо қатъан аз ҳақиқат ва умқи моҷаро бехабаранд, ва гурӯҳи дигар, ки андаканд, инон огоҳанд ва медонанд, чӣ кор мекунанд.

Ҳол, моҷаро чист? Моҷаро, ҳамон тавре ки ҳамагон мутталеъанд, аз он ҷо шурӯъ шуд, ки шуморе аз мардум дар шаҳри Машҳад бо дархостҳои мушаххас ва комилан баҳаққе роҳпаймоӣ намуданд ва дархостҳояшон дар бораи вазъи бади иқтисодӣ ва маишатӣ буд. Аммо бо суръат саҳна тағйир пайдо кард ва афроде дигар вориди майдон шуданд ва шиорҳое сар доданд, ки рабте ба авзоъи иқтисодӣ ва маишатӣ надошт, балки раъси низоми ҳоким дар Эронро ҳадаф қарор дод, яъне “Марг бар Руҳонӣ!”, “Марг бар Хоманаӣ!”, “На Ғазза, на Лубнон, ҷонам фидои Эрон!”, “На Ислом, на Қуръон! Ҳар ду фидои Эрон!” ва ғайра…

Сипас, бо суръати барқ, ин эътирозҳо ба дигар шаҳрҳои Эрон интиқол пайдо кард. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар ин “эътирозҳо”, тибқи гузориши расонаҳои дохилии Эрон, адади ширкаткунандаҳо дар ҳар шаҳре, аз 100 то 200 ва фавқаш аз ҳазор нафар таҷовуз намекард, аммо ваҷҳи муштараки ҳамаи онҳо, шиорҳое, ки сар медоданд ва ба оташ кашидани худравҳо ва худпардозҳои бонкҳову муассасоти давлатӣ буд.

Он гоҳ, ва дар як муддати замонии кӯтоҳе, расонаҳои ҷаҳон ва ба хусус арабӣ, бо ихтисос додани барномаҳои вежае таҳти унвони “Инқилоб дар Эрон!” (унвоне, ки шабакаи Аларабияи Оли Сауд баргузидааст), 24 соат ба пӯшиши ин “эътирозҳо” — албатта бо бузургнамоӣ ва ба ҳам омехтани росту дурӯғ – пардохтанд ва саҳнаро чунон ба тасвир кашиданд, ки гӯӣ кулли Эрон дигар ба як майдони набард миёни мардум ва ҳукумат табдил гардида. Ва албатта беш аз шабакаҳои расонаӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук ва Твиттер ва ғайра пур аз ахбори росту дурӯғ шуд, ва хулоса дунё машғули пайгирии ҳаводиси Эрон шуд.

Баъзе аз тоҷикҳои худамон ҳам дар парокандани росту дурӯғ дар ҳамон соатҳои аввалия бенасиб набуданд. Ба унвони намуна, яке аз фаъолони динии тоҷик (ки намехоҳам аз ӯ инҷо исм бибарам) дар ёддоште, ки иддао мекард бо такя ба манобеи бисёр мувассақ таҳия шуда, навишта буд:

Он чӣ дар дохил мегузарад хело вахим ва идора аз дасти ҳукумат дар баъзе устонҳо ба куллӣ хориҷ шудааст. Баъзе устонҳо комилан бе назорат буда вазъият хело вахим аст… Дар хабар омадааст,ки вазирон ва мақомдорони аршади ҳукуматӣ ба Табрез интиқол ёфтаанд… Инчунин фирори хонаводаҳои оилаҳои бархе мақомдорон ба Дубай ва Туркия мушоҳида шудааст… Муҷтабо Хоманаӣ бо хонаводааш аз фурудгоҳи Сойтфури Қум, ки мутаъаллиқ ба Сипоҳи Посдорон аст, бо ҳавопаймои шахсии худ ба самти номаълуме Эронро тарк кардааст…”

Ин танҳо як намуна аст, аз ин қабил ароҷиф тайи ин чаҳор панҷ рӯз ин қадр пароканда шуд, ки хориҷ аз ҳадди шумориш аст. Албатта, ҳамин оқо, номае ҳам хитоб ба Созмони ҳамкории исломӣ навишта ва дархост кардааст, ки ҳарчи зудтар ба “доди мардуми мазлуми Эрон” бирасанд!

Ва аз он тараф, кишварҳои фурсатталаб мисли Омрико, “Исроил” ва кишварҳои халиҷӣ, бо судури баёнияҳое, ба маҳкумияти он чи дар Эрон дар ҳоли рух додан аст пардохтанд. Чаҳор панҷ рӯз аст, ки Тромп зоҳиран ҳамаи корҳои худро таътил карда ва пушти лаптопи худ нишаста ва мураттаб дар бораи таҳаввулоти Эрон твитт менависад. Охиринаш ҳамин дишаб (сешанбе, 02.01.2018) буд, ки Ники Ҳейли, намояндаи Омрико дар Созмони Милал, хостори ташкили нишасти фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии он чи дар Эрон дар ҳоли рух додан аст шуд ва гуфт: “Мо набояд сокит бимонем, мардуми Эрон дар талош барои расидан ба озодии худ ҳастанд.”

* * *

Ин моҷаро, дақиқан ва мӯ ба мӯ шабеҳи ҳамон моҷарое аст, ки 6 ё 7 сол пеш дар оғозҳои бӯҳрони Сурия иттифоқ афтод. Моҷаро дар Сурия ин гуна шурӯъ шуд, ки шуморе аз мардум бо дархостҳои комилан баҳаққе дар шаҳри Даръо бапо хостанд, дархости онҳо иҷрои ислоҳоти решаӣ дар ҳукумат буд. Аммо бо суръат афроде дигар ворид шуданд ва шиорҳо ва дархостҳояшон раъси низоми ҳоким дар ин кишвар ва шахси Башшор Асадро ҳадаф қарор дод, он гоҳ дар як муддати бисёр кӯтоҳ, ба дигар шаҳрҳои Сурия интиқол ёфт ва сипас ҳамон шуд, ки ҳоло ҳама шоҳидаш ҳастем.

Душманони миллати Эрон дақиқан ҳамин сенориюро мехостанд дар Эрон пиёда бисозанд. Билохира, вақте Эрон бо Омрико ва “Исроил” ва ҳукумати муртаҷеъи Оли Сауд дасту панҷа нарм мекунад ва ҳамаи нақшаҳои шуми ин се низоми касиф ва палидро дар Ховари Миёна нақши бар об менамояд, табиист, ки барои Эрон ва низоми он хобҳое бибинанд, ҳамаи имконоти дунё дар ихтиёрашон аст, бештари кишварҳои ҷаҳон навкари Омрико ва “Исроил” ҳастанд, иқтисоди дунё ба дасти инҳост… Оё интизор меравад сокит нишинанд дар баробари муваффақиятҳои Эрон дар минтақа? Орзуҳое дар сар доранд, ки албатта ба гӯр хоҳанд бурд.

Албатта, он чи боис шуд, моҷарои Эрон ба сарнавишти Сурия дучор нашавад, ин буд, ки дар ҳамон шаҳри Даръо ва дар ибтидои эътирозҳо, низоми Асад ва артиши бедирояти ӯ бо эъмоли зӯр ва ба кор бурдани аслиҳа бо мӯътаризон бархӯрд кард; масъалае, ки сабаб шуд, дунё дар муқобили вай қарор бигирад. Дар моҷарои Эрон низ, бадхоҳон интизор доштанд, ҳамин гуна хоҳад шуд. Аммо на Эрон Сурия аст ва на Оятуллоҳ Хоманаӣ Башшор Асад. Аз ҳамон ибтидои моҷаро, комилан мутаваҷҷеҳ буданд, ки чӣ нақшае дар ҳоли пиёда шудан аст. Аз ин рӯ, бо мӯътаризон бо хушунат бархӯрд нашуд, афроде ҳам, ки кушта шуданд, бо таваҷҷӯҳ ба хутураи масъала, бисёр маъдуд аст, иллатҳояш то яке ду рӯзи дигар эълом хоҳад шуд, тоза 5 ё 6 нафари онҳо нерӯҳои интизомӣ ҳастанд.

* * *

Бинобар ин, афроде, ки имрӯз гӯӣ ба нафъи ин “эътирозҳо” изҳори назар мекунанд, агар аз умқи моҷаро огоҳ нестанд, бояд бидонанд, ки ин аҳдофи шуми Омрико ва “Исроил” ва Арабистони Саудӣ, ки мехоҳанд аз оби гилолуд моҳӣ бигиранд, ҳаргиз таҳаққуқ нахоҳад пазируфт. Ва аммо афроде, ки огоҳанд ва медонанд ҳадаф чист, инон ҳам бидонанд, ки иштибоҳ мекунанд! Бале, иштибоҳ мекунанд. Зеро, ҳамин афроди огоҳ медонанд, ки низоми ҳоким дар Эрон агар мӯътариз ва мунтақиде дорад ва ҳатто мухолиф бо асли низомаш, вале дар канори он, аксарияти ин мардум пушти сари низомашон ҳастанд. Хуни садҳо ҳазор эронӣ дар роҳи инқилоб рехта шуда, ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ ҳам таҳмил нашуда, балки тайи як раъйпурсии умумӣ мардумаш ҳамин сохторро барои худ баргузидаанд. Бале, агар рӯзе ин низом пойгоҳи мардумии худро аз даст бидиҳад, эрониҳо мардуме нестанд, ки таҳаммул кунанд, ҳамон лаҳза ва бедиранг сарнагунаш мекунанд, чунонки замоне шоҳро сарнагун карда буданд. Ин “охунд” (руҳонӣ) ва низоми охундиро мардумаш интихоб кардаанд, на касе дигар. Аз ин рӯ, агар ту аз “охунд” хушат намеояд, пас бояд ба баҳои рехта шудани хуни ин мардум ва “Сурия” гардидани он, хостаи ту бароварда шавад?

Хулоса, касоне, ки мехоҳанд, Эрон Сурияе дигар гардад ва пойи ДОЪИШ-у теруристҳо ба он боз бишавад, ин орзуи худро ба гӯр хоҳанд бурд.

* * *

Ва аммо яке ду ҷумла бо касоне, ки дар ин чанд рӯз ба ин банда хӯрдагирӣ карданд, ки чаро масалан ту, ки мухолифи ҳукумат дар Тоҷикистонӣ, вале аз низоми Эрон ҳимоят мекунӣ. Аввалан, низоми ҳоким дар Эрон бо он чи дар Тоҷикистон аст, аз замин то ба осмон фарқ мекунад. Хуб медонед, ки озодӣ ва мардумсолорие, ки дар Эрон мавҷуд аст, ҳарчанд идеол нест, вале дар минтақа камназир аст. Сониян, бар фарзи маҳол, агар бипазирем мантиқи шуморо, оё озодихоҳӣ ва мубориза, бояд ба ҳар баҳое бошад, ҳатто ба баҳои нобудии кишвар ва “Суриясозӣ”-и он ва ба хоку хун кашидани шаҳрвандон? Шумо, ки медонед, агар Худой нокарда дар Эрон иттифоқе биуфтад, оё мардуми ҳомии ин низом, ки чунонки гуфтам аксариятанд, хомӯш ва сокит хоҳанд нишаст? Як ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯзе дар хоҳад гирифт, ки авоқиби вахими онро ҷуз Худо касе наметавонад тасаввур кунад.

Аммо бо ин ҳама, банда мӯътақидам, ки ҳукумат ва давлати ин кишвар бояд ба мардумаш бирасад, вазъи вахими иқтисодии ин кишвар бояд беҳбуд ёбад ва ҳамчунин дар қонуни ин кишвар роҷеъ ба масоиле мисли фаъолияти ҷомеаҳои маданӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ғайра аз масоил, таҷдиди назар шавад. Мӯътақидам, ҳатто барои аҳзобе, ки асли сохтори ин кишварро (сохтори вилояти фақеҳро) қабул надоранд, бояд озодии фаъолият дод ва дар интихоботҳо номзад шаванд ва дар порлумон ҳузур дошта бошанд. Ин назари ман аст. Хеле аз муқаррароти бемаънои ин кишвар бояд ба дур рехта шавад. Дар инҳо тардиде нест.

Аз ин рӯ, ин пиндор, ки банда ба он далел, ки чун мухолифи сиёсатҳои ҳоким дар Тоҷикистонам, пас мебоист аз ҳар ғалату иштибоҳе, ки ба номи “эътироз” дар ҳар ҷои дунё сурат бигирад ҷонибдорӣ кунам, ин пиндор ғалат аст. Ҳатто дар мавриди кишвари азизи худам Тоҷикистон, бо ин ки мухолифи худкома ва сиёсатҳои ғалати он ҳастам ва то модоме ки зиндаам ба муборизаи худ идома хоҳам дод, аммо на ба баҳои “Сурия” шудани кишварам, ё ба оташ кашида шудани муассисоти давлатӣ ва ин қабил иқдомоти ғайриинсонӣ, ки зарару зиёнаш ба шаҳрвандон мерасад. Чанд сол пеш, вақте бисёре аз азизон дар робита бо мавзеъгириям дар баробари Сурия ин қабил хӯрдагириҳоро матраҳ карда буданд, ҳамон вақт ба сароҳат гуфта будам, ки агар Худой нокарда пойи ДОЪИШ ба Тоҷикистон боз шавад, дар канории артиши Тоҷикистон хоҳам истод. Албатта, имрӯзҳо роҷеъ ба Сурия ин қабил интиқодот нест, зеро ҳамагон диданд, ки ҳадафи Омрико ва Оли Сауд ва “Исроил” чӣ будааст.

Бинобар ин, барои касе масъала халт нашавад. Албатта медонам касоне, ки ин хӯрдагириҳоро мекунанд, иллаташ тасвия ҳисобҳои комилан шахсӣ аст, ин ҷамоат намехоҳанд касе мухолифи сиёсӣ бошад, ки масалан исломгарост ва пуштибони Эрони Исломӣ. Ин аст асли қазия.

Ҳарф барои гуфтан зиёд аст, аммо намехоҳам дигар тӯлониаш кунам, дар рӯзҳои оянда боз матолибе ҳаст, ки бо азизон дар миён хоҳам гузошт.

Саломат бошед

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: