Адли илоҳӣ (2)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима (2)

Ҷабру ихтиёр

Баҳсҳои каломӣ ончунон ки аз таърих истифода мешавад, аз нимаи қарни аввали ҳиҷрӣ оғоз шуд. Дар миёни баҳсҳои каломӣ зоҳиран аз ҳама қадимтар, баҳси ҷабру ихтиёр аст.

Масъалаи ҷабру ихтиёр дар дараҷаи аввал як масъалаи инсонӣ аст ва дар дарҷаи дуввум як масъалаи илоҳӣ ва ё табиӣ. Аз он ҷиҳат, ки ба ҳар ҳол мавзӯи баҳс инсон аст, ки оё мухтор аст ё маҷбур, масъалае инсонӣ аст. Ва аз он ҷиҳат, ки тарафи дигари масъала Худо ё табиат аст, ки оё ирода ва машият ва қазо ва қадари илоҳӣ ва ё авомили ҷабрӣ ва низоми иллату маълули табиат, инсонро озод гузошта ва ё маҷбур кардааст, масъалае илоҳӣ ва ё табиӣ аст. Ва чун ба ҳар ҳол масъалае инсонӣ аст ва бо сарнавишти инсон сару кор дорад, шояд инсоне ёфт нашавад, ки андак мояи тафаккури илмӣ ва фалсафӣ дар ӯ бошад ва ин масъала барояш тарҳ нашуда бошад, ҳамчунон ки ҷомеае ёфт намешавад, ки вориди марҳилае аз мароҳили тафаккур шуда бошад ва ин масъаларо барои худ тарҳ накарда бошад.

Ҷомеаи исломӣ, ки ба иллатҳои бисёре зуд ва сареъ вориди марҳилаи тафаккури илмӣ шуд, хоҳ нохоҳ дар радифи аввалин масоиле, ки тарҳ кард, масъалаи ҷабру ихтиёр буд. Зарурате нест, ки мо барои кашфи иллати тарҳи сареъи ин масъала дар қарни аввали ҳиҷрӣ, дунболи авомили дигар биравем. Тарҳи ин масъала дар ҷаҳони ислом бисёр табиӣ буд; агар тарҳ нашуда буд, ҷои ин суол буд, ки чӣ гуна дар чунин ҷомеае таваҷҷӯҳе ба ин масъала нашудааст.

Ҷомеаи исломӣ як ҷомеаи мазҳабӣ буд ва дар Қуръон, ки китоби динии мусалмонон аст, ба масоили марбут ба ҷабру ихтиёр ва қазо ва қадари илоҳӣ ва подошҳо ва кайфарҳо зиёд бармехӯрем. Таваҷҷӯҳи амиқи мусалмонон ба тадаббур ва тафаккур дар оятҳои қуръонӣ, ки худи Қуръон ба он даъват кардааст, хоҳ нохоҳ мунҷар ба баҳс дар ҷабру ихтиёр гардид.

* * *

Масъалаи адл

Баҳси ҷабру ихтиёр худ ба худ баҳси “адл”-ро ба миён овард. Зеро робитаи мустақиме аст миёни ихтиёр ва адл аз як тараф, ва ҷабр ва нафйи адл аз тарафи дигар. Яъне танҳо дар сурати ихтиёр аст, ки таклиф ва подош ва кайфари одилона мафҳум ва маънӣ пайдо мекунад. Агар инсон озодӣ ва ихтиёр надошта бошад ва дар муқобили иродаи илоҳӣ ва ё авомили табиӣ дастбаста ва маҷбур бошад, дигар таклиф ва подош ва кайфар мафҳуми худро аз даст медиҳад.

Мутакаллимони исломӣ ду даста шуданд: дастае, ки аз ҳамон ибтидо Мӯътазила номида шуданд, тарафдори адл ва ихтиёр, ва дастаи дигар яъне гурӯҳи аҳли ҳадис тарафдори ҷабр ва изтирор гардиданд. Албатта мункирони адл сареҳан нагуфтанд, ки мункири адли илоҳӣ ҳастем, зеро Қуръони Карим, ки ҳар ду даста худро ҳомии он медонистанд, бо шиддат зулмро аз Худованд нафй ва адлро исбот мекунад. Онҳо адли илоҳиро ба гунае хосс тафсир карданд, гуфтанд: адл худ ҳақиқате нест, ки қаблан битавон онро тавсиф кард ва миқёсу меъёре барои феъли Парвардигор қарор дод. (Гуфтанд:) асосан, меъёру миқёс барои феъли илоҳӣ қарор додан, навъе таъйини таклиф ва вазифа, ва тақйиди машият ва ирода барои зоти Ҳақ маҳсуб мешавад. Магар мумкин аст барои феъли Ҳақ қонуне фарз кард ва он қонунро ҳоким бар ӯ ва феъли ӯ қарор дод? Ҳамаи қавонин махлуқи ӯ ва маҳкуми ӯст ва ӯ ҳокими мутлақ аст. Ҳар навъ маҳкумият ва табаият, бар зидди улувв ва қоҳирияти мутлақи зоти ақдаси илоҳӣ аст. Маънии одил будани зоти Ҳақ ин нест, ки ӯ аз қавонини қаблӣ ба номи қавонини адл пайравӣ мекунад, балки ин аст, ки ӯ сарманшаи адл аст, он чи ӯ мекунад адл аст, на ин ки он чи адл аст ӯ мекунад. Адлу зулм мутааххир ва мунтазаъ аз феъли Парвардигор аст. Адл, миқёси феъли Парвардигор нест; феъли Парвардигор миқёси адл аст. “Он чи он Хусрав кунад, ширин бувад”.

Мӯътазила, ки тарафдори адл буданд гуфтанд: адл, худ ҳақиқате аст ва Парвардигор ба ҳукми ин ки ҳаким ва одил аст, корҳои худро бо меъёру миқёси адл анҷом медиҳад. Мо он гоҳ, ки ба зоти афъол назар меафканем, қатъи назар аз ин ки он феъл мавриди таъаллуқи иродаи таквинӣ ё ташреъии зоти Ҳақ қарор дорад ё надорад, мебинем, ки бархе афъол дар зоти худ бо бархе дигар мутафовит аст; бархе афъол дар зоти худ адл аст, монанди подош ба некӯкорон; ва бархе дар зоти худ зулм аст монанди кайфар додан ба некӯкорон. Ва чун афъол дар зоти худ бо якдигар мутафовитанд ва зоти муқаддаси Борӣ Таъоло хайри мутлақ ва комили мутлақ ва ҳакими мутлақ ва одили мутлақ аст, корҳои худро бо меъёру миқёси адл интихоб мекунад.

* * *

Ҳусну қубҳи зотӣ

Инҷо қаҳран масъалаи дигаре пеш омад, ки навъе тавсиа ва густариш нисбат ба масъалаи адл маҳсуб мешавад, ва он, масъалаи “ҳусну қубҳи зотӣ”-и афъол аст. (Яъне) оё ба таври куллӣ корҳо дорои сифати зотии ҳусн ва ё сифати зотии қубҳ мебошанд? Оё масалан ростӣ ва амонат ва эҳсон ва амсоли инҳо дар зоти худ некӯ ва боистанӣ аст? Ва дурӯғ ва хиёнат ва имсок ва амсоли инҳо дар зоти худ зишт ва набоистанӣ аст? Оё сифоте аз қабили хубӣ, шоистагӣ як силсила сифоти воқеӣ ва зотӣ ҳастанд ва ҳар феъле қатъи назар аз ҳар фоил ва аз ҳар шарти хориҷӣ, ба худии худ бархе аз ин сифотро воҷид аст ва фоқиди аздоди онҳост, ё ин сифот ҳама қарордодӣ ва эътиборӣ аст?

* * *

Мустақиллоти ақлия

Ва чун сухан аз сифоти зотии афъол ба миён омад, қаҳран пойи ақл ва истиқлоли ақл дар иктишофи ин сифот ба миён омад. Ин баҳс ба ин сурат тарҳ шуд, ки оё ақл дар идроки ҳусну қубҳи ашё “истиқлол” дорад ва ба танҳоӣ қодир ба дарк ва ташхиси онҳост ё ниёзманд ба кӯмак ва роҳнамоии шаръ аст? Аз ин рӯ, ҳусну қубҳи зотӣ ба номи “ҳусну қубҳи ақлӣ” хонда шуд.

Мӯътазила ба шиддат тарафдори ҳусну қубҳи зотии ақлӣ шуданд ва масъалаи “мустақиллоти ақлия”-ро тарҳ карданд, гуфтанд: билбадоҳа мо дарк мекунем, ки афъол зотан мутафовитанд, ва билбадоҳа дарк мекунем, ки уқули мо бидуни ин ки ниёзе ба иршоди шаръ дошта бошад, ин ҳақоиқи мусалламро дарк мекунад.

Аҳи ҳадис ва Ашоира, ҳамчунон ки адлро ба унвони як сифати қаблӣ ва зотӣ мункир шуданд, ҳусну қубҳи зотии қаблии ақлиро низ мавриди инкор қарор доданд. Ашоира аввалан ҳусну қубҳҳоро умуре нисбӣ ва тобеъи шароити хосси муҳитҳо ва замонҳо ва таҳти таъсири як силсила тақлидҳо ва талқинҳо донистанд. Ва сониян ақлро дар идроки ҳусну қубҳҳо тобеъи роҳнамоии шаръ донистанд.

Ашоира, чун ба “ақли мустақил” ва ба иборати дигар, ба “мустақиллоти ақлия” эътироф надоштанд ва ақидаи Мӯътазиларо мабнӣ бар ин ки ақли башар бидуни ниёз ба иршоди шаръ, ҳусну қубҳ, ва боистанӣ ва набоистаниро дарк мекунад, тахтиа мекарданд ва муддаӣ буданд, ки ба таври куллӣ ин ки адл чист, зулм чист, некӯ чист, нописанд чист?… ҳама бояд аз лисони шаръ ахз шавад ва бояд дар ин масоил тобеъ ва таслими “суннати исломӣ” буду бас. Ашоира зимнан аз ин ном ва унвон як “пойгоҳи иҷтимоӣ”-и муҳкам барои худ дар миёни тӯдаи мардум сохтанд. Яъне ихтилофи Мӯътазила ва Ашоира, ки бар асоси қабул ва адами қабули “мустақиллоти ақлия” буд, аз назари тӯдаи мардум ба сурати қабул ва адами қабули “суннат” ва “ҳадис”, ва ё ба сурати таъорузи ақл ва суннат талаққӣ шуд ва ҳамин ҷиҳат, пойгоҳи иҷтимоии Ашоираро дар миёни тӯдаи мардум тақвият ва пойгоҳи Мӯътазиларо тазъиф кард.

Мӯътазила ҳаргиз ба суннат беэътино набуданд, вале Ашоира бо интихоби ин ном барои худ, аз қарор додани Мӯътазила дар муқобили худ, кулоҳи Мӯътазиларо дар торикӣ бардоштанд. Мусалламан ин ҷиҳат, дар шикасти Мӯътазила дар авоили қарни севвум дар миёни тӯдаи авом таъсири басазое дошт. Кори ин иштибоҳи омиёна бад-он ҷо расида, ки порае аз мусташриқин, дониста ва ё надониста, Мӯътазиларо ба унвони “равшанфикрони зидди суннат” муаррифӣ кунанд. Вале афроди ворид медонанд, ки ихтилофи дид ва нигариши Мӯътазила ва Ашоира ҳеч гуна рабте ба мизони пойбандии онҳо ба дини ислом надорад. Мӯътазила амалан аз Ашоира нисбат ба ислом дилсӯзтар ва пойбандтар ва фидокортар буданд.

Маъмулан неҳзатҳои равшанфикрӣ, ҳарчанд аз як хулуси комил бархӯрдор бошад, дар муқобили мутазоҳирон ба таъаббуду таслим, ҳарчанд ин ки аз ҳар навъ сафо ва хулуси ният бебаҳра бошанд, мавриди чунин иттиҳомоте дар миёни авом воқеъ мешавад.

Агарчи ихтилофи Мӯътазила ва Ашоира дар мавриди ҳаққи ақл ва истиқлол ва адами истиқлоли ақл дар мавриди масоили марбут ба “адл” яъне ҳусну қубҳи зотии афъол оғоз шуд, вале доманаи ин баҳс баъдҳо ба масоили “тавҳид” низ кашида шуд. Дар он масоил низ Мӯътазила барои ақл ҳаққи дахолат қоил буданд, вале Ашоира таъаббуд ба завоҳири ҳадисро лозим мешумурданд.

Баъдан дар ин маврид тавзеҳи бештаре хоҳем дод.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: