Перейти к содержимому

Исроил: “Ба зудӣ узви эътилофи арабӣ мешавем”

Раиси ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ин режим барои ҷилавгирӣ аз он чи вай таҳмили нуфузи Эрон дар Сурия хонд, ба зудӣ узви эътилофи арабии густардае хоҳад шуд.

Гади Ойзенкот, раиси ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ин режим ба зудӣ узви эътилофи арабии густардае дар минтақа барои ҷилавгирӣ аз таҳмили нуфузи Эрон дар Сурия хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии “Само”, Ойзенкот дар суханоне дар Донишгоҳи Ҳертзилё муддаӣ шуд: “Ҳукумати Эрон дар ростои ташкили меҳваре кор мекунад, то нуфузашро аз тариқи Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман, Баҳрайн ва навори Ғазза густариш диҳад; фақат ба ҳаҷми кӯмакҳои солонаи Теҳрон ба Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ нигоҳ кунед.”

Вай дар идома ба парвандаи Сурия пардохт ва гуфт: “Талошҳо дар ин парванда бар манъи тамаркузи Эрон дар марзҳои “Исроил” мутамаркиз шудааст.”

Ойзенкот сипас муддаӣ шуд: “Бар асоси ахбори дастгоҳи иттилоотии мо, дар ҳоли ҳозир ҳудуди ду ҳазор мусташори низомии эронӣ, 8 ҳазор нафар аз аъзои Ҳизбуллоҳ ва 10 ҳазор мусаллаҳи дигари тобеъи Эрон аз кишварҳои дигар монанди Ироқ, Афғонистон ва Покистон дар Сурия ҳузур доранд.”

Раиси ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд: “Наметавонем ин ҳақиқатро нодида бигирем, ки Ҳизбуллоҳ ва Эрон худашонро дар ҷабҳаи пирӯз дар Сурия дар канори Башшор Асад мебинанд. Мо иқдомоти низомӣ ва байналмилалӣ дар чорчӯби заминаҳои дигар барои ҷилавгирӣ аз муҳкам шудани ҳузури Эрон дар Сурия анҷом медиҳем, зеро ин мавзӯъ (нуфузи Эрон) мавзӯи манфӣ барои Исроил, Сурия ва Урупо хоҳад буд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: