Вокуниши Зариф ба ҳимояти ДОЪИШ аз ошӯбҳо дар Эрон

Муҳаммадҷавод Зариф дар вокуниш ба ҳимояти ДОЪИШ аз ошӯбҳои Эрон тасреҳ кард: “Арабистон ва ДОЪИШ ба унвони ҳамбистарҳои абадӣ — бо пайравӣ аз Тромп — хушунат, марг ва тахриб дар Эронро таъйид мекунанд.”

Ҳафтаномаи “Аннабаъ” (вобаста ба ДОЪИШ) дар матлабе, ба ошӯбҳои ахир дар Эрон ишора кард ва навишт, ки танҳо чизе, ки “низоми Эрон”-ро метарсонад, баргузории ошӯбҳо ва иғтишошот аст.

Ин аввалин бор аст, ки ДОЪИШ тайи чанд соли гузашта аз оғози зуҳури худ, “даст ба доман”-и мардуми Эрон мешавад ва аз онҳо ҳимоят мекунад; чаро ки ин гурӯҳи теруристӣ бо вуруди Эрон ба набард бо ин гурӯҳ, манотиқи таҳти тасарруфи худро дар Сурия ва Ироқ аз даст додааст.

ДОЪИШ бо ҳимоят аз ошӯбҳои ахир навишт: “Агар ин ошӯбҳо дар Эрон — ба хости Худованд — идома пайдо кунад, натоиҷи бузурге хоҳад дошт, аз ҷумла ин ки тамоман дини рофизӣ (шиъа)-ро решакан хоҳад кард.”

Вазири хориҷаи Эрон дар Твиттер навишт: “Арабистон ва ДОЪИШ ба унвони ҳамбистарҳои абадӣ, бо пайравӣ аз Тромп, хушунат, марг ва тахриб дар Эронро таъйид мекунанд. Чаро шигифтзада намешавем!

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: