Шарҳи Маснавӣ (234)

Тафсири байти Ҳаким разияллоҳу анҳу:

Осмонҳост дар вилояти ҷон

Корфармои осмони ҷаҳон.

Дар раҳи руҳ пасту болоҳост,

Кӯҳҳои баланду дарёҳост.

* * *

Ин фасл дар баёни “табаддули амсол” ва ин ақидаи сӯфиён аст, ки ҳар он чи дар ин дунё вуҷуд дорад, сурати куллӣ ва аълои он, дар ҷаҳони ғайб мавҷуд аст: “Сурате дар зер дорад он чи дар болостӣ”, ва ин назири он чизе аст, ки Афлотун дар бораи “мусул” гуфтааст.

Мурод аз ҳаким, Саноии Ғазнавӣ аст, ки Мавлоно дар Маснавӣ ва девон, аз ӯ беш аз шоирони дигар ёд кардааст.

Ғайбро абреву обе дигар аст,

Осмону офтобе дигар аст.

Абру обу осмону офтоби ҷаҳони ғайб, монанди абру обу осмону офтоби ин ҷаҳон нест, балки аз навъи дигар аст.

Нукта: Мавлоно ва урафо ва бархе аз ҳукамо, ақида доранд, ки қаламрави ҷаҳони дарун бартар ва волотар аз қаламрави ҷаҳони берун аст, ва ҳар чи дар олами асфал аст, комилтари он дар ҷаҳони аълост, ва он чи дар олами асфал аст, дам ба дам завол мепазирад ва сурати ҷадид падид меояд, бад-ин сон таҷаллиёти Ҳақ Таъоло пайваста ва доимӣ аст, чунонки дар ояти 21 сураи Ҳиҷр омадааст:

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Ҳеч чиз нест магар он ки ганҷинаи ҳастии он назди мост, вале мо танҳо ба андозаи муайян онро фурӯ мефиристем.” (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.630)

Н-ояд он илло, ки бар хосон падид,

Боқиён “фӣ лабси мин халқин ҷадид”.

Ҷаҳони ғайб танҳо барои хавосси Ҳақ зоҳир ва намоён аст, ва соири мардум аз ин халқи ҷадид бехабару нокоманд.

Нукта: Мурод аз “халқи ҷадид” (офариниши нав) таҷаллиёти Ҳақ Таъолост, ки дамодам зоҳир мешавад, мунтаҳо фақат арбоби қулуб ва асҳоби дарун аз ин таҷаллиёт бохабар ҳастанд. Мисроъи дуввум ишорат дорад ба ояти 15 сураи Қоф:

أَفَعَيِينَا بِالْخَلْقِ الْأَوَّلِ بَلْ هُمْ فِي لَبْسٍ مِّنْ خَلْقٍ جَدِيدٍ

Магар мо аз офариниши нахустин нотавон мондем? На чунин аст. Балки онон дар бораи офаринише нав ба шубҳа андаранд.

Урафоро ақида бар ин аст, ки дар таҷаллиёти Ҳақ Таъоло такрор вуҷуд надорад:

لا تكرار في التجلي

Ба иқтизои ин қоъида, ҳазрати Субҳон нав ба нав дар олам таҷаллӣ мекунад ва ҳеч шаъне аз шуъуни олам собит намемонад, балки ҳама чиз лаҳза ба лаҳза дар таҳаввулу тағайюр аст. Аз ин рӯ, қоъидаи маъруфи урафо ва сӯфия ба номи “табаддули амсол” ё “таҷаддуди амсол”, ба ояти мисроъи дуввуми ҳамин байт ва назоири он истинод ёфтааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.630)

Ҳаст борон аз пайи парвардагӣ,

Ҳаст борон аз пайи пажмурдагӣ.

Боронҳо дар ҷаҳон бар ду навъ аст: як навъ борон, ҳаётбахш аст ва мӯҷиби рушду нумӯи мавҷудот мешавад, ва навъи дигар, бороне аст, ки мавҷудотро пажмурда ва афсурда месозад.

Нафъи борони баҳорон булаҷаб!

Боғро борони пойизӣ чу таб!

Боронҳои баҳорӣ судмандиҳои шигифтангезе дорад, аммо боронҳои поизӣ боғро монанди таб месӯзонад ва афсурда месозад.

Нукта: Мурод аз боронҳои баҳорӣ, фуюзоти илоҳӣ ва таҷаллиёти латифи раббонӣ аст. Ва мурод аз боронҳои поизӣ, таҷаллиёти қаҳрияи ӯ. (Муқтабас аз Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.809)

Он баҳоре нозпарвардаш кунад,

Ин хазонӣ нохушу зардаш кунад.

Он борон, ки дар баҳор меборад, боғу бӯстони оламро бо ноз мепарварад ва ҳаёту зиндагонӣ мебахшад, аммо борони поизӣ он боғҳо ва бӯстонҳои ҷаҳонро зарду пажмурда месозад.

Ҳамчунин сармову боду офтоб,

Бар тафовут дону сарришта биёб.

Ҳамин тавр ки дар бораи борон зикр шуд, сармову боду офтобро низ дорои ҳамон тафовут бидон ва он гоҳ мушкилро ҳал хоҳӣ намуд.

Сарриштаро ёфтан: ба киноя, расидан ба аслу мабдаъ, ҳалли мушкил.

Ҳамчунин дар ғайб анвоъ аст ин,

Дар зиёну суду дар рибҳу ғабин.

Ҳамчунон ки дар ин дунё боронҳо мутанаввеъ ва гуногун аст, дар олами ғайб низ боронҳо анвоъ дорад ва аз лиҳози суду зиён мухталиф аст.

Рибҳ: суд. Ғабин: зиён.

Ин дами абдол бошад з-он баҳор,

Дар дилу ҷон рӯяд аз вай сабзазор.

Ин нафас ва даме, ки авлиёуллоҳ доранд, аз таъисри он баҳор ҳосил мешавад. Яъне дами ҳаётбахши авлиёуллоҳ натиҷаи вуҷуди баҳори маънавӣ аст, ки пештар гуфта омад. Бар асари он дам, дар дилу ҷони толиб сабзазори маърифат ва ҳақиқат мерӯяд.

Феъли борони баҳорӣ бо дарахт,

Ояд аз анфосашон дар некбахт.

Ҳамон тавр ки таъсири боронҳои баҳорӣ ба дарахтон мерасад ва онҳоро зинда ва бонишот мегардонад, даму нафаси поки мардони Худо низ дарахти вуҷуди толиби ҳақиқатро ҳаёти маънавӣ мебахшад.

Гар дарахти хушк бошад дар макон,

Айби он аз боди ҷонафзо мадон.

Агар фаразан дар ҷое дарахте хушкида бошад, айби он дарахтро аз боди ҷонафзо ва ҳаётбахш талаққӣ макун, балки айби хушк шудани он, аз худи ӯст.

Нукта: Гоҳ солике назди бузурги роҳрафта ва муршиди барҳаққе таълим мегирад ва иттифоқан раҳ ба ҷое намебарад ва ниҳоли ботину дарунаш шукуфта намегардад, балки ба дасти боди нафс пажмурда мегардад ва дигар дами баҳории Ҳақро намепазирад ва нишоту тозагӣ намегирад, дар ин вақт набояд он роҳнаморо накӯҳиш кард, балки айб аз худи солик аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.632)

Бод кори хеш карду барвазид,

Он кӣ ҷоне дошт, бар ҷонаш гузид.

Ба унвони мисол, бод кори худашро анҷом медиҳад, яъне бар ҳамаи гиёҳону дарахтону ҳайвонот мевазад, ҳамин тавр нафҳаҳо ва насимҳои ҷонбахши илоҳӣ дамодам бар қалбу даруни мардум мевазад, вале танҳо касоне аз ин насимҳои маънавӣ баҳра мебаранд, ки ҷону руҳашон ҳушёр ва зинда бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.632)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: