Адли илоҳӣ (3)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима (3)

Ғараз ва ҳадаф дар афъоли Худо

Кам-кам навбат ба масъалаи чаҳорумӣ расид, ки он низ аз уммаҳоти масоили каломӣ аст ва зоидаи масоили қаблӣ аст, ва он ин ки: оё афъоли зоти Борӣ, муъаллал (дорои иллат) ба ағроз ва ғоёт ҳаст ё на? (Яъне, оё метавон гуфт, Худо корҳояшро барои ҳадаф ва ғаразе анҷом медиҳад ё на?)

Чунонки медонем ва бадеҳист, инсонҳо дар корҳое, ки анҷом медиҳанд, ҳадаф ва ғаразеро дар назар мегиранд. Инсон дар ҳар кори худ як “барои” дорад: чаро дарс мехонӣ? “Барои” ин ки доно ва тавоно бишавад. Чаро кор мекунӣ? “Барои” ин ки таҳсили даромад ва маишат кунам. Ва ҳамин тавр дар муқобили ҳар “чаро?” як “барои” вуҷуд дорад. Ва ҳамин “барои”-ҳост, ки кори инсонро “маънодор” мекунад. Ҳар кор, ки ҳадафи маъқул дошта бошад, яъне барои хайру маслиҳате сурат бигирад, коре бомаънӣ шумурда мешавад. Кори беҳадаф монанди лафзи бе маънӣ аст ва монанди пӯсти бе ҳаста аст, ки пӯку пуч аст. Ва албатта ҳар “барои” ва ҳар “маънӣ”, ба навбаи худ, мумкин аст, ки як “барои” ва як “маънӣ”-и дигар дошта бошад, вале дар ниҳояти амр, бояд мунтаҳӣ шавад ба чизе, ки ғоят будан ва маънӣ будан, зотии ӯст ва ба истилоҳи ҳукамо, “хайри мутлақ” аст.

Ба ҳар ҳол, инсон дар корҳои ақлонӣ ва мантиқии худ, ҳадаф ва ғаразе дорад ва дар баробари ҳар “чаро?” як “барои” дорад, ва агар инсон коре, ки анҷом диҳад, дар муқобили “чаро?” “барои” надошта бошад, он кор лағву абас ва беҳуда ва пуч талаққӣ мешавад.

Ҳукамо исбот кардаанд абаси (беҳудаи) воқеӣ — ки кори инсон орӣ аз ҳар гуна ғараз ва ғояте бошад — ҳеч гоҳ аз инсон содир намешавад ва маҳол аст, ки содир бишавад. Ҳамаи абасҳо нисбӣ аст. Масалан, феъле, ки аз як шавқи хаёлӣ ва як идроки хаёлӣ мунбаъис (бархоста) мешавад ва дорои ғояте мутаносиб бо ҳамон шавқ ва ҳамон идрок аст, назар ба ин ки фоқиди ғояти ақлонӣ аст, онро “абас” мехонем. Яъне нисбат ба мабдае, ки аз он мабдаъ падид омада абас нест, нисбат ба мабдае, ки аз он падид наомада ва шоиста буд аз он падид ояд, абас аст.

Нуқтаи муқобили абас, “ҳикмат” аст. Феъли ҳакимона феъле аст, ки ҳатто ба таври нисбӣ низ фоқиди ғоят ва ғараз набошад, ва ба иборати дигар, ғарази маъқул дошта бошад, ва илова бар ғарази маъқул доштан, тавъам бо интихоби аслаҳ ва арҷаҳ (яъне некӯтару бартар) буда бошад.

Пас, ҳакимона будани феъли инсон, бастагӣ дорад ба ғоят доштан ва ғараз доштани он, он ҳам ғоят ва ғарази ақлписанд, ки бо ташхиси аслаҳ ва арҷаҳ тавъам бошад. Бинобар ин, инсони ҳаким инсоне аст, ки аввалан, дар кори худ, ғоят ва ғаразе дорад. Сониян, дар миёни ҳадафҳо ва ғаразҳо аслаҳ ва арҷаҳро интихоб мекунад. Солисан, барои вусул ба ғарази аслаҳ ва арҷаҳ, беҳтарин васила ва наздиктарин роҳро интихоб мекунад. Ба иборати дигар: ҳикмат ё ҳаким будани инсон иборат аст аз ин ки инсон аз рӯи камоли доноӣ, барои беҳтарин ҳадафҳо, беҳтарин шароити мумкинро интихоб кунад. Ва ба таъбири дигар: ҳикмат ё ҳаким будан, мусталзими ин аст, ки инсон дар баробари ҳамаи “чаро”-ҳо, як “барои” дошта бошад, хоҳ он “чаро”-ҳо ба интихоби ҳадаф марбут бошад ё ба интихоби васила.

— Чаро чунин кардӣ?

— Барои фалон ҳадаф.

— Чаро он ҳадафро тарҷеҳ додӣ?

— Ба далели фалон мазият.

— Чаро аз фалон васила истифода кардӣ?

— Барои фалон руҷҳон.

Дар зиндагии инсонӣ ҳар коре, ки натавонад ба “чаро”-ҳо посухи маъқул диҳад, ба ҳар андоза, ки аз ин ҷиҳат ноқис бошад, нақс дар ҳикмат ва хирадмандии инсон талаққӣ мешавад.

Худованд чӣ тавр? Оё афъоли Борӣ низ монанди афъоли инсонҳо муъаллал ба ағроз аст? Оё корҳои Худо низ монанди корҳои инсон “чаро” ва “барои” ва интихоби аслаҳ ва арҷаҳ дорад? Ё инҳо ҳама аз мухтассоти инсон аст ва таъмими инҳо дар мавриди зоти Борӣ навъе “ташбеҳ” яъне қиёс гирифтани холиқ ба махлуқ аст?

Мӯътазила табъан тарафдори ғоят доштан ва ғараз доштани сунъи илоҳӣ шуданд ва ҳаким будани Худовандро, ки дар Қуръони Карим, мукаррар ба он тасреҳ шудааст, ба ҳамин гуна тафсир карданд, ки ӯ дар корҳои хеш, ғараз ва ҳадаф дорад ва аз рӯи камоли доноӣ корҳоро барои ағроз ва аҳдофи мушаххас ва муайян бо интихоби аслаҳ ва арҷаҳ анҷом медиҳад.

Аммо Ашоира мункири ғоят ва ғараз доштани Худованд дар феъли хеш шуданд ва мафҳуми ҳикматро, ки дар Қуръони Карим мукаррар омадааст, ҳамон гуна тавҷеҳ карданд, ки адлро тавҷеҳ карданд, яъне гуфтанд, он чи Худованд мекунад, ҳикмат аст, на ин ки он чи ҳикмат аст Худо мекунад.

Аз назари Мӯътазила, афъоли зоти Борӣ барои як силсила маслиҳатҳост, вале аз назари Ашоира ғалат аст, ки бигӯем афъоли зоти Борӣ ба хотири як силсила маслиҳатҳост.

Худованди Мутаъол ҳамон тавре, ки холиқ ва офаринандаи махлуқот аст, холиқ ва офаринандаи он чизҳое, ки маслиҳат номида мешавад низ ҳаст, бидуни он ки махлуқеро ба хотири маслиҳате офарида бошад ва бидуни он ки робитаи таквинӣ ва зотӣ ва иллӣ ва маълулӣ миёни ашё ва маслиҳатҳое, ки барои онҳо фарз мешавад, вуҷуд дошта бошад.

* * *

Мушаххас шудани суфуф

Бо тарҳи масъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ ва масъалаи муъаллал будани афъоли Борӣ ба ағроз, дар канори ду масъалаи пешин, яъне масъалаи адл ва масъалаи ҷабру ихтиёр, суфуфи гурӯҳҳои каломӣ комилан мушаххас шуд. Мӯътазила бо шиддат тарафдори адл ва ақл ва иститоат (ихтиёр) ва ҳикмат (муъаллал будани афъоли Борӣ Таъоло ба ағроз) шуданд. Ва Ашоира ба шиддат дар муқобили Мӯътазила ва тарзи тафаккури онҳо истоданд.

Мӯътазила ба номи ”Адлия” хонда шуданд. Ин калима танҳо намояндаи мафҳуми адл набуд, аз ин калима илова бар мафҳуми адл ба шакли мӯътазилӣ, мафоҳими ихтиёр ва ҳусну қубҳи ақлӣ ва муъаллал будани феъли Борӣ ба ағроз низ фаҳмида мешуд.

* * *

Адл ё тавҳид?!

Хӯрдае, ки Ашоира бар Мӯътазила мегирифтанд ва Мӯътазила ҷавоби дурусте надоштанд ин буд, ки асли адл (ба мафҳуми шомили ихтиёр ва ҳусну қубҳи ақлӣ ва муъаллал будани афъоли Борӣ ба ағроз), бо тавҳиди афъолӣ ва балки бо тавҳиди зотӣ созгор нест. Зеро ихтиёри Мӯътазила навъе “тафвиз” аст. Яъне ихтиёре, ки Мӯътазила қоил аст, навъе вогузорӣ ва салби ихтиёр аз зоти Ҳақ аст ва бар зидди тавҳиди феълӣ аст, ки ҳам бурҳонӣ аст ва ҳам дар саросари Қуръон ба чашм мехӯрад. Чӣ гуна мумкин аст ба баҳонаи танзеҳи Худованд аз интисоби корҳое, ки аз назари мо зишт аст, барои зоти ӯ шарике дар фоилият қоил шавем?! Мо ҳамон андоза, ки ба фоилҳои мустақил ва ба худ вогузошташуда ва бениёз аз зоти Ҳақ фоилият қоил шудем, барои Худованд шарик қоил шудаем, ва ҳол он ки насси Қуръони Карим аст, ки:

لَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَم يَكُن لَّهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ وَلَمْ يَكُن لَّهُ وَلِيٌّ مِّنَ الذُّلَّ وَكَبِّرْهُ تَكْبِيرًا

(“… Худованд на фарзанде гирифта ва на дар ҷаҳондорӣ шарике дорад ва на хор буда, ки ниёз ба дӯсте дошта бошад ва ӯро бисёр бузург бишмор!” (Сураи Исро, ояти 111))

Ҳамчунон ки ҳикмат ва маслиҳате, ки Мӯътазила дар корҳои Худованд фарз мекунанд, бо тавҳиди зотӣ ва ғинои зотӣ ва муназзаҳ будани зоти Ҳақ аз ин ки монанд дошта бошад ва аз ин ки маълули иллате бошад, мунофӣ аст. Зеро агар инсон корҳои худро ба хотири ғоятҳо ва ҳадафҳо анҷом медиҳад, дар ҳақиқат таҳти таъсир ва ангезаи он ғоятҳо ва ҳадафҳо қарор гирифтааст. Магар на ин аст, ки иллати ғоӣ, иллати иллати фоилӣ аст. Яъне иллати ғоӣ мӯҷиби фоилияти фоил аст, (ки) агар набошад, фоил фоил нест. Инсон, ки дар корҳои худ ғоят ва ҳадаф ва ғараз дорад, дар ҳақиқат як ҷабр аз ноҳияи ҳадаф ва ғараз бар ӯ ҳукумат мекунад. Худованди Мутаъол аз ҳар гуна ҷабре озод ва муназзаҳ аст, ҳарчанд ҷабри ғараз ва ҳадаф буда бошад.

Ашоира муддаӣ шуданд, ки масъалаи ҳусуну қубҳи зотии ақлӣ ва ҳукм ба ин ки афъоли Борӣ Таъоло илзоман бояд бар меъёри ин ҳусну қубҳҳо анҷом гирад, навъе таъйини таклиф барои Худованд аст; мислм ин аст, ки бигӯем Худованд маҷбур аст корҳои худро дар “қолабе”, ки ақли мо инсонҳо мушаххас кардааст, анҷом диҳад. Итлоқи ирода ва машияти Ҳақ ибо дорад аз ин маҳдудиятҳо.

Хулосаи сухан, Ашоира муддаӣ шуданд, ки он чи Мӯътазила ба номи адл ё ақл ё ихтиёр ва иститоат ва ё ҳикмат ва маслиҳат тарҳ кардаанд, аввалан аз навъи қиёс гирифтани холиқ ба махлуқ аст, сониян бо тавҳиди зотӣ ва афъолии зоти Ҳақ мунофӣ аст.

Мӯътазила мутақобилан ақоиди Ашоираро бар зидди асли “танзеҳ”, ки дар Қуръони Карим мукаррар ба он тасреҳ шуда, донистанд. Мӯътазила гуфтанд: лозимаи ақоиди Ашоира ин аст, ки мо ба Худо чизҳое нисбат диҳем, ки зоти Ҳақ аз онҳо муназзаҳ аст ва Қуръони Карим низ тасреҳ кардааст ба муназзаҳ будани зоти Ҳақ аз онҳо; аз қабили зулм, абас, фаҳшо. Гуфтанд: агар адл ва ихтиёре дар кор набошад, бояд Худовандро “золим” бидонем, ки бандагоне музтарр офарида ва он гоҳ онҳоро мукаллаф мекунад ва ин мавҷудоти музтарро, ки ҳеч ихтиёре аз худ надоранд ва гуноҳ мекунанд, азоб мекунад. Ва чун ҳар коре, ки банда мекунад, дар воқеъ банда намекунад, балки Худо мекунад, пас ин Худост, ки муртакиби фаҳшо ва зиштӣ мешавад, на банда. Ва чун тибқи ақидаи Ашоира, феъли Худованд холӣ аз ҳар ғоят ва ғаразе аст, пас Худованд абаскор ва беҳудакор аст. Пас, лозимаи ақоиди Ашоира ин аст, ки умуреро, ки бурҳон ва Қуръон тавъаман Худовандро аз онҳо танзеҳ мекунанд, ба Худованд нисбат диҳем, яъне: зулм, абас, фаҳшо.

Ҳар кадом аз ду мактаби ашъарӣ ва мӯътазилӣ як нуқтаи қувват дошт ва як нуқтаи заъф.

Нуқтаи қуввати ҳар кадом, дар эродҳое буд, ки аз мактаби мухолиф мегирифт, ва нуқтаи заъфи ҳар кадом он ҷо буд, ки мехост аз мактаби худ ба сурати як мактаби ҷомеъ дифоъ кунад.

Пайравони ҳар як аз ду мактаб мехостанд сиҳҳат ва дурустии мактаби худро бо исботи беэътибории мактаби мухолиф собит кунанд, бидуни он ки битавонанд ба хубӣ аз мактаби худ дифоъ намоянд ва аз ӯҳдаи ишколоте, ки бар худи онҳо ворид аст бароянд. Пайравони ҳар ду мактаб ба нуқоти заъфи мактаби дигар хуб ворид буданд ва сахт ба якдигар ҳамла мекарданд.

Маъруф аст, ки: Ғаялони Димишқӣ, ки тарафдори ақидаи ихтиёр буд, рӯзе ба Рабиъатур-раъй, ки мункири ихтиёр буд расид ва болои сараш истод ва гуфт:

انت الذي يزعم ان الله يحب ان يعصى

Ту ҳамон касе ҳастӣ, ки гумон мебарад, Худо дӯст дорад мардум ӯро маъсият кунанд.” Яъне лозимаи ақидаи ҷабрии ту ин аст, ки маъсияти бандагон ба иродаи худи Худо бошад ва ӯ худаш бихоҳад ва дӯст дошта бошад, ки мардум ӯро маъсият кунанд.

Рабиъатур-раъй бидуни ин ки аз ин ақидаи худ дифоъ кунад, ба нуқтаи заъфе дар ақидаи Ғаялони Димишқӣ часпид ва гуфт:

انت الذي يزعم ان الله يعصي قهرا

Ту ҳамон касе ҳастӣ, ки мепиндорад, Худованд қаҳран маъсият мешавад яъне мақҳури хости бандагон аст”. Яъне Худованд чизе ирода мекунад ва инсонҳо чизи дигар, ва Худованд мақҳури хости бандагон мегардад.

Қозӣ Абдулҷаббори Мӯътазилӣ рӯзе дар маҳзари Соҳиб ибни Уббод нишаста буд. Абӯисҳоқи Исфароинӣ ворид шуд. Абӯисҳоқ ашъарӣ буд, бар хилофи Қозӣ Абдулҷаббор, ки мӯътазилӣ ва тарафдори ихтиёр буд. Ба маҳзи он ки чашми Қозӣ ба Абӯисҳоқ афтод, фарёд баркашид:

سبحان من تنزه عن الفحشاء

Яъне “зоти Ҳақ аз ин ки корҳои зишт ба ӯ нисбат дода шавад поку муназзаҳ аст!” Киноя аз ин ки ту ҳама чизро ва аз он ҷумла корҳои зиштро аз Худо медонӣ.

Абӯисҳоқ низ бидуни он ки аз ақидаи худ дифоъ кунад, фавран гуфт:

سبحان من لا يجري في ملكه الاّ ما يشاء

Яъне “поку муназзаҳ аст Худованд, ки дар саросари мулкаш (мулки вуҷуд) ҷараёне рух намедиҳад магар ба машиати худи Ӯ!” Киноя аз ин ки ту бо ақидаи тафвиз, барои Худо дар мулки Худо шарик қоил шудаӣ ва инсонҳоро дар афъолашон мустақил ва ба худ вогузошташуда ва бениёз аз Худованд медонӣ.

Мӯътазила худро “Аҳлул-адли вад-тавҳид” мехонанд. Назари Мӯътазила ин ҷо ба тавҳиди сифотӣ аст. Ашоира тарафдори сифоти зоид ва муғойир бо зот буданд, масалан илм ё қудрат ё ҳаёти Худовандро ҳақиқате муғойир бо зоти Худо медонистанд ва монанди зоти Худованд “қадим” медонистанд, бар хилофи Мӯътазила, ки ба сифоти муғойир бо зот қоил набуданд.

Мӯътазила ақидаи Ашоираро дар боби сифоти Борӣ Таъоло навъе ширк талаққӣ мекарданд. Мегуфтанд: лозимаи сухани Ашоира ин аст, ки мо дар канори зоти Худо як силсила қадимҳои дигар низ қоил шавем, ва чун қадим будан мусовӣ бо нафйи маълулият ва махлуқият аст ва мулозим бо ғинои зотӣ аст, пас ба ақидаи Ашоира ба адади сифоти Борӣ Таъоло “қадим” ва “ғанӣ биззот” вуҷуд дорад, пас ба адади сифоти Худо, худо вуҷуд дорад. Вале худи Мӯътазила чун ба сифоти муғойир бо зот қоил набуданд, табъан ба беш аз як қадим қоил набуданд. Ин буд, ки Мӯътазила худро “Аҳлул-адли ват-тавҳид” меномиданд ва мақсудашон тавҳиди сифотӣ буд.

Аммо дар тавҳиди афъолӣ, пойи Мӯътазила ланг буд ва Ашоира дар тавҳиди афъолӣ худро “аҳлут-тавҳид” меномиданд.

Ҳақиқат ин аст, ки Мӯътазила дар айни ин ки дар тавҳиди сифотӣ, эродоти баҷое ба Ашоира доштанд, пойи худашон ҳам дар тавҳиди сифотӣ ланг буд. Зеро агарчи Мӯътазила ба сифоти муғойир бо зот қоил набуданд, аммо аз ӯҳдаи исботи айнияти сифот бо зот низ барнаёмаданд. Онҳо масъалаи ”ниёбат”-и зот аз сифотро тарҳ карданд, ки нуқтаи заъфи бузурге дар мактаби Мӯътазила аст.

Ашоира нуқоти заъфи дигаре доштанд. Гузашта аз ин ки мактаби ашъарӣ натавонист масоили: адл, ақл, ихтиёр, ҳикматро тавҷеҳ кунад, дар масъалаи тавҳид, ки ҳассосияти зиёде нисбат ба он нишон медод низ сахт дармондагӣ пайдо кард. Ашоира маҷбур шуданд, ки ба баҳонаи тавҳиди афъолӣ, низоми зотии сабабӣ ва мусаббабиро инкор кунанд ва ҳар чизро мустақиман ва биловосита ва бидуни дахолати ҳеч шарту воситае мунбаъис (бархоста) аз иродаи Худованд бидонанд. Аҳли фанн медонанд, ки чунин ақидае бар зидди басотат ва улувву шумухи зоти муқаддаси илоҳӣ аст.

Ҳар ду мактаб, худро миёни адл ва тавҳиди афъолӣ мураддад диданд. Мӯътазила тавҳиди афъолиро ба хаёли худ фидои адл карданд, ва Ашоира ба гумони худ адлро фидои тавҳиди афъолӣ намуданд. Аммо дар ҳақиқат на Мӯътазила тавонистанд адлро ба шакли саҳеҳе тавҷеҳ кунанд ва на Ашоира ба умқи тавҳиди афъолӣ расиданд.

Агарчи масоили мавриди ихтилофи Ашоира ва Мӯътазила зиёд аст, вале умда, ду масъала аст: тавҳид, адл. Баҳсҳои каломӣ чунонки дар пеш дидем, аз масоили марбут ба адл оғоз шуд ва сипас доманааш ба масоили марбут ба тавҳид кашида шуд. Тавҳид маротибе дорад:

Тавҳиди зот, тавҳиди сифот, тавҳиди афъол, тавҳид дар ибодат. Дар тавҳиди зот, яъне ягонагии зоти муқаддас дар мартибаи зот ва ин ки мислу монанд надорад:

ليس كمثله شيء

Яъне ҳеч чиз дар мартибаи зоти ӯ нест, ҳама чиз махлуқ ва мӯҳтоҷи ӯст ва ӯ холиқи кулл ва ғании биззот аст, миёни мусалмонон ихтилофе нест. Дар тавҳиди сифот ихтилоф шуд, Ашоира мункири тавҳид (-и сифот) ва тарафдори таксир шуданд. Ва дар тавҳиди афъолӣ кор баръакс шуд, Ашоира ба тавҳид гароиданд ва Мӯътазила ба таксир. Дар бораи тавҳид дар ибодат низ миёни мусалмонон кучактарин ихтилофе нашуд, яъне аҳаде қоил ба таксир нагардид. Баъзе аз уламои исломӣ ва дар раъси ҳамаи онҳо Ибни Таймия мӯътақид шуд, ки бисёре аз ақоид ва аъмоли ҷории мусалмонон бо тавҳид дар ибодат мунофӣ аст, монанди эътиқод ба ҳоҷат хостан ва тавассул ба авлиё. Ин афкор баъдҳо мунҷар ба пайдоиши мазҳабе ба номи “мазҳаби ваҳҳобия” гардид.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: