Марде, ки андарз хост

(Се достони дарсомӯз)

Марде, ки андарз хост

Марде аз бодия ба Мадина омад ва ба ҳузури Расули Акрам расид. Аз он ҳазрат панде ва насиҳате тақозо кард. Расули Акрам ба ӯ фармуд:

— Хашм магир … Ва беш аз ин чизе нафармуд.

Он мард ба қабилаи хеш баргашт. Иттифоқан вақте, ки ба миёни қабилаи худ расид, иттилоъ ёфт, ки дар набудани ӯ ҳодисаи муҳимме пеш омада; аз ин қарор, ки ҷавонони қавми ӯ дастбурде ба моли қабилае дигар задаанд ва онҳо низ муомила ба мисл кардаанд ва тадриҷан кор ба ҷоҳое борик расида ва ду қабила дар муқобили якдигар саффороӣ кардаанд ва омодаи ҷангу корзоранд. Шунидани ин хабар хашми ӯро барангехт. Фавран силоҳи хешро хост ва пӯшид ва ба саффи қавми худ мулҳақ ва омодаи ҳамкорӣ шуд.

Дар ин байн гузашта ба фикраш афтод, ба ёдаш омад, ки ба Мадина рафта ва чӣ чизҳо дида ва шунида; ба ёдаш омад, ки аз Расули Худо панде тақозо кардааст ва он ҳазрат ба ӯ фармуда ҷилави хашми худро бигир!

Дар андеша фурӯ рафт, ки чаро ман барангехта шудам ва ба чӣ далеле ман силоҳ пӯшидам ва акнун худро муҳайёи куштан ва кушта шудан кардаам? Чаро бе ҷиҳат ман барафрӯхта ва хашмнок шудаам? Бо худ фикр кард, алъон вақти он аст, ки он ҷумлаи кӯтоҳро ба кор бандам.

Ҷилав омад ва пешвоёни саффи мухолифро пеш хонд ва гуфт:

— Ин ситеза барои чист? Агар манзур ғаромати он таҷовузе аст, ки ҷавонони нодони мо кардаанд, ман ҳозирам аз моли шахсии худам адо кунам. Иллат надорад, ки мо барои ҳамчу чизе ба ҷони якдигар биафтем ва хуни якдигарро бирезем.

Тарафи муқобил, ки суханони оқилона ва мақрун ба гузашти ин мардро шуниданд, ғайрат ва мардонагишон таҳрик шуд ва гуфтанд:

— Мо ҳам аз ту камтар нестем. Ҳоло, ки чунин аст, мо аз асли иддаои худ сарфи назар мекунем.

Ҳар ду сафф ба миёни қабилаи худ бозгаштанд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Усули кофӣ”)

* * *

Масеҳӣ ва зиреҳи Алӣ

Дар замони хилофати Алӣ алайҳис-салом дар Куфа, зиреҳи он ҳазрат гум шуд. Пас аз чанде дар назди як марди масеҳӣ пайдо шуд. Алӣ ӯро ба маҳзари қозӣ бурд ва иқомаи даъво кард, ки: ин зиреҳ аз они ман аст, на онро фурӯхтаам ва на ба касе бахшидаам ва акнун онро дар назди ин мард ёфтаам.

Қозӣ ба масеҳӣ гуфт:

— Халифа иддаои худро изҳор кард, ту чӣ мегӯӣ?

Ӯ гуфт:

— Ин зиреҳ моли худи ман аст, ва дар айни ҳол гуфтаи мақоми хилофатро такзиб намекунам. (Яъне мумкин аст халифа иштибоҳ карда бошад).

Қозӣ рӯ кард ба Алӣ ва гуфт:

— Ту муддаӣ ҳастӣ ва ин шахс мункир аст, бинобар ин бар туст, ки шоҳид бар муддаои худ биёварӣ.

Алӣ хандид ва фармуд:

— Қозӣ рост мегӯяд, акнун мебоист, ки ман шоҳид биёварам, вале ман шоҳид надорам.

Қозӣ рӯи ин асл, ки муддаӣ шоҳид надорад, ба нафъи масеҳӣ ҳукм кард ва ӯ ҳам зиреҳро бардошт ва равон шуд.

Вале марди масеҳӣ, ки худ беҳтар медонист, ки зиреҳ моли кист, пас аз он ки чанд гоме паймуд, виҷдонаш муртаъиш шуд ва баргашт, гуфт:

— Ин тарзи ҳукумат ва рафтор аз навъи рафторҳои башари оддӣ нест, аз навъи ҳукумати анбиёст… Ва иқрор кард, ки зиреҳ аз Алӣ аст.

Тӯле накашид ӯро диданд мусалмон шуда ва бо шавқу имон дар зери парчами Алӣ дар ҷанги Наҳравон меҷангад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

* * *

Марди шомӣ ва Имом Ҳусайн

Шахсе аз аҳли Шом ба қасди ҳаҷ ё мақсади дигар ба Мадина омад. Чашмаш афтод ба марде, ки дар каноре нишаста буд. Таваҷҷӯҳаш ҷалб шуд. Пурсид:

— Ин мард кист?

Гуфта шуд:

— Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб аст.

Пешинаҳои таблиғотии аҷибе, ки дар руҳаш русух карда буд мӯҷиб шуд, ки деги хашмаш ба ҷӯш ояд ва қурбатан илаллоҳ он чӣ метавонад саббу дашном нисори Ҳусайн ибни Алӣ бинамояд.

Ҳамин ки ҳар чӣ хост гуфт ва уқдаи дили худро гушуд, Имом Ҳусайн бидуни он ки хашм бигирад ва изҳори нороҳатӣ кунад, нигоҳе пур аз меҳру утуфат ба ӯ кард ва пас аз он ки чанд оят аз Қуръон — мабнӣ бар ҳусни хулқу афву иғмоз — қироат кард, ба ӯ фармуд:

— Мо барои ҳар навъ хидмат ва кӯмак ба ту омодаем.

Он гоҳ аз ӯ пурсид:

— Оё аз аҳли шомӣ?

Ҷавоб дод:

— Оре.

Фармуд:

— Ман бо ин хулқу хӯй ошноям ва сарчашмаи онро медонам.

Пас аз он фармуд:

— Ту дар шаҳри мо ғарибӣ, агар эҳтиёҷе дорӣ, ҳозирем ба ту кӯмак диҳем, ҳозирем дар хонаи худ аз ту пазироӣ кунем, ҳозирем туро бипӯшонем, ҳозирем ба ту пул бидиҳем.

Марди шомӣ, ки мунтазир буд бо аксуламали шадиде рӯ ба рӯ шавад ва ҳаргиз гумон намекард бо як ҳамчу гузашту иғмозе мувоҷеҳ гардад, чунон мунқалиб шуд, ки гуфт:

— Орзу доштам дар он вақт замин шикофта мешуд ва ман ба замин фурӯ мерафтам ва инчунин нашинохта ва насанҷида густохӣ намекардам. То он соат барои ман дар ҳамаи рӯи замин касе аз Ҳусайн ва падараш мабғузтар набуд, ва аз он соат баръакс, касе назди ман аз ӯ ва падараш маҳбубтар нест.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Нафсатул-масдур”)

* * *

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: