Муҳсинӣ Ризоӣ аз пушти пардаҳои ҳаводиси ахир дар Эрон гуфт

Ба гузориши Jamejamonline, Муҳсини Ризоӣ, фармондеҳи асбақи Сипоҳи Эрон ва дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ин кишвар, имрӯз (шанбе, 06.01.2918) дар як нишасти хабарӣ дар бораи пушти саҳнаи иғтишошоти ахир дар Эрон гуфт: “Чанд моҳ пеш раиси мизи амалиёти вежаи CIA дар шаҳри Арбили Ироқ бо раиси дафтари писари Саддом ва Ҳони Тилфоҳ, бародарзани Саддом ва ҳамчунин намояндае аз Арабистон, Боризониҳо ва Мунофиқини халқ ташкил шуд ва ин иттифоқотро барномарезӣ карданд.”

Вай афзуд: “Амалиёти онҳо аз охирҳои озармоҳ бо истифода аз фазои маҷозӣ шурӯъ шуд ва дар дей идома пайдо кард, ки номи ин амалиёт “Ҳамгароии натиҷабахш” буд.”

Ризоӣ тасреҳ кард: “Онҳо ин амалиётро марҳилабандӣ карданд. Марҳилаи аввал ба дунболи ин буданд, ки аксари шаҳрҳо аз контроли низом хориҷ шавад, то дар марҳилаи дуввум бо ворид кардани аслиҳа ва куштани теъдоде аз мардум, Омрико битавонад Шӯрои амнияти Созмони Милалро муҷоб кунад, то қатъномаи ҳуқуқи башарӣ барои афзудани таҳримҳо алайҳи Эрон тасвиб кунад.”

Вай идома дод: “Қарор бар ин буд, ки дар марҳилаи дуввуми ин амалиёт, Мунофиқин (Муҷоҳидини Халқ) вориди кишвар шаванд, то авзоъи кишварро ошӯбзадатар кунанд.”

Ризоӣ дар мавриди баҳсҳои суратгирифта дар Маҷмаъ дар бораи ҳаводиси ахир гуфт: “Дабирхонаи Шӯрои амнияти миллӣ гузориши хубе дар робита бо иғтишошоти суратгирифта ироа дод, аз ин рӯ Кумиссиюни амнияти дифоӣ ва иқтисодии Маҷмаъ дар мавриди норизоиятиҳои иқтисодӣ ва суистифодаи душманон аз ин норизоятӣ ва нақше, ки Маҷмаъ метавонад дошта бошад, баҳсу гуфтугӯ кунанд. Давлат, Маҷлис ва қувваи қазоия бояд ба дунболи ҳалли норизоятиҳо ва суистифодаи душманон бошанд.”

Вай афзуд: “Ин аввалин боре нест, ки душманон аз эътирозоти мардум суистифода мекунанд, зеро Ҷумҳурии Исломӣ ва инқилоби миллат, барои Омрико гарон тамом шудааст. Аз ин рӯ, ба дунболи заминаҳое дар дохил ва хориҷ ҳастанд, то аз он истифода кунанд.”

Ризоӣ идома дод: “Ҷумҳурии Исломӣ самараи муборизаи садсолаи миллат аз машрута ва миллӣ шудани санъати нафт то 15 Хурдод аст, ба ҳамин хотир аст, ки мардум дар 22 баҳмани 57 ба ин натиҷа расиданд, ки Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳанд, на салтанат. Истиқлол ва озодӣ мехоҳанд, на вобастагӣ ва истибдод.”

Ризоӣ гуфт: “Аз 22 баҳмани 57 (1979) то алъон бо гузашти 40 сол ҳамонҳое, ки аз миллат силӣ хӯрданд, яъне салтанатталабони Омрико, Исроил ва Мунофиқин, ҳамчунин Саддом ва Арабистон даври ҳам ҷамъ шуданд, то алайҳи кишвар тавтиа кунанд. Дар соли 59 (1981) гурӯҳе аз ин душманон дар Бағдод даври ҳам ҷамъ шуданд, ки аз режими шоҳ тимсор Увайсӣ дар он ҷаласа ҳузур дошт. Онҳо ба дунболи ин буданд, ки аввал кудето кунанд ва кудето ҳам карданд ва дар мурдоди 59 шикаст хӯрданд ва дар шаҳривари 59 ҷанг алайҳи миллати Эронро оғоз карданд. Баъд аз ҷанг ҳам, онҳо ором нашуданд ва баъд аз ду даҳа дубора тавтиаҳои худро бо таҳрими Эрон идома доданд, ки масъулон бо бурдборӣ ба натиҷае ба номи Барҷом расиданд.”

Вай афзуд: “Барҷом, ки бо гуфтугӯ бо душманон ва таъйиди чорчӯбҳо ва шурути мақоми муаззами раҳбарӣ ба натиҷа расид, аммо Тромп омада ва ба дунболи ин аст, ки таҳримҳоро афзоиш диҳад ва Барҷомро нақз кунад. Душманон ба дунболи ин ҳастанд, ки нишон диҳанд мардум аз низом хаста шуда ва низомро барандозӣ кунанд, ба ҳамин далел иттифоқоти ахирро бо меҳварияти салтанатталабон, Мунофиқин ва Омрико барномарезӣ карданд, то бо савор шудан бар мавҷи иттифоқоти бавуҷудомада, ба ҳадафи худ бирасанд. Ҳатто агар натавонанд Ҷумҳурии Исломиро барандозӣ кунанд, бо куштаҳое, ки дар ин иғтишошот дода шуд, як ё ду таҳрими сангин алайҳи Эрон тасвиб кунанд.”

Ризоӣ гуфт: “Душманон ба дунболи ин буданд, ки миёни ҷаноҳҳои дохилӣ ихтилоф биндозанд, то иғтишошоти ахирро ба гардани якдигар андозанд, аммо хушбахтона як иҷмоъи сиёсӣ миёни ҷаноҳҳои мухталиф нисбат ба ин иғтишошот ба вуҷуд омад ва аввалин хости душманон шикаст хӯрд.”

Ризоӣ афзуд: “Дуввумин хости онҳо ин буд, ки мӯътаризон бо тахриби амволи умумӣ, тахрибҳоро густариш диҳанд, аммо мардуме, ки ба ҳақ дунболи мутолиботи иқтисодии худ буданд, саффи худро аз зидди инқилоб ҷудо карда ва ҳамин боис шуд, ки дуввумин хости онҳо низ ботил шавад. Масъалаи севвум ихтилофе буд, ки байни салтанатталабон ва Мунофиқин афтод. Вақте Мунофиқин диданд, ки аз рӯзҳои дуввум ва севвум, ки шиорҳои салтанатталабҳо бар онҳо ғалаба пайдо кардааст, дар 9 дей ба дунболи афзоиши хушунатҳо буданд, ки ин кор аз тариқи фазои маҷозӣ анҷом гирифт, аммо хушбахтона бо шиносоии саршохаҳои Мунофиқин, дар ҳамин марҳилаи аввал як селии муҳкаме ба душманон зада шуд, ки ин иттилоот ва гузоришҳоро масъулони амниятӣ ва иттилоотӣ дар фурсати муносиб ба мардум ироа медиҳанд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: