Фалсафа ва равиши реализм (147)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (15)

Қонуни такопӯи диалектикии табиат (6)

Матни мақола:

Тарафдорони материализми диалектик ин қонунро, ки “қонуни такопӯи табиат” номида ва пояҳои сегонаи онро гоҳе ба номи “тез, антитез, синтез” ва гоҳе “исбот, нафй, нафйи нафй” ва гоҳе “ҳукм, зидди ҳукм, ҳукми мураккаб” мехонанд, рӯи се поя устувор карда ниҳояти аҳаммият ба вай медиҳанд ва дар ҳамаи мавориде, ки намоиши ҳаракат ва пешрафт ва таҳаввулу такомул дар вай ҳаст иҷро карда қобили татбиқ медонанд: дар ҷаҳони табиат, дар фикр, дар ҳамаи шуъуни иҷтимоӣ. Ва аз ҳамин рӯй дар ҳар падидаи тозаи моддӣ ва дар ҳар фикри нав ва дар ҳар намуди вобаста ба иҷтимоъ, аз иқтисод ва сиёсат ва маром ва таърих ва ҷуз онҳо, “синтез” фарз карда ва решаи онро яъне ду пояи тез ва антитези онро меҷӯянд. (1)

* * *

Хӯрдагирӣ

1) Ҳангоме, ки ба ин се поя: “исбот, нафй ва нафйи нафй” нигоҳ карда ба хориҷ татбиқ диҳем, дар баробари ҳар се то, дар хориҷ исбот хоҳем ёфт, на чизи дигар. Масалан, дар баробари нафй, ҷӯҷа меёбем, на нафйи тухм. Ва мо дар мақолаи ҳафтум ба субут расондем, ки адам ва нафй як маънии сохтаи зеҳн аст, ки аз вуҷуди хориҷӣ бо нисбат гирифта мешавад ва дар ҳамин се поя: “тухми мурғ, ҷӯҷа ва мурғ”, ҳар як, адам ва нафйи ду тои дигар мебошад.

Пас, пояи дуввум (анти тез — нафй) танҳо ва танҳо нафйи пояи аввал (тез — исбот) нест, ва чунонки бо нафйи нисбии худ исботро дорад, худ низ исботе ба исбот афзуда ва такомули пояи аввалро таъмин карда нигарони пояи севвум (синтез — нафйи нафй) намебошад, ва ба иборати дигар, дар такомули пояи аввал ниёзе ба расидани пояи севвум нест. (2)

* * *

Таълиқот:

(1) Вил Дуронт дар “Таърихи фалсафа” дар тавзеҳи назари Ҳегел чунин мегӯяд:

Ҳар ҳоле аз фикр ва ё аз ашё ва ҳар тасаввур ва вазъе дар олам ба шиддат ба сӯи зидди худ кашида мешавад, баъд бо он муттаҳид шуда як кулли бартар ва муъаққадтар (печидатар) ташкил медиҳад. Ин ҳаракати диалектикӣ дар тамоми навиштаҳои Ҳегел ба чашм мехӯрад. Мусалламан ин як фикри қадимӣ буд, ки Энбозиқлус (Empedocles = Эмпедокл) шолудаи онро рехта ва Арасту дар ақидаи “ҳадди васат” ба кор бурда ва навишта буд: “Илм ба аздод яке аст”. Ҳар ҳақиқате (монанди электрун) ваҳдати мураккабе аст аз аҷзоъи мутазодд. Ҳақиқати ҳосил аз муҳофизакорӣ ва таҷаддудхоҳии муфрит, озодихоҳӣ аст… Тамоми ақоиди мо дар бораи масоили муҳим иборат аст аз навасоноти коҳишёбандае, ки миёни ду тарафи ифрот ва тафрит сурат мегирад, ва дар ҳар масъалаи мавриди низоъ, ҳақиқат дар роҳи васат аст. Ҳар ҳаракати татаввурӣ иборат аст аз басти доимии мутақобилот ва ихтилот ва таркиби онҳо…. На танҳо фикр тобеъи ин сайри ақлӣ (ҳаракати диалектикӣ) аст, балки ашёи дигар низ ҳамин тавр аст; ҳар вазъ ва амре мусталзими як нақиз ва зидде аст, ки татаввур бояд он дуро оштӣ дода ба ваҳдат мубаддал созад, чунонки бидуни шак дастгоҳи иҷтимоии феълии мо нақизи нобудакунандаеро мутазаммин аст: ҳар иҷтимое, ки дорои иқтисодиёти ҷавон ва манобеи дастнахӯрада аст, ночор аз руҳи инфиродӣ аст. Ин руҳи инфиродӣ дар даврони баъд ба тадриҷ табдил ба руҳи ҳамкорӣ ва таовун мегардад, вале оянда на руҳи фардии феълӣ ва на таовуни мутлақи наздикро хоҳад дид, балки таркибе аз он дуро шомил хоҳад шуд, ки зиндагии олитареро эҷод хоҳад кард. Ин ҳолати олитар низ ба аздоди самарбахше тақсим хоҳад гашт ва ба ваҳдат ва таркиб ва ташкили болотаре мунҷар хоҳад шуд… Низоъ ва шарр умури манфии ношӣ аз хиёл нестанд, балки умури комилан воқеӣ ҳастанд ва дар назари ҳикмат пиллаҳои хайр ва такомул мебошанд. Танозуъ, қонуни пешрафт аст. Сифот ва саҷоё дар маъракаи ҳарҷу марҷ ва иғтишоши олам, такмил ва таквин мешаванд ва шахс фақат аз роҳи ранҷ ва масъулият ва изтирор ба авҷи улувви худ мерасад. Таърихи ҷаҳон саҳнаи саодат ва хушбахтӣ нест. Давраҳои хушбахтӣ сафаҳоти беруҳи онро ташкил медиҳад, зеро он давраҳо адвори тавофуқ будаанд ва чунин ризоят ва хурсандии гаронбор сазовори як мард нест. Таърих дар адворе дуруст шудааст, ки таноқузоти олами воқеъ ба василаи пешрафт ва такомул ҳал шудааст…

Паул Фулкие дар рисолаи “Диалектик” қисмати дуввум дар мақоми баёни асли таноқуз дар фалсафаи Ҳероклит ва ваҳдати он бо назари Ҳегел чунин мегӯяд:

… Ҳероклит дар айни ҳол файласуфи таноқуз ҳам ҳаст. Вай мегӯяд: мо ҳастем ва нестем. Вай махсусан муборизаи зиддайнро дар табиат таъйид мекунад ва онро барои ба даст овардани ҳамоҳангӣ лозим медонад: зиддайн бо ҳам тавофуқ мекунанд ва беҳтарин оҳангҳо аз алҳони мухталиф дуруст мешавад ва ҳама чиз аз мубориза ба вуҷуд меояд… Табиат, таноқузотро дӯст дорад ва ҳамоҳангиро ба василаи онҳо тавлид мекунад, на ба василаи мавҷудоти мушобеҳ, масалан ҷинси нарро бо ҷинси мода ҷамъ мекунад ва ду ҷинси мушобеҳро бо ҳам ҷамъ намекунад ва тавофуқи аввалия ба василаи ду ҷинси мухолиф сурат мегирад, на ба василаи ду ҷинси мушобеҳ. Ҳунар ҳамин тавр амал мекунад ва аз табиат тақлид менамояд. Дар наққошӣ, рангҳои сафед ва рангҳои сиёҳ ва рангҳои зард ва рангҳои қирмиз бо ҳам таркиб мешаванд ва ба ин тартиб, мушобеҳат бо тасвири аввалия ҳосил мегардад. Дар мусиқӣ ҳам садоҳои зер ва садоҳои бам ва садоҳои баланд ва садоҳои кӯтоҳ бо ҳам таркиб мешаванд ва нағмаҳои мухталиф ба вуҷуд меояд, то як оҳанги воҳид тавлид шавад. Сарфу наҳв ҳам бо таркиби ҳуруфи садодор ва бесадо дуруст мешавад. Ҳероклит ҳам, ки маъруф ба муғлақнависӣ ва печидагӣ ва буғранҷии фикр буд, ҳамин ҳарфро мезанад ва мегӯяд: ваҳдат аз чизҳои комил ва ноқис ва аз тавофуқ ва адами тавофуқ ва ҳамоҳангӣ ва адами ҳамоҳангӣ ба вуҷуд меояд. Воҳид аз ҳама чиз ва ҳама чиз аз воҳид берун меояд…

* * *

(2) Хӯрдаҳое, ки бар қонуни диалектики такопӯи табиат метавон гирифт, аз чанд назар аст:

а) Аз назари масъалаи тавлиди зидд зидди худро ва ин ки оё ҳар тасаввур ва вазъе ба сӯи зидди худ кашида мешавад?

б) Аз назари масъалаи сайри таслисии табиат ва ин ки оё табиат ҳамеша аз зидд ба зидди дигар ва аз он ба сӯи ҳолати таркибии он ду зидд сайр мекунад ва ҳар чизе таркибе аст аз ду зидд, ки дар ду марҳилаи пешин аз онҳо гузаштааст?

в) Аз назари таъбири ҳегелии мусалласи “тез, антитез, синтез”, ки ба сурати “исбот, нафй, нафй дар нафй” баён кардааст ва бар асоси “асли таноқуз” онро бино ниҳодааст, яъне аз ин назар, ки оё моҳияти ҳар марҳилае нисбат ба марҳилаи пешин нафй ва адам аст, ва ё адам будан ҳар марҳилаи нисбат ба марҳилаи қаблӣ ё баъдӣ эътиборӣ беш нест ва моҳияти ҳамаи мароҳил исботӣ аст?

г) Аз назари ин ки оё такомул бар рӯи се поя қарор гирифтааст ё такомулро бо ду поя низ метавон тавзеҳ дод?

Эроди аввалӣ, ки дар матн зикр шуда бар таъбири ҳегелии мусаллас ворид аст, ки моҳияти пояи дуввумро айни нафйи пояи аввалӣ ва моҳияти пояи севвумро нафйи мураккаб медонад. Хулосаи эрод ин аст, ки нафй ва адам, як эътибори зеҳнӣ аст, на як воқеияти хориҷӣ, ва он чӣ дар марҳилаи дуввум адам эътибор мешавад, худ исбот аст ва дар матни воқеъ ҷуз исботҳои мутаволӣ (пай дар пай) чизе нест. Адам, як унсури воқеӣ нест, ки битавон фарз кард воқеияте табдил ба он бишавад ва ё аз таркиби он бо чизи дигар ҳақиқат ё воқеияте ташкил гардад. Албатта ин эрод бар асоси назарияе аст, ки “шудан”-ро ҷамъи нақизайн медонад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: